Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 589
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 371, аз 5.03.2008 № 126, аз 1.04.2008 № 178, 31.10.2008 № 543, аз 30.12.2008 № 639 аз 31.08.2009 № 475, аз 3.05.2010 № 245, аз 13.09.2012 № 490, аз 11.12.2012 № 719, аз 02.03.2013 № 76, аз 29.04.2015 № 252, аз 3.03.2018 № 110, аз 26.11.2020 № 623, № 627, аз 01.06.2024 № 323)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар таҳияи сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат иштирок намуда, вазифаҳо вобаста ба таҳияву татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши таҳлил ва таҳияи консепсияҳо, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои давраҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, савдо, рушди иқтисоди рақамӣ ва сабз, рушди иқтисодии минтақаҳо, патентҳо ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои гузаронидани мониторинг, баҳодиҳии татбиқи стратегияҳои миллии рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва барномаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ менамояд (№ 323).
2. Вазорат фаъолияти ташкилоту муассисаҳои дар системаи он буда ва мақомотҳои минтақавиашро роҳбарӣ, хамоҳанг ва назорат менамояд ().
3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад .
4. Вазорат мақомоти ҳамоҳангсози фаъолияти дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ оид ба масъалаҳои дар банди 1 Низомномаи мазкур зикргардида мебошад.
Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорат вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва савдо барои ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ҳатмӣ мебошанд.
II. Ваколатҳои Вазорат
5. Вазорат ваколатҳои зеринро дар бахши фаъолиятҳои муқарраргардида амалӣ менамояд:
- оид ба масъалаҳои ба Вазорат ва системаи он дахл дошта, ки бо банди 1 Низомномаи мазкур муқаррар гаштаанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки қарори Ҳукумата Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекунанд, пешниҳод менамояд;
- дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мустақилона санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар бахши фаъолиятҳои муқарраргардида қабул мекунад ;
- дар таҳияи сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат иштирок менамояд ();
- дар асоси баҳодиҳии вазъи иқтисоди миллӣ ва глобалӣ сенарияҳои рушд ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва параметрҳои онро дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат таҳия менамояд (№ 323);
- ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати макроиқтисодиро амалӣ менамояд;
- дар ҳолатҳои зарурӣ бо дарназардошти ба вуқӯъ омадани буҳронҳои глобалии иқтисодӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро таҳия менамояд;
- ба ҳайси котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байни мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, ниҳодҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ҳамоҳанг месозад;
- фаъолияти шарикони рушди Тоҷикистонро дар самти татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд ҳамоҳанг менамояд (№ 323);
- таҳлил ва баҳодиҳии вазъи кунунии иқтисодро анҷом дода, дар асоси онҳо принсипҳо ва усулҳои танзимӣ соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро муайян менамояд;
- ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат на дарозмӯҳлат, нақшаи индикативӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимои ва дар алоқамандӣ бо онҳо барномаҳои давлатии сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷиро таҳия мекунад (№ 323);
- ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллиро ҳамоҳанг менамояд (№ 323);
- принсипҳо ва механизмҳои ислоҳоти иқтисодии мамлакат ва шаклҳои татбиқи онҳоро таҳия менамояд;
- консепсия ва принсипҳои асосии сиёсати иқтисодии хориҷиро таҳия менамояд;
- оид ба такмили системаи ҷамъоварӣ, коркард ва истифодаи маълумоти оморӣ пешниҳодҳо омода менамояд;
- дар таҳия ва татбиқи стратегияи амнияти иқтисодии мамлакат иштирок мекунад;
- дар таҳияи сиёсати буҷетӣ, ташаккули меъёрҳои буҷетӣ барои таъмини иҷрои барномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамояд;
- дар омода намудани пешниҳодҳо оид ба такмили самтҳои асосии сиёсати андозу буҷетӣ, молиявӣ ва пулию қарзӣ иштирок мекунад;
