Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2013, № 394 "Дар бораи Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11 ва 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб" таъсис дода шавад.

2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб"- ро дар соли 2013 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, маблағгузории муассисаи мазкурро дар солҳои минбаъда тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешбинӣ намоянд.

4. Ба Номгӯи муассиса ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 августи соли 2013, № 394

ш. Душанбе