Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012. № 282 "Дар бораи таъсиси Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар шаҳри Душанбе"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар шаҳри Душанбе

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти муассисаи мазкурро таҳия ва тасдиқ намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар шаҳри Душанберо дар соли 2012 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, сарчашмаи маблағгузории муассисаи мазкурро дар солҳои минбаъда тибқи тартиби муқарраргардида муайян намоянд.

4. Ба Номгӯи муассиса ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар шаҳри Душанбе".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 майи соли 2012, № 282

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного образовательного учреждения "Международная Президентская школа" в городе Душанбе

В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьями 11 и 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное образовательное учреждение "Международная Президентская школа" в городе Душанбе.

2. Министерству образования Республики Таджикистан в двухмесячный срок в установленном порядке решить организационноправовые вопросы данного образовательного учреждения.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан и Министерству образования Республики Таджикистан осуществить финансирование Государственного образовательного учреждения "Международная Президентская школа" в городе Душанбе в 2012 году за счет резервного фонда Президента Республики Таджикистан и в установленном порядке определить источник дальнейшего финансирования данного учреждения.

4. Перечень образовательных учреждений системы Министерства образования Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №594 "О Министерстве образования Республики Таджикистан", дополнить абзацем следующего содержания:

"Государственное образовательное учреждение "Международная Президентская школа" в городе Душанбе".

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 31 мая 2012 года № 282

г. Душанбе