- ҳамоҳангсози ва назорати иҷрои ӯҳдадориҳоро аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидор, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ бармеоянд, анҷом медиҳад;
- оид ба бастани санадҳои байниҳукуматӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, молиявӣ, илмию техникӣ пешниҳодҳо омода менамояд;
- дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавии иқтисодӣ ва илмию техникӣ иштирок мекунад;
- ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ташкил мекунад ва баргузор менамояд;
- пешниҳодҳоро оид ба такмили низоми давлатии ташкили савдо, аз ҷумла савдои электронӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он таҳия ва манзур менамояд (№ 323);
- якҷоя бо мақомоти соҳавӣ дар омода намудани тавозуни истеҳсолот ва истифодаи маҳсулоти стратегии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда иштирок мекунад;
- дар ҳаллу фасли масъалаҳо вобаста ба расонидани кӯмакҳои техникӣ, молиявӣ ва дигар кӯмакҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
- хусусияти башардӯстона доштани борҳои ба ҷумҳури воридгардидаро муайян менамояд ва барои додани имтиёзҳои андозбанди хулосаҳо омода менамояд;
- тартибу усулҳои танзими давлатии тарифию ғайритарафии савдои хориҷиро муайян мекунад, таклифҳоро оид ба меъёрҳои тарифи гумрукӣ, дақиқ намудани номгӯи молҳо ва кору хизматрасониҳое, ки содироту воридоти онҳо махдуд ё манъ карда шудааст, омода менамояд;
- истифодаи низоми аксизии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қисмати воридот ва содироти молҳо ҳамоҳанг месозад;
- ҳамоҳангсозии корҳоро оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва такмили минбаъдаи онҳо амалӣ менамояд;
- бо мақсади пешрафти молҳои ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ тадқиқотҳои маркетингӣ мегузаронад, оид ба такмили сиёсати бахши истеҳсолии иқтисодиёт дар асоси омузиши бозори дохилию берунӣ таклифҳо омода мекунад;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии умумии корҳоро бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) анҷом медиҳад ();
- оид ба танзими техникии савдо ва маҳдуд намудани шумораи стандартҳои ҳатмӣ тибқи талаботи СУС пешниҳодҳо омода мекунад;
- дар бораи тартиби воридот ва содироти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти онҳо, шикастапораҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, партовҳои коркарди онҳо ва омехтаҳои кимиёвӣ дорои металлҳои қиматбаҳо пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- дар бораи содироти навъҳои алоҳидаи ашёи хом ва молҳои хусусияти стратегидошта пешниҳодот омода мекунад;
- дар доираи муқаррароти байналмилалии назорати содирот номгӯйи молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд ва ҳамоҳангсозии байниидоравиро дар самти назорати содирот таъмин карда, барои амалӣ намудани фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа иҷозатнома медиҳад (№ 323);
- дар бораи таъсиси намояндагиҳои тиҷорати дар хориҷа ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо пешниҳодҳо омода менамояд;
- оид ба таъмини сохторҳои қудрати бо намудҳои асосии мол, кор ва хизматрасони дар доираи маблағҷудокунии дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда пешпиҳодҳо омода менамояд;
- дар ҷобаҷокунии фармоиши давлатии мудофиавӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати маҳсулотҳои фармоишии мудофиавӣ пешниҳодҳо таҳия мекунад;
- оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ки барои хариди молҳо, кор ва хизматрасони пешбинӣ шудаанд пешниҳодҳо омода менамояд;
- оид ба таъинот, ташаккул ва истифодаи манбаъҳои захираҳои давлатӣ, рушду такмили идораи давлатии системаи захираҳои давлатӣ пешниҳодот таҳия мекунад;
- оид ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодии молистеҳсолкунандагони ватанӣ бо роҳи муайян намудани тартиби ҷорӣ ва татбиқ намудани чораҳои махсуси ҳимоякунанда, пешгирикунандаи шикасти нарх (антидемпингӣ) ва ҷубронкунандаи воридоти молҳо ба ҷумҳурӣ пешниҳодҳо омода мекунад;
- таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабзро дар кишвар анҷом медиҳад
- асосноккунии иқтисодии афзалиятҳои сиёсати илмию техникӣ, бастани қарордодҳои давлатиро бо ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои корҳои муҳими илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ амалӣ менамояд ва дар таҳияи механизмҳои баланд бардоштани сифати иҷрои онҳо иштирок мекунад;
- дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ чорабиниҳоро бо мақсади шинос намудан ва тарғиби дастовардҳои иқтисоди кишвар ташкил ва доир менамояд;
- ташхиси лоиҳаҳои илмию техникӣ, барномаҳо ва мавзӯъҳои илмиро, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурнявӣ маблағгузорӣ мешаванд, анҷом медиҳад;
- талаботи ҷорӣ ва перспективии иқтисоди миллиро оид ба масъалаҳои таъминот бо кадрҳо, нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ омӯхта таҳия менамояд;
- оид ба маблағгузории рушди илмию техникии муассисаҳои иҷтимоӣ ва тайёр кардани кадрҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, муассисаҳои илмию педагогӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- дар омӯзиши ҳолат ва самаранокии истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар соҳаи тадқиқоти илмӣ иштирок менамояд;
- дар таҳлил ва такмили фаъолияти муассисаҳои илмии академӣ, мактабҳои олӣ сарфи назар аз тобеияти идоравӣ таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ба тартибу роҳҳои такмили сохтори муассисаҳои илмӣ алоқаманданд, иштирок мекунад;
- доир ба тақсимбандии фармоиши давлатӣ барои тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷа таклифҳо пешниҳодот менамояд;
- фаъолияти ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва истифодаи онҳоро аз тарафи аҳолӣ ҳамоҳанг месозад;
- хорич карда шуд ();
- хорич карда шуд ();
- хорич карда шуд ();
- хорич карда шуд ();
- хорич карда шуд ();
- хорич карда шуд ();
- хорич карда шуд ();
- хорич карда шуд ();
- нархҳои (тарифҳои) хизматрасониҳои субъектҳои монополияҳои табиӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои молҳои муайяни Ҷумқурии Тоҷикистон мавқеи инҳисорӣ доранд, танзим мекунад;
- дар доираи салохияти худ назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидоро, ки дар бахши танзими Вазорат фаъолият мекунанд, амалӣ менамояд;
- дар нашрияҳои расмии худ (бюллетенҳо, маҷмӯаҳо, маҷаллаҳои идоравӣ) ва дар сомонаи расмӣ дар интернет санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вобаста ба соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ нашр менамояд ;
- салоҳиятҳои дигарро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ки бо қонунҳо, санадхои меъёрию ҳукуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, анҷом медиҳад.
6. Вазорат бо мақсади иҷрои салоҳиятҳои дар соҳаи фаъолияташ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:
- дар доираи салоҳиятҳои худ тибқи тартиботи муқарраршуда маълумотеро, ки барои қабули қарорхо доир ба масъалаҳои ба салоҳияти Вазорат дахлдошта заруранд, талаб ва ройгон дастрас намояд;
- фаъолияти мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият дар татбиқи вазифаҳои дар банди 1 Низомномаи мазкур нишондодашуда ҳамоҳанг созад;
- бо тартиби муқарраргардида қисми ваколатҳои худро ба агентиҳои системаи худ вогузорад;
- хорич карда шуд ();
- роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дохил мешаванд, ҷалб намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар доираи салоҳиятҳои худ тақия ва тасдиқ намояд;
- дар конфронсу семинарҳое, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиёт бахшида шудаанд, Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд;
- комиссияҳои экспертии байниидоравӣ таъсис медиҳад ва маҷлисҳои махсус оид ба: масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷи даъват намояд ();
- ҳангоми зарурат аз ҳисоби олимон ва мутахассисон гурӯҳҳои корӣ барои омодасозии пешниҳодот оид ба масъалаи нисбатан муҳими ба салоҳияти вазорат дохилшаванда ташкил диҳад, барои машварат омӯхтан ва ҳаллу фасли масъалаҳо дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисону экспертҳоро дар асоси шартнома аз ҷумҳури ва давлатҳои хориҷа ҷалб намояд;
- мутобиқи шарти созишиомаҳои савдои хориҷӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи ҳолатҳои фатҳнашаванда (форс-мажорӣ) тасдиқнома диҳад;
- нашрияи воситаҳои ахбори оммаро таъсис намояд ва бо тартиби муқарраргардида фаъолияти нашриётиро анҷом диҳад;
- бо мақсади татбиқи вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда салоҳиятҳои дигарро, ки дар санадҳои мсъёрии ҳуқуқӣ пешбини шудаанд, анҷом дихад.
