Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 594 тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Қоидаҳои умумӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007 № 418,02.11.2007 № 547, № 548, аз 30.11.2007 № 603, аз 05.03.2008 № 114, № 115, аз 02.05.2008 № 218, аз 31.12.2008 № 671, № 672, аз 06.01.2009 № 2, аз 02.02.2009 № 76, аз 29.04.2009 № 262, № 263, № 264, № 281, аз 28.05.2009 № 321, № 322, аз 28.07.2009 № 440, аз 01.10.2009 № 555, аз 31.10.2009 № 620, аз 12.02.2010 № 58, № 59, аз 02.08.2010 № 403, аз 30.10.2010 № 597, аз 03.03.2011 № 124, аз 01.04.2011 № 173, аз 30.04.2011 № 231, аз 30.08.2011 № 430, аз 07.10.2011 № 498, № 502, аз 02.05.2012 № 218, аз 11.05.2012 № 227, аз 31.05.2012 № 282, № 283, аз 04.07.2012 № 350, аз 05.10.2012 № 562, аз 02.11.2012 № 630, аз 03.12.2012 № 714, аз 06.12.2012 № 716, аз 02.05.2013 № 205, № 206, аз 31.08.2013 № 394)
1. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи маориф буда, сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи маориф, фаъолияти илмию техникӣ, тарбия, васояту парасторӣ, дастгирӣ ва ҳифзи нҷтимоии хонандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимиро амалӣ менамояд.
2. Вазорат ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълимиро бевосита ва ба воситаи мақомоти маҳаллии худ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идорахо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад.
3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байлалмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Вазорат ва сохторҳои тобеи он, воҳидҳои сохтории марбут ба идоракунии маориф дар дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раёсат (шӯъба)-ҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо низоми ягонаи мақомоти идораи давлатиро ташкил медиҳанд.
5. Вазорат сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф, аз ҷумла таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти иловагӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии касбӣ таҳия ва татбиқ менамояд.
6. Фаъолияти Вазорат аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин кӯмакҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, грантҳо ва дигар манбаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад, маблағгузорӣ мешавад.
7. Муносибати Вазорат бо корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо тавасути созишномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
II. Ваколатҳо
8. Вазорат лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи маориф, таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод менамояд. Қоидаҳо, меъёрҳо, тавсияҳо, пешниҳодот оид ба таъминоти соҳаи маориф, инчунин нақшаю барномаҳои таълимӣ ва нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотиро омода месозад. Сифати тайёр кардани мутахассисонро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон назорат ва арзёбӣ менамояд.
9. Вазорат дар асоси салоҳияти худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва тасдиқ менамояд, ки иҷрои он дар тамоми муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон ҳатмист.
10. Дар бахши таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзии касбӣ:
- ба таҳсилоти касбӣ, омода намудан ва бозомӯзии кадрҳо роҳбарии методиро таъмин менамояд;
- самтҳои афзалиятноки рушди низоми таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзии кадрҳоро муайян менамояд, дар ин бахши маориф ислоҳот мегузаронад;
- вобаста ба талаботи бозори меҳнат дар заминаи муассисаҳои таълимии системаи Вазорат тайёр кардани кадрҳои баландихтисосро барои бахшҳои афзалиятнок ва инноватсионии соҳаи маориф аз ҳисоби ҷавонон ба роҳ мемонад;
- аттестатсияи ҳайати муҳандисӣ-педагогии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзии кадрҳоро мегузаронад;
- ба ҷорӣ намудани маблағгузории бисёршабакаи системаи таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзии кадрҳо аз ҳисоби кордиҳандаҳо ва тавсияи худмаблағгузории муассисаҳои таълимии тобеъ, рушди фаъолияти истеҳсолоти худӣ (хусусӣ) ва таҳсилоти пулакӣ мусоидат менамояд;
- роҳбарии ташкилӣ ва методии омӯзиши касбии аҳолӣ, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандонро дар истеҳсолот амалӣ менамояд;
- омӯзиши касбӣ ва бозомӯзии ашхоси қобилияти меҳнатиашон маҳдудро ташкил менамояд;
- дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо омӯзиш, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон ва коргарони касбҳои асосиро барои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон ташкил менамояд.
