Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи барҳамдиҳии Омӯзишгоҳи касбию техникии №72 ноҳияи Шаҳритус
Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №72 ноҳияи Шаҳритус барҳам дода шавад.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳии Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №72 ноҳияи Шаҳритусро таъсис диҳанд.
3. Комиссияи барҳамдиҳӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ барҳамдиҳии Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №72 ноҳияи Шаҳритусро ба анҷом расонад.
4. Молу амвол ва бинои хобгоҳи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №72 ноҳияи Шаҳритус пас аз барҳамдиҳӣ ба тавозуни Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №23 ноҳияи Шаҳритус гузаронида, таҳсили минбаъдаи донишҷуён дар ин омӯзишгоҳ ба роҳ монда шавад.
5. Бинои таълимӣ ва дигар биноҳои ёрирасони Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №72-и барҳамдодашуда дар тавозуни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шавад.
6. Аз номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, "Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №72 ноҳияи Шахритус" хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 6 январи соли 2009 № 2
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О ликвидации Профессионально-технического училища №72 Шартузского района
В соответствии со статьей 62 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Ликвидировать Профессионально-техническое училище №72 Шаартузского района.
2. Государственному комитету по инвестиции и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с Министерством образования Республики Таджикистан создать ликвидационную комиссию Профессионально-технического училища №72 Шаартузского района.
3. Ликвидационной комиссии в соответствии с порядком, установленным гражданским законодательством осуществить ликвидацию Профессионально-технического училища №72 Шаартузского района.
4. Сооружения, имущество и здание общежитие Профессионально-технического училища №72 Шаартузского района после ликвидации передать на баланс Профессионально-технического училища, №23, Шаартузского района и дальнейшую учебу студентов осуществить в данном училище.
5. Учебное здание и другие вспомогательные здания ликвидированного Профессионально-технического училища №72 Шаартузского района оставить на балансе Министерства образования Республики Таджикистан.
6. Из перечня учреждений и организаций системы Министерства образования Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №594 "О Министерстве образования Республики Таджикистан" исключить Профессионально-техническое училище №72 Шаартузского района.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 6 января 2009 года № 2
г. Душанбе