III. Ташкили фаъолият
7. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир барои иҷрои салоҳиятҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар доираи фаъолияти муқарраршуда масъулияти шахсӣ дорад.
Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки бо пешниҳодоти ӯ аз тарафи Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мсшаванд.
Шумораи муовинони Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
8. хорич карда шуд ();
9. Вазир:
- вазифаҳоро дар байни муовинони худ тақсим менамояд;
- низомномаҳоро дар бораи воҳидҳои сохтории Вазорат тасдиқ менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таънн ва аз вазифа озод намудани роҳбарони агентиҳои назди Вазорат, инчунин намояндагиҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа тибқи тартиби муқарраргардида псшниҳодот манзур менамояд ();
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро мутобиқи Низомномаи мазкур пешниҳод менамояд;
- ба Ҳукуматм Ҷумҳурии Тоҷикистоп тибқи тартиби муқаррарнамуда оид ба ташкил додан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои системаи Вазорат пешииҳодот манзур менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба иҷрои хизмати давлать дар дастгоҳи марказии Вазорат, ва намояндагищои тиҷорать дар хориҷа ҳаллу фасл менамояд ();
- ҷадвали штатӣ ва ҳайати воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазоратро дар доираи муқаррарнамудаи теъдод ва фонди музди меҳнат, хароҷотномаро барои нигохдории Вазорат дар доираи маблағгузориҳои пешбинишуда тасдиқ менамояд;
- сохтор ва ҷадвали штатии намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷаро тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисмати таъминоти молиявии фаъолияти Вазорат хадамот ва агентиҳои системаи худ псшниҳодот манзур менамояд;
- оинномаи ташкилотҳои системаи Вазоратро бо тартиби муқарраргардида тасдиқ мекунад;
- масъалаи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони ташкилотҳои системаи Вазоратро ва намояндагиҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида ҳаллу фасл менамояд (№ 323);
- фармоишҳо интишор менамояд, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва ташкилотҳои системам он ҳатмӣ мебошад ();
- дар бораи ташаккул ва тағиири ҳайати қисми тоҷикистонии комиссияҳои байнихукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба тартиби муқарраргардида пешниҳодот ворид менамояд;
- кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва роҳбарони мақомоти минтақавии онро бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, оид ба номзадҳо ҷиҳати ба ҳайати мушовараи Вазорат дохил ё хориҷ намудан пешниҳодот манзур менамояд;
- нақшаи кории солона ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти сохторҳои системаи Вазорат, инчунин ҳисоботро оид ба иҷрои он тасдиқ менамояд;
- қарорҳои хилофи қонунгузори қабулкардаи роҳбарони сохторҳои системаи худро бекор менамояд, агар тартиби дигари бекор намудани онҳо дар қонун нишон доданашуда бошад;
- тибқи тартиби муқарраргардида номзадии кормандони Вазорат ва сохторҳои системаи онро барои сарфароз намудан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ҳуқуқҳои дигарро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
10. Дар Вазорат таҳти роҳбарии Вазир ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони Вазир (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари Вазорат дохил мешаванд. Ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди Вазир аз тарафн Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Қарорҳои ҳайати мушовара бо тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул кардашуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармонҳои Вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.
11. Вазорат бо субъсктҳои хоҷагидор, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, созишномаҳои (шартномаҳои) дутарафа мебандад.
Ҳисоботи роҳбарони субъекти хоҷагидор дар бораи ҷараёни иҷрои созишномаҳо, татбиқи нақшаҳо ва барномаҳои дарозмӯҳлати тасдиқгардида мунтазам дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорат баррасӣ мешаванд.
12. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
13. Маҳалли ҷойгиршавии Вазорат Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар 37 мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 сентябри соли 2012, № 490
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ
Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт
Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ
Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо
Раёсати рушди иқтисоди рақамӣ
Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ
Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ
Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати котибот
Раёсати молиявию баҳисобгирӣ
Раёсати кадрҳо ва бахши махсус
Раёсати корҳо
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2010 № 245
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсатҳои (шӯъбаҳои) минтақавии рушди иқтисод ва савдо
Намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2010 № 245
тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
хориҷ карда шуд (
Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ()
Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"
Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Суғд"
Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"
Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқгисодии "Ишкошим"
Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон .
Положение Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан
I. Общие положения
(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.06.2007г.№371, от 5.03.2008г.№126, от 1.04.2008г.№178, от 31.10.2008г.№543, от 30.12.2008г.№639, от 31.08.2009г.№475, от 3.05.2010г.№245, от 13.09.2012г.№490, от 11.12.2012г.№ 719,от 02.03.2013г.№76, от 29.04.2015г. №252, от 03.03.2018г.№110, от 26.11.2020г.№623, от 26.11.2020г.№627, от 01.06.2024 №323)
1. Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан (далее Министерство) является центральным органом исполнительной власти и участвует в выработке государственной политики по развитию всех социально экономических отраслей страны и выполняет задачи, связанные с разработкой и реализацией государственной политики и правовым регулированием в области анализа и разработки концепций, документов стратегического планирования, перспективы экономического и социального развития страны на краткосрочный, среднесрочный и долгосрочный периоды, внешнеэкономической деятельности, торговли, развития цифровой и зеленой экономики, экономического развития peгионов патентов и формирования информационных ресурсов, а также координации вопросов проведения мониторинга, оценке реализации национальных стратегий развития, снижения уровня бедности и программ государственных инвестиций
2. Министерство осуществляет руководство, координацию и контроль деятельности находящихся в его системе организации и учреждении и территориальных органов
3. Министерство осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан, решений Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан, международно-правовых актов признанных Республикой Таджикистан и настоящим Положением.
4. Министерство является координирующим органом деятельности других центральных органов исполнительной власти, местных исполнительных органов государственной власти, юридических лиц, независимо от их формы собственности и ведомственного подчинения по вопросам, указанным в пункте 1 настоящего Положения.
Выполнение нормативных правовых актов Министерства связанных с формированием и осуществлением единой политики социально-экономического развития и торговли является обязательным для всех министерств, ведомств и местных исполнительных органов государственной власти.
II. Полномочия Министерства
5. Министерство осуществляет следующие полномочия в установленной сфере деятельности:
- по вопросам относящимся к сфере ведения Министерства и его системы, установленных пунктом 1 настоящего Положения, вносит в Правительство Республики Таджикистан проекты законов, нормативно правовых актов Президента Республики Таджикистан, Правительства Республики Таджикистан и другие документы, по которым требуется решение Правительства Республики Таджикистан;
- на основании и во исполнение Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов, законов, актов Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан самостоятельно принимает нормативные правовые акты в установленной сфере деятельности;
- участвует в разработке государственной политики всех социально-экономических отраслей страны
- на основе оценки состояния национальной и мировой экономики разрабатывает сценарии развития и прогнозы макроэкономических показателей и ее параметров в среднесрочной и долгосрочной перспективе
- реализует координирование макроэкономической политики;
- в необходимых случаях с учетом возникновения мировых экономических кризисов разрабатывает план действий по предотвращению воздействия возможных рисков на национальную экономику;
- в качестве секретариата Национального совета развития при Президенте Республики Таджикистан координирует сотрудничество между государственными органами, партнерами по развитию, международными институтами, частным сектором и гражданским обществом в реализации документов стратегического планирования;
- координирует деятельность партнеров по развитию Таджикистана в реализации стратегических целей и приоритетов страны в рамках Координационного совета партеров по развитию
- проводит анализ и оценку текущей экономической ситуации и на их основе определяет принципы и методы регулирования в социально-экономической сфере;
- разрабатывает краткосрочные, среднесрочные и долгосрочные документы стратегического планирования, индикативные планы и прогнозы социально-экономического развития и во взаимосвязи с ними государственные программы внутреннего и внешнего инвестирования №323
- осуществляет координацию документы стратегического планирования национального, отраслевого и местного уровней №323
- разрабатывает принципы и механизмы экономических реформ страны и формы их осуществления;
- разрабатывает концепции и основные принципы внешне экономической политики;
- готовит предложения по совершенствованию системы сборов, обработки и использования статистической информации;
- участвует в разработке и реализации стратегии экономической безопасности страны;