11. Вазорат механизми муосири идоракунӣ ва маблағгузории муассисаҳои таълимӣ, хизматрасонии пулакии таълим, мустақилияти молиявии таълимгоҳҳо, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, сармоягузорони дохилию хориҷиро таъмин менамояд ва ба рушди ташкилотҳои таълимии хусусӣ мусоидат мекунад.
12. Фаъолияти муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоеро, ки тибқи номгӯи замимагардидаи 1, 2, 3 бо Вазорат дар асоси созишнома дар соҳаи маориф фаъолият мекунанд, ҳамоҳанг месозад.
13. Якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ташкили таълиму тарбияи кӯдакони душвортарбия ва аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ақлонӣ ноқис ҳамкорӣ намуда, кӯмаки таълимӣ ва методӣ мерасонад.
Ба мақомоти маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти васоят ва парасторӣ ҷиҳати бақайдгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ятиму бепарастор ва бесарпаноҳ кӯмак ва мусоидат мекунад.
14. Оид ба масъалаҳои маориф, тайёр намудани кадрҳо тибқи тартиби муқарраргардида конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва маҷлисҳои машваратӣ мегузаронад, дар кори муассиса ва ташкилотҳои байнидавлатии таълимӣ, комиссияҳо, кумитаҳо, форумҳо, симпознумҳо, намоишгоҳҳо ва озмунҳои байналмилалӣ ширкат меварзад.
15. Дар асоси стандартҳои ягонаи давлатии таълимӣ нақша ва барномаҳои таълимӣ таҳия намуда, тартиби гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии (касбии) хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро тасдиқ менамояд.
16. Вазорат ҳимояи маълумоти махфии давлатиро дар доираи салоҳияти худ таъмин месозад.
17. Раисони комиссияҳои имтиҳоноти давлатии мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон бо пешниҳоди роҳбарони ин муассисаҳо ва ташкилотҳои таълимӣ тасдиқ мекунад.
18. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсияи ташкилотҳои таълимӣ ва илмиро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Муассисаҳо ва ташкилотҳои таълимиро бо тартиби муқарраргардида аз аттестатсия ва аккредитатсия гузаронида, мақоми онҳоро муайян мекунад, барои фаъолият дар соҳаи маориф иҷозатнома медиҳад ва дар мавриди риоя накардани талабот иҷозатномаро боз медорад.
19. Мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти иловагӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаву олии касбӣ ва муассисаҳои махсуси таълиму тарбияи тобеи Вазорат пешниҳод ирсол менамояд.
20. Дар мувофиқа бо раисони дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сардорони раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти иловагии мақоми ҷумҳуриявидошта, ки дар асоси созишнома бо Вазорат фаъолият менамоянд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
21. Бо муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ новобаста ба шакли моликият ва мансубияти идоравиашон созишнома баста, ҳамкориро дар соҳаи рушди маориф ва илм таҳким мебахшад.
22. Дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ низомномаҳо ё оинномаҳои муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимии ҷумҳуриявии системаи Вазорат, аз ҷумла низомномаҳои раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳо ва ноҳияҳоро тасдиқ мекунад ().
23. Консепсия ва барномаҳои дурнамои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди соҳаи маорифро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
24. Нашри китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва маводи таълимиву методиро барои тамоми намуди муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ мекунад. Номгӯи адабиёти таълимиву методиро барои муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ муайян карда, эҳтиёҷот ба нашр, хариди адабиёти таълимӣ-методӣ, воситаҳои техникаи таълимӣ ва ғайраро муқаррар менамояд. Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таълимӣ муқаррар менамояд ().
25. Фаъолияти муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимиро новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравиашон ҷиҳати муайян кардани теъдод, сохтор, равия, ихтисос ва сифати тайёр кардани мутахассисон ба низом медарорад.
26. Қабули шаҳрвандонро ба муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва баъди муассисаи олии касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти соҳавии онҳо ба низом медарорад ва инчунин қоидаҳои гузаронидани толибилмонро аз як равия ба равияи дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як ташкилот ба ташкилоти дигари таълимӣ тасдиқ менамояд.
27. Якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи равияҳо, ихтисосҳо ва харҷномаҳоро аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои тайёр кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ муайян мекунад. Дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили таҳсили шаҳрвандони ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷиро дар ташкилотҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
28. Бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии кормандони соҳаи маорифро ташкил ва таъмин менамояд.
29. Сиёсати давлатиро дар муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимие, ки ба муҳофизат ва рушди нерӯи илмии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сифати раванди таълим, ҳамкории муассисаҳои таълимиву илмӣ мусоидат мекунанд, татбиқ менамояд.
30. Намунаи давлатии ҳуҷҷатҳоро оид ба дараҷаи таҳсилот таҳия ва тасдиқ намуда, тартиби додани онҳо, масъалаҳои марбут ба тасдиқ эътироф ва баробар донистани ҳуҷҷатҳои таҳсилотро дар хориҷа ва хуҷҷатҳо оид ба дараҷаи таҳсилот, касб ва тахассуси давлатҳои хориҷаро дар ҷумҳурӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ, супоридан ва пур намудани ҳуҷҷатҳои намунавии давлатиро дар бораи таҳсилот муқаррар менамояд ().
31. Низоми ягонаи ҷумҳуриявии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ, илмӣ-омӯзгорӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои омӯзгории муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ, кормандони мақомоти идоракунии соҳаи маориф ва илмро ба роҳ мемонад.
32. Номенклатураи мансабҳои кормандони роҳбарикунандаро дар соҳаи маориф муайян мекунад.
33. Якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон, хонандагону донишҷӯён дар муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ шароит фароҳам меоварад.
34. Маълумоти омориро оид ба инкишофи соҳаи маориф ҷамъ ва таҳлил намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд ва дар навбати худ аз мақомоти давлатии омор маълумот мегирад.
35. Корҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи маорифро аз ташхис гузаронида, маблағгузорӣ менамояд ва дар ҷаласаи мушовара баррасӣ мекунад.
36. Иттилоотикунонии системаи маорифро таъмин месозад.
37. Оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таклифҳо пешниҳод менамояд.
38. Ба мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ тибқи тартиби муқарраршуда ҳамкориро дар соҳаи маориф барқарор менамояд.
39. Оид ба масъалаҳои маориф тибқи тартиби муқарраргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷа ва ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва созишномаҳо ба имзо мерасонад. Иҷрои ӯҳдадориҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавиро дар соҳаи маориф назорат менамояд.
40. Оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд ва оинномаи онҳоро тасдиқ мекунад.
41. Фаъолияти нашриётӣ мебарад. Фонди миллии иттилоотии соҳаро таъсис медиҳад.
42. Кормандони беҳтарини соҳаи маорифро ба мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ пешниҳод менамояд ва ба хонандагон, донишҷӯён ва аспирантон стипендия таъин менамояд. Бо тартиби муқарраргардида озмунҳо гузаронида, барои иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, дастрас намудани маводҳои зарурии Вазорат, инчунин барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотии зарурии дигари давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида созишномаҳои давлатӣ мебандад.
43. Мутобиқи тартиби муқарраргардида мақомоти ҳамоҳангсозӣ ва машваратӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, ва ғайра) ташкил медиҳад.
44. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бекор кардани қарори вазоратҳо (идораҳо), мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мутобиқат намекунанд, пешниҳод манзур менамояд.
45. Амалӣ намудани аудити дохилӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат ().
45. Оид ба такмили сиёсати тарифӣ, қарзӣ, андозбандӣ, илмию техникӣ ва ғайра дар соҳаи маориф таклиф пешниҳод менамояд. Дар таъсиси фондҳо, таҳияи барномаҳои инвеститсионӣ ва грантҳо барои рушди соҳаи маориф иштирок менамояд.
46. Вазорат дар фаъолияти худ ҳуқуқ надорад функсияҳои назорат ва функсияи идораи амволи давлатиро анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ нанамудаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррарр намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунини маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроияи мустақиман дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо қабул гардиданд, пешбинӣ шудаанд.
