Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 589
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 589 "Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- дар банди 5 калимаҳои "Конститутсияи (Сарқонун)-и" ба калимаи "Конститутсияи" иваз карда шавад;
- ба банди 5 сархати чилу шашум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"- дар нашрияҳои расмии худ (бюллетенҳо, маҷмӯаҳо, маҷаллаҳои идоравӣ) ва дар сомонаи расмӣ дар интернет санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вобаста ба соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ нашр менамояд;".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2018 № 110
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №589
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Дополнить пункт 5 Положения о Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан’ от 28 декабря 2006 года, №589 "О Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан", абзацем сорок шестым следующего содержания:
"- в своих печатных изданиях (бюллетенях, сборниках, ведомственных журналах) и в официальном сайте в интернете публикует нормативные правовые акты, связанные со сферой внешнеторговой деятельности;".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 марта 2018 года, №110