Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, №454

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 5

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 сентябри соли 2022, №454

Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дирексия) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Муассиси Дирексия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинномаи Дирексияро тасдиқ намуда, ҳангоми зарурат ба он тағйиру иловаҳо ворид менамояд.

4. Дирексия фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

5. Номи расмии Дирексия:

- бо забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо забони русӣ - Государственное учреждение "Дирекция по строительству правительственных объектов" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

- бо забони англисӣ - State institution "Directorate for the construction of government facilities" of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan.

6. Суроғаи ҳуқуқии Дирексия: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Дӯстии Халқҳо - 94.

2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ДИРЕКСИЯ

7. Дирексия шахси ҳуқуқӣ буда, молу мулк, тавозуни мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ, аз ҷумла суратҳисобҳои асъорӣ, муҳр, штамп, бланкҳои фирмавӣ, тамғаи молиро доро мебошад.

8. Шумораи ниҳоии кормандони Дирексия 91-нафаро ташкил менамояд.

9. Дирексия даромад ва молу мулки бадастовардаашро тибқи тартиби муқарраргардида соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд.

10. Дирексия бо тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо Муассис дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.

11. Маблағҳои Дирексия аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети давлатӣ, кредитҳо ва грантҳое, ки барои сохтмони иншооти ҳукуматӣ ҷудо мегарданд, ташаккул меёбад. Барои таъмини хизматрасонии фармоишгар ҳангоми сохтмони асосӣ ва таъмири асосии иншоот маблағ дар ҳаҷми 1,5 фоиз аз арзиши харҷномавии сохтмон пешбинӣ карда мешавад.

12. Тибқи меъёр маблағҳое, ки барои нигоҳ доштани фармоишгар пешбинӣ шудааст, аз тарафи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби бонкии Дирексия дода мешавад.

13. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавии Дирексия мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ҳуқуқӣ, инчунин мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи шарикони хориҷӣ анҷом дода мешавад.

14. Натиҷаҳои фаъолияти Дирексия дар ҳисоботи семоҳа ва солонаи ба Ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда инъикос меёбанд.

15. Дирексия дар интихоби пудратчиён, таъмингарони масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот мустақил мебошад. Дар асоси фармоиши директори Дирексия комиссияи тендерӣ таъсис дода шуда, озмунҳои тендерӣ дар дохили Дирексия гузаронида мешаванд. Дирексия метавонад бо таври истисно дилхох пудрачиро тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ дар мувофиқа бо Муассис барои таъмини таҷҳизотҳо, сохтмон, таҷдид, азнавсозӣ ва таъмири иншоотҳои нақшавии худ бе гузаронидани озмун интихоб намуда, бо онҳо шартнома бандад.

16. Интиқоли бонкии Дирексия тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар бонкҳо анҷом дода мешаванд.

17. Дирексия метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Муассис филиал ва намояндагиҳо таъсис диҳад.

18. Дирексия дорои дигар ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо мебошад.

19. Дирексия аз рӯйи уҳдадориҳои худ бо тамоми молу мулкаш тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.

20. Ба Дирексия Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм", Ҷамъияти саҳомии кушодаи пажӯҳишгоҳи илмии лоиҳакашии ҷустуҷӯии "САНИИОСП" ва Корхонаи воҳиди давлатии осоишгоҳи "Шифо"-и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон тобеъ мебошанд.

3. ВАЗИФА ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИРЕКСИЯ

21. Дирексия вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- таъминоти сохтмони иншооти дорои аҳамияти ҳукуматӣ, ба кор андохтани фондҳои асосӣ ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иншоот ва бо ин мақсад ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳо;

- таъмини самаранок ва мақсадноки истифодаи маблағҳои буҷетӣ, кредитҳо ва грантҳое, ки барои сохтмони иншооти дорои аҳамияти ҳукуматӣ равона мегарданд;

- анҷом додани ваколати фармоишгари иншооти дорои аҳамияти ҳукуматӣ;

- анҷом додани маблағгузорӣ, назорати техникӣ ва назорати сифати корҳои сохтмону васлгарии иншооти дорои аҳамияти ҳукуматӣ;

- тартиб додани нақшаҳои дурнамо ва солонаи сармоягузории асосӣ, инчунин таҳия ва риояи ҷадвали корҳои сохтмону васлгарӣ, якҷоя бо мақомоти дахлдор таҳия ва мувофиқакунонии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, аз ҷумла асосноксозии техникиву иқтисодии иншооти дорои аҳамияти ҳукуматӣ;

- ҳалли масъалаҳои таъмини сохтмон бо захираҳои технологӣ, энергетикӣ ва дигар захираҳои моддию техникие, ки фармоишгарон таҳвил менамоянд;

- амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавиаш мутобиқ мебошанд.

4. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ДИРЕКСИЯ

22. Дирексия ҳуқуқҳои зерин дорад:

- анҷом додани соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифодабарии молу мулке, ки бо тартиби муқарраргардида ба он вобаста карда шудаанд, доштани таҷҳизот, асбобу анҷом ва дигар молу мулке, ки барои таъмини фаъолияти бо ин оиннома пешбининамудаи он зарур мебошанд;

- бастани шартномаҳо, анҷом додани дигар амалҳои ҳуқуқӣ, бадастоварии ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайри молумулкӣ, дар судҳо ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.

23. Уҳдадориҳои Дирексия:

- иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои ба зимааш гузошташуда;

- анҷом додани баҳисобгирии фаврӣ ва муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагӣ, пешбурди ҳуҷҷатҳои оморию муҳосибавӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи дахлдор ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мунтазам пешниҳод намудани иттилоот ба Муассис оид ба фаъолияти худ.

5. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДИРЕКСИЯ

24. Идоракунии Дирексия ба воситаи мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:

- мақоми идоракунии Дирексия - Муассис;

- мақоми иҷроияи Дирексия - маъмурият бо роҳбарии директори Дирексия.

25. Мақоми идоракунии Дирексия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- самтҳои асосии фаъолияти Дирексияро муайян менамояд;

- директори Дирексияро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии Дирексия мансуб донистааст, ҳал менамояд.

26. Мақоми иҷроияи Дирексия - директор ба фаъолияти ҷории Дирексия роҳбарӣ мекунад.

27. Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- бе ваколатнома аз номи Дирексия амал намуда, роҳбарии умумии фаъолияти Дирексияро таъмин мекунад;

- амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад;

- молу мулки Дирексияро тибқи тартиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида Дирексияро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;

- шаклҳо, система, андозаи музди меҳнат, ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти Дирексияро тасдиқ мекунад;

- кормандони Дирексияро тибқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;

- ҳисоботи солонаи Дирексияро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод мекунад;

- роҳбарони Ҷамъияти саҳомии кушодаи пажӯҳишгоҳи илмии лоиҳакашии ҷустуҷӯии "САНИИОСП" ва Корхонаи воҳиди давлатии осоишгоҳи "Шифо"-и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истиснои роҳбари Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи "Хоча Обигарм", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад, дар мувофиқа бо Муассис ба мансаб таъин ва озод менамояд;

- оиннома, сохтор ва нақшаи молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм", Ҷамъияти саҳомии кушодаи пажӯҳишгоҳи илмии лоиҳакашии ҷустуҷӯии "САНИИОСП" ва Корхонаи воҳиди давлатии осоишгоҳи "Шифо"-и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

- дорои дигар ваколатҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оинномавии Дирексия мухолифат намекунанд.

28. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Дирексия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

6. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ ДИРЕКСИЯ

29. Молу мулки Дирексия аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар тавозуни Дирексия нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Дирексия моликияти давлатӣ буда, ба Дирексия бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дода мешавад. Дирексия ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсади фаъолияти худ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.

30. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Дирексия:

- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста намудааст;

- пардохтҳои пулӣ ва моддии Муассис;

- даромадҳое, ки аз фаъолияти Дирексия ба даст омадаанд;

- қарзҳои бонкӣ ва намудҳои дигари маблағгузорӣ;

- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

31. Дирексия дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз ҷумла оид ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра.

7. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ДИРЕКСИЯ

32. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Дирексия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О вопросах юридических лиц, подведомственных Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан, статьями 56 и 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" п о с т а п о в л я ю:

1. Утвердить уставы юридических лиц, подведомственных Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан (приложения 1-17)

2. Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 8 апреля 2009 года, №649 "Об образовании Государственного комплекса "Касри миллат" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнение:

- в названии и тексте настоящего указа слова "Государственного комплекса "Касри миллат" и "Государственный комплекс "Касри миллат" соответственно заменить словами "Государственного учреждения комплекс "Дворец нации" и "Государственный учреждение комплекс "Дворец нации";

- преамбулу после слова "Таджикистан" дополнить словами "и статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан";

- пункт 2 изложить в следующей редакции:

"2. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно- правовые вопросы указанного учреждения.";

- пункт 3 исключить.

3. Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 28 сентября 2002 года, №902 "Об образовании Государственного комплекса "Кохи Борбад" Исполнительного Аппарата Президента Республики Таджикистан" следующие изменения;

- в названии и тексте настоящего указа слова "Государственного комплекса" и "Государственный комплекс" соответственно заменить словами "Государственного учреждения комплекс" и "Государственный учреждение комплекс";

- пункт 3 изложить в следующей редакции:

"3. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно- правовые вопросы указанного учреждения.".

4. В названии и тексте указа Президента Республики Таджикистан от 27 июля 2011 года, №1093 "О создании Государственного учреждения "Национальная библиотека Таджикистана" слова "Национальная библиотека Таджикистана" заменить словами "Национальная библиотека".

5. В названии и тексте указа Президента Республики Таджикистан от 27 июля 2011 года, №1094 "О создании Государственного учреждения "Национальный музей Таджикистана" слова "Национальный .музей Таджикистана" заменить словами "Национальный музей".

6. Признать утратившими силу указы Президента Республики Таджикистан от 1 июня 2006 года, №1767 "Вопросы Дирекции по строительству правительственных объектов Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан", от 23 января 2003 года, №992 "Об Уставе Государственного унитарного предприятия Издательскополиграфического комплекса "Шарки озод" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан" и от 14 февраля 2003 года, №1005 "Об утверждении Положения о Государственном Комплексе "Кохи Борбад" Исполнительного Аппарата Президента Республики Таджикистан".

7. Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан:

- в случае необходимости представить предложения о внесении изменений и дополнений в нормативные правовые акты Республики Таджикистан;

- привести свои акты в соответствие с настоящим указом.

Президент

Республики Таджикистан                                  Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 13 сентября 2022 года, №454

прилагается на тадж.яз