III. Ташкили фаъолият
47. Вазоратро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
48. Вазир муовинони худро дорад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Теъдоди муовинони Вазирро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
49. Вазири маориф:
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф масъул мебошад;
- фаъолияти умумии вазоратро роҳбарӣ намуда, кори онро ташкил мекунад. Дар доираи ваколатҳои худ фармоиш ба имзо мерасонад, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, мақомоти тобеъ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеият ҳатмӣ мебошад ();
- низомномаҳо ва оинномаҳои сохторҳои дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти маҳаллии Вазоратро тасдиқ мекунад;
- вазифаҳои хизматии муовинон, роҳбарони раёсат, шӯъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорат, роҳбарони муассисаҳои системаи маорифро муайян мекунад;
- дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ, масъалаҳои вобаста ба гузаштани хизмати давлатӣ дар Вазоратро ҳал менамояд;
- сохтор ва басти кории дастгоҳи марказии Вазоратро дар ҳудуди фонди музди меҳнат ва миқдори кормандон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст ва сметаи хароҷотро барои нигоҳдории он дар ҳудуди барои ҳамин мӯҳлат ва маблағҳои аз буҷет ҷудошударо тасдиқ менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбари хадамоти системаи Вазорат пешниҳод манзур менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар системаи Вазорат мебошанд, пешниҳод манзур менамояд;
- миқдори кормандон ва фонди музди меҳнати кормандони мақомотҳои маҳаллии Вазоратро дар ҳудуди нишондодҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, инчунин сметаи хароҷотҳоро барои нигоҳдории онҳо дар ҳудуди маблағҳои ба ҳамин мӯҳлат дар буҷет пешбинишуда тасдиқ менамояд;
- нақшаи кории шашмоҳа солона ва нишондиҳандаҳои фаъолияти сохторҳои системаи Вазорат ва инчунин ҳисоботҳоро дар бораи фаъолияти онҳо тасдиқ менамояд;
- бо пешниҳоди роҳбарони сохторҳои системаи Вазорат лоиҳаҳои дахлдорро дар бораи миқдор ва фонди музди меҳнати кормандони онҳоро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистои доир ба таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ дар қисмати маблағгузории фаъолияти сохторҳои Вазорат пешниҳод манзур месозад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида доир ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои тобеъи сохторҳои Вазоратбуда пешниҳод манзур месозад;
- ба сохторҳои Вазорат супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи сохторҳои Вазоратро бекор менамояд, агар тартиби дигари бекор намудани ин қарорҳоро қонун муқаррар накарда бошад;
- бо пешниҳоди роҳбарони сохторҳои Вазорат муовинон, роҳбарони муассисаҳои таълимии давлатии ҷумҳуриявиро, ки дар системаи Вазорат мебошанд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи озмун кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявиро, ки дар системаи Вазорат мебошанд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- кормандони фаъоли дастгоҳи марказии Вазорат, сохторҳои тобеъро ҳавасманд мегардонад ва онҳоро ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ фонди таълим барои мактабҳои таҳсилоти умумиро таъсис медиҳад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои сохтории Вазоратро муқаррар менамояд ().
50. Вазорат ҳайати мушовараи худро дорад, ки ба он Вазир, муовинони Вазир аз рӯи вазифа, инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат ва муассисаҳои таълимӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд.
51. Аъзои ҳайати мушовараи Вазорат (ба истиснои Вазир ва муовинонаш) бо пешниҳоди Вазир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва озод карда мешаванд. Қарорҳои мушовара бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармоиши Вазир амалӣ карда мешаванд ().
52. Вазорат бо муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар соҳаи маориф ба сифати воҳиди мустақили хоҷагидорӣ фаъолият менамоянд, созишномаҳо ба имзо мерасонад.
53. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, штампу бланкаҳои дахлдор, баланси мустақил мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.
54. Суроғаи ҳуқуқии Вазорат: 734024, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад, 1За мебошад.