- участвует в разработке бюджетной политики, формировании бюджетных нормативов для обеспечения выполнения региональных, отраслевых и республиканских программ;
- участвует в подготовке предложений по совершенствованию основных направлений налогово-бюджетной, финансовой и денежно-кредитной политики;
- осуществляет координацию и контроль исполнения исполнительными органами государственной власти и хозяйствующими субъектами обязательств, вытекающих из международно - правовых актов, признанных Республикой Таджикистан в сфере внешнеэкономического сотрудничества и соглашений по торгово-экономическому и научно-техническому сотрудничеству;
- готовит предложения по заключению межправительственных и международных актов Республики Таджикистан в сфере внешних экономических связей, торгово-экономического, финансового и научно-технического сотрудничества;
- участвует в деятельности международных и региональных экономических и научно- технических организаций;
- организует и проводит межправительственные комиссии Республики Таджикистан по торгово-экономическому и научно-техническому сотрудничеству;
- разрабатывает и готовит предложения по совершенствованию государственного режима организации торговли, в том числе электронную торговлю и приведение его в соответствие с международными нормами
- совместно с отраслевыми органами участвует в подготовке производственных балансов и использования продукции стратегическою назначения, производимой в республике;
- участвует в решении вопросов, связанных с предоставлением технической, финансовой и иной помощи Республике Таджикистан;
- определяет характер гуманитарной направленности ввозимых в республику грузов и готовит заключения для представления налоговых льгот;
- определяет порядок и методы тарифного и нетарифного государственного регулирования внешней торговли, готовит предложения по установлению норм таможенных тарифов, уточнения перечня наименований товаров, работ и услуг, экспорт и импорт которых запрещен или ограничен;
- координирует применение акцизного режима Республики Таджикистан в части империи экспорта товаров;
- осуществляет координацию работ по созданию, управлению, функционированию и дальнейшему совершенствованию свободных экономических зон
- проводит маркетинговые исследования с целью продвижения отечественных товаров на внутреннем и внешнем рынках, готовит предложения по совершенствованию политики в производственной сфере экономики, основанных на изучении внутреннего и внешнего рынков;
- осуществляет организацию и общую координацию работ во Всемирной торговой организацией (ВТО)
- осуществляет организацию и общую координацию процесса вхождения Республики Таджикистан во Всемирную торговую организацию (ВТО);
- готовит предложения по техническому регулированию торговли и ограничению количества обязательных стандартов в соответствии с требованиями ВТО;
- разрабатывает предложения о порядке ввоза и вывоза драгоценных металлов и драгоценных камней, изделий из них, лома драгоценных металлов и драгоценных камней, отходов их переработки и химических соединений, содержащих драгоценные металлы;
- в рамках международных положений экспортного контроля разрабатывает перечень подконтрольных товаров, технологий и программного обеспечения в Республике Таджикистан, обеспечивает межведомственную координацию в области экспортного контроля и выдает лицензии на осуществление деятельности по экспортному контролю продуктов двойного назначения
- готовит предложения о порядке экспорта отдельных видов сырья и товаров имеющих стратегическое значение;
- готовит предложения по созданию торговых представительств за рубежом и координирует их деятельность;
- исключен
- готовит предложения по обеспечению силовых структур основными видами товаров, работ и услуг в пределах финансирования, предусмотренного Государственным бюджетом Республики Таджикистан;
- готовит предложения по размещению государственного оборонного заказа и по улучшению качества продукции оборонного заказа;
- готовит предложения по целевому использованию бюджетных средств, предназначенных для закупки товаров, работ и услуг;
- готовит предложения по назначению, формированию и использованию государственных резервов, развитию и совершенствованию государственного управления системой государственных резервов;
- готовит предложения по защите экономических интересов отечественных товаропроизводителей путем определения порядка введения и осуществления специальных защитных и антидемпинговых мер и компенсирующих ввоз товаров в республику;
- разработка, координация и осуществление государственной политики развития цифровой экономики и зеленой экономики в стране
- осуществляет экономическое обоснование приоритетов научно-технической политики, заключение государственных контрактов с организациями и учреждениями республики с целью выполнения важных научно-исследовательских, опытно-конструкторских работ и участвует в разработке механизмов повышения качества их выполнения;
