Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, № 218 "Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи зафаробод"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Зафаробод"

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Зафаробод" таъсис дода шавад.

2. Бино, иншоот ва дигар амволи техникуми бинокории барҳамдодашудаи ноҳияи Зафаробод ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Зафаробод" бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ гузаронида шавад.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи қабули донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Зафаробод"-ро барои соли таҳсили 2008-2009 ва солҳои минбаъда муқаррар намоянд.

4. Маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Зафаробод" дар соли 2008 ва солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷети маҳаллии вилояти Суғд анҷом дода шавад.

5. Ба номгӯйи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006№ 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, Муассисаи давлатии таълимии "Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Зафаробод" ворид карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 майи соли 2008 № 218

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного образовательного учреждения "Педагогическое училище Зафарабадского района"

В соответствии со статьей 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Создать Государственное образовательное учреждение "Педагогическое училище Зафарабадского района".

2.Передать здания, сооружения и другое имущество ликвидированного строительного техникума Зафарабадского района на баланс Государственного образовательного учреждения "Педагогическое училище Зафарабадского района" на правах оперативного управления.

3. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерству образования Республики Таджикистан определить план приёма студентов на 2008-2009 учебный год и последующие годы для Государственного образовательного учреждения "Педагогическое училище Зафарабадского района".

4.Осуществить финансирование Государственного образовательного учреждения "Педагогическое училище Зафарабадского района" в 2008 и последующих годах за счёт средств, предусмотренных местным бюджетом Согдийской области.

5.В перечень учреждений и организаций системы Министерства образования Республики Таджикистан, утвержденном постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №594 "О Министерстве образования Республики Таджикистан", включить Государственное образовательное учреждение "Педагогическое училище Зафарабадского района".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                      Эмомали Рахмон

от 2 мая 2008 года №218

ш. Душанбе