Замима
ба Низомномаи
Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои сеҷониба бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд
Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон
Донишкадаи гуманитарии байналмиллалии Тоҷикистон
Донишкадаи такмили ихтисос ва таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
Консерваторияи миллии Тоҷикистон
хориҷ карда шуд ()
Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе ба номи Мирзоҳаёт Олимов
Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббии шаҳри Душанбе
Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ
Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб
Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа
Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Бохтар
Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи Партов Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ
Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода
хориҷ карда шуд ()
Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ
Коллеҷи савдои шаҳри Душанбе
Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов
Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов
Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхони Ҳофиз
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан
Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара
Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ёвон
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ
Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ҳисор
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат
Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Рашт
Муассисаи давлатии таьлимии "Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ"()
Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд" ()
Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ()
Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон" ()
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 594 тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.10.2012 № 562)
Роҳбарият ()
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломӣ
Раёсати илм ва инноватсия
Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
Раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф
Раёсати баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ
Шӯъбаи таҳияи сиёсат дар соҳаи маориф
Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот
Шӯъбаи назорати дохилии ҳуҷҷатҳо ва бойгонӣ
Шӯьбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ
Шӯъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф
Шӯъбаи маркетинг, моликият ва хариди давлатӣ
Шӯъбаи аудити дохилӣ
Бахши муассисаҳои интернатӣ ва таҳсилоти иловагӣ
Бахши инвеститсия
Бахши маъмурият ва корҳои ташкилӣ
Бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ" ()
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 594 тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф
Раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе
Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳо ва ноҳияҳо
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 594 тасдиқ шудааст
Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 630)
- Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" ();
- Муассисаи давлатии "Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф";
- Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи рушди маориф"();
- Муассисаи давлатии "Музеи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон"();
- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ"; "
- Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ";
- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявии беруназмактабӣ";
- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия";
- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони болаёқат";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ";
- хориҷ карда шуд ();
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит"
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи (славянии) Россия-Тоҷикистон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Кӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Ҳисор";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Ҷиргатол";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникии омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисии омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №28 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №52 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №63 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №66 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии махсуси №1 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шабонаи №3 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №30 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №2 ноҳияи Ёвон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №7 ноҳияи Фархор"; :
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №9 шаҳри Қӯрғонтеппа";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №13 ноҳияи Ховалинг";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №16 ноҳияи Восеъ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №17 ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №22 шаҳри Кӯлоб";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №23 ноҳияи Шаҳритус";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №25 ноҳияи Ҷиликӯл";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №34 ноҳияи Қумсангир";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №37 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №46 ноҳияи Қубодиён";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №48 ноҳияи Ёвон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №51 ноҳияи Панҷ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №60 ноҳияи Вахш";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Сарбанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №32 шаҳри Кӯлоб";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №6 шаҳри Исфара";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №10 шаҳри Исфара";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №14 шаҳри Истаравшан";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №26 ноҳияи Ашт";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №29 шаҳри Истиқлол";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №31 шаҳри Хуҷанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №36 шаҳри Панҷакент";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №38 ноҳияи Ғончӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №41 ноҳияи Зафаробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №53 ноҳияи Айнӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №64 ноҳияи Ғончӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №65 ноҳияи Ҷаббор Расулов";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии № 68 ноҳияи Спитамен";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №74 ноҳияи Ашт";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №75 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №76 ноҳияи Зафаробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳри Конибодом";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №1 ноҳияи Ҳисор";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №4 ноҳияи Тавилдара";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №11 ноҳияи Шаҳринав";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №24 ноҳияи Файзобод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №39 ноҳияи Тоҷикобод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №45 шаҳри Ваҳдат";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №61 ноҳияи Рашт";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №78 ноҳияи Ҷиргатол";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шабонаи №4 шаҳри Ваҳдат";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон";
- хориҷ карда шуд ();
- Муассисаи давлатии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Чкалов;
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҷумҳуриявии №7 ноҳияи Данғара";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии ноҳияи Ҳисор";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои ноҳияи Ҳисор";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони кари ноҳияи Рӯдакӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Тавилдара";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шӯрообод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб интернати ҷумҳуриявӣ" дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби байналмилалии президентӣ" дар шаҳри Душанбе;
- Муассисаи давлатии "Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ";
- Матбааи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Нашрияи рӯзномаи "Омӯзгор";
- Нашрияи маҷаллаи "Маърифати омӯзгор";
- Нашрияи маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон";
- Нашрияи маҷаллаи "Русский язык и литература в школах Таджикистана";
- Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Маърифат" ()
- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии раҳнамоии касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ"()
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Данғара" ()
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ().