- совместно с другими органами государственной власти организует и проводит мероприятия с целью ознакомления и пропаганды экономических достижений страны;
- организует и проводит экспертизы научно-технических проектов, программ и научных тем, которые финансируются за счет республиканского бюджета;
- проводит изучение и разрабатывает текущие и перспективные потребности национальной экономики по вопросам обеспечения кадрами, плана приема в высшие, средние и начальные профессиональные учреждения по специальностям и учебным заведениям;
- готовит предложения по финансированию научно-технического развития социальных учреждений и подготовки кадров высшего, среднего и начального профессионального обучения, научно-педагогических учреждений;
- участвует в изучении положения и эффективного использования средств государственного бюджета в сфере научных исследований;
- участвует в анализе и совершенствовании деятельности научно-академических учреждений, высших учебных заведений, независимо от ведомственного подчинения, разработке нормативно-правовых актов по совершенствованию деятельности научных учреждений;
- готовит предложения по размещению государственных заказов для подготовки и переподготовки кадров в высших учебных заведениях республики и за рубежом;
- координирует деятельность республиканских организаций по вопросам формирования информационных ресурсов и их использования населением;
- в пределах своей компетенции обеспечивает контроль за деятельностью хозяйствующих субъектов, функционирующих в сфере регулирования Министерства;
- в своих печатных изданиях (бюллетенях, сборниках, ведомственных журналах) и в официальном сайте в интернете публикует нормативные правовые акты, связанные со сферой внешнеторговой деятельности
- осуществляет иные полномочия в установленной сфере деятельности, предусмотренные законами, нормативными правовыми актами Президента Республики Таджикистан или Правительства Республики Таджикистан.
6. Министерство с целью реализации полномочий в установленной сфере деятельности имеет право:
- в пределах своих полномочий в установленном порядке запрашивать и получать безвозмездно сведения необходимые для принятия решений по вопросам, отнесенным к компетенции Министерства;
- осуществлять координацию деятельности центральных исполнительных органов государственной власти, местных исполнительных органов государственной власти, хозяйствующих субъектов, независимо от формы собственности и подчиненности по реализации задач, указанных в пункте 1 настоящего Положения;
- в соответствии с установленным порядком делегировать части своих полномочий агентствам своей системы;
- исключен
- привлекать к участию руководителей исполнительных органов государственной власти, местных исполнительных органов государственной власти и юридических лиц для решения вопросов, входящих в компетенцию Министерства;
- в пределах своей компетенции разрабатывать и утверждать нормативные правовые акты;
- представлять Правительство Республики Таджикистан на конференциях и семинарах, посвященных вопросам развития экономики;
- создавать экспертные межведомственные комиссии и созывать специальные собрания по вопросам экономики, торговли, внешнеэкономических отношений
- в случае необходимости организовывать рабочие группы из числа ученых и специалистов для подготовки предложений по важным вопросам, входящим в компетенцию министерства по проведению консультаций, изучению и решению проблем, по согласованию с Правительством Республики Таджикистан привлекать по договору специалистов и экспертов республики и зарубежных государств;
- в соответствии с условиями внешних торговых соглашений и международных договоров выдавать подтверждение о форс-мажорных ситуациях;
- учреждать печатные средства массовой информации и организовывать в установленном порядке издательскую деятельность;
- с целью реализации задач возложенных на Министерство, осуществлять другие полномочия, предусмотренные нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
III. Организация деятельности
7. Министерство возглавляет Министр, который назначается на должность и освобождается от должности Указом Президента Республики Таджикистан.
Министр несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Министерство полномочий и реализацию государственной политики в установленной сфере деятельности.
Министр имеет заместителей, в том числе одного первого заместителя, которые по его представлению назначаются на должность и освобождаются от должности Правительством Республики Таджикистан.
Количество заместителей Министра устанавливается Правительством Республики Таджикистан.
8. Структура центрального аппарата Министерства по основной деятельности состоит из управлений. В составе управлений создаются отделы и секторы.
9. Министр:
- распределяет задачи между своими заместителями;
- утверждает положения о структурных подразделениях Министерства;
- в соответствии с установленным порядком вносит в Правительство Республики Таджикистан предложения о назначении и освобождении от должности руководителей агентств при Министерстве, а также торговых представительств Таджикистана в зарубежных государствах
- представляет Правительству Республики Таджикистан проекты нормативных правовых актов и других документов в соответствии с данным Положением;
- в соответствии с установленным порядком представляет предложения Правительству Республики Таджикистан о создании, реорганизации и ликвидации структур системы Министерства;
- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан о государственной службе решает вопросы, связанные с выполнением государственной службы в центральном аппарате Министерства, и торговых представительствах за рубежом
- утверждает структуру, штатное расписание центрального аппарата Министерства, количество работников Министерства в пределах утвержденной численности и фонда заработной платы, смету расходов на их содержанию в пределах предусмотренного финансирования;
- утверждает структуру и штатное расписание аппарата Министерства за рубежом в пределах установленного лимита;
- вносит предложения Министерству финансов Республики Таджикистан по формированию республиканского бюджета в части финансового обеспечения деятельности Министерства, служб и агентств его системы;
- в соответствии с установленным порядком утверждает уставы государственных организаций системы Министерства;
- в установленном порядке решает вопросы о назначении на должность и освобождении от должности руководителей государственных организаций системы Министерства и представительств свободных экономических зон Республики Таджикистан в зарубежных странах
- издает приказы и распоряжения, выполнение которых обязательны для работников центрального аппарата Министерства и организаций его системы,
- в установленном порядке вносит предложения о формировании и изменении состава таджикской стороны межправительственной комиссии по торговому, экономическому, научному и техническому сотрудничеству между Республикой Таджикистан и зарубежными государствами;
- в установленном порядке назначает и освобождает от должности работников центрального аппарата Министерства и руководителей территориальных органов, представляет предложения по назначению кандидатур для включения и исключения из состава коллегии Министерства;
- утверждает годовой план работы и прогнозные показатели деятельности структур системы Министерства, а также отчет о его выполнении;
- аннулирует противоречающие законодательству решения, принятые руководителями структур его системы, если другого порядка их отмены не предусмотрено законом;
- в соответствии с установленным порядком представляет кандидатуры работников Министерства и структур его системы для присвоения им почетных званий и государственных наград Республики Таджикистан;
- осуществляет другие права в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
10. В Министерстве под руководством Министра образуется коллегия, в состав которой входят заместители Министра (по должности) и ведущие работники Министерства. Состав коллегии, кроме лиц входящих по должности, по предложению Министра утверждается Правительством Республики Таджикистан. Решения коллегии в установленном порядке принимаются большинством голосов её членов, оформляются протоколом и утверждается приказом министра.
11. Министерство заключает двусторонние контракты (соглашения) с хозяйствующими субъектами, перечень которых утверждается Правительством Республики Таджикистан.
Отчеты руководителей хозяйствующих субъектов о ходе выполнения соглашений, осуществления планов и долгосрочных программ регулярно заслушиваются на заседаниях коллегии Министерства.
12. Министерство является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан со своим наименованием на государственном и русском языках, соответствующие печати, штампы и бланки и финансируется из единого казначейского счета Министерства финансов Республики Таджикистан.
13. Местонахождение Министерства является Республики Таджикистан, город Душанбе, улица Бохтар 37.
Приложение 2
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от " 12 " сентября 2012 года, № 490
Структура Центрального аппарата Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан
Руководство
Главное управление макроэкономического анализа, прогноза и экономических реформ
Главное управление развития реальных секторов экономики
Главное управление торговой политики и потребительского рынка
Главное управление инвестиционной политики и развития регионов
Управление развития цифровой экономики
Управление внешнеэкономического сотрудничества
Управление развития отраслей социальной сферы
Управление правового обеспечения
Управление секретариата
Финансово-учетное управление
Управление кадров и спец.части
Управление делами
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от "3" мая 2010 года №245
Схема управления Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан
Центральный аппарат
Территориальные управления (отделы) экономического развития и торговли
Торговые представительства Республики Таджикистан за рубежом
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от "3" мая 2010 года №245
Перечень организаций системы Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан
Исключен
Государственное учреждение "Национальный патентно-информационный центр" Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан
Государственное учреждение администрации свободной экономической зоны "Панч"
Государственное учреждение администрации свободной экономической зоны "Сугд"
Государственное учреждение администрации свободной экономической зоны "Дангара"
Государственное учреждение администрации свободной экономической зоны "Ишкошим"
Государственное учреждение "Научно-исследовательский экономический институт Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан