Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 № 597 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №594"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №594

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

-дар сархати 20 калимаҳои "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе" ба калимаҳои "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ" иваз карда шаванд;

-дар сархати 21 калимаҳои "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд" ба калимаҳои "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" иваз карда шаванд;

-дар сархати 22 калимаҳои "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб" ба калимаҳои "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ" иваз карда шаванд;

-дар сархати 23 калимаҳои "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа" ба калимаҳои "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қӯргонтеппа ба номи Носири Хусрав" иваз карда шаванд;

-аз сархати 30 калимаҳои "Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Роғун" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати 75 калимаҳои "Омӯзишгоҳи касбӣ - техникии №75 шаҳри Хуҷанд" ба калимаҳои "Омӯзишгоҳи касбии техникии №75 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров" иваз карда шаванд;

- дар сархати 82 калимаҳои "ноҳияи Ваҳдат" ба калимаҳои "шаҳри Ваҳдат" иваз карда шаванд;

- дар сархати 100 калимаҳои "Литсейи касбии техникии шаҳри Хоруғ" ба калимаҳои "Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон" иваз карда шаванд;

- сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе;

- Омӯзишгоҳи касбии техникии №9 шаҳри Қӯргонгеппа;

- Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши "Захираҳои меҳнатӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 октябри соли 2010 № 597

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №594

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

В Перечень образовательных учреждений системы Министерства образования Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 594 "О Министерстве образования Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:

- в абзаце 20 слова "Педагогический колледж города Душанбе" заменить словами "Педагогический колледж Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни";

- в абзаце 21 слова "Педагогический колледж города Худжанд" заменить словами "Педагогический колледж Худжандского государственного университета имени академика Бободжона Гафурова";

- в абзаце 22 слова "Педагогический колледж города Куляб" заменить словами "Педагогический колледж Кулябского государственного университета имени Абуабдуллоха Рудаки";

- в абзаце 23 слова "Педагогический колледж города Курган-тюбе" заменить словами "Педагогический колледж Курган-тюбинского государственного университета имени Носира Хусрава".

- из абзаца 30 исключить слова "Педагогическое училище города Рогун";

- в абзаце 75 слова "Профессионально-техническое училище №75 города Худжанд" заменить словами "Профессионально-техническое училище №75 района Бободжона Гафурова";

- в абзаце 82 слова "района Вахдат" заменить словами "города Вахдат";

- в абзаце 100 слова "Профессионально-технический лицей города Хорог" заменить словами "Профессионально-технический лицей Шугнанского района";

- добавить новые абзацы следующего содержания:

"- Профессиональный швейный лицей города Душанбе;

- Профессионально-техническое училище №9 города Курган-тюбе;

- Общество физического воспитания и спорта "Трудовые резервы".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон

от 30 октября 2010 года № 597

 г. Душанбе