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб" ()
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 594 тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Қоидаҳои умумӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007 № 418,02.11.2007 № 547, № 548, аз 30.11.2007 № 603, аз 05.03.2008 № 114, № 115, аз 02.05.2008 № 218, аз 31.12.2008 № 671, № 672, аз 06.01.2009 № 2, аз 02.02.2009 № 76, аз 29.04.2009 № 262, № 263, № 264, № 281, аз 28.05.2009 № 321, № 322, аз 28.07.2009 № 440, аз 01.10.2009 № 555, аз 31.10.2009 № 620, аз 12.02.2010 № 58, № 59, аз 02.08.2010 № 403, аз 30.10.2010 № 597, аз 03.03.2011 № 124, аз 01.04.2011 № 173, аз 30.04.2011 № 231, аз 30.08.2011 № 430, аз 07.10.2011 № 498, № 502, аз 02.05.2012 № 218, аз 11.05.2012 № 227, аз 31.05.2012 № 282, № 283, аз 04.07.2012 № 350, аз 05.10.2012 № 562, аз 02.11.2012 № 630, аз 03.12.2012 № 714)

- Муассисаи давлатии таълимии "Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит"
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи (славянии) Россия-Тоҷикистон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Кӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Ҳисор";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Ҷиргатол";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникии омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисии омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов";
- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №28 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №52 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №63 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №66 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии махсуси №1 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шабонаи №3 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №30 шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №2 ноҳияи Ёвон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №7 ноҳияи Фархор"; :
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №9 шаҳри Қӯрғонтеппа";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №13 ноҳияи Ховалинг";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №16 ноҳияи Восеъ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №17 ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №22 шаҳри Кӯлоб";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №23 ноҳияи Шаҳритус";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №25 ноҳияи Ҷиликӯл";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №34 ноҳияи Қумсангир";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №37 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №46 ноҳияи Қубодиён";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №48 ноҳияи Ёвон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №51 ноҳияи Панҷ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №60 ноҳияи Вахш";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Сарбанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №32 шаҳри Кӯлоб";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №6 шаҳри Исфара";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №10 шаҳри Исфара";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №14 шаҳри Истаравшан";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №26 ноҳияи Ашт";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №29 шаҳри Истиқлол";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №31 шаҳри Хуҷанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №36 шаҳри Панҷакент";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №38 ноҳияи Ғончӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №41 ноҳияи Зафаробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №53 ноҳияи Айнӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №64 ноҳияи Ғончӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №65 ноҳияи Ҷаббор Расулов";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии № 68 ноҳияи Спитамен";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №74 ноҳияи Ашт";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №75 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №76 ноҳияи Зафаробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳри Конибодом";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №1 ноҳияи Ҳисор";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №4 ноҳияи Тавилдара";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №11 ноҳияи Шаҳринав";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №24 ноҳияи Файзобод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №39 ноҳияи Тоҷикобод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №45 шаҳри Ваҳдат";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №61 ноҳияи Рашт";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии №78 ноҳияи Ҷиргатол";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шабонаи №4 шаҳри Ваҳдат";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода";
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон";
- Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши "Захираҳои меҳнатӣ";
- Муассисаи давлатии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Чкалов;
- Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҷумҳуриявии №7 ноҳияи Данғара";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии ноҳияи Ҳисор";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои ноҳияи Ҳисор";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони кари ноҳияи Рӯдакӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Тавилдара";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шӯрообод";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб интернати ҷумҳуриявӣ" дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон";
- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби байналмилалии президентӣ" дар шаҳри Душанбе;
- Муассисаи давлатии "Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ";
- Матбааи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Нашрияи рӯзномаи "Омӯзгор";
- Нашрияи маҷаллаи "Маърифати омӯзгор";
- Нашрияи маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон";
- Нашрияи маҷаллаи "Русский язык и литература в школах Таджикистана";
- Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Маърифат" ().