Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 26.11.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.09.2021, №413 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 176, аз 2.07.2008 № 319, аз 1.07.2011 № 343, аз 06.09.2012 № 481, аз 28.11.2015 № 738, аз 3.06.2016 № 252, аз 21.06.2018 № 332, аз 26.11.2020 № 626)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷроӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳою корхонаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 464 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 118 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2016 № 252, аз 21.06.2018 № 332, аз 26.11.2020 № 626).

3. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.

Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 11 адад, аз он ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба микдори 5 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343).

4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомот ва муассисаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

5. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомномаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятиро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343);

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.

6. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:

аз 4 декабри соли 1998 № 463 "Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

аз 2 июли соли 1999 № 270 "Масъалаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

аз 3 июни соли 2006 № 254 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 № 270 "Масъалаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 28 декабри соли 2006 № 587

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 176, аз 2.07.2008 № 319, аз 1.07.2011 № 343, аз 06.09.2012 № 481)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷроӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳою корхонаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 93 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 176, аз 2.07.2008 № 319, аз 06.09.2012 № 481).

3. Шумораи ниҳоии кормандони раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ба миқдори 44 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) ва шумораи иҷрочиёни суд ба миқдори 233 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 176).

4. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.

Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 11 адад, аз он ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба микдори 5 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343).

5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомот ва муассисаҳои системаи Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

6. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомномаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятиро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 343);

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.

7. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд: