Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024, № 323 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 589"

Санаи амалкуни: 01.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №589


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 589 «Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

  1. банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 177 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.».

  1. дар замимаи 1:

- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар таҳияи сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат иштирок намуда, вазифаҳо вобаста ба таҳияву татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши таҳлил ва таҳияи консепсияҳо, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои давраҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, савдо, рушди иқтисоди рақамӣ ва сабз, рушди иқтисодии минтақаҳо, патентҳо ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои гузаронидани мониторинг, баҳодиҳии татбиқи стратегияҳои миллии рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва барномаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ менамояд.”;

  • дар сархатҳои панҷум ва шашуми банди 5 калимаҳои «стратегияҳои» ва «барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавиро» мувофиқан ба калимаҳои «ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии» ва «ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллиро» иваз карда шаванд;
  • ба банди 5 сархатҳои чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- дар асоси баҳодиҳии вазъи иқтисоди миллӣ ва глобалӣ сенарияҳои рушд ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва параметрҳои онро дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат таҳия менамояд;

  • ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати макроиқтисодиро амалӣ менамояд;
  • дар ҳолатҳои зарурӣ бо дарназардошти ба вуқӯъ омадани буҳронҳои глобалии иқтисодӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро таҳия менамояд;
  • ба ҳайси котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байни мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, ниҳодҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ҳамоҳанг месозад;
  • фаъолияти шарикони рушди Тоҷикистонро дар самти татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд ҳамоҳанг менамояд;»;
  • ба сархати ҳабдаҳуми банди 5 пас аз калимаи «савдо» аломат ва калимаҳои «, аз ҷумла савдои электронӣ» илова карда шаванд;
  • ба банди 5 сархати бисту нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“- дар доираи муқаррароти байналмилалии назорати содирот номгӯйи молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд ва ҳамоҳангсозии байниидоравиро дар самти назорати содирот таъмин карда, барои амалӣ намудани фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа иҷозатнома медиҳад;»;

  • дар сархати ёздаҳуми банди 9 пас аз калимаи «Вазоратро» калимаҳои «ва намояндагиҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷӣ» илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 июни соли 2024, № 323

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнений и постановление Правительства Республики Таджикистан oт 28 декабря 2006 года, №589

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

В постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №589 «О Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан» внести следующие изменения и дополнения:

1. пункт 2 изложить в следующей редакции:

«2. Установить предельную численность работников центрального аппарата Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан в количестве 177 единиц (без обслуживающего персонала).».

2. в приложении 1:

- пункт 1 изложить в следующей редакции:

«1. Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан (далее Министерство) является центральным органом исполнительной власти и участвует в выработке государственной политики по развитию всех социально экономических отраслей страны и выполняет задачи, связанные с разработкой и реализацией государственной политики и правовым регулированием в области анализа и разработки концепций, документов стратегического планирования, перспективы экономического и социального развития страны на краткосрочный, среднесрочный и долгосрочный периоды, внешнеэкономической деятельности, торговли, развития цифровой и зеленой экономики, экономического развития peгионов патентов и формирования информационных ресурсов, а также координации вопросов проведения мониторинга, оценке реализации национальных стратегий развития, снижения уровня бедности и программ государственных инвестиций.»:

- в абзацах пятом и шестом пункта 5 слова «стратегии» и «отраслевые и региональные программы развития» соответственно заменить словами «документы стратегического планирования» и «документы стратегического планирования национального, отраслевого и местного уровней»:

- пункт 5 дополнить абзацами четвертым, пятым, шестым, седьмым и восьмым следующего содержания:

"- на основе оценки состояния национальной и мировой экономики разрабатывает сценарии развития и прогнозы макроэкономических показателей и ее параметров в среднесрочной и долгосрочной перспективе;

- реализует координирование макроэкономической политики;

- в необходимых случаях с учетом возникновения мировых экономических кризисов разрабатывает план действий по предотвращению воздействия возможных рисков на национальную экономику;

- в качестве секретариата Национального совета развития при Президенте Республики Таджикистан координирует сотрудничество между государственными органами, партнерами по развитию, международными институтами, частным сектором и гражданским обществом в реализации документов стратегического планирования;

- координирует деятельность партнеров по развитию Таджикистана в реализации стратегических целей и приоритетов страны в рамках Координационного совета партеров по развитию;»;

- абзац семнадцатый пункта 5 после слова «торговля» дополнить знаком и словами «, в том числе электронную торговлю»;

- пункт 5 дополнить абзацем двадцать девятым следующего содержания:

«- в рамках международных положений экспортного контроля разрабатывает перечень подконтрольных товаров, технологий и программного обеспечения в Республике Таджикистан, обеспечивает межведомственную координацию в области экспортного контроля и выдает лицензии на осуществление деятельности по экспортному контролю продуктов двойного назначения;»:

- абзац одиннадцатый пункта 9 после слова «Министерство» дополнить словами «и представительств свободных экономических зон Республики Таджикистан в зарубежных странах».

Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 1 июня 2024 года №323