ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 589
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 589 "Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "149" ва "145" мувофиқан ба рақамҳои "170" ва "166" иваз карда шаванд.
2. Ба банди 5 Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №589 тасдиқ шудааст, сархати сию панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабзро дар кишвар анҷом медиҳад;".
3. Ба Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №589 тасдиқ шудааст, сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Раёсати рушди иқтисоди рақамӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 ноябри соли 2020, № 627
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №589
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №589 "О Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан" цифры "149" и "145" заменить соответственно цифрами "170" и "166".
2. Пункт 5 Положения о Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №589, дополнить тридцать пятым абзацем следующего содержания:
"- разработка, координация и осуществление государственной политики развития цифровой экономики и зеленой экономики в стране;".
3. Дополнить Структуру Центрального аппарата Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №589, шестым абзацем следующего содержания:
"Управление развития цифровой экономики".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 26 ноября 2020 года, №627