Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи таълимии давлатии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъерии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи таълимии давлатии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" дар заминаи "Интернати вилоятӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" таъсис дода шавад.
2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ мувофиқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро ҳал намояд.
3. Маблағгузории Муассисаи таълимии давлатии "Мактабинтернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" дар соли 2012 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, солҳои минбаъда дар Буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ пешбинӣ карда шавад.
4. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи таълимии давлатии "Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 майи соли 2012, № 283
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Государственного образовательного учреждения "Республиканская школа-интернат в Рушанском районе Горно-Бадахшанской автономной области"
В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьей 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Государственное образовательное учреждение "Республиканская школа-интернат в Рушанском районе Горно-Бадахшанской автономной области" на базе "Областного интерната для детей сирот и оставшихся без попечения Рушанского района Горно-Бадахшанской автономной области".
2. Министерству образования Республики Таджикистан в двухмесячный срок в установленном порядке решить организационноправовые вопросы данного образовательного учреждения.
3. Финансирование Государственного образовательного учреждения "Республиканская школа-интернат в Рушанском районе Горно-Бадахшанской автономной области" в 2012 году осуществить за счет средств резервного фонда Президента Республики Таджикистан, предусмотрев в последующие годы необходимые средства в государственном бюджете.
4. Перечень образовательных учреждений и организаций системы Министерства образования Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №594 "О Министерстве образования Республики Таджикистан", дополнить абзацем следующего содержания:
"Государственное образовательное учреждение "Республиканская школа-интернат в Рушанском районе Горно-Бадахшанской автономной области".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 31 мая 2012 года № 283
г. Душанбе