Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 589
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 589 "Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар банди 2 қарор рақамҳои "280" ва "200" мутобиқан ба рақамҳои "277" ва "197" иваз карда шаванд;
дар банди 1 Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавиро" ба калимаҳои "ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, назорати фаъолияти рекламавӣ ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии татбиқи стратегияҳои миллии рушд ва стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва барномаҳои давлатии сармоягузориро" иваз карда шаванд;
дар Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "Раёсати захираҳои давлатӣ ва сафарбарӣ" ба калимаҳои "Раёсати котибот" иваз карда шуда, сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Шӯъбаи хариди давлатӣ, фаъолияти биржавӣ ва амволи махсус".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 апрели соли 2008 № 178
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №589
В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №589 "О Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:
в пункте 2 постановления цифры "280" и "200" заменить соответственно цифрами "277" и "197";
в пункте 1 Положения Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан слова "прав потребителей и контроля за рекламной деятельностью" заменить словами "прав потребителей, контроля за рекламной деятельностью и координации вопросов проведения мониторинга и оценки реализации национальных стратегий развития, стратегий снижения бедности и программ государственных инвестиций";
в Структуре центрального аппарата Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан слова "Управление государственных и мобилизационных резервов" заменить словами "Управление секретариата" и дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Отдел государственных закупок, биржевой деятельности и специального имущества".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 1 апреля 2008 года №178
г. Душанбе