Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо аз 23 октябри соли 1999, № 441

Санаи амалкуни: 18.08.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 октябри соли 1999 № 441

тасдиқ шудааст

Тартиб бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000с. № 466, аз 11.06.2001с. № 254, аз 31.08.2004с. № 370, аз 2.11.2007с. № 552, аз 30.12.2007с. № 662, аз 26.01.2008с. № 47, аз 1.04.2008с. № 179, аз 31.08.2009с. № 507, аз 02.02.2011с. № 30, аз 30.03.2013 № 161, аз 23.08.2016 № 382, аз 3.05.2017 № 226, аз 31.05.2018 № 296, аз 31.10.2018 № 531, аз 18.08.2023 № 361)

 

1. Бақайдгирии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо (минбаъд воситаҳои нақлиёт) дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад ва тадбири иҷозати давлатӣ барои иштироки воситаҳои нақлиёт дар ҳаракат дар роҳ аз ҷумла дар роҳҳои байналхалқӣ мебошад. Бақайдгирӣ бо мақсади таъмини назорат аз болои мутобиқати сохтмон, ҳолати техникӣ ва таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт бо талаботи бехатарӣ, риояи тартиби харидорӣ, гирифтан, истифодабарӣ, фурӯш, аз ҳисоб баровардани воситаҳои нақлиёт, иҷрои лозимаи (қонунҳо дар бораи ӯҳдадории ҳарбии нақлиётӣ, аз тарафи соҳибони воситаҳои нақлиёт пардохта шудани андозҳо ва боҷҳои дахлдор, таъмини баҳисобгирии марказонидашуда ва минтақавии нақлиёти автомобилӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои дигар анҷом дода мешавад.

2. Мафҳумҳое, ки дар ҳамин Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо (минбаъд - Тартиб) истифода мешаванд, дорои мазмуни зайл мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161):

- "бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт" - фаъолияти мақомоти гумрук ва Бозрасии давлатии автомобилӣ дар бобати баҳисобгирӣ, додани асноди расмӣ ва аломатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт (минбаъд - аломатҳои бақайдгирӣ), ки иҷозат дода шудани онҳоро барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ тасдиқ мекунанд ва фаъолияти мазкур мутобиқи асноди қонунӣ анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161);

- "тағйироти бақайдгирӣ" - ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба маълумоти баҳисобгирӣ ва асноди воситаҳои нақлиёт дар сурати мавҷуд будани асосҳои дахлдори ҳуқуқӣ;

- "соҳиби (намояндаи соҳиби) воситаҳои нақлиёт" - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки молики воситаи нақлиёт мебошад ё воситаи нақлиётро мувофиқи дигар асосҳои қонунӣ соҳибӣ ё истифода ё ки ихтиёрдорӣ мекунад;

- "асноди бақайдгирӣ" - гувоҳномаҳои гумрукии воситаҳои нақлиёт, шаҳодатномаҳои миллии бақайдгирии намунаи ягона, паспортҳои техникӣ, талонҳои техникӣ, шаҳодатномаҳои бақайдгирии намунаи муқарраршуда барои ҳаракати байналхалқӣ, ки асноди расмии воситаҳои нақлиёт буда, иҷозат дода шудани онҳоро барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ тасдиқ мекунанд;

- "маълумоти бақайдгирӣ" - рақами бақайдгирӣ, вин код, тамға, навъ, соли барориш, рақами бордон, рақами шассӣ, ранг, қувваи муҳаррик, иқтидори борбардорӣ, вазни холис, соҳиб, суроға, асоси бақайдгирӣ, маҳали бақайдгирӣ, қайдҳои махсус (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507, аз 30.03.2013 № 161).

I. Муқаррароти умумӣ

3. Ҳамин Тартиб барои тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ягонаи бақайдгирии давлатӣ (тағироти бақайдгирӣ) ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиётро муқаррар мекунанд, ҳамчунин фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мақомоти гумрукро дар соҳаи зикршуда доир ба расонидани хизмат ба ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хизматрасонии пулакӣ (бо тартиби пешбининамудаи қонун ба расмият даровардани аснод дар бобати тағйир додани ҳуқуқи моликият ба воситаҳои нақлиёт, агрегатҳои рақамдор ва ғайра) танзим мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161, аз 31.05.2018 № 296).

4. Тартиб барои тамоми корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ашхоси ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият - соҳибони воситаҳои нақлиёт ва намояндагони онҳо (минбаъд - соҳибон) ҳатмӣ мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

5. Воситаҳои нақлиёти механикие, ки ҳаҷми кории муҳаррикҳои онҳо зиёда аз 50 см мукааб ва суръати ҳадди ниҳоии сохтмонии онҳо зиёда аз 40 км/соат мебошад, ядакҳо ва нимядакҳои онҳо, инчунин воситаҳои нақлиёте, ки тавассути муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд ва суръати конструктивиашон беш аз 40 км/соат мебошад, бояд ба қайд ва ҳисоби давлатӣ гирифта шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

Соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиёти ба онҳо тааллуқдоштаро, сарфи назар аз ҳолати техникиашон, дар давоми панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи убури сарҳад дар мақомоти гумрук аз қайд гузаронанд. Дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ воситаҳои нақлиёт дар мӯҳлати амали аломати бақайдгирии "Транзит" ё даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи харидорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҳисоб хориҷ кардани воситаи нақлиёт ё ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дигар, ки боиси тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ мегарданд (ба истиснои воситаҳои нақлиёти барои фурӯш пешбинишудаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти савдои воситаҳои нақлиётро анҷом медиҳанд), аз қайд гузаронида мешаванд. Соҳибони воситаҳои нақлиёт ё намояндагони онҳо ҳамчунин вазифадоранд, дар мавриди боварӣ намудани воситаи нақлиёт ба шахси дигар, ки боиси тағйир ёфтани маълумоти бақайдгирӣ оид ба маҳали нигоҳ доштани воситаи нақлиёт мегардад, ваколатномаро дар давоми даҳ шабонарӯз дар шӯъбаи (зершӯъбаи) Бозрасии давлатии автомобилии маҳали нигоҳдории воситаи нақлиёт аз қайд гузаронанд. Аз қайд гузаштани воситаи нақлиёт бо навиштаҷоти "Аз қайд гузаронида шуд __________________ " дар нусхаи аслии ваколатнома, ки бо ному

                                  (рӯз, моҳ, сол)

насаб, имзои шахси масъул ва мӯҳри Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли нигоҳдории воситаи нақлиёт тасдиқ карда шудааст, ройгон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 179, аз 31.08.2009 № 507, аз 30.03.2013 № 161).

Тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ дар ҳолатҳои тағйир ёфтани маълумоти баҳисобгирие, ки дар асноди бақайдгирии аз тарафи воҳидҳои бақайдгирӣ додашуда зикр шудаанд ё ба вуҷуд омадани зарурати дохил кардани маълумоти иловагӣ ба асноди зикршуда мутобиқи ҳамин Тартиб анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як ҳафтаи баъди аз воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ гирифтани варақаҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор барои бақайдгирии ҳарбӣ ва ё аз қайди ҳарбӣ баровардани воситаҳои нақлиёт маълумотҳоро дар бораи ба қайд гирифтан, ворид намудани тағйиротҳо дар маълумотҳои бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани воситаҳои нақлиётие, ки мутобиқи номгӯйи аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда барои ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, воҳидҳои низомӣ ва мақомот, ҳамчунин ба сохторҳои махсуси дар давраи ҷанг таъсисшаванда бояд дода шаванд, муайян шудаанд, пешниҳод менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.06.2001 № 254).

6. Воситаҳои нақлиёт танҳо ба номи ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеие, ки дар паспорти воситаи нақлиёт ё тасдиқнома - ҳисобномаи аз тарафи корхонаи истеҳсолкунанда, ташкилоти савдо, шаҳодатномаи гумрукӣ ё асноди дигари тасдиқкунандаи қонунӣ будани харидории воситаи нақлиёт зикр шудааст, ба қайд гирифта мешаванд.

Воситаҳои нақлиёте, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд, баъди бақайдгирӣ дар Бозрасии давлатии автомобилӣ тибқи номгуйи аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда дар манбаъҳои иттилоотии махсус санҷида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

Дар ҳама ҳолат, ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиёти ба Ҷумҳурии Тоҷикистои воридшуда шаҳодатномаи гумрук талаб карда мешавад. Ҳангоми бақайдгири ё аз қайд баровардани (дар мақомоти бақайдгири) автомобилҳои сабукрави дар мавқеи 8702 ва 8703 номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таснифшудаи барои фаъолияти истеҳсоли ё фаъолияти дигари тиҷорати таъиннагардида, ҳамчунин нусхаи тасдиқкардашудаи варақаи бори гумруки (ВБГ) бо мӯҳри рақамдори шахсии шахси мансабдори мақомоти гумрук, ки барасмиятдарории гумрукиро гузаронидааст, талаб карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2004  № 370аз 31.05.2018 № 296).

7. Автомобилҳо ва мотоаробаҳо ба номи шахсони воқеие, ки ба синни 18, мототсиклҳо ва воситаҳои нақлиёте, ки тавассути муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд ва суръати конструктивиашон беш аз 40 км/соат мебошад, ба номи шахсони воқеие, ки ба синни 16 расидаанд, ба истиснои воситаҳои нақлиёти ба мерос гузашта, ба қайд гирифта мешаванд. Амалҳои бақайдгириро дар ҳолатҳое, ки соҳибони воситаҳои нақлиёт ашхоси то синии 16 мебошанд, аз номи онҳо волидайн (васиён) ё мақомоти васоят ва дар ҳолатҳое, ки соҳибон аз 16 то 18-сола мебошанд, худи онҳо бо ризоияти хаттии волидайн (васиён) ё мақомоти васоят анҷом медиҳанд. Дар асноди бақайдгирӣ (дар қисми "Қайдҳои махсус"), варақаҳо ва китобҳои бақайдгирии чунин воситаҳои нақлиёт насаб, ном, номи падари васӣ дарҷ карда мешавад ва дар бораи ин, ки амалҳои бақайдгирӣ бе иҷозати мақоми васоят манъ мебошанд, қайд гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

8. Асноде, ки барои анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ пешниҳод карда мешаванд ва қонунӣ будани харидории воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор)-ро тасдиқ мекунанд, бояд маълумоти зеринро дарбар гиранд: сана ва маҳалли тартиб додани онҳо, моҳият ва шартҳои муомила (қарори мақоми давлатӣ), аз ҷумла арзиши воситаи нақлиёт, (дар ҳолатҳои зарурӣ) суроғаҳо, реквизитҳо ва имзои тарафҳо (барои ашхоси ҳуқуқӣ - имзоҳое, ки бо мӯҳр тасдиқ карда шудаанд), маълумот дар бораи воситаи нақлиёт (тамға, навъ), соли истеҳсол, рақами ягонаги (VIN), агар он аз тарафи корхонаи истеҳсолкунанда дода шуда бошад, ранг, рақами тартибии истеҳсоли шассӣ (бадана), кузов (ароба, ядак), силсила ва рақам, санаи дода шудани асноди бақайдгирӣ ва (ё) паспорти воситаи нақлиёт ва номи ташкилотҳое, ки онҳоро додаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

9. Асноде, ки маълумоти онҳо пок карда шудаанд ё ба онҳо навиштаҷоти иловагӣ дохил карда шудаанд, калимаҳои ботилшуда ва дигар ислоҳоти ғайриҷоиз, яъне аломатҳои сохтакорӣ, поккорӣ ё равондани навиштаҷоти аввалиро доранд, ҳамчунин бо қалам пур карда шудаанд, барои анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ қабул карда намешаванд. Матни асноди мазкур бояд равшан ва аниқ навишта шавад, насаб, ном ва номи падари шаҳрвандон бояд пурра бо зикри маҳалли зист ва маълумоти шиносномаи онҳо ва номи ашхоси ҳуқуқӣ - дар шакли пурра ва бо зикри аниқи суроғаҳо навишта шаванд. Асноде, ки дар варақаҳои идорӣ нашр шудаанд, бояд бо мӯҳри ин ашхоси ҳуқуқӣ тасдиқ карда шаванд ва рақамҳои бақайдгирӣ дошта бошанд. Нусхаҳои асноде, ки барои анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ пешниҳод карда мешаванд, ба истиснои нусхаҳои аз тарафи идораҳои нотариалӣ, мақомоти гумрук ва кормандони воҳидҳои бақайдгирӣ бо пешниҳоди нусхаҳои асл тасдиқшуда, ҳамчунин асноди бақайдгирӣ ва дигар санадҳое, ки аз тарафи воҳидҳои бақайдгирӣ дода мешаванд (аз ҷумла нусхаи аккосӣ ва таксир), нусхаҳои аслро иваз карда наметавонанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

10. Асноде, ки қонунӣ будани харидории воситаи нақлиётро тасдиқ мекунанд ва дигар санадҳое, ки барои анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ пешниҳод карда мешаванд ва бо забони дигар тартиб дода шудаанд, бояд ба забони давлатӣ тарҷума ва аз тарафи нотариус тасдиқ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

11. Мақомоти гумрук ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ амалҳои зеринро анҷом медиҳанд:

а) воситаҳои нақлиётеро, ки ба Ҷумхурии Тоҷикистон оварда шудаанд, ба истиснои воситахои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост таҳти низоми гумрукии "иҷозат барои муомилоти озод" ва "воридоти муваққатӣ" ба қайд мегиранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2007  № 662);

б) воситаҳои нақлиётеро, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, таҳти низомҳои гумрукии дахлдор ба расмият медароранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296);

в) воситаҳои нақлиётеро, ки ба ҷумҳурӣ бо шарти содироти бозпас, аз он ҷумла бо шарти лизинг ворид шудаанд, ба қайди муваққати гирифта, муҳлати онро назорат мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296);

г) супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тарафи соҳибони воситаҳои нақлиёт назорат мебаранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

Пардохти андоз ва боҷу хироҷҳо бо квитансия (супоришномаи пардохт) ва (ё) пойгири квитансия ба ордери даромад тасдиқ карда мешавад. Ҳуқуқи озод шудан аз пардохти гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ бо ҳуҷҷатҳои дахлдори дар санадҳои қонунӣ зикршуда тасдиқ карда мешавад. Дар бораи пардохти андоз ва боҷу хироҷи муқарраргардида дар декларатсия ва гувоҳномаи гумрукӣ, ки бо имзо ва муҳри корманди гумрук тасдиқ шудааст, қайд гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

д) дар нуқтаҳои гумрукии мошингузар (истгоҳҳои роҳи оҳан, майдонҳои ҳавои ҳангоми интиқоли воситаҳои нақлиёт ба роҳи оҳан ва нақлиёти ҳавои) аломатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёте, ки муваққатан оварда мешаванд, аз он ҷумла бо шарти лизинг ворид шудаанд, ғайр аз воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳаракати байналхалқи иштирок мекунад, гирифта мешаванд ва бар ивазашон аломатҳои транзити, ки аз Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шӯъбаҳои БДА-и вилоятҳо дастрас карда мешаванд, дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000 № 466, аз 30.12.2007  № 662, аз 30.03.2013 № 161, аз 31.05.2018 № 296).

Аломатҳои бақайдгирии дигар давлатҳо минбаъд ба мақоми гумрукие, ки онҳоро ба қайди муваққати гирифтааст, фиристонида мешаванд ва онҳо то ба охир расидани мқҳлати қайди муваққати, содирот, е худ аризаи ба низоми дигари гумруки гузаронидани воситаи нақлиёт, нигоҳ дошта мешаванд. Тартиби фиристонидан, нигоҳ доштан ва баргардондани аломатҳои бақайдгирии давлатҳои дигар ба соҳибонашон ва пешбурди коргузори аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000 № 466, аз 26.01.2008 № 47).

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296)

12. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт аз тарафи мақомоти гумрук бо роҳи додани декларатсия ва гувоҳномаи гумрукӣ, ки ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ буда, дорои на кам аз 3 дараҷаи муҳофизавӣ мебошанд (Замимаи №1), сурат мегирад. Аз тарафи мақомоти гумрукӣ ба расмият даровардани гувоҳнома дар давоми 5 рӯз аз лаҳзаи убури сарҳад, ки бо санади муоинавии мақоми гумрук тасдиқ мегардад, анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

13. Ҳангоми анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ кормандони гумрук:

а) шахсияти соҳиби воситаи нақлиёт ё намояндаи ӯро дар асоси шиносномаи шахсӣ ё санади ивазкунандаи он муқаррар мекунанд.

Ҳангоми муроҷиат кардани намояндаи соҳиб ваколатҳои ӯ дар бобати ҳимояи манфиатҳои соҳиби воситаи нақлиёт дар асоси ваколатномаи аз тарафи идораи нотариалӣ тасдиқшуда санҷида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

Ваколатҳои намояндаи шахси ҳуқуқӣ тавассути ваколатномаи дорои имзо ва мӯҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешаванд.

б) бо мақсади назорат аз болои аслияти рақамҳои агрегатҳо (ошкор намудани азнавкунӣ ё бо ягон тарзи дигар тағйир додани рақамҳои дар завод задашудаи агрегатҳо) санҷиши мутобиқати онҳоро бо маълумоти дар асноди воситаҳои нақлиёт қайдшуда анҷом медиҳанд. Натиҷаи санҷиши воситаи нақлиёт дар декларатсия ва гувоҳномаи гумрукӣ қайд карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161аз 31.05.2018 № 296)

в) аслӣ ва қонунӣ будани асноди пешниҳодшудаи воситаи нақлиётро тафтиш мекунанд;

г) барои воситаи нақлиёт декларатсия ва гувоҳномаи гумрукӣ медиҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

Дар шаҳодатномаи гумруки дар ҷадвали "Қайдҳои гумрук" ба маълумоти БДА, вобаста ба шартҳои иҷозат додани воситаҳои нақлиет бояд яке аз қайдҳои зерин гузошта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000 № 466):

"Боҷи гумруки пардохта шудааст, барои дигар шудани молик иҷозати гумрук тақозо намешавад."

"Муваққатан бо мақсади ________________________________

                          (мақсади ворид намудан)

ба мӯҳлати то__________________ворид карда шудааст, барои дигар шудани молик иҷозати гумрук

               (рӯз, моҳ, сол)

тақозо мешавад."

14. Баҳисобгирии воситаҳои нақлиёте, ки аз тарафи мақомоти гумрук ба қайд гирифта шудаанд, дар китобҳои махсуси баҳисобгирие, ки дар асноди меъёрии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси барасмиятдарории чунин воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, анҷом дода мешавад. Пур кардан ва нигоҳ доштани китобҳо мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи кор бо асноди ҳисоботи қатъӣ пеш бурда мешавад. Варақҳои китоб бояд қаблан рақамгузорӣ, дӯхта ва бо мӯҳри нишондори мақоми гумрук мӯҳргузорӣ шуда, бо имзои сардори гумрук ё шахси ӯро ивазкунанда тасдиқ шуда бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008 № 47).

15. Бақайдгирӣ бо доданирақамҳо ва асноди бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, аз ҳисоб хориҷ намудан ва ворид кардани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии воситаҳои нақлиёт аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад ва аз ҷониби кормандони воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии он пеш бурда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

16. Нақлиёти автомобилии Вазорати мудофиа, қӯшунҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, автомобилҳои навъи БелАЗ, МоАЗ, автомобилҳои пойгаронӣ ва мотосиклҳои ташкилотҳои варзишӣ, нақлиёти технологие, ки дар ҳудудҳои пӯшида истифода бурда мешавад, трамвайҳо ва троллейбусҳо, воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост ҳамчунин воситаҳои нақлиёте, ки аз қисмҳои эҳтиётӣ сохта шудаанд, воситаҳои нақлиёте, ки сохтмони онҳо ба талабот, меъёрҳо ва стандартҳо дар бобати бехатарии ҳаракат дар роҳ ё асноди пешниҳодшуда мутобиқ нест ё ба сохтмони онҳо бо вайрон кардани тартиби амалкунанда тағйирот ворид карда шудаанд, ҳамчунин воситаҳои нақлиёти махсусе, ки ба талаботи муқарраршуда мутобиқ нестанд, аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта намешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2007  № 662, аз 30.03.2013 № 161).

Хадамоти дахлдори вазорату идораҳо, ки бақайдгирӣ ё баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти зикршударо анҷом медиҳанд, вазифадоранд, ки дар мӯҳлати панҷ рӯз ба Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё БДА-и вилоятҳо доир ба чунин воситаҳои нақлиёт ва манбаъҳои харидории онҳо аз рӯи намунаи муқарраршуда (Замимаи № 2) маълумот пешниҳод намоянд.

17. Воҳидҳои бақайдгирӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ амалиёти зеринро анҷом медиҳанд:

а) воситаҳои нақлиётро ба истиснои воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост ба қайд мегиранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2007  № 662);

б) маълумоти бақайдгириро тағйир медиҳанд;

в) воситаҳои нақлиётро аз ҳисоб хориҷ мекунанд;

г) аломатҳои бақайдгирии "Транзит"-ро медиҳанд;

д) бақайдгирии муваққатии маҳалли будубоши воситаҳои нақлиётеро, ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, анҷом медиҳанд;

е) ба ивази асноди бақайдгирие, ки гум шудаанд, фарсуда шудаанд, ба стандартҳои амалкунанда мутобиқат надоранд ё мӯҳлати амали онҳо гузоштааст, асноди бақайдгирии нав медиҳанд.

ж) ба ивази аломатҳои бақайдгирие, ки гум шудаанд, фарсуда шудаанд, бо стандартҳои амалкунанда мутобиқат надоранд ё мӯҳлати амали онҳо гузаштааст, аломатҳои бақайдгирии нав медиҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161);

з) дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Тартиб актҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиётро медиҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161);

и) ба агрегатҳои рақамдори воситаҳои нақлиёт, ки дар воҳидҳои бақайдгирӣ ба қайд гирифта шудаанд, санадҳо медиҳанд;

к) дар бораи амалиёти бақайдгирии воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор)-и бақайдгирифташуда ва соҳибони онҳо тасдиқномаҳо (нусха аз китобҳои баҳисобгирӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ё варақаҳои баҳисобгирӣ) медиҳанд.

18. Кормандони воҳидҳои бақайдгирӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161):

а) аризаи хаттии соҳиби воситаи нақлиётро (Замимаҳои №3 ва №4) ба баррасӣ қабул мекунанд;

б) шахсияти соҳиби воситаи нақлиёт ё намояндаи ӯро мутобиқи зербанди "а" банди 13 ҳамин Тартиб муқаррар мекунанд;

в) аснодеро, ки қонунӣ будани харидорӣ, гирифтани воситаи нақлиёт (шасси (бадана), кузов (ароба, ядак)-ро тасдиқ мекунанд, мутобиқи банди 23 Тартиб тафтиш менамоянд;

г) воситаи нақлиётро аз муоина мегузаронанд, ба истиснои воситаҳои нақлиёте, ки дар асоси гувоҳномаи гумрукӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки дар ҷараёни он (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296):

- бехатарии конструксияи воситаи нақлиёт мутобиқи Дастурамал оид ба назорати техникӣ ва дигар асноде, ки талаботро нисбат ба бехатарии конструксияи воситаҳои нақлиёт санҷида мешавад;

- аслияти рақамҳои шасси (бадана), кузов (ароба, ядақ) ва аломатҳои бақайдгирӣ (ошкор намудани азнавкунӣ ё бо ягон тарзи дигар тағйир додани онҳо, ҳамчунин аломатҳои бақайдгирӣ) ва мутобиқати онҳо бо маълумоти дар асноди воситаи нақлиёти зикршуда санҷида мешавад;

- натиҷаҳои муоинаи воситаи нақлиёт дар аризаи соҳиби он (дар қисми "Қайдҳои хизматии Бозрасии давлатии автомобилӣ") қайд карда мешаванд ё тавассути санади муоинаи инфиродии воситаи нақлиёт бо хулоса дар бораи ҳолати техникии автомашина ба расмият дароварда мешаванд;

д) мавҷуд будани квитансия ва ҳуҷҷатҳои дигари пардохтиро, ки супоридани андоз ва хироҷи гумрукиро тасдиқ менамоянд, инчунин ҳангоми воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди ҷумҳурӣ бо шарти содироти бозпас, рақами мушаххаси андозсупорандаро (РМА)ро санҷиш менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296);

е) асноди бақайдгирӣ ё шиносномаи воситаи нақлиётро тафтиш менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

Соҳибони воситаҳои нақлиёт ё намояндагони онҳо вазифадоранд асноди дар банди мазкур зикршударо пешниҳод намоянд.

Барои шахси ҳуқуқӣ ҳангоми бақайдгирии воситаи нақлиёти якум пешниҳод намудани нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии субъекти хоҷагидорӣ ё дигар санаде, ки бақайдгирии корхона, ташкилот ва ғайраро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ тасдиқ мекунад, ҳатмист (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

19. Дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳое, ки монеи ба воҳиди бақайдгирӣ пешниҳод кардани воситаҳои нақлиёт мебошанд, пешниҳоди санади муоинаи онҳо, ки аз тарафи воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли қарор доштани воситаҳои нақлиёт тартиб дода шудааст ва бо имзои сардорон (бозрасҳои калон)-и давлатии автомобилии мақомоти корҳои дохилӣ ва мӯҳри мудаввари мақоми мазкур тасдиқ карда шудааст, иҷозат дода мешавад. Мӯҳлати амали санад 30 шабонарӯз аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

20. Ҳангоми анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор) аз рӯи ҳисобҳои нақлиёти рабудашуда ва дуздидашуда, асноди пешниҳодшуда бошанд, аз рӯи тасдиқномаҳисобномаҳо ва асноди бақайдгирие, ки дар ҳоли кофтуков қарор доранд, тафтиш карда мешаванд.

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

21. Дар сурати ошкор гардидани аломатҳои сохтакории асноди пешниҳодшуда, аломатҳои бақайдгирии давлатӣ, тағйир додани тамғаи дар завод задашудаи воситаҳои нақлиёт, мутобиқат надоштани рақамҳои агрегатҳо бо асноди пешниҳодгардида ё маълумоти бақайдгирӣ, ҳамчунин мавҷуд будани маълумот дар бораи дар кофтуков қарор доштани воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор) чунин аснод ва воситаҳои нақлиёт боздошта мешаванд ва тафтиши дахлдор гузаронида мешавад. Баъди ба охир расидани тафтиш бо амри хаттии сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони шӯъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилии раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, минтақа ва гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт ва муовинони онҳо, инчунин сардори мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ ё хадамоти оперативию тафтишотие, ки тафтишро анҷом додааст, маҳдудиятҳое, ки барои гузаронидани амалҳои бақайдгирӣ муқаррар карда шудаанд, бекор карда мешаванд ё гузаронидани амалҳои мазкур то ҳалли масъала бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба таъхир андохта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

22. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

23. Асноде, ки қонунӣ будани харидорӣ, гирифтани воситаҳои нақлиёт шасси (бадана), кузовро (ароба, ядакро) тасдиқ мекунанд, инҳо мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161):

а) барои воситаҳои нақлиёте шасси (бадана), кузов (ароба, ядак), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, - декларатсияи гумрукӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ гувоҳномаи гумрукие, ки аз тарафи мақоми гумрук мутобиқи банди 13 дода шудааст, дар асноди техникии воситаи нақлиёт дар қисми "Қайдҳои махсус" ва китоби (варақаи) баҳисобгирии воситаи нақлиёт бояд қайдҳои мақоми гумрук мутобиқи банди 13 дарҷ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296);

б) барои воситаҳои нақлиёте, ки қаблан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд:

- тасдиқнома - ҳисобномаи ташкилотҳои савдо, ки барои фурӯши воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ дошта, бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд ва мутобиқи Дастуруламал "Дар бораи тартиби харидорӣ, қабул, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва сарфи варакаҳои тасдиқнома-ҳисобномаҳо барои харидории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, қисмҳо ва агрегатҳои онҳо" (Замимаи №5) ба расмият дароварда шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296);

- тасдиқномаи мақоми таъминоти иҷтимоӣ, ки автомобили идораи дастӣ ё мотоаробаро бо шароити имтиёзнок ё бепул ҷудо кардааст, бо замимаи асноде, ки манбаи воридшавии воситаи нақлиётро тасдиқ мекунанд;

- қарори суд дар бораи мансубияти воситаҳои нақлиёт;

- аҳди шахсони ҳуқуқӣ байни худ ва бо шаҳрвандон (ба ғайр аз корхонаю ташкилотҳои буҷетӣ);

- шартномаи тӯҳфа кардан, хариду фурӯш, ивазкунӣ ё шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ва меросгирии воситаи нақлиёт, ки аз тарафи идораи нотариалӣ тасдиқ карда шудааст, инчунин тасдиқномаҳои музояда, биржа, ташкилотҳои савдо дар бораи ба соҳибони мушаххас фурӯхта шудани онҳо, ки бо мӯҳр ва имзои шахси масъул тасдиқ карда шудаанд ё асноди дигари тасдиқкунандаи қонунӣ будани харидории воситаи нақлиёт (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

24. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

25. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

26. Бақайдгирӣ ва азқайдбарории воситаҳои нақлиёт, ворид намудани тағйирот ба амалҳои бақайдгирӣ (ба истиснои додани нусхаи дуюми шаҳодатномаи бақайдгирӣ, аз он ҷумла нисбати воситаҳои нақлиёте, ки муваққатан ё бо шарти лизинг ворид шудаанд) дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ, новобаста аз ҷои истиқомати соҳиби воситаи нақлиёт ба амал бароварда шуда, маълумот оид ба амалҳои бақайдгирии чунин воситаҳои нақлиёт ба мақомоти андоз ирсол карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296аз 18.08.2023 № 361).

27. Кормандони воҳидҳои бақайдгирӣ ва мақомоти гумрук вазифадоранд, ки ба соҳибони воситаҳои нақлиёт дар амалӣ намудани ҳуқуқи онҳо ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо мусоидат намоянд, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро фаҳмонанд, масъалаҳои анҷом додани амалҳои бақайдгириро шарҳ диҳанд.

28. Ба кормандони мақомоти гумрук ва воҳидҳои бақайдгирӣ фош кардани маълумоте, ки ба онҳо вобаста ба анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ маълум шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, манъ аст.

29. Кормандони мақомоти гумрук ва воҳидҳои бақайдгирӣ аз болои риоя гардидани мӯҳлатҳои барои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт муқаррарнамудаи қонун аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт назорат мекунанд.

30. Амалҳои бақайдгирие, ки бо вайрон кардани қонунгузорӣ ва ҳамин Тартиб анҷом дода шудаанд, беэътибор дониста мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

31. Ашхосе, ки талаботи ҳамин Тартибро вайрон кардаанд, мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

II. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёт

32. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

33. Воситаҳои нақлиёт ба номи ашхоси воқеӣ мувофиқи ҷои истиқомати доимӣ ё муваққатии онҳо (ҳангоми набудани қайди доимӣ) барои мӯҳлати истиқомати муваққатӣ, ки дар шиносномаи соҳиби воситаи нақлиёт ё дигар санади онро ивазкунанда нишон дода шудааст ва ба номи ашхоси ҳуқуқӣ - мувофиқи суроғаи ҳуқуқии онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

Воситаҳои нақлиёте, ки ба ашхоси воқеӣ тааллуқ доранд, метавонанд мувофиқи маҳалли истиқомати хешовандони наздики ин ашхос (ҳамсарон, фарзандон, волидайн, бародарон ва хоҳарон) бо ризоияти хаттии онҳо ё дар ҷои брон кардани хонаи истиқоматӣ дар сурати мавҷуд будани сабабҳое, ки монеи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар ҷои қайди соҳибони онҳо мебошанд, (сафари дарозмуддати хизматӣ, хизмати ҳарбӣ ва ғайра) ба қайд гирифта шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507, аз 30.03.2013 № 161).

Дар ҳолатҳои мустасно қарор дар бораи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар маҳалли зисти дигар ашхос аз тарафи сардори Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, сардорони БДА-и раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, минтақа ва ноҳияи Рашт қабул карда мешавад. Ҳамин қоида ҳамчунин ба ашхосе, ки шаҳрвандии дугона доранд, татбиқ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507, аз 30.03.2013 № 161).

34. Барои нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум рақамҳои қайди давлатии силсилаи "ТТ" дода мешаванд. Барои додани рақамҳои силсилаи "ТТ" илова ба банди 23 Тартиби мазкур асноди зерин пешниҳод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507):

- нусхаи иҷозатномаи шахси ҳуқуқӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ;

- санади муоинаи техникии воситаи нақлиёт, ки аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилӣ дода шудааст.

Барои додани рақамҳои силсилаи "ТТ" барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки тибқи шартнома аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ истифода мегарданд, асноди зерин асос шуда метавонанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161):

- мактуби шахси ҳуқуқӣ;

- иҷозатномаи шахси ҳуқуқӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ;

- санади муоинаи техникии воситаи нақлиёт, ки аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилӣ дода шудааст;

- рӯйхати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507).

35. Воситаҳои нақлиёт ба номи хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи маҳалли истиқомати онҳо, ки аз тарафи фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ муайян карда шудааст ва бо асноди дахлдор тасдиқ мегардад, ба қайд гирифта мешаванд.

36. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёте, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо, созмонҳои байналхалқӣ, бонкҳо ва фирмаҳои хориҷӣ, мақомоти матбуот, радио ва телевизиони хориҷӣ, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ашхоси бетабаият бо ӯҳдадорӣ дар бораи баргашта бурдани онҳо барои мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ оварда шудаанд, мувофиқи суроғаи ҳуқуқии онҳо, ки дар асноди аз тарафи мақомоти давлатии бақайдгирандаи ин намояндагиҳо ва фирмаҳо додашуда зикр гардидааст ва барои шаҳрвандон - мувофиқи суроғае, ки дар асноди аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ додашуда зикр гардидааст, анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

37. Воситаҳои нақлиёте, ки таҳти соҳибмулкии шахсони воқеӣ ё шахсони ҳуқуқӣ қарор доранд ва ба онҳо дар асоси шартномаи лизинг (иҷораи молиявӣ) ё шартномаи сублизинг (зериҷораи молиявӣ) барои соҳибӣ ва ё истифодабарии муваққатӣ дода шудаанд, тибқи созишномаи хаттии тарафҳо ба номи лизинггиранда ё лизингдиҳанда дар асосҳои умумӣ ба қайд гирифта мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

37(1). Воситаҳои нақлиёте, ки аз тарафи лизингдиҳанда ба номи лизинггиранда барои соҳибӣ ва ё истифодабарии муваққатӣ дар асоси шартномаи лизинг ё сублизинг дода шудаанд, ба муҳлати амали шартнома ба номи лизинггиранда ва аз рӯи суроғаи лизинггиранда ё воҳиди алоҳидаи он дар асоси шартномаи воситаи нақлиёт ба қайд гирифта мешаванд. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ба номи лизинггиранда бо додани шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва аломати қайди давлатӣ ба муҳлати дар шартномаи лизинг ё сублизинг нишондодашуда амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

37(2). Тагйироти маълумоти бақайдгирӣ оид ба лизинггиранда дар асоси шартномаи гузашти ҳуқуқ ва уҳдадорӣ ба лизинггирандаи дигар тибқи шартномаи лизинг ва санади қабулу супоридан амалӣ карда мешавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

37(3). Воситаҳои нақлиёте, ки ба муҳлати амали шартномаи лизинг ба номи лизинггиранда ба қайд гирифта шудаанд, ба номи соҳибмулки нав дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гузашти ҳуқуқи моликият ё дар сурати бекор гардидани шартномаи лизинг ва ё ба охир расидани муҳлати амали шартнома, аз нав ба номи лизингдиҳанда ба қайд гирифта мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

37(4). Дар сурати бекор кардани шартномаи лизинг, амалҳои бақайдгирии воситаи нақлиёте, ки ба номи лизинггиранда ба муҳлати амали шартномаи лизинг ба қайд гирифта шудааст, тибқи аризаи лизинггиранда бекор карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

38. Воситаҳои нақлиёти мустақилона тарроҳӣ ва сохташуда дар сурати пешниҳоди асноде, ки қонунӣ будани харидории агрегатҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, ҷузъҳо ва маводро тасдиқ мекунанд, дар асоси хулосаҳои комиссияи техникии назди Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи мутобиқати сохтмони воситаҳои нақлиёт ба талаботи бехатарии ҳаракат ва иҷозатдиҳии онҳо ба истифода дар роҳҳои истифодаи умум, ба қайд гирифта мешаванд. Мӯҳлати бақайдгирии ҳатмӣ аз рӯзе, ки соҳиби воситаи нақлиёт хулосаи комиссияро мегирад, ҳисоб карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

39. Воситаҳои нақлиёти махсус ба номи соҳибони онҳо мутобиқи номгӯи пешбининамудаи Дастуруламал дар бораи назорати техникии Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта мешаванд. Воситаҳои нақлиёти махсуси хадамоти оперативӣ - муҳофизат аз сӯхтор, милиция, ёрии таъҷилии тиббӣ, хадамоти садамавии газ, хадамоти садамавии шабакаҳои барқӣ танҳо ба номи ашхоси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта мешаванд.

40. Ҳангоми бақайдгирии намунаҳои таҷрибавии воситаҳои нақлиёт, ки аз озмоиш гузаронида мешаванд, асноди бақайдгирӣ ва аломатҳои бақайдгирӣ барои мӯҳлати то як сол дода мешаванд, ки дар онҳо қайди "Озмоиш" гузошта мешавад. Хулосаи экспертии корхонаи истеҳсолкунанда дар бораи мутобиқати воситаҳои нақлиёт ба талаботи бехатарии бо санадҳои техникӣ ва иҷозатдиҳӣ ба озмоишҳо пешбинигардида барои бақайдгирӣ асос мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

41. Агар аз тарафи мағозаи комиссионӣ воситаҳои нақлиёти аз мақомоти молиявӣ ё давлатӣ қабулшуда бе шаҳодатномаи бақайдгирӣ (паспорти техникӣ ва талон) фурӯхта шуда бошанд, он гоҳ бақайдгирии онҳо дар асоси тасдиқнома - ҳисобномае, ки дар тарафи чаппаи он аз ҷониби мағоза бояд қайди "Бе шаҳодатномаи бақайдгирӣ (паспорти техникӣ) қабул ва фурӯхта шуд" гузошта шуда бошад, ки қайди мазкур бо мӯҳр ва имзои директор тасдиқ шудааст, ҳамчунин нусхаи санаде, ки дар асоси он воситаҳои нақлиёт ба комиссия қабул карда шудаанд (қарори мақомоти суд, санад, тасдиқнома, ваколатнома ва ғайра) анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

42. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

43. Барои воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳаракати байналхалқӣ ширкат мекунанд, ба ивази рақамҳои бақайдгирие, ки баталаботи Конвенцияи ҳаракат дар роҳ мутобиқат надоранд, рақамҳои бақайдгирие, ки дорои рақамҳои арабӣ ва ҳарфҳои алифбои лотинӣ мебошанд ва рақамҳои бақайдгирие, ки матни онҳо бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ такрор карда шудаанд, дода мешаванд (Замимаи № 9). Аризаи намунаи муқарраршуда (Замимаҳои № 10 ва № 11), шиносномаҳои хориҷӣ, ҳамчунин асноди бақайдгирӣ барои додани шаҳодатнома асос мебошанд. Аснод ва рақамҳои бақайдгирие, ки барои нигоҳдорӣ қабул карда шудаанд, ба соҳибони воситаҳои нақлиёт ё ашхоси боэътимод ҳангоми пешниҳоди шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар мӯҳлати як ҳафта баъди баргаштани онҳо аз хориҷа баргардонида мешаванд.

Барои воситаи нақлиёте, ки дар ҳаракати байналхалқӣ ширкат мекунад, ҳамчунин аломати фарқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ҳангоми сафари якдафъаина ба хориҷа шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва аломатҳои бақайдгирӣ барои мӯҳлати дар шиносномаи хориҷӣ зикршуда дода мешаванд, ки дар ин бобат дар шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт қайди дахлдор гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

44. Воситаҳои нақлиёте, ки ба шаҳрвандони хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ аз рӯи иҷозатномаи иқомат истиқоматкунанда тааллуқ доранд, дар асосҳои умумӣ ба қайд гирифта ва аз ҳисоб хориҷ карда мешаванд.

45. Ба расмият даровардани асноди шаҳрвандоне, ки дар хориҷа истиқомат мекунанд, метавонад бо пешниҳоди ваколатномаҳои дар хориҷа тасдиқнамудаи нотарит (ва ба забони давлатӣ) аз тарафи шахси боэътимод барои воситаҳои нақлиёти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидашуда ва санаде, ки аз тарафи ташкилотҳои савдо дода шудаанд, анҷом дода шавад. Ваколатномаҳо метавонанд дар консулгариҳои маҳалли гирифтани онҳо ё сафоратҳои дахлдор тасдиқ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

46. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёте, ки ба гурезаҳо ё фирориёни иҷборӣ тааллуқ доранд, дар маҳалли истиқомати онҳо анҷом дода мешавад, Барои воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда гувоҳномаи гумрук, ҳамчунин асноде, ки барасмиятдарории мақоми соҳибони онҳоро ҳамчун гуреза ё фирории иҷборӣ тасдиқ мекунанд, пешниҳод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

47. Дар ҳолати ба миён омадани шубҳа ба аслияти асноди пешниҳодшудаи воситаҳои нақлиёте, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ оварда шудаанд, ё мутобиқ набудани онҳо ба талаботи Тартиб, ба воҳиди Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли баҳисобгирии пешина ё ҷои фурӯши ташкилоти савдо барои тасдиқи қонунӣ будани аз ҳисоби Бозрасии давлатии автомобилӣ хориҷ намудани воситаи нақлиёт ё фурӯши он, ё ин ки дар ҳисоби кофтуков қарор доштани воситаи нақлиёт дархост фиристода мешавад. Зимнан бақайдгирии онҳо бо расидани ҷавоби мусбӣ анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

48. Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои пешбининамудаи банди 21 Тартиб, нисбати воситаҳои нақлиёти бақайдгирифташуда, гузаронидани амалҳои бақайдгирӣ то ба анҷом расидани тафтиш, маҳдуд карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

49. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёти корхонаҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ташкилотҳо, фирмаҳо, бонкҳо ва мақомоти идораи ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ таъсис дода мешаванд, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, ҳамчунин шаҳрвандон дар асоси асноди дар ҳамин Тартиб зикршуда ва шаҳодатномаҳои бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161аз 31.05.2018 № 296).

50. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёти намояндагони дипломатӣ, намояндагони муассисаҳои консулӣ, офиси созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии давлатҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, бонкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ, ба истиснои ташкилот, муассисаҳо ва ширкатҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ, ки дорои шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, инчунин кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд, танҳо бо пешниҳоди расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 552, аз 31.08.2009 № 507, аз 2.02.2011 № 30).

Феҳристи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 552).

Бақайдгирии воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбари муассисаҳо ва ширкатҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ, инчунин автомобилҳои зиреҳпуш, ба истиснои автомобилҳои сабукрави зиреҳпӯши намояндагони дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507, аз 23.08.2016 № 382, аз 31.05.2018 № 296, аз 31.10.2018 № 531).

51. Барои воситаҳои нақлиёти намояндагони дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, офисҳои созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии давлатҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, бонкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ рақамҳои қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силсилаҳои зерин дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.02.2011 № 30):

а) "CMD" барои воситаҳои нақлиёти сабукрави сардорони намояндагиҳои дипломатӣ.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ сурх буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошад. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии дипломатӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

б) "D" - барои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ муассисаҳои консулӣ, сардорони офисҳои созмонҳои байналмилалии (байниҳукуматии) ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони онҳо, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудаанд. Барои судури рақамхои қайди давлатии силсилаи "D" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ҳатман бояд корти дипломатии аккредитатсионии Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ сурх буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии дипломатӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

в) "S" - барои воситаҳои нақлиёти кормандони маъмурӣ-техникӣ ва хизматрасонӣ намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва кормандони созмонҳои байналмилалии (байниҳукуматии) ба онҳо баробаркардашуда, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Барои судури рақамҳои қайди давлатии силсилаи "S" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ва хизматӣ ҳатман бояд корти хидматии аккредитатсионии Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ сурх буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии дипломатӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

г) "UN" - барои воситаҳои нақлиёти Намояндагиҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Миллали Муттаҳид ва кормандони онҳо, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд. Барои судури рақамҳои қайди давлатии силсилаи "UN" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ҳатман бояд корти аккредитатсионии Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ осмонранг буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид ва се рақами охир - рақами кайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

д) "Р" - барои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва кормандони онқо, ки дар назди Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд. Барои судури рақамҳои қайди давдатии силсилаи "Р" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ва хидматӣ ҳатман бояд шиноспомаи миллӣ, корти аккредитатсионии Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ зард буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сиёҳ мебошанд, Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

е) "М" - барои воситаҳои нақлиёти бахшҳо ва намояндагиҳои созмонҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии давлатҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, инчунин кормандони онҳо, ки дар асоси талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд, Барои судури рақамҳои қайди давлатии силсилаи "М" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ҳатман бояд шиносномаи миллӣ, ки дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шудааст ва инчунин корти хидматии аккредитатсионии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.02.2011 № 30).

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ сабз буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

ё) "В" - барои воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, бахшҳо ва намояндагиҳои бонкқо ва ширкатҳои хориҷӣ ва кормандони онҳо, ки дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату мақомоти марбута дар асоси қонунҳо ва созишномаҳои амалкунандаи байниҳукуматӣ ба қайд гирифта шудаанд. Барои судури рақамҳои қайди давлатии силсилаи "В" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ҳатман бояд шиносномаи миллӣ, ки дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шудааст инчунин, дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ сабз буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамқои идентификатсионии намояндагӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

Силсила ва тагранги рақамҳои қайди давлатӣ барои мототсиклҳо вобаста аз мансубияташон ба гурӯҳҳои номбаршуда муайян карда мешавад. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагӣ ва ду рақами охир - рақами қайди мототсикл маҳсуб мешавад.

Рақамҳои қайди давлатӣ барои дипломатҳо ва кормандони ба онҳо баробаркардашудаи созмонҳои байналмилалӣ ба мӯҳлати корти аккредитатсионӣ дода мешаванд. Қайди силсилаҳои "S", "UN", "Р", "М" ва "В" барои намояндагиҳои хориҷӣ ба мӯҳлати то 3 (се) сол ва барои кормандони онҳо ба мӯҳлати корти аккредитатсионӣ дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2017 № 226).

Ҳамаи рақамҳои қайди давлатии дар банди 51 ин Тартиб номбаршуда моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар ҳолати вайрон намудани ин Тартиб ва қоидаҳои ҳаракати роҳ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Аҳдномаи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 ва дар ҳолати номувофиқии припсипи мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвар ё созмонҳои алоҳидаи байналмилалӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад оид ба бозхонди пешазмӯҳлатии эътибори қайди рақами давлатӣ ва баргардонидани рақами қайди давлатӣ ба истиснои силсилаи "СМD" ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.

Вобаста намудани рамзҳои рақамӣ ва силсилавӣ, ки дар рамзҳои қайдӣ барои ишораи ин категорияи воситаҳои нақлиёт истифода мешаванд, дар асоси санадҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 552).

ж) "DP" - барои воситаҳои нақлиёти сохторҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасонӣ ба корпуси дипломатӣ ва намояндагиҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, инчунин ҳайатҳои давлатҳои хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда.

Бақайдгирии воситаҳои нақлиёти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо пешниҳоди расмии вазорати мазкур сурат мегирад.

Ранги таги рақамҳои қайди давлатӣ сурх буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои ҳаммонандкунандаи вазорат ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

Баъд аз гузаштани расмиёти бақайдгирии воситаҳои нақлиёти дар банди 51 зикргардида, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт корти пластикӣ ва коғазҳои барчасп (стикер) медиҳад, ки ба рақамҳои қайди давлатии зикргардида монанд мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.02.2011 № 30).

52. Барои воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳои ба қайд гирифташуда дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507):

- шаҳодатномаҳои бақайдгирӣ;

- талони техникӣ барои воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ, ки тибқи шартнома аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ истифода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161);

- аломатҳои бақайдгирии навъҳои дахлдор, ки тибқи стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Шаҳодатномаи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт бо тартиби афзоиши кодҳои рақамии онҳо дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507).

53. Барои автомобилҳо ва автобусҳо ду рақам ва барои мототсиклҳо ва ядакҳо яктогӣ аломати қайди давлатӣ дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507аз 18.08.2023 № 361).

54. Дар сурати мавҷуд ыабудани асноди барои бақайдгирии воситаҳои нақлиёти зарурӣ, ки ҳамин Тартиб пешбинӣ намудаанд, нақлиёт ба қайд гирифта намешавад. Қайд дар бораи радди бақайдгирии воситаи нақлиёт дар ҷадвали "Қайдҳои хизматии БДА"-и аризаи соҳиби воситаи нақлиёт бо зикри сабабҳои радкунӣ гузошта мешавад ва он бо имзои шахси мансабдор ва мӯҳри воҳиди бақайдгирӣ тасдиқ карда мешавад. Дар ин ҳолат ариза ба соҳиби воситаи нақлиёт баргардонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000 № 466, аз 30.03.2013 № 161).

Ҳамин тартиб инчунин ҳангоми барасмиятдарории радди дигар амалҳои бақайдгирӣ ва ҳангоми додани тасдиқномаҳо истифода карда мешавад.

III. Тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ

55. Маълумоти бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар ҳолатҳои зерин тағйир дода мешаванд:

- тағйир ёфтани мансубият (соҳиб);

- тағйир ёфтани ҷои истгоҳ ё маҳалли истиқомати соҳиби воситаи нақлиёт;

- тағйир ёфтани навъ ё модели воситаи нақлиёт дар натиҷаи азнавтаҷҳизонӣ ё ивазкунии агрегатҳо, тағйир додани ранг, насби таҷҳизоти газӣ, насби муҳаррикҳое, ки бо дигар навъҳои сӯзишворӣ кор мекунанд;

- тағйир ёфтани насаб, ном, номи падари соҳиби воситаи нақлиёт ё номи шахси ҳуқуқӣ.

56. Тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ бо тартиби пешбининамудаи банди 18 ҳамин Тартиб анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

57. Дар ҳолатҳои тағйир ёфтани мансубият (соҳиб)-и воситаи нақлиёт, ҷои истгоҳи воситаи нақлиёт ё суроғаи маҳалли истиқомати соҳиб ворид намудани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар асоси асноди дар банди 22 ҳамин Тартиб зикршуда ва ҳангоми тағир ёфтани насаб, ном, номи падар дар асоси шаҳодатномаи никоҳ ё дигар асноде, ки аз тарафи мақомоти Актҳои ҳолати гражданӣ басоҳиби воситаи нақлиёт бо сабаби тағироти зикршуда дода шудаанд, сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

58. Дар ҳолати азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт ворид намудани тағйирот бо тартиби зерин анҷом дода мешавад:

а) барои ашхоси ҳуқуқӣ (соҳибони воситаҳои нақлиёт) дар асоси:

- фармон (амр)-и корхона, ташкилот;

- санади муоинаи техникии воситаи нақлиёт, ки баъди азнавтаҷҳизонӣ тартиб дода шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161);

- санаде, ки азнавтаҷҳизониро тасдиқ мекунад ё шаҳодатнома дар бораи мувофиқа намудани сохтмон (барои воситаҳои нақлиёти таъиноти махсус).

б) барои ашхоси воқеӣ дар асоси асноде, ки дар зербанди "б" банди 23 ҳамин Тартиб зикр шуда, пешакӣ бо воҳиди бақайдгирии БДА мувофиқа шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

59. Азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт дар станцияҳои хизматрасонии техникӣ, заводҳои таъмири автомобилҳо, корхонаҳои нақлиётие, ки базаи дахлдори таъмир доранд, дар кооперативҳое, ки бо таъмири нақлиёт машғуланд ё мустақилона анҷом дода мешавад. Азнавтаҷҳизонии автомобилҳои сабукрав бо приводҳои пеш ё баръакс, ҳамчунин автомобилҳои сабукрави истеҳсоли кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз рӯи конструксия бо ҳамин гуна автомобилҳои тамғаи хориҷӣ мутобиқанд, танҳо дар станцияҳои хизмати техникӣ бо мувофиқаи комиссияи техникии назди Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

60. Агрегатҳои рақамдори воситаҳои нақлиёти ашхоси воқеӣ, ки дар натиҷаи азнавтаҷҳизонӣ ё таъмир озод шудаанд, дар ихтиёри соҳибони онҳо бо ҳуқуқи ихтиёрдории соҳибони воситаҳои нақлиёт бо савобдиди худи онҳо боқӣ мемонанд.

61. Ҳангоми тағйир додани маълумоти бақайдгирии воситаи нақлиёти аз нав таҷҳизонидашуда ба молики инфиродӣ шаҳодатномаи нави бақайдгирӣ бо зикри модели нав, рақамҳои кузов, шасси дар он дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

Дар ҷадвали шаҳодатномаи бақайдгирӣ "Шаҳодатномаи автомобиль дар асоси ... дода шудааст" зикр мегардад, ки он бо сабаби азнавтаҷҳизонӣ аз як модел (модели пешина зикр мегардад) дода шудааст, ҳамчунин рақами шаҳодатномаи пешинаи бақайдгирӣ ва соли азнавтаҷҳизонӣ дарҷ мегардад. Дар айни замон дар ҷадвали "Истеҳсоли соли 19 " калимаи ихтисоршудаи "аз нав таҷҳизонида шудааст" (а/т) сабт карда мешавад.

62. Дар сурати иваз кардани кузов (бе тағйир додани модел ва модификацияи воситаи нақлиёт), муҳаррик ва бадана маълумоти баҳисобгирии онҳо дар қисми "Қайдҳои махсус"-и шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар асоси асноде, ки қонунӣ будани харидории онҳоро тасдиқ мекунанд, бо зикри ивази анҷомдодашуда дохил карда мешаванд.

63. Иваз кардани идораи маъмулӣ бо идоракунии дастӣ дар автомобилҳои сабукрав бо иҷозати воҳидҳои бақайдгирӣ дар сурати мавҷуд набуданн монеаҳои тандурустии соҳибон ба идоракунии чунин автомобилҳо анҷом дода мешавад.

Тағйир додани маълумоти бақайдгирии чунин автомобилҳо дар асоси тасдиқномаҳои аз тарафи стансияи хизматрасонии техникӣ додашуда, ки корҳои азнавтаҷҳизниро иҷро кардааст ё хулосае, ки аз тарафи Раёсати БДА ё БДА-и раёсатҳои корҳои дохилии вилоятҳо дода шудааст, сурат мегирад.

Иваз кардани ҷойгиршавии маҷмӯи идоракунии воситаҳои нақлиёт аз рост ба чап дар асоси хулосаи комиссияи техникии назди Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2007  № 662).

64. Шароит, тартиб ва навъҳои ҷоизи азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёти ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ тавассути Дастурамал оид ба назорати техникии Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

65. Ҳангоми ворид намудани тағйирот ба маълумоти баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти ашхоси ҳуқукӣ ба санади бақайдгирӣ, китобҳои баҳисобгирӣ ва варақаи баҳисобгирии нақлиёти автомобилӣ қайдҳои зарурӣ дохил карда мешаванд ва ба соҳиби воситаи нақлиёт талони нави техникӣ дода мешавад.

66. Ворид намудани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии воситаҳои нақлиёте, ки байни рақамҳои қисмҳову агрегатҳои онҳо ва асноди бақайдгирӣ фарқ мавҷуд аст, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.

67. Ворид намудани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии мотоциклҳои беароба, мотороллерҳо, мотонартҳо, ҳамчунин ядакҳои автомобилҳои сабукраве, ки ба ашхоси воқеӣ тааллуқ доранд, дар асоси аризаҳои соҳибони пешина ва нави онҳо анҷом дода мешавад. Агар воситаи нақлиёт аз ҳудуди минтақаи хизматрасонии воҳиди бақайдгирии БДА хориҷ шавад, дар ин ҳолат ҳангоми аз ҳисоб хориҷ кардан дар санади бақайдгирӣ ҷои рафтани воситаи нақлиёт, насаб, ном ва номи падари соҳиби нави он зикр карда мешавад.

68. Воситаҳои нақлиёте, ки ҳамчун тӯҳфа қабул шудаанд ё ба мерос гузаштаанд, агар дар шартномаи тӯҳфа ё шаҳодатномаи меросбарӣ якчанд ашхос зикр шуда бошанд, бо ризоияти хаттии ҳамаи моликон ба номи яке аз онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

69. Ворид намудани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии автомобилҳо ва мотоциклҳои аробадор аз як ҳамсар ба дигараш дар асоси аризаи хаттии муштараки онҳо ва нусхаи шаҳодатномаи никоҳ иҷозат дода мешавад.

70. Ҳангоми тағйир додани маълумоти бақайдгирие, ки бо таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт бо олоти бонги нурӣ ва овозӣ вобастаанд, дар қисми "Қайдҳои махсус"-и асноди бақайдгирӣ қайдҳои дахлдор гузошта мешаванд ва бо имзои иловагии шахси мансабдоре, ки барои таҷҳизонидан иҷозатномаи дахлдорро додааст, тасдиқ карда мешаванд.

71. Тағйир додани маълумоти бақайдгирие, ки бо қатъи ҳуқуқи таҷҳизонидани воситаи нақлиёт бо олоти бонги нурӣ ва ва истифодаи нақшаи рангомез ё мувофиқи аризаҳои соҳибон вобаста мебошад, баъди канда гирифтани олоти зикршуда ва рафъи нақшаи рангомез анҷом дода мешавад.

IV. Аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт

72. Ҳангоми аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт амалҳои пешбининамудаи банди 18 ҳамин Тартиб анҷом дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

73. Соҳибон вазифадоранд, ки дар ҳолатҳои зерин воситаҳои нақлиётро аз ҳисоб хориҷ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161аз 31.05.2018 № 296):

- ҳангоми тағйир ёфтани ҷои истиқомати шахси воқеӣ ё суроғаи ҳуқуқии корхона, муассиса ва ташкилоте, ки воситаҳои нақлиёт ба номи онҳо ба қайд гирифта шудаанд, дар сурате ки ҷои нави истиқомат (суроғаи ҳуқуқӣ) берун аз худуди минтақаи хизматрасонии воҳиди бақайдгирие, ки воситаи нақлиётро ба қайд гирифтааст, ҷойгир шуда бошад, ҳамчунин ба вуҷуд омадани асосҳои дигар барои тағйир додани ҷои бақайдгирӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161);

- барои бегонакунӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161);

- ҳангоми аз ҳисоб баровардани воситаи нақлиёт (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

74. Ҳангоми аз ҳисоб хориҷ намудани воситаҳои нақлиёт рақамҳои бақайдгирӣ ва ҳангоми аз ҳисоб баровардан ҳамчунин асноди бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ба воҳиди бақайдгирӣ супорида мешаванд.

Барои воситаҳои нақлиёти аз ҳисоб хориҷкардашуда (ғайр аз ҳолатҳои аз ҳисоб баровардан) рақамҳои бақайдгирии "Тран-зит" бо зикри мӯҳлати амали онҳо дода мешаванд.

Аломатҳои бақайдгирии супоридашуда ва мусодирашуда, инчунин дарёфтшуда нобуд сохта мешаванд ва дар ин бора дар аризаи (мактуби) соҳиби воситаи нақлиёт бо зикри сана, номи хонаводагии шахси мансабдоре, ки онҳоро нобуд сохтааст, қайд карда мешавад ва бо имзои ӯ тасдиқ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161, аз 31.05.2018 № 296аз 18.08.2023 № 361).

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.08.2023 № 361)

75. Воситаҳои нақлиёт метавонанд дар асоси қарори судҳо, суди ҳакамӣ ё дигар мақоми салоҳиятдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда аз ҳисоб хориҷ карда шаванд.

Бо қарори мақомоти мазкур барои аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт метавонанд маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ карда шаванд.

Қатъ гардидани истифодабарии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ, ки тибқи шартнома истифода мегарданд, дар асоси мактуби расмии шахси ҳуқуқӣ, ки бо имзои роҳбар ва мӯҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст, сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507, аз 30.03.2013 № 161).

76. Воситаҳои нақлиёте, ки ба онҳо аз тарафи судҳо ё дигар мақомоти салоҳиятдор дар хусуси тағйир додани ҳуқуқи моликият монеаҳо ё маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шудаанд, метавонанд баъди пешниҳоди асноде, ки аз набудани монеаҳо ё маҳдудиятҳои мазкур шаҳодат медиҳанд, қарори мақомоти гумрук ё қарори суд  дар бораи дигар кардани соҳиби воситаҳои нақлиёт ва таҳвили онҳо ба моликияти ашхоси дигар ё ба моликияти давлат мансуб гардонидан, агар дар қонунгузории амалкунанда тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз ҳисоб хориҷ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

77. Аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёти ашхоси воқеие, ки дар ҳудуди вилоят, ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд, аз тарафи воҳидҳои бақайдгирии маҳалли қарор доштани воситаи нақлиёт иҷозат дода мешавад. Дар чунин ҳолатҳо аз ҳисоб хориҷ кардан танҳо баъди иҷрои дархостҳо дар хусуси набудани ягон навъ маҳдудият дар мавриди аз ҳисоби маҳалли бақайдгирӣ хориҷ кардани ин воситаҳои нақлиёт, аниқ кардани маълумоти баҳисобгирии онҳо ва маълумот доир ба соҳибони онҳо, ҳамчунин баъди тафтиш аз рӯи ҳисобҳои нақлиёти дар кофтуков қарордошта анҷом дода мешавад. Баъди қабули қарор дар бораи аз ҳисоб хориҷ кардани воситаи нақлиёт маълумот дар ин бобат фавран ба воҳиди бақайдгирии маҳалли бақайдгирии пешина фиристода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

78. Агар соҳибони воситаи нақлиёт ду шахси воқеӣ бошанд, аз ҳисоб хориҷ кардани он дар асоси ризоияти хаттии ҳарду соҳиб анҷом дода мешавад.

79. Аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёти ашхоси хуқуқи ҳангоми фурӯши онҳо ба ашхоси воқеӣ бе иштироки ташкилотҳои савдо, дар асоси аризаи ашхоси ҳукуқӣ соҳибони, воситаҳои нақлиёт ва асноди пешбининамудаи банди 23 ҳамин Тартиб, ки дар ариза номбар мегарданд, анҷом дода мешавад. Зимнан, ба санади бақайдгирӣ қайди зерин дохил карда мешавад: "Автомобиль бо сабаби фурӯхтан ба шаҳрванд... насаб, ном, номи падар, суроғаи маҳалли истиқомат, силсила ва рақами шиноснома аз ҳисоб хориҷ карда шуд" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

80. Дар сурати аз ҳудуди минтақаи хизматрасонии воҳиди бақайдгирӣ рафтани воситаи нақлиёт дар санади бақайдгирӣ дар бораи аз ҳисоб хориҷ кардани он бо зикри ҷое, ки воситаи нақлиёт ба он ҷой меравад, қайд гузошта мешавад. Дар чунин ҳолатҳо аломатҳои бақайдгирӣ ва талонҳои техникӣ (барои нақлиёти ашхоси ҳуқуқӣ) супорида мешаванд, зимнан ба соҳиби воситаи нақлиёт аломати бақайдгирии "Транзит" дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

Талонҳои техникии мотоциклҳо, мотонартҳо, ядакҳо ва нимядакҳо гирифта намешаванд, дар онҳо доир ба хориҷ кардан аз ҳисоб ва супорида шудани аломати бақайдгирӣ қайд гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

81. Дар сурати аз ҳисоб хориҷ кардани воситаи нақлиёт ва рафтани он ба дигар маҳалли аҳолинишини минтақаи хизматрасонии ҳамон нуқтаи бақайдгирӣ аломатҳои бақайдгирӣ супорида намешаванд. Зимнан тағйир ёфтани ҷои истгоҳи воситаи нақлиёт ё маҳалли истиқомати соҳиби он дар асноди бақайдгирӣ инъикос карда мешавад ва ба варақаҳои баҳисобгирӣ ва китобҳои ҳисоби бақайдгирии воситаҳои нақлиёт қайдҳои дахлдор дохил карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

81. Дар сурати тағйир ёфтани ҷойи таваққуфи воситаи нақлиёт ё маҳалли истиқомати соҳиби он, тағйирот дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ инъикос карда шуда, дар махзани ягона ва дафтарҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт қайдҳои дахлдор ворид карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

82. Агар воситаҳои нақлиёте, ки ба ашхоси ҳуқуқӣ ё воқеӣ тааллуқ доранд, бо сабаби тағйир ёфтани ҳуқуқи моликият аз хисоб бароварда шаванд, дар асноди бақайдгирӣ ба таври илова маълумотн асосӣ дар бораи соҳиби нави онҳо ва номи санаде, ки асоси тағйир ёфтани соҳиби воситаҳои нақлиёт мебошад, қайд карда мешаванд.

83. Аз ҳисоб хориҷ кардани воситаи нақлиёт барои фурӯши бешахси он дар дигар вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кишварҳои ИДМ дар асоси аризаи соҳиби воситаи нақлиёт бо зикри маҳалли фурӯш дар асноди бақайдгирӣ ва додани аломатҳои бақайдгирии "Транзит" анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

V. Додан (иваз кардан)-и аломатҳои бақайдгирии "Транзит"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161)

84. Ҳангоми додани рақамҳои бақайдгирии "Транзит" (агар чунин рақамҳо аз тарафи ташкилотҳои савдо ва мақомоти гумрук дода нашуда бошанд), ҳамчунин ҳангоми иваз кардани онҳо амалҳои пешбининамудаи банди 18 ҳамин Тартиб анҷом дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

85. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки барои бақайдгирӣ асос шудаанд ва вақте ки воситаи нақлиёт берун аз ҳудуди фаъолияти воҳиди бақайдгирӣ қарор дорад, соҳиби он вазифадор аст, ки дар давоми панҷ шабонарӯз аз воҳиди бақайдгирии маҳалли қарор доштани он барои ба маҳалли бақайдгирӣ бурдани воситаи нақлиёт рақамҳои бақайдгирии "Транзит" гирад. Аломатҳои бақайдгирии "Транзит" барои мӯҳлати аз 5 то 20 шабонарӯз дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

86. Барои воситаҳои нақлиёте, ки ба маҳалли бақайдгирии ташкилотҳои савдо бурда мешаванд, аломатҳои бақайдгирии "Транзит" аз тарафи ин ташкилотҳо дода мешаванд. Фурӯши варақаи рақамҳои бақайдгирии "Транзит" аз тарафи ташкилотҳои савдо бо тартиби муқаррарнамудаи асноди меъёрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Дар бораи дода шудани рақамҳои бақайдгирии "Транзит" дар санаде, ки қонунӣ будани харидории воситаи нақлиётро тасдиқ мекунад ва ҳангоми аз ҳисоб хориҷ намудани он дар санади бақайдгирӣ қайди "Транзит" бо зикри силсила, рақам, санаи дода шудани рақам ва мӯҳлати амали он гузошта шуда, бо имзо ва мӯҳри шахси мансабдор тасдиқ карда мешавад.

87. Дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок қарор дар бораи дароз кардани мӯҳлатҳои дар банди 85 ҳамин Тартиб зикршуда (ивази рақами бақайдгирии "Транзит") аз тарафи сардори (бозраси калони давлатии автомобилӣ)-и воҳиди бақайдгири кабул карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

88. Рақамҳои бақайдгирии "Транзит", ки дар натиҷаи иваз кардан ё ҳангоми бақайдгирии воситаи нақлиёт озод шудаанд, бозпас гирифта ва нобуд карда мешаванд.

VI. Додани нусхаҳои дуюми ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва аломатҳои бақайдгирии нав

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.08.2023 № 361)

89. Ҳангоми додани нусхаҳои дуюми ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ амалҳои дар банди 18 ҳамин Тартиб пешбинишуда анҷом дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.08.2023 № 361).

90. Нусхаҳои дуюми асноди бақайдгирии гумшудаи воситаҳои нақлиёте, ки бинобар тагйир ёфтани маҳали истиқомати соҳиб, қатъи ҳуқуқи моликият ба воситаҳои нақлиёт (ҳангоми бақайдгирии чунин нақлиёт ба номи каси дигар) аз ҳисоб хориҷ карда шудаанд, дар ҷои бақайдгирии воситаи нақлиёт баъди гирифтани тасдиқнома дар бораи маълумоти бақайдгирӣ аз ҷои бақайдгирии пешина дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507).

Нусхаҳои дуюми асноди бақайдгирӣ бо қайди "Нусхаи дуюм" дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507).

91. Додани нусхаҳои дуюми аломатҳои бақайдгирӣ манъ аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.08.2023 № 361).

92. Ҳангоми додани асноди бақайдгирӣ ва аломатҳои бақайдгирӣ ба ивази аснод ва аломатҳои гумшуда қайди воҳиди БДАи маҳалли истиқомати соҳиби воситаи нақлиёт дар ин бобат, ки санади бакайдгирӣ ё рақами бақайдгирӣ дар ҳисоби аснод ва рақамҳои барои риоя накардани қоидаҳо ва дигар қонуншиканӣ боздоштшуда, гирифташуда ё ёфташуда қарор надоранд, дархост мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

93. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

94. Барои кофтукови асноди бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии гумшуда ба ҳамаи воҳидҳои БДА-и ҷумҳурӣ хабар дода мешавад. Тартиби ташкили кофтукови асноди бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирӣ тавассути асноди меъёрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

VII. Бақайдгирии муваққатии маҳалли будубоши воситаҳои нақлиёт

95. Бақайдгирии муваққатии маҳалли будубоши воситаҳои нақлиёт маънои аз тарафи мақомоти гумрук ва воҳидҳои бақайдгирӣ ба қайд гирифта шудани воситаҳои нақлиётеро дорад, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ӯҳдадори дар хусуси баргардонидани воситаи нақлиёт" оварда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2004  № 370, аз 31.05.2018 № 296).

96. Мӯҳлати будубоши муваққатии воситаҳои нақлиёт чунин муайян мегардад:

- барои ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ - дар асоси визаҳо, санади сафари хизматӣ ва дигар асноди дахлдор, ки дар онҳо мӯҳлати будубоши муваққатии воситаи нақлиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296);

- барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандоне, ки дорои душаҳрвандӣ мебошанд, мутобиқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшавандае, ки дар асоси онҳо шаҳрвандони мазкур воситаи нақлиётро соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдорӣ мекунанд, вале на зиёда аз муҳлати дар ваколатномаи нотариалӣ тасдиқнамуда ва (ё) муҳлати ниҳоӣ барои низоми гумрукии "воридоти муваққатӣ" муқарраршуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

97. Воситаҳои нақлиёте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ворид карда шудаанд, аз он ҷумла бо шарти лизинг, бояд на дертар аз мӯҳлати муқарраршудаи воридоти муваққатӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ бароварда шаванд ё таҳти низоми гумрукии дигар ба расмияти гумрукӣ дароварда шаванд. Вобаста ба мушаххасоти воридот ва имтиёзҳои пешниҳодшудаи гумрукӣ ва андоз, бегона кардан, ба соҳибӣ ё истифодаи шахсони дигар додани чунин воситаҳои нақлиёт бе иҷозати мақоми гумрук манъ аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

Ҳангоми арз намудани воситаи нақлиёт таҳти низоми дигари гумрукӣ (иҷозат барои муомилоти озод) декларатсияи гумрукӣ ва гувоҳномаи гумрукӣ баъди аз ҷои пештараи баҳисобгирӣ расидани тасдиқи маълумоти бақайдгирии воситаи нақлиёт, мавҷуд набудани маҳдудиятҳо ё ҳабси воситаи нақлиёт анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161, аз 31.05.2018 № 296).

98. Қайди муваққатии макони муваққатии воситаи нақлиёт аз тарафи мақомоти гумрук бо роҳи додани қҳдадори оиди пас баровардан ва танҳо дар ҳолати мавҷуд будани аломати транзити, иичунин пешниҳод намудани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои воситаи нақлиёт сурат мегирад ва зимнан ба нуқтаи гумрукии мошингузар дар бораи бақайдгирии гумрукии воситаи нақлиёт, хабарнома фиристонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000 № 466).

99. Бақайдгирии воситаҳои нақлиётие, ки аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳуриии Тоҷикистон муваққатан ворид карда шудаанд, дар мақомоти; бозрасии давлатии автсшобилии ҷои иститқомати шахси боварнома дошта (ё соҳиби нақлиёт) бо додани шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва аломатҳои қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намуд ба мқҳлати воридоти онхо, ки дар шаҳодатномаи воридоти воситаи нақлиёт нишон дода шудааст, сурат мегирад. Дар ин ҳолат дар шаҳодатномаи бақаидгирии воситаи нақлиет махдудияти гузоштаи мақомоти гумруки (мқҳлати воридот, манъ кардан ба бегонакуни ё барои истифода додан ба шахси дигар бе рухсати мақомоти гумруки додан ва ғайра сабт карда мешавад ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлате, ки нақлиет ро ба қайд гирифтааст (аломати транзитии ҳангоми воридшави додашуда) дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобили нигоҳ дошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000 № 466).

100. Ҳангоми аз қайди Бозрасии давлатии автомобили баровардани воситаи нақлиёти муваққати воридкардашуда бо сабаби содироти он аз марзи ҷумҳури, шаҳодатномаи бақайдгири ва аломатҳои транзити ба шахси боварномадошта (ё соҳибаш) баргардонида мешавад. Аломатҳои додашудаи қайди давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ба мақомоти Бозрасии давлатии автомобили супорида мешаванд ва дар шаҳодатномаи бақайдгирии муваққати додашуда дар бораи аз қайд баровардани воситаи нақлиёт бо сабти "то мқҳлати" "бояд аз марз бароварда шавад" ба шахси боварнома дошта (ё соҳибаш) баргардонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000 № 466).

101. Барои воситаҳои нақлиёти муваққатан ба қайд гирифташуда картотекаи алоҳида пеш бурда мешавад.

VIII. Додани тасдиқномаҳо (нусха аз китобҳои бақайдгирӣ)

102. Ҳангоми додани тасдиқномаҳо (нусха аз китобҳои бақайдгирӣ) амалҳои дар зербандҳои "а", "б", "в" банди 18 ҳамин Тартиб зикргардида анҷом дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

103. Тасдиқномаҳо дар бораи амалҳои бақайдгирии анҷомдодашуда танҳо ба соҳибони воситаҳои нақлиёт дода мешаванд.

104. Тасдиқномаҳо дар бораи амалҳои бақайдгирии анҷомдодашудаи воситаҳои нақлиёти ба қайд гирифташуда ва соҳибони онҳо дар асоси дархости хаттӣ ба мақомоти зерин дода мешаванд:

а) ба судҳо, мақомоти прокуратура, тафтишот, таҳқиқ ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ бо сабаби парвандаҳое, ки таҳти баррасии онҳо қарор доранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161);

б) ба мақомоте, ки фаъолияти оперативию кофтуковро, анҷом медиҳанд;

в) ба воҳидҳои БДА ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд.

105. Асноде, ки барои анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ асос шудаанд, танҳо ба судҳо, мақомоти прокуратура ва тафтишот бо тартиби муқаррарнамудаи қонун дода мешаванд.

106. Тасдиқномаҳо барои агрегатҳои рақамдори озодшудаи воситаҳои нақлиёте, ки дар Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта шудаанд (Замимаи № 14) дар сурати тағйир ёфтани маълумоти бақайдгирӣ, ки бо ивази агрегатҳои рақамдори дахлдор вобаста аст, ҳамчунин ҳангоми аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт бо сабаби аз ҳисоб баровардани онҳо мувофиқи аризаи соҳиби воситаи нақлиёт, баъди муоинаи агрегати рақамдор, дода мешаванд. Додани тасдиқномаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.

IX. Баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт

107. Ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, маълумот дар бораи онҳо ба махзани ягона ва дафтари бақайдгирии воситаҳои нақлиёт сабт қарда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

108. Маълумот оид ба воситаҳои нақлиёти бақайдгирифташуда ва аз қайд баровардашуда дар муҳлати муқаррарнамудаи Тартиби мазкур ба Бозрасии давлатии автомобилии ҷойи истиқомати соҳиби воситаи нақлиёт дар шакли электронӣ ирсол карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296).

109. Маълумот дар бораи воситаҳои нақлиёти ба қайд гирифташуда ва тағйироти маълумоти бақайдгирии онҳо ба маҳзани маълумоти системаи автоматиконидаи баҳисобгирӣ ва коркарди иттилооти бақайдгирӣ дохил карда мешаванд. Тартиби баҳисобгирӣ ва коркарди автоматиконидаи иттилооти воситаҳои нақлиёти ба қайд гирифташуда тавассути асноди меъёрию ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008 № 47).

X. Тартиби тайёр кардан, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории рақамҳо ва асноди бақайдгирии воситаҳои нақлиёт

110. Маводи махсуси аз рӯи намунаҳои аз тарафи Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ҳамчун асноди бақайдгирӣ истифода бурда мешавад.

111. Танзими масъалаҳои вобаста ба фармоишдиҳӣ ва тайёр кардани маводи махсус аз тарафи Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

112. Аломатҳои коғазии рақамдори "Транзит" аз тарафи раёсатҳои корҳои дохилии ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо истифодаи аломатҳои рақамдоре, ки барои воҳиди бақайдгирии хизматрасонии ҳамон минтақа муайян шудаанд, тайёр карда мешаванд.

113. Баҳисобгирии миқдори маводи махсуси воридшаванда (рақамҳо ва асноди бақайдгирӣ, рақамҳои транзитӣ ва ғайра) дар китоби воридот ва хароҷоти маводи махсус пеш бурда мешавад.

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2018 № 296)

Китобҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт аз рӯи навъҳои воситаҳои нақлиёт (навъҳои аломатҳои бақайдгирӣ) пур карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

114. Аломатҳои бақайдгирӣ ва варақаҳои асноди бақайдгирӣ ҳамчун асноди ҳисоботи қатъӣ нигоҳ дошта мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

115. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.08.2023 № 361)

116. Варақаҳои асноди бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, ки ҳангоми пур кардан вайрон шудаанд, дар вақти тафтишҳои навбатӣ бо усулҳо ва воситаҳое, ки истифодаи такрории онҳоро истисно мегардонанд, нобуд карда шуда, дар ин бобат санади дахлдор тартиб дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

117. Асноде, ки барои бақайдгирӣ (тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ), аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт, додан ё иваз кардани асноди бақайдгирӣ ва аломатҳои бақайдгирӣ асос шудаанд, дар ҷузъгирҳои алоҳида бо тартиби мутобиқ ба қайдҳои китоби ҳисоби бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дӯхта мешаванд, ҳар варақи онҳо рақамгузорӣ карда ва ду сол нигоҳ дошта мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

118. Китобҳои ҳисоби бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, воридот ва сарфи варақаҳои ҳисоботи қатъӣ ва аломатҳои бақайдгирӣ бояд дӯхта, рақамгузорӣ ва дар котиботи мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шаванд. Чунин китобҳо ба таври доимӣ нигоҳдорӣ мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161).

 

Замимаи 1  

Замимаи 2-4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 октябри соли 1999

№ 441 тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000с. № 466, аз 11.06.2001с. № 254, аз 31.08.2004с. № 370, аз 2.11.2007с. № 552, аз 30.12.2007с. № 662, аз 26.01.2008с. № 47, аз 1.04.2008с. № 179)

1. Бақайдгирии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо (минбаъдвоситаҳои нақлиёт) дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад ва тадбири иҷозати давлатӣ барои иштироки воситаҳои нақлиёт дар ҳаракат дар роҳ аз ҷумла дар роҳҳои байналхалқӣ мебошад. Бақайдгирӣ бо мақсади таъмини назорат аз болои мутобиқати сохтмон, ҳолати техникӣ ва таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт бо талаботи бехатарӣ, риояи тартиби харидорӣ, гирифтан, истифодабарӣ, фурӯш, аз ҳисоб баровардани воситаҳои нақлиёт, иҷрои лозимаи (қонунҳо дар бораи ӯҳдадории ҳарбии нақлиётӣ, аз тарафи соҳибони воситаҳои нақлиёт пардохта шудани андозҳо ва боҷҳои дахлдор, таъмини баҳисобгирии марказонидашуда ва минтақавии нақлиёти автомобилӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои дигар анҷом дода мешавад.

2. Мафҳумҳое, ки дар ҳамин Тартибҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо (минбаъд -Тартибҳо) истифода мешаванд, дорои мазмуни зайл мебошанд:

- "бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт" - фаъолияти мақомоти гумрук ва Бозрасии давлатии автомобилӣ дар бобати баҳисобгирӣ, додани асноди расмӣ ва аломатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт (минбаъд - аломатҳои рақамӣ), ки иҷозат дода шудани онҳоро барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ тасдиқ мекунанд ва фаъолияти мазкур мутобиқи асноди қонунӣ анҷом дода мешавад;

- "тағйироти бақайдгирӣ" - ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба маълумоти баҳисобгирӣ ва асноди воситаҳои нақлиёт дар сурати мавҷуд будани асосҳои дахлдори ҳуқуқӣ;

- "соҳиби (намояндаи соҳиби) воситаҳои нақлиёт" - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки молики воситаи нақлиёт мебошад ё воситаи нақлиётро мувофиқи дигар асосҳои қонунӣ соҳибӣ ё истифода ё ки ихтиёрдорӣ мекунад;

- "асноди бақайдгирӣ" - гувоҳномаҳои гумрукии воситаҳои нақлиёт, шаҳодатномаҳои миллии бақайдгирии намунаи ягона, паспортҳои техникӣ, талонҳои техникӣ, шаҳодатномаҳои бақайдгирии намунаи муқарраршуда барои ҳаракати байналхалқӣ, ки асноди расмии воситаҳои нақлиёт буда, иҷозат дода шудани онҳоро барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ тасдиқ мекунанд.

I. Муқаррароти умумӣ

3. Ҳамии Тартибҳо барои тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ягонаи бақайдгирии давлатӣ (тағироти бақайдгирӣ) ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиётро муқаррар мекунанд, ҳамчунин фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мақомоти гумрукро дар соҳаи зикршуда доир ба расонидани хизмат ба ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хизматрасонии пулакӣ (бо тартиби пешбининамудаи қонун ба расмият даровардани аснод дар бобати тағйир додани ҳуқуқи моликият ба воситаҳои нақлиёт, агрегатҳои рақамдор ва ғайра) танзим мекунанд.

4. Тартибҳо барои тамоми корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ашхоси ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият - соҳибони воситаҳои нақлиёт ва намояндагони онҳо (минбаъд - соҳибон) ҳатмӣ мебошанд.

5. Воситаҳои нақлиёти механикие, ки ҳаҷми кории муҳаррикҳои онхо зиёда аз 50 см мукааб ва суръати ҳадди аксари сохтмонии онҳо зиёда аз 40 км/соат мебошад, ядакҳо ва шшядакҳои онҳо бояд ба қайд ва ҳисоби давлатӣ гирифта шаванд.

Соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиёти ба онҳо тааллуқдоштаро сарфи назар аз ҳолати техникиаш дар давоми панч шабонарӯз аз лаҳзаи убури сарҳад дар мақомоти гумрук ва дар мӯҳлати амали аломати бақайдгирии "Транзит" ё панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи харидорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҳисоб хориҷ кардани воситаи нақлиёт ё ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дигар, ки боиси тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ мегарданд, дар воҳидҳои бақайдигирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ (минбаъд воҳидҳои бақайдгирӣ) аз қайд гузаронанд (карор аз 1.04.2008 № 179).

Тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ дар ҳолатҳои тағйир ёфтани маълумоти баҳисобгирие, ки дар асноди бақайдгирии аз тарафи воҳидҳои бақайдгирӣ додашуда зикр шудаанд ё ба вуҷуд омадани зарурати дохил кардани маълумоти иловагӣ ба асноди зикршуда мутобиқи ҳамин Тартибҳо анҷом дода мешавад.

Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як ҳафтаи баъди аз воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ гирифтани варақаҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор барои бақайдгирии ҳарбӣ ва ё аз қайди ҳарбӣ баровардани воситаҳои нақлиёт маълумотҳоро дар бораи ба қайд гирифтан, ворид намудани тағйиротҳо дар маълумотҳои бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани воситаҳои нақлиётие, ки мутобиқи номгӯйи аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда барои ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, воҳидҳои низомӣ ва мақомот, ҳамчунин ба сохторҳои махсуси дар давраи ҷанг таъсисшаванда бояд дода шаванд, муайян шудаанд, пешниҳод менамоянд (карор аз 11.06.2001 № 254).

6. Воситаҳои нақлиёт танҳо ба номи ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеие, ки дар паспорти воситаи нақлиёт ё тасдиқнома - ҳисобномаи аз тарафи корхонаи истеҳсолкунанда, ташкилоти савдо, шаҳодатномаи гумрукӣ ё асноди дигари тасдиқкунандаи қонунӣ будани харидории воситаи нақлиёт зикр шудааст, ба қайд гирифта мешаванд.

Воситаҳои нақлиёте, ки дар қайди Федератсияи Россия буда, ба ҷумҳури ворид карда шудаанд, ба мӯҳлати то 3 моҳ, то аз ҷои қайди асоси гирифтани тасдиқнома оид ба мавҷуд набудани маҳдудият ё ҳабс ба воситаи нақлиёти номбурда, муваққатан ба қайд гирифта мешаванд. Дар сурати нагирифтани тасдиқнома дар мӯҳлати зикршуда, воситаҳои нақлиёт бо гузоштани қайд дар ҳуҷҷатҳои бақайдгири ба қайди доими гирифта мешаванд. Иичунин қайди мақомоти бақайдгирии пешина дар бораи аз қайд баровардан асос шуда метавонад (карор аз 31.08.2004 № 370).

Дар ҳама ҳолат, ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиёти ба Ҷумҳурии Тоҷикистои воридшуда шаҳодатномаи гумрук талаб карда мешавад. Ҳангоми бақайдгири ё аз қайд баровардани (дар мақомоти бақайдгири) автомобилҳои сабукрави дар мавқеи 8702 ва 8703 Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии берунии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия таснифшудаи барои фаъолияти истеҳсоли ё фаъолияти дигари тиҷорати таъиннагардида, ҳамчунин нусхаи тасдиқкардашудаи варақаи бори гумруки (ВБГ) бо мӯҳри рақамдори шахсии шахси мансабдори мақомоти гумрук, ки барасмиятдарории гумрукиро гузаронидааст, талаб карда мешавад (карор аз 31.08.2004 № 370).

7. Автомобилҳо ба номи ашхоси воқеие, ки ба синни 18 расидаанд ва мотоциклҳо ба номи ашхоси воқеие, ки ба синни 16 расидаанд, ба истиснои воситаҳои нақлиёти бамеросгузашта, ба қайд гирифта мешаванд. Амалҳои бақайдгириро дар ҳолатҳое, ки соҳибони воситаҳои нақлиёт ашхоси то синии 16 мебошанд, аз номи онҳо волидайн (васиён) ё мақомоти васоят ва дар ҳолатҳое, ки соҳибон аз 16 то 18-сола мебошанд, худи онҳо бо ризоияти хаттии волидайн (васиён) ё мақомоти васоят анҷом медиҳанд. Дар асноди бақайдгирӣ (дар қисми "Қайдҳои махсус"), варақаҳо ва китобҳои бақайдгирии чунин воситаҳои нақлиёт насаб, ном, номи падари васӣ дарҷ карда мешавад ва дар бораи ин, ки амалҳои бақайдгирӣ бе иҷозати мақоми васоят манъ мебошанд, қайд гузошта мешавад.

8. Асноде, ки барои анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ пешниҳод карда мешаванд ва қонунӣ будани харидории воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор)-ро тасдиқ мекунанд, бояд маълумоти зеринро дарбар гиранд: сана ва маҳалли тартиб додани онҳо, моҳият ва шартҳои муомила (қарори мақоми давлатӣ), аз ҷумла арзиши воситаи нақлиёт, суроғаҳо, реквизитҳо ва имзои тарафҳо (барои ашхоси ҳуқуқӣ - имзоҳое, ки бо мӯҳр тасдиқ карда шудаанд), соли истеҳсол, рақами ягонаги (VIN), агар он аз тарафи корхонаи истеҳсолкунанда дода шуда бошад, ранг, рақами тартибии истеҳсоли шассӣ (бадана), кузов (ароба, ядак), муҳаррик, силсила ва рақам, санаи дода шудани санади бақайдгирӣ ва (ё) паспорти воситаи нақлиёт ва номи ташкилотҳое, ки онҳоро додаанд.

9. Асноде, ки маълумоти онҳо пок карда шудаанд ё ба онҳо навиштаҷоти иловагӣ дохил карда шудаанд, калимаҳои ботилшуда ва дигар ислоҳоти ғайриҷоиз, яъне аломатҳои сохтакорӣ, поккорӣ ё равондани навиштаҷоти аввалиро доранд, ҳамчунин бо қалам пур карда шудаанд, барои анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ қабул карда намешаванд. Матни асноди мазкур бояд равшан ва аниқ навишта шавад, насаб, ном ва номи падари шаҳрвандон бояд пурра бо зикри маҳалли зист ва маълумоти шиносномаи онҳо ва номи ашхоси ҳуқуқӣ - дар шакли пурра ва бо зикри аниқи суроғаҳо навишта шаванд. Асноде, ки дар варақаҳои идорӣ нашр шудаанд, бояд бо мӯҳри ин ашхоси ҳуқуқӣ тасдиқ карда шаванд ва рақамҳои бақайдгирӣ дошта бошанд. Нусхаҳои асноде, ки барои анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ пешниҳод карда мешаванд, ба истиснои нусхаҳои аз тарафи идораҳои нотариалӣ ва кормандони воҳидҳои бақайдгирӣ бо пешниҳоди нусхаҳои асл тасдиқшуда, ҳамчунин асноди бақайдгирӣ ва дигар санадҳое, ки аз тарафи воҳидҳои бақайдгирӣ дода мешаванд (аз ҷумла нусхаи аккосӣ ва таксир), нусхаҳои аслро иваз карда наметавонанд.

10. Асноде, ки қонунӣ будани харидории воситаи нақлиётро тасдиқ мекунанд ва дигар санадҳое, ки барои анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ пешниҳод карда мешаванд ва бо забони дигар тартиб дода шудаанд, бояд ба забони тоҷикӣ ё забони муоширати байни миллатҳо тарҷума ва аз тарафи нотариус тасдиқ карда шаванд.

11. Мақомоти гумрук ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ амалҳои зеринро анҷом медиҳанд:

а) воситаҳои нақлиётеро, ки ба Ҷумхурии Тоҷикистон оварда шудаанд, ба истиснои воситахои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост таҳти низоми гумрукии "иҷозат барои муомилоти озод" ва "воридоти муваққатӣ" ба қайд мегиранд (карор аз 30.12.2007 № 662);

б) воситаҳои нақлиётеро, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бурда мешаванд, аз ҳисоби гумрукӣ хориҷ мекунанд;

в) воситаҳои нақлиётеро, ки ба ҷумҳурӣ ба ӯҳдадории баргашта бурдан оварда шудаанд, ба қайди муваққатӣ мегиранд;

г) назоратро аз болои пардохта шудани молиёт ва боҷҳои муқарраршудаи гумрукӣ аз тарафи соҳибони воситаҳои нақлиёт, ҳамчунин андоз ва боҷҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, анҷом медиҳанд.

д) дар нуқтаҳои гумрукии мошингузар (истгоҳҳои роҳи оҳан, майдонҳои ҳавои ҳангоми интиқоли воситаҳои нақлиёт ба роҳи оҳан ва нақ лиёти ҳавои) аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёте, ки муваққатан оварда мешаванд, ғайр аз воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳаракати байналхалқи иштирок намекунад, гирифта мешаванд ва бар ивазашон аломатҳои транзити, ки аз Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шӯъбаҳои БДА-и вилоятҳо дастрас карда мешаванд, дода мешаванд (карор аз 9.11.2000 № 466, аз 30.12.2007 № 662).

Аломатҳои бақайдгирии дигар давлатҳо минбаъд ба мақоми гумрукие, ки онҳоро ба қайди муваққати гирифтааст, фиристонида мешаванд ва онҳо то ба охир расидани мқҳлати қайди муваққати, содирот, е худ аризаи ба низоми дигари гумруки гузаронидани воситаи нақлиёт, нигоҳ дошта мешаванд. Тартиби фиристонидан, нигоҳ доштан ва баргардондани аломатҳои бақайдгирии давлатҳои дигар ба соҳибонашон ва пешбурди коргузори аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (карор аз 9.11.2000 № 466, аз 26.01.2008 № 47).

Пардохти андоз ва боҷҳо бо хати расид (супоришнонаи пардохт) ва қисми хати расиди ордери даромад тасдиқ карда мешавад. Ҳуқуқ ба озод карда шудан аз пардохти андоз ва боҷҳо бо санадхои дахлдори дар асноди қонунӣ зикршуда тасдиқ карда мешавад. Оид ба пардохта шудани андоз ва боҷҳои муқарраргардида дар шаҳодатномаи гумрукӣ қайд гузошта мешавад ва қайди мазкур бо имзо ва мӯҳри корманди гумрук тасдиқ карда мешавад.

12. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт аз тарафи мақомоти гумрук бо роҳи додани гувоҳномаи дахлдори гумрукӣ (Замимаи № 1) сурат мегирад. Аз тарафи мақомоти гумрукӣ ба расмият даровардани гувоҳнома дар давоми 5 рӯз аз лаҳзаи убури сарҳад, ки бо санади муоинавии мақоми гумрук тасдиқ мегардад, анҷом дода мешавад.

13. Ҳангоми анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ кормандони гумрук:

а) шахсияти соҳиби воситаи нақлиёт ё намояндаи ӯро дар асоси шиносномаи шахсӣ ё санади ивазкунандаи он муқаррар мекунанд.

Ҳангоми муроҷиат кардани намояндаи соҳиб ваколатҳои ӯ дар бобати ҳимояи манфиатҳои соҳиби воситаи нақлиёт дар асоси асноде, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун дода шудаанд, санҷида мешаванд.

Ваколатҳои намояндаи шахси ҳуқуқӣ тавассути ваколатномаи дорои имзо ва мӯҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешаванд.

б) бо мақсади назорат аз болои аслияти рақамҳои агрегатҳо (ошкор намудани азнавкунӣ ё бо ягон тарзи дигар тағйир додани рақамҳои дар завод задашудаи агрегатҳо) ва мутобиқати онҳоро бо маълумоти дар асноди воситаҳои нақлиёт қайдшуда анҷом медиҳанд;

в) аслӣ ва қонунӣ будани асноди пешниҳодшудаи воситаи нақлиётро тафтиш мекунанд;

г) барои воситаи нақлиёт гувоҳномаи гумрукӣ медиҳанд.

Дар шаҳодатномаи гумруки дар ҷадвали "Қайдҳои гумрук" ба маълумоти БДА, вобаста ба шартҳои иҷозат додани воситаҳои нақлиет бояд яке аз қайдҳои зерин гузошта шавад (карор аз 9.11.2000 № 466):

"Боҷи гумруки пардохта шудааст, барои дигар шудани молик иҷозати гумрук тақозо намешавад."

"Муваққатан бо мақсади ________________________________ 

                           (мақсади ворид намудан)

ба мӯҳлати то__________________ворид карда шудааст, барои дигар шудани молик иҷозати гумрук тақозо мешавад."

               (рӯз, моҳ, сол)

14. Баҳисобгирии воситаҳои нақлиёте, ки аз тарафи мақомоти гумрук ба қайд гирифта шудаанд, дар китобҳои махсуси баҳисобгирие, ки дар асноди меъёрии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси барасмиятдарории чунин воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, анҷом дода мешавад. Пур кардан ва нигоҳ доштани китобҳо мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи кор бо асноди ҳисоботи қатъӣ пеш бурда мешавад. Варақҳои китоб бояд қаблан рақамгузорӣ, дӯхта ва бо мӯҳри нишондори мақоми гумрук мӯҳргузорӣ шуда, бо имзои сардори гумрук ё шахси ӯро ивазкунанда тасдиқ шуда бошанд (карор аз 26.01.2008 № 47).

15. Бақайдгирӣ бо додани рақамҳои бақайдгирӣ ва асноди техникӣ, баҳисобгирӣ, аз ҳисоб хориҷ намудан ва ворид кардани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии воситаҳои нақлиёт аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад ва аз ҷониби кормандони воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии он пеш бурда мешавад.

16. Нақлиёти автомобилии Вазорати мудофиа, қӯшунҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, автомобилҳои навъи БелАЗ, МоАЗ, автомобилҳои пойгаронӣ ва мотосиклҳои ташкилотҳои варзишӣ, нақлиёти технологие, ки дар ҳудудҳои пӯшида истифода бурда мешавад, трамвайҳо ва троллейбусҳо, воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост ҳамчунин воситаҳои нақлиёте, ки аз қисмҳои эҳтиётӣ сохта шудаанд, воситаҳои нақлиёте, ки сохтмони онҳо ба талабот, меъёрҳо ва стандартҳо дар бобати бехатарии ҳаракат дар роҳ ё асноди пешниҳодшуда мутобиқ нест ё ба сохтмони онҳо бо вайрон кардани тартиби амалкунанда тағйирот ворид карда шудаанд, ҳамчунин воситаҳои нақлиёти махсусе, ки ба талаботи муқарраршуда мутобиқ нестанд, аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта намешаванд (карор аз 30.12.2007 № 662).

Хадамоти дахлдори вазорату идораҳо, ки бақайдгирӣ ё баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти зикршударо анҷом медиҳанд, вазифадоранд, ки дар мӯҳлати панҷ рӯз ба Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё БДА-и вилоятҳо доир ба чунин воситаҳои нақлиёт ва манбаъҳои харидории онҳо аз рӯи намунаи муқарраршуда (Замимаи № 2) маълумот пешниҳод намоянд.

17. Воҳидҳои бақайдгирӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ амалиёти зеринро анҷом медиҳанд:

а) воситаҳои нақлиётро ба истиснои воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост ба қайд мегиранд (карор аз 30.12.2007 № 662);

б) маълумоти бақайдгириро тағйир медиҳанд;

в) воситаҳои нақлиётро аз ҳисоб хориҷ мекунанд;

г) аломатҳои бақайдгирии "Транзит"-ро медиҳанд;

д) бақайдгирии муваққатии маҳалли будубоши воситаҳои нақлиётеро, ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, анҷом медиҳанд;

е) ба ивази асноди бақайдгирие, ки гум шудаанд, фарсуда шудаанд, ба стандартҳои амалкунанда мутобиқат надоранд ё мӯҳлати амали онҳо гузоштааст, асноди бақайдгирии нав медиҳанд.

ж) ба ивази аломатҳои рақамии бақайдгирие, ки гум шудаанд, фарсуда шудаанд, бо стандартҳои амалкунанда мутобиқат надоранд ё мӯҳлати амали онҳо гузаштааст, аломатҳои рақамии бақайдгирии нав медиҳанд;

з) дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Тартибҳо актҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиётро медиҳанд;

и) ба агрегатҳои рақамдори воситаҳои нақлиёт, ки дар воҳидҳои бақайдгирӣ ба қайд гирифта шудаанд, санадҳо медиҳанд;

к) дар бораи амалиёти бақайдгирии воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор)-и бақайдгирифташуда ва соҳибони онҳо тасдиқномаҳо (нусха аз китобҳои баҳисобгирӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ё варақаҳои баҳисобгирӣ) медиҳанд.

18. Кормандони воҳидҳои бақайдгирӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ;

а) шахсияти соҳиби воситаи нақлиёт ё намояндаи ӯро мутабиқи банди 13 муқаррар мекунанд;

б) ҳангоми анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ воситаи нақлиёт аз муоина гузаронида мешавад, ки дар ҷараёни он:

- назорат аз болои бехатарии сохтмони воситаи нақлиёт мутобиқи Дастуруламал оид ба назорати техникӣ ва дигар асноде, ки талаботро нисбат ба бехатарии сохтмони воситаҳои нақлиёт муқаррар менамоянд;

- назорат аз болои аслияти рақамҳои агрегатҳо ва аломатҳои бақайдгирӣ (ошкор намудани азнавкунӣ ё бо ягон тарзи дигар тағйир додани рақамҳои агрегатҳо, ҳамчунин рақамҳои бақайдгирӣ) ва мутобиқати онҳоро бо маълумоти дар асноди воситаи нақлиёти зикршуда анҷом дода мешавад.

Натиҷаҳои муоинаи воситаи нақлиёт дар аризаи соҳиби он (дар қисми "Қайдҳои хизматии БДА") қайд карда мешаванд ё тавассути акти муоинаи инфиродии воситаи нақлиёт бо хулоса дар бораи ҳолати техникии автомашина ба расмият дароварда мешаванд.

19. Дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳое, ки монеи ба воҳиди бақайдгирӣ пешниҳод кардани воситаҳои нақлиёт мебошанд, пешниҳоди акти муоинаи онҳо, ки аз тарафи воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли қарор доштани воситаҳои нақлиёт тартиб дода шудааст ва бо имзои сардорон (бозрасҳои калон)-и давлатии автомобилии мақомоти корҳои дохилӣ ва мӯҳри мудаввари мақоми мазкур тасдиқ карда шудааст, иҷозат дода мешавад. Мӯҳлати амали акт 30 шабонарӯз аст.

20. Ҳангоми анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор) аз рӯи ҳисобҳои нақлиёти рабудашуда ва дуздидашуда, асноди пешниҳодшуда бошанд, аз рӯи тасдиқномаҳисобномаҳо ва асноди бақайдгирие, ки дар ҳоли кофтуков қарор доранд, тафтиш карда мешаванд.

Натиҷаҳои тафтиши гузаронидашуда дар аризаи соҳиби воситаи нақлиёт бо зикри номи хонаводагии шахси мансабдоре, ки тафтишро анҷом додааст, сана ва вақт қайд карда мешаванд ва бо имзои ӯ тасдиқ карда мешаванд.

21. Дар сурати ошкор гардидани аломатҳои сохтакории асноди пешниҳодшуда, аломатҳои рақамии давлатӣ, тағйир додани тамғаи дар завод задашудаи воситаҳои нақлиёт, мутобиқат надоштани рақамҳои агрегатҳо бо асноди пешниҳодгардида ё маълумоти бақайдгирӣ, ҳамчунин мавҷуд будани маълумот дар бораи дар кофтуков қарор доштани воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор) чунин аснод ва воситаҳои нақлиёт боздошта мешаванд ва тафтиши дахлдор гузаронида мешавад. Баъди ба охир расидани тафтиш бо амри хаттии сардори мақомоти корҳои дохилӣ ё хадамоти оперативию тафтишотие, ки тафтишро анҷом додааст, маҳдудиятҳое, ки барои гузаронидани амалҳои бақайдгирӣ муқаррар карда шудаанд, бекор карда мешаванд ё гузаронидани амалҳои мазкур то ҳалли масъала бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба таъхир андохта мешавад.

22. Амалҳои бақайдгирие, ки дар банди 17 пешбинӣ шудаанд, мувофиқи асосҳои зерин анҷом дода мешаванд: _

а) аризаи хаттии соҳиби воситаи нақлиёт (Замимаҳои № 3 ва № 4), ки дар он маълумоти асосӣ дар бораи воситаи нақлиёт (навъ, тамға, модель, ранг, рақами муҳаррик, шасси ё қисмҳои эҳтиётӣ, кузов, бадана, соли истеҳсол), суроғаи шахси ҳуқуқӣ, тобеияти идории он (агар мавҷуд бошад) ва маҳалли тавақкуф ё насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд, ҷои истиқомат, кор ва вазифаи соҳиби инфиродӣ зикр карда мешаванд.

Соҳибони воситаҳои нақлиёт ё намояндагони онҳо вазифадоранд аснодеро, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунанд, пешниҳод намоянд.

Аризаи соҳиби воситаи нақлиёт - шахси ҳуқуқӣ ҳатман бояд бо мӯҳри он тасдиқ карда шавад.

Ҳангоми ба номи соҳибони инфиродӣ қайд кардани воситаҳои нақлиёте, ки аз ташкилотҳои савдо харида шудаанд ё аз хориҷи ҷумҳурӣ оварда шудаанд, пешниҳоди ариза шарт нест. Ҳамаи маълумоти зарурӣ дар ин ҳолат ба тарафи чаппаи тасдиқнома - ҳисобнома ё шаҳодатномаи гумрукӣ дарҷ карда мешаванд.

б) нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии субъекти хоҷагидорӣ ё дигар санаде, ки бақайдгирии корхона, ташкилот ва ғайраро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ тасдиқ мекунад (барои шахси ҳуқуқӣ ҳангоми бақайдгирии воситаи нақлиёти якум);

в) хатҳои расид ё дигар супоришномаҳои пардохт, ки пардохта шудани боҷҳои муқарраршударо барои бақайдгирӣ дохил кардани тағйирот ба маълумоти бақайдгир, додани аломатҳои рақамӣ ва асноди бақайдгирӣ ва ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиёт - ҳамчунин пардохти андози дахлдорро тасдиқ мекунанд;

г) ваколатномаи аз тарафи нотариус тасдиқшуда барои бақайдгирӣ, гирифтани аломатҳои рақамӣ ва асноди бақайдгирӣ барои соҳибони инфиродӣ дар сурати ба қайд гузошта шудани воситаҳои нақлиёти онҳо аз тарафи шахси боэътимод;

д) асноди-бақайдгирӣ ё паспорти воситаи нақлиёт;

е) асноде, ки қонунӣ будани харидорӣ ё гирифтани воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор)-ро тасдиқ мекунанд;

ж) асноди дигар мутобиқи талаботи қонунгузории ҷорӣ.

23. Асноде, ки қонунӣ будани харидорӣ, гирифтани воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор)-ро тасдиқ мекунанд, инҳо мебошанд:

а) барои воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор)-е, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, - гувоҳномаи гумрукие, ки аз тарафи мақоми гумрук мутобиқи банди 13 дода шудааст.

Дар асноди техникии воситаи нақлиёт дар қисми "Қайдҳои махсус" ва китоб (варақа)-и баҳисобгирии воситаи нақлиёт бояд қайдҳои мақоми гумрук мутобиқи банди 13 дарҷ карда шаванд;

б) барои воситаҳри нақлиёти ашхоси воқеӣ, ки қаблан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд:

- тасдиқнома - ҳисобномаи ташкилотҳои савдо, ки,барои фурӯши воситаҳои нақлиёт ҳақ дошта, бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд ва мутобиқи Дастуруламал "Дар бораи тартиби харидорӣ, қабул, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва сарфи варакақои тасдиқнома - ҳисобномаҳо барои харидории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, қисмҳо ва агрегатҳои онҳо" (Замимаи № 5) ба расмият дароварда шудаанд.

Ташкилотҳои савдо ҳангоми басоҳибони воситаҳои нақлиёт додани тасдиқнома - ҳисобномаҳо вазифадоранд, ки ба онҳо ҳамчунин санади тасдиқкунандаи манбаи воридшавии воситаи нақлиёти мушаххас ба фурӯшро диҳанд:

- тасдиқномаи мақоми таъминоти иҷтимоӣ, ки автомобили идораи дастӣ ё мотоаробаро бо шароити имтиёзнок ё бепул ҷудо кардааст, бо замимаи асноде, ки манбаи воридшавии- воситаи нақлиётро тасдиқ мекунанд;

- шартномаи тӯҳфа кардан, хариду фурӯш, ивазкунӣ ё шаҳодатиомаи ҳуқуқи моликият ва меросгирии воситаи нақлиёт, ки аз тарафи нотариус тасдиқ карда шудааст.

Ҳангоми фурӯши воситаҳои нақлиёт, ки ба қисмҳои ҳарбӣ тааллуқ доранд:

- акти ҳолати техникии автомашинаҳо (ядакҳо), ки аз тарафи қумондони қисми ҳарбӣ тасдиқ карда шудааст (Замимаи № 6);

- акти умумии арзьёбӣ ва таҳвили техникаи нақлиёти автомобилӣ ба хоҷагиҳо (Замимаи № 7);

- акти қабулу супоридани воситаҳои асосӣ (намунаи ВА-1) (Замимаи № 8);

- хати расид ё дигар санади пардохт, ки пардохта шудани арзиши воситаи нақлиётро тасдиқ мекунад;

- фармон ё амри Вазорати мудофиа, корҳои дохилӣ, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- акти қабулу супоридан, сертификати заводи истеҳсолкунанда ё заводе, ки таҷҳизоти махсусро насб кардааст ё асноди ҳамлу нақли воситаи нақлиёт (агрегати рақамдор) ё борномаи нақлиётии роҳи оҳан бо зикри рақамҳои муҳаррик, шасси, кузов (бадана)-и воситаи нақлиёт (агрегат).

в) барои воситаҳои нақлиёти ашхоси ҳуқуқӣ:

- акти қабулу супоридан (намунаи ВА-1) миёни соҳибони пешина ва нав, ки бо мӯҳрҳои ашхоси ҳуқуқӣ тасдиқ шудааст, ҳамчунин асноди дар зербанди "б" ҳамин банд зикршуда;

- фармон, амри ташкилоти болоӣ дар бораи ҷудо кардан ё таҳвил додани воситаи нақлиёт ба воҳиди сохтории худ ё ба дигар шахси ҳуқуқӣ ё воқей (барои ташкилотҳои буҷетӣ), қарори аҳли корхона.

Ба асноде, ки қонунӣ будани харидорӣ, гирифтани воситаи нақлиёт ва агрегатҳои рақамдорро тасдиқ мекунанд, ғайр аз ин дигар асноде, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда тартиб дода шудаанд, мансуб буда метавонанд

24. Кормандони воҳидҳои бақайдгирӣ аз болои пардохта шудани андоз ва боҷхои муқарраршуда аз тарафи соҳибони воситаҳои нақлиёт назорат мекунанд.

25. Пардохти андоз ва боҷҳо бо хати расид (супоришномаи пардохт) ва қисми хати расиди ордери даромад тасдиқ карда мешавад.

26. Тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ, аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт, додани нусхаи дуюми асноди бақайдгирӣ ба ивази асноди гумшуда ё фарсудашуда ва дигар амалҳои бақайдгирӣ (ба ғайр аз додани аломатҳои рақамии "Транзит", бақайдгирии муваққатӣ ва додани акти муоинаи воситаи нақлиёт) дар маҳалли бақайдгирии воситаҳои наклиёт анҷом дода мешавад.

27. Кормандони воҳидҳои бақайдгирӣ ва мақомоти гумрук вазифадоранд, ки ба соҳибони воситаҳои нақлиёт дар амалӣ намудани ҳуқуқи онҳо ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо мусоидат намоянд, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро фаҳмонанд, масъалаҳои анҷом додани амалҳои бақайдгириро шарҳ диҳанд.

28. Ба кормандони мақомоти гумрук ва воҳидҳои бақайдгирӣ фош кардани маълумоте, ки ба онҳо вобаста ба анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ маълум шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, манъ аст.

29. Кормандони мақомоти гумрук ва воҳидҳои бақайдгирӣ аз болои риоя гардидани мӯҳлатҳои барои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт муқаррарнамудаи қонун аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт назорат мекунанд.

30. Амалҳои бақайдгирие, ки бо вайрон кардани қонунгузорӣ ва ҳамин Тартибҳо анҷом дода шудаанд, беэътибор дониста мешаванд.

31. Ашхосе, ки талаботи ҳамин Тартибҳоро вайрон кардаанд, мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

II. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёт

32. Ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиёт кормандони нуқтаи бақайдгирӣ:

а) аризаи соҳибони воситаҳои нақлиётро ба баррасӣ қабул мекунанд, маълумот ва асноди барои бақайдгирии воситаи нақлиёт заруриро дархост менамоянд;

б) шахсияти соҳибони воситаҳои нақлиётро мутобиқи зербанди "б" банди 13 ҳамин Тартибҳо муқаррар мекунанд;

в) аснодеро, ки қонунӣ будани харидории воситаи нақлиёт (агрегати рақамдор)-ро мутобиқи банди 23 тафтиш менамоянд;

г) воситаи нақлиётро мутобиқи зербанди "б" банди 18 муоина мекунанд;

д) мавҷуд будани хатхои расид ва дигар аснодеро, ки пардохта шудани андоз ва боҷҳоро мутобиқи банди 24 тасдиқ мекунанд, тафтиш менамоянд;

е) воситаҳои нақлиёт (агрегатҳои рақамдор)-ро аз рӯи маълумоти нақлиёти рабудашуда ва дуздидашуда мутобиқи банди 20 тафтиш мекунанд.

33. Воситаҳои нақлиёт ба номи ашхоси воқеӣ мувофиқи ҷои истиқомати доимӣ ё муваққатии онҳо (ҳангоми набудани қайди доимӣ) барои мӯҳлати истиқомати муваққатӣ, ки дар шиносномаи соҳиби воситаи нақлиёт ё дигар санади онро ивазкунанда нишон дода шудааст ва ба номи ашхоси ҳуқуқӣ - мувофиқи суроғаи ҳуқуқии онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

34. Воситаҳои нақлиёте, ки ба ашхоси воқеӣ тааллуқ доранд, метавонанд мувофиқи маҳалли истиқомати хешовандони наздики ин ашхос (ҳамсарон, фарзандон, волидайн, бародарон ва хоҳарони худӣ) бо ризоияти хаттии онҳо ё дар ҷои брон кардани хонаи истиқоматӣ дар сурати мавҷуд будани сабабҳое, ки монеи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар ҷои қайди соҳибони онҳо мебошанд, (сафари дарозмуддати хизматӣ, хизмати ҳарбӣ ва ғайра) ба қайд гирифта шаванд.

Дар ҳолатҳои мустасно қарор дар бораи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар маҳалли зисти дигар ашхос аз тарафи сардори Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, сардорони БДА-и Раёсати корҳои дохилии вилоятҳо қабул карда мешавад. Ҳамин қоида ҳамчунин ба ашхосе, ки шаҳрвандии дугона доранд, татбиқ мегардад.

35. Воситаҳои нақлиёт ба номи хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи маҳалли истиқомати онҳо, ки аз тарафи фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ муайян карда шудааст ва бо асноди дахлдор тасдиқ мегардад, ба қайд гирифта мешаванд.

36. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо, созмонҳои байналхалқӣ, бонкҳо ва фирмаҳои хориҷӣ, мақомоти матбуот, радио ва телевизиони хориҷӣ, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ашхоси бетабаият бо ӯҳдадорӣ дар бораи баргашта бурдани онҳо барои мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ оварда шудаанд, мувофиқи суроғаи ҳуқуқии онҳо, ки дар асноди аз тарафи мақомоти давлатии бақайдгирандаи ин намояндагиҳо ва фирмаҳо додашуда зикр гардидааст ва барои шаҳрвандон - мувофиқи суроғае, ки дар асноди аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ додашуда зикр гардидааст, анҷом дода мешавад.

37. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёте, ки аз тарафи ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба воситаи музоядаҳо ва биржаҳои тиҷоратӣ харида шудаанд, дар асоси тасдиқномаҳои музояда ё биржа дар бораи ба соҳибони мушаххас фурӯхта шудани онҳо, ки бо мӯҳр ва имзои ашхоси масъул тасдиқ карда шудаанд, анҷом дода мешавад.

38. Воситаҳои нақлиёти мустақилона тарроҳӣ ва сохташуда дар сурати пешниҳоди асноде, ки қонунӣ будани харидории агрегатҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, ҷузъҳо ва маводро тасдиқ мекунанд, дар асоси хулосаҳои комиссияи техникӣ дар бораи мутобиқати сохтмони воситаҳои нақлиёт ба талаботи бехатарии ҳаракат ва иҷозатдиҳии онҳо ба истифода дар роҳҳои истифодаи умум, ба қайд гирифта мешаванд. Мӯҳлати бақайдгирии ҳатмӣ аз рӯзе, ки соҳиби воситаи нақлиёт хулосаи комиссияро мегирад, ҳисоб карда мешавад.

39. Воситаҳои нақлиёти махсус ба номи соҳибони онҳо мутобиқи номгӯи пешбининамудаи Дастуруламал дар бораи назорати техникии Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта мешаванд. Воситаҳои нақлиёти махсуси хадамоти оперативӣ - муҳофизат аз сӯхтор, милиция, ёрии таъҷилии тиббӣ, хадамоти садамавии газ, хадамоти садамавии шабакаҳои барқӣ танҳо ба номи ашхоси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта мешаванд.

40. Ҳангоми бақайдгирии намунаҳои таҷрибавии воситаҳои нақлиёт, ки аз озмоиш гузаронида мешаванд, асноди бақайдгирӣ ва аломатҳои рақамӣ барои мӯҳлати то як сол дода мешаванд, ки дар онҳо қайди "Озмоиш" гузошта мешавад. Хулосаи экспертии корхонаи истеҳсолкунанда дар бораи мутобиқати воситаҳои нақлиёт ба талаботи бехатарии бо санадҳои техникӣ ва иҷозатдиҳӣ ба озмоишҳо пешбинигардида барои бақайдгирӣ асос мебошад.

41. Агар аз тарафи мағозаи комиссионӣ воситаҳои нақлиёти аз мақомоти молиявӣ ё давлатӣ қабулшуда бе шаҳодатномаи бақайдгирӣ (паспорти техникӣ ва талон) фурӯхта шуда бошанд, он гоҳ бақайдгирии онҳо дар асоси тасдиқнома - ҳисобномае, ки дар тарафи чаппаи он аз ҷониби мағоза бояд қайди "Бе шаҳодатномаи бақайдгирӣ (паспорти техникӣ) қабул ва фурӯхта шуд" гузошта шуда бошад, ки қайди мазкур бо мӯҳр ва имзои директор тасдиқ шудааст, ҳамчунин нусхаи санаде, ки дар асоси он воситаҳои нақлиёт ба комиссия қабул карда шудаанд (қарори мақомоти суд, акт, тасдиқнома, ваколатнома ва ғайра) анҷом дода мешавад.

42. Барои воситаҳои нақлиёти нав ва аз ҷиҳати техникӣ фаъоли ба қайд гирифташуда дар бораи аз муоинаи давлатии техникӣ гузаштани онҳо талон дода мешавад.

43. Барои воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳаракати байналхалқӣ ширкат мекунанд, ба ивази рақамҳои бақайдгирие, ки баталаботи Конвенцияи ҳаракат дар роҳ мутобиқат надоранд, рақамҳои бақайдгирие, ки дорои рақамҳои арабӣ ва ҳарфҳои алифбои лотинӣ мебошанд ва рақамҳои бақайдгирие, ки матни онҳо бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ такрор карда шудаанд, дода мешаванд (Замимаи № 9). Аризаи намунаи муқарраршуда (Замимаҳои № 10 ва № 11), шиносномаҳои хориҷӣ, ҳамчунин асноди бақайдгирӣ барои додани шаҳодатнома асос мебошанд. Аснод ва рақамҳои бақайдгирие, ки барои нигоҳдорӣ қабул карда шудаанд, ба соҳибони воситаҳои нақлиёт ё ашхоси боэътимод ҳангоми пешниҳоди шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар мӯҳлати як ҳафта баъди баргаштани онҳо аз хориҷа баргардонида мешаванд.

Барои воситаи нақлиёте, ки дар ҳаракати байналхалқӣ ширкат мекунад, ҳамчунин аломати фарқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ҳангоми сафари якдафъаина ба хориҷа шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва аломатҳои рақамӣ барои мӯҳлати дар шиносномаи хориҷӣ зикршуда дода мешаванд, ки дар ин бобат дар шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт қайди дахлдор гузошта мешавад.

44. Воситаҳои нақлиёте, ки ба шаҳрвандони хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ аз рӯи иҷозатномаи иқомат истиқоматкунанда тааллуқ доранд, дар асосҳои умумӣ ба қайд гирифта ва аз ҳисоб хориҷ карда мешаванд.

45. Ба расмият даровардани асноди шаҳрвандоне, ки дар хориҷа исгиқомат мекунанд, метавонад бо пешниҳоди ваколатномаҳои дар хориҷа тасдиқнамудаи нотарит (ва ба забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷумашуда) аз тарафи шахси боэътимод барои воситаҳои нақлиёти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидашуда ва санаде, ки аз тарафи ташкилотҳои савдо дода шудаанд, анҷом дода шавад. Ваколатномаҳо метавонанд дар консулгариҳои маҳалли гирифтани онҳо ё сафоратҳои дахлдор тасдиқ карда шаванд.

46. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёте, ки ба гурезаҳо ё фирориёни иҷборӣ тааллуқ доранд, дар маҳалли истиқомати онҳо анҷом дода мешавад, Барои воситаҳои нақлиёти ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда гувоҳномаи гумрук, ҳамчунин асноде, ки барасмиятдарории мақоми соҳибони онҳоро ҳамчун гуреза ё фирории иҷборӣ тасдиқ мекунанд, пешниҳод карда мешаванд.

47. Воситаҳои нақлиёте, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ оварда шудаанд, дар асоси санадҳои пешбининамудаи ҳамин Тартибҳо ба қайд гирифта мешаванд. Дар сурати ба миён омадани шубҳа дар аслияти асноди пешниҳодшуда ё мутобиқ набудани онҳо ба талаботи Тартибҳо ба воҳиди БДА-и маҳалли баҳисобгирии пешина ё ҷои фурӯши ташкилоти савдо барои тасдиқи қонунӣ будани аз ҳисоби БДА хориҷ намудани воситаи нақлиёт ё фурӯши он, дар ҳисоби кофтуков қарор доштани воситаи нақлиёт дархост фиристода мешавад. Зимнан шаҳодатномаи бақайдгирӣ боздошта мешавад ва ба соҳиби воситаи нақлиёт ба мӯҳлати шаш моҳ талони техникии муваққатӣ дода мешавад. Дар сурати расидани ҷавоби мусбӣ ё бо гузашти мӯҳлат шаҳодатномаи бақайдгирӣ ба соҳибаш баъди тафтиши такрорӣ аз рӯи ҳисоби нақлиёти рабудашуда ва дуздидашуда баргардонида мешавад.

48. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 21, ҳамчунин дар сурати расидани ҷавоби манфӣ ба дархост бақайдгирии анҷомдодашудаи воситаи нақлиёт беэътибор дониста мешавад. Рақамҳои бақайдгирӣ ва талони мувақкатии техникӣ мусодира карда шуда, якҷоя бо шаҳодатномаи бақайдгирӣ ба маводе, ки барои бақайдгирии бо сабти "Бақайдгирӣ беэътибор аст" асос гардидааст, замима карда мешаванд ва дар бобати дохил намудани ислоҳот ба картотекаҳо ва китобҳои баҳисобгирии дахлдори воситаҳои нақлиёт амалҳо аиҷом дода мешаванд.

49. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёти корхонаҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ташкилотҳо, фирмаҳо, бонкҳо ва мақомоти идораи ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ таъсис дода мешаванд, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, ҳамчунин шаҳрвандон дар асоси асноди дар ҳамин Тартибҳо зикршуда ва шаҳодатномаҳои бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

50. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёти намояндагони дипломатӣ, намояндагони муассисаҳои консулӣ, офиси созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, бонкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ, ки дорои шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар вазорату макомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, инчунин кормандони онхо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд, танҳо бо пешниҳоди расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (карор аз 2.11.2007 № 552).

Феҳристи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (карор аз 2.11.2007 № 552).

51. Барои воситаҳои нақлиёти намояндагони дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, офисҳои созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, бонкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ рақамҳои қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силсилаҳои зерин дода мешаванд:

а) "CMD" барои воситаҳои нақлиёти сабукрави сардорони намояндагиҳои дипломатӣ.

Тагранги ракамҳои қайди давлатӣ сурх буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошад. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии дипломатӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

б) "D" - барои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ муассисаҳои консулӣ, сардорони офисҳои созмонҳои байналмилалии (байниҳукуматии) ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони онҳо, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудаанд. Барои судури рақамхои қайди давлатии силсилаи "D" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ҳатман бояд корти дипломатии аккредитатсионии Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ сурх буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии дипломатӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

в) "S" - барои воситаҳои нақлиёти кормандони маъмурӣ-техникӣ ва хизматрасонӣ намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва кормандони созмонҳои байналмилалии (байниҳукуматии) ба онҳо баробаркардашуда, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Барои судури рақамҳои қайди давлатии силсилаи "S" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ва хизматӣ ҳатман бояд корти хидматии аккредитатсионии Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ сурх буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии дипломатӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

г) "UN" - барои воситаҳои нақлиёти Намояндагиҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Миллали Муттаҳид ва кормандони онҳо, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд. Барои судури рақамҳои қайди давлатии силсилаи "UN" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ хатман бояд корти аккредитатсионии Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ осмонранг буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид ва се рақами охир - рақами кайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

д) "Р" - барои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва кормандони онқо, ки дар назди Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд. Барои судури рақамҳои қайди давдатии силсилаи "Р" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ва хидматӣ ҳатман бояд шиноспомаи миллӣ, корти аккредитатсионии Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ зард буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сиёҳ мебошанд, Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

е) "М" - барои воситаҳои нақлиёти бахшҳо ва намояндагиҳои созмонҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии байналмилалӣ, инчунин кормандони онҳо, ки дар асоси талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд, Барои судури рақамҳои қайди давлатии силсилаи "М" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ҳатман бояд шиносномаи миллӣ, ки дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шудааст ва инчунин корти хидматии аккредитатсионии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ сабз буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

ё) "В" - барои воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, бахшҳо ва намояндагиҳои бонкқо ва ширкатҳои хориҷӣ ва кормандони онҳо, ки дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату мақомоти марбута дар асоси қонунҳо ва созишномаҳои амалкунандаи байниҳукуматӣ ба қайд гирифта шудаанд. Барои судури рақамҳои қайди давлатии силсилан "В" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ҳатман бояд шиносномаи миллӣ, ки дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шудааст инчунин, дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ сабз буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамқои идентификатсионии намояндагӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

Силсила ва тагранги рақамҳои қайди давлатӣ барои мототсиклҳо вобаста аз мансубияташон ба гурӯҳҳои номбаршуда муайян карда мешавад. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагӣ ва ду рақами охир - рақами қайди мототсикл маҳсуб мешавад.

Рақамҳои қайди давлатӣ барои дипломатҳо ва кормандони ба онҳо баробаркардашудаи созмонҳои байналмилалӣ ба мӯҳлати корти аккредитатсионӣ дода мешаванд. Қайди силсилаҳои "Р", "М" ва "В" барои намояндагиҳои хориҷӣ ба мӯҳлати то 3 (се) сол ва барои кормандони онҳо ба мӯҳлати корти аккредитатсионӣ дода мешавад.

Ҳамаи рақамҳои қайди давлатии дар банди 51 ин Тартиб номбаршуда моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар ҳолати вайрон намудани ин Тартиб ва қоидаҳои ҳаракати роҳ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Аҳдномаи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 ва дар ҳолати номувофиқии припсипи мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвар ё созмонҳои алоҳидаи байналмилалӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад оид ба бозхонди пешазмӯҳлатии эътибори қайди рақами давлатӣ ва баргардонидани рақами қайди давлатӣ ба истиснои силсилаи "СМD" ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.

Вобаста намудани рамзҳои рақамӣ ва силсилавӣ, ки дар рамзҳои қайдӣ барои ишораи ин категорияи воситаҳои нақлиёт истифода мешаванд, дар асоси санадҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад (карор аз 2.11.2007 № 552).

52. "CD" - барои автомобилҳои сабукрави сардорони намояндагиҳои дипломатӣ;

"D" - барои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо, созмонҳои байналхалқӣ (байнидавлатӣ) ва кормандони онҳо, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Барои гирифтани рақамҳои бақайдгирии силсилаи "D" ба воситаи нақлиёти шахсӣ бояд варақаҳои дипломатӣ ва консулие, ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд (Замимаи № 12), пешниҳод карда шаванд;

"Т" - барои воситаҳои нақлиёти персонали маъмурию техникӣ ва хизматрасони намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо, созмонҳои байналхалқӣ (байнидавлатӣ), ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Барои гирифтани рақамҳои бақайдгирии силсилаи "Т" илова бар ин варақаҳои хизматие, ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, пешниҳод карда мешаванд;

"К" - барои воситаҳои нақлиёти мақомоти хориҷии матбуот, радио, телевизион ва кормандони онҳо, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Шиносномаҳои миллӣ, гувоҳномаҳое, ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, барои гирифтани рақамҳои бақайдгирии силсилаи "К" ба воситаҳои нақлиёти шахсӣ асос мебошанд.

"М" - барои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои бонкҳо, фирмаҳои хориҷӣ ва кормандони онҳо, ки бо тартиби муқарраршуда дар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Барои гирифтани рақамҳои бақайдгирии силсилаи "М" ба воситаҳои нақлиёти шахсӣ бояд шиносномаҳои миллие, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шудаанд ва варақаҳои хизматии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Замимаи № 13) пешниҳод карда шаванд.

Додани кодҳои рақамӣ ва силсилаҳое, ки дар рақамҳои бақайдгирӣ барои ифодаи ҳамон категорияи воситаҳои нақлиёт истифода мегарданд, тавассути асноди меъёрию ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

52. Барои воситаҳои нақлиёти ба қайд гирифташуда асноди зерин дода мешаванд:

- барои воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон - шаҳодатномаҳои миллии бақайдгирӣ (паспортҳои техникӣ, шаҳодатномаҳои бақайдгирӣ);

- барои ядакҳо - талонҳои техникӣ;

- барои воситаҳои нақлиёти ашхоси ҳуқуқӣ - паспортхои техникӣ ва талонҳо.

53. Рақамҳои бақайдгирии навъҳои дахлдор бо стандарти СТ-1020-95 Ҷумҳурии Тоҷикистон "Рақамҳои давлатии бақайдгирии воситаҳои нақлиёт. Навъҳо ва андозаҳои асосӣ. Талаботи техникӣ пешбинӣ шудаанд. Барои автомобилҳо ва автобусҳо ду рақам ва барои мотоциклҳо ва ядакҳо яктогӣ аломати рақамӣ дода мешавад.

54. Дар сурати мавҷуд ыабудани асноди барои бақайдгирии воситаҳои нақлиёти зарурӣ, ки ҳамин Тартибҳо пешбинӣ намудаанд, нақлиёт ба қайд гирифта намешавад. Қайд дар бораи радди бақайдгирии воситаи нақлиёт дар ҷадвали "Қайдҳои хизматии БДА"-и аризаи соҳиби воситаи нақлиёт бо зикри сабабҳои радкунӣ гузошта мешавад ва он бо имзои шахси мансабдор ва мӯҳри воҳиди бақайдгирӣ тасдиқ карда мешавад. Дар ин ҳолат ариза ба соҳиби воситаи нақлиёт баргардонида мешавад (карор аз 9.11.2000 № 466).

Ҳамин тартиб инчунин ҳангоми барасмиятдарории радди дигар амалҳои бақайдгирӣ ва ҳангоми додани тасдиқномаҳо истифода карда мешавад.

III. Тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ

55. Маълумоти бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар ҳолатҳои зерин тағйир дода мешаванд:

- тағйир ёфтани мансубият (соҳиб);

- тағйир ёфтани ҷои истгоҳ ё маҳалли истиқомати соҳиби воситаи нақлиёт;

- тағйир ёфтани навъ ё модели воситаи нақлиёт дар натиҷаи азнавтаҷҳизонӣ ё ивазкунии агрегатҳо, тағйир додани ранг, насби таҷҳизоти газӣ, насби муҳаррикҳое, ки бо дигар навъҳои сӯзишворӣ кор мекунанд;

- тағйир ёфтани насаб, ном, номи падари соҳиби воситаи нақлиёт ё номи шахси ҳуқуқӣ.

56. Тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ бо тартиби пешбининамудаи банди 32 ҳамин Тартибҳо анҷом дода мешавад.

57. Дар ҳолатҳои тағйир ёфтани мансубият (соҳиб)-и воситаи нақлиёт, ҷои истгоҳи воситаи нақлиёт ё суроғаи маҳалли истиқомати соҳиб ворид намудани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар асоси асноди дар банди 22 ҳамин Тартибҳо зикршуда ва ҳангоми тағир ёфтани насаб, ном, номи падар дар асоси шаҳодатномаи никоҳ ё дигар асноде, ки аз тарафи мақомоти Актҳои ҳолати гражданӣ басоҳиби воситаи нақлиёт бо сабаби тағироти зикршуда дода шудаанд, сурат мегирад.

58. Дар ҳолати азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт ворид намудани тағйирот бо тартиби зерин анҷом дода мешавад:

а) барои ашхоси ҳуқуқӣ (соҳибони воситаҳои нақлиёт) дар асоси:

- фармон (амр)-и корхона, ташкилот;

- акти муоинаи техникии воситаи нақлиёт, ки баъди азнавтаҷҳизонӣ тартиб дода шудааст;

- санаде, ки азнавтаҷҳизониро тасдиқ мекунад ё шаҳодатнома дар бораи мувофиқа намудани сохтмон (барои воситаҳои нақлиёти таъиноти махсус).

б) барои ашхоси воқеӣ дар асоси асноде, ки дар зербанди "б" банди 23 ҳамин Тартибҳо зикр шуда, пешакӣ бо воҳиди бақайдгирии БДА мувофиқа шудаанд.

59. Азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт дар станцияҳои хизматрасонии техникӣ, заводҳои таъмири автомобилҳо, корхонаҳои нақлиётие, ки базаи дахлдори таъмир доранд, дар кооперативҳое, ки бо таъмири нақлиёт машғуланд ё мустақилона анҷом дода мешавад. Азнавтаҷҳизонии автомобилҳои сабукрав бо приводҳои пеш ё баръакс, ҳамчунин автомобилҳои сабукрави истеҳсоли кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, ки аз рӯи сохтмон бо ҳамин гуна автомобилҳои тамғаи хориҷӣ мутобиқанд, танҳо дар станцияҳои хизмати техникӣ бо мувофиқаи комиссияи техникии назди Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

60. Агрегатҳои рақамдори воситаҳои нақлиёти ашхоси воқеӣ, ки дар натиҷаи азнавтаҷҳизонӣ ё таъмир озод шудаанд, дар ихтиёри соҳибони онҳо бо ҳуқуқи ихтиёрдории соҳибони воситаҳои нақлиёт бо савобдиди худи онҳо боқӣ мемонанд.

61. Ҳангоми тағйир додани маълумоти бақайдгирии воситаи нақлиёти аз нав таҷҳизонидашуда ба молики инфиродӣ шаҳодатномаи нави бақайдгирӣ бо зикри модели нав, рақамҳои кузов, шасси ва муҳаррик дар он дода мешавад.

Дар ҷадвали шаҳодатномаи бақайдгирӣ "Шаҳодатномаи автомобиль дар асоси , дода шудааст" зикр мегардад, ки он бо сабаби азнавтаҷҳизонӣ аз як модел (модели пешина зикр мегардад) дода шудааст, ҳамчунин рақами шаҳодатномаи пешинаи бақайдгирӣ ва соли азнавтаҷҳизонӣ дарҷ мегардад. Дар айни замон дар ҷадвали "Истеҳсоли соли 19 " калимаи ихтисоршудаи "аз нав таҷҳизонида шудааст" (а/т) сабт карда мешавад.

62. Дар сурати иваз кардани кузов (бе тағйир додани модел ва модификацияи воситаи нақлиёт), муҳаррик ва бадана маълумоти баҳисобгирии онҳо дар қисми "Қайдҳои махсус"-и шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар асоси асноде, ки қонунӣ будани харидории онҳоро тасдиқ мекунанд, бо зикри ивази анҷомдодашуда дохил карда мешаванд.

63. Иваз кардани идораи маъмулӣ бо идоракунии дастӣ дар автомобилҳои сабукрав бо иҷозати воҳидҳои бақайдгирӣ дар сурати мавҷуд набуданн монеаҳои тандурустии соҳибон ба идоракунии чунин автомобилҳо анҷом дода мешавад.

Тағйир додани маълумоти бақайдгирии чунин автомобилҳо дар асоси тасдиқномаҳои аз тарафи стансияи хизматрасонии техникӣ додашуда, ки корҳои азнавтаҷҳизниро иҷро кардааст ё хулосае, ки аз тарафи Раёсати БДА ё БДА-и раёсатҳои корҳои дохилии вилоятҳо дода шудааст, сурат мегирад.

Иваз кардани ҷойгиршавии маҷмӯи идоракунии воситаҳои нақлиёт аз рост ба чап дар асоси хулосаи комиссияи техникии назди Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (карор аз 30.12.2007 № 662).

64. Шароит, тартиб ва навъҳои ҷоизи азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёти ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ тавассути Дастурамал оид ба назорати техникии Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

65. Ҳангоми ворид намудани тағйирот ба маълумоти баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти ашхоси ҳуқукӣ ба санади бақайдгирӣ, китобҳои баҳисобгирӣ ва варақаи баҳисобгирии нақлиёти автомобилӣ қайдҳои зарурӣ дохил карда мешаванд ва ба соҳиби воситаи нақлиёт талони нави техникӣ дода мешавад.

66. Ворид намудани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии воситаҳои нақлиёте, ки байни рақамҳои қисмҳову агрегатҳои онҳо ва асноди бақайдгирӣ фарқ мавҷуд аст, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.

67. Ворид намудани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии мотоциклҳои беароба, мотороллерҳо, мотонартҳо, ҳамчунин ядакҳои автомобилҳои сабукраве, ки ба ашхоси воқеӣ тааллуқ доранд, дар асоси аризаҳои соҳибони пешина ва нави онҳо анҷом дода мешавад. Агар воситаи нақлиёт аз ҳудуди минтақаи хизматрасонии воҳиди бақайдгирии БДА хориҷ шавад, дар ин ҳолат ҳангоми аз ҳисоб хориҷ кардан дар санади бақайдгирӣ ҷои рафтани воситаи нақлиёт, насаб, ном ва номи падари соҳиби нави он зикр карда мешавад.

68. Воситаҳои нақлиёте, ки ҳамчун тӯҳфа қабул шудаанд ё ба мерос гузаштаанд, агар дар шартномаи тӯҳфа ё шаҳодатномаи меросбарӣ якчанд ашхос зикр шуда бошанд, бо ризоияти хаттии ҳамаи моликон ба номи яке аз онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

69. Ворид намудани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии автомобилҳо ва мотоциклҳои аробадор аз як ҳамсар ба дигараш дар асоси аризаи хаттии муштараки онҳо ва нусхаи шаҳодатномаи никоҳ иҷозат дода мешавад.

70. Ҳангоми тағйир додани маълумоти бақайдгирие, ки бо таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт бо олоти бонги нурӣ ва овозӣ вобастаанд, дар қисми "Қайдҳои махсус"-и асноди бақайдгирӣ қайдҳои дахлдор гузошта мешаванд ва бо имзои иловагии шахси мансабдоре, ки барои таҷҳизонидан иҷозатномаи дахлдорро додааст, тасдиқ карда мешаванд.

71. Тағйир додани маълумоти бақайдгирие, ки бо қатъи ҳуқуқи таҷҳизонидани воситаи нақлиёт бо олоти бонги нурӣ ва ва истифодаи нақшаи рангомез ё мувофиқи аризаҳои соҳибон вобаста мебошад, баъди канда гирифтани олоти зикршуда ва рафъи нақшаи рангомез анҷом дода мешавад.

IV. Аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт

72. Ҳангоми аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт амалҳои пешбининамудаи банди 32 ҳамин Тартибҳо анҷом дода мешаванд.

73. Соҳибон вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиётро дар ҳолатҳои зерин аз ҳисоб хориҷ намоянд:

- тағйир ёфтани ҷои истиқомати шахси воқеӣ ё суроғаи ҳуқуқии корхона, муассиса ва ташкилоте, ки воситаҳои нақлиёт ба номи онҳо ба қайд гирифта шудаанд, дар сурате ки ҷои нави истиқомат (суроғаи ҳуқуқӣ) берун аз худуди минтақаи хизматрасонии воҳиди бақайдгирие, ки воситаи нақлиётро ба қайд гирифтааст, ҷойгир шуда бошад, ҳамчунин ба вуҷуд омадани асосҳои дигар барои тағйир додани ҷои бақайдгирӣ;

- қатъи ҳуқуқи моликият ба воситаи нақлиёт;

- аз ҳисоб баровардани воситаи нақлиёт.

74. Ҳангоми аз ҳисоб хориҷ намудани воситаҳои нақлиёт рақамҳои бақайдгирӣ ва ҳангоми аз ҳисоб баровардан ҳамчунин асноди бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ба воҳиди бақайдгирӣ супорида мешаванд.

Барои воситаҳои нақлиёти аз ҳисоб хориҷкардашуда (ғайр аз ҳолатҳои аз ҳисоб баровардан) рақамҳои бақайдгирии "Тран-зит" бо зикри мӯҳлати амали онҳо дода мешаванд.

75. Воситаҳои нақлиёт метавонанд дар асоси қарори судҳо, суди ҳакамӣ ё дигар мақоми салоҳиятдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда аз ҳисоб хориҷ карда шаванд.

Бо қарори мақомоти мазкур барои аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт метавонанд маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ карда шаванд.

76. Воситаҳои нақлиёте, ки ба онҳо аз тарафи судҳо ё дигар мақомоти салоҳиятдор дар хусуси тағйир додани ҳуқуқи моликият монеаҳо ё маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шудаанд, метавонанд баъди пешниҳоди асноде, ки аз набудани монеаҳо ё маҳдудиятҳои мазкур шаҳодат медиҳанд ё қарори судҳо (қарори мақомоти гумрук) дар бораи дигар кардани соҳиби воситаҳои нақлиёт ва таҳвили онҳо ба моликияти ашхоси дигар ё ба моликияти давлат мансуб гардонидан, агар дар қонунгузории амалкунанда тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз ҳисоб хориҷ карда шаванд.

77. Аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёти ашхоси воқеие, ки дар қаламрави вилоят, ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд, аз тарафи воҳидҳои бақайдгирии маҳалли қарор доштани воситаи нақлиёт иҷозат дода мешавад. Дар чунин ҳолатҳо аз ҳисоб хориҷ кардан танҳо баъди иҷрои дархостҳо дар хусуси набудани ягон навъ маҳдудият дар мавриди аз ҳисоби маҳалли бақайдгирӣ хориҷ кардани ин воситаҳои нақлиёт, аниқ кардани маълумоти баҳисобгирии онҳо ва маълумот доир ба соҳибони онҳо, ҳамчунин баъди тафтиш аз рӯи ҳисобҳои нақлиёти дар кофтуков қарордошта анҷом дода мешавад. Баъди қабули қарор дар бораи аз ҳисоб хориҷ кардани воситаи нақлиёт маълумот дар ин бобат фавран ба воҳиди бақайдгирии маҳалли бақайдгирии пешина фиристода мешавад.

78. Агар соҳибони воситаи нақлиёт ду шахси воқеӣ бошанд, аз ҳисоб хориҷ кардани он дар асоси ризоияти хаттии ҳарду соҳиб анҷом дода мешавад.

79. Аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёти ашхоси хуқуқи ҳангоми фурӯши онҳо ба ашхоси воқеӣ бе иштироки ташкилотҳои савдо, дар асоси аризаи ашхоси ҳукуқӣ соҳибони, воситаҳои нақлиёт ва асноди пешбининамудаи банди 23 ҳамин Тартибҳо, ки дар ариза номбар мегарданд, анҷом дода мешавад. Зимнан, ба санади бақайдгирӣ қайди зерин дохил карда мешавад: "Автомобиль бо сабаби фурӯхтан ба шаҳрванд... насаб, ном, номи падар, суроғаи маҳалли истиқомат, силсила ва рақами шиноснома аз ҳисоб хориҷ карда шуд".

80. Дар сурати аз ҳудуди минтақаи хизматрасонии воҳиди бақайдгирӣ рафтани воситаи нақлиёт дар санади бақайдгирӣ дар бораи аз ҳисоб хориҷ кардани он бо зикри ҷое, ки воситаи нақлиёт ба он ҷой меравад, қайд гузошта мешавад. Дар чунин ҳолатҳо аломатҳои рақамӣ ва талонҳои техникӣ (барои нақлиёти ашхоси ҳуқуқӣ) супорида мешаванд, зимнан ба соҳиби воситаи нақлиёт аломати рақамии "Транзит" дода мешавад.

Талонҳои техникии мотоциклҳо, мотонартҳо, ядакҳо ва нимядакҳо гирифта намешаванд, дар онҳо доир ба хориҷ кардан аз ҳисоб ва супорида шудани аломати рақамӣ қайд гузошта мешавад,

81. Дар сурати аз ҳисоб хориҷ кардани воситаи нақлиёт ва рафтани он ба дигар маҳалли аҳолинишини минтақаи хизматрасонии ҳамон нуқтаи бақайдгирӣ аломатҳои рақамӣ супорида намешаванд. Зимнан тағйир ёфтани ҷои истгоҳи воситаи нақлиёт ё маҳалли истиқомати соҳиби он дар асноди бақайдгирӣ инъикос карда мешавад ва ба варақаҳои баҳисобгирӣ ва китобҳои ҳисоби бақайдгирии воситаҳои нақлиёт қайдҳои дахлдор дохил карда мешаванд.

82. Агар воситаҳои нақлиёте, ки ба ашхоси ҳуқуқӣ ё воқеӣ тааллуқ доранд, бо сабаби тағйир ёфтани ҳуқуқи моликият аз хисоб бароварда шаванд, дар асноди бақайдгирӣ ба таври илова маълумотн асосӣ дар бораи соҳиби нави онҳо ва номи санаде, ки асоси тағйир ёфтани соҳиби воситаҳои нақлиёт мебошад, қайд карда мешаванд.

83. Аз ҳисоб хориҷ кардани воситаи нақлиёт барои фурӯши бешахси он дар дигар вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кишварҳои ИДМ дар асоси аризаи соҳиби воситаи нақлиёт бо зикри маҳалли фурӯш дар асноди бақайдгирӣ ва додани аломатҳои рақамии "Транзит" анҷом дода мешавад.

V. Додан (иваз кардан)-и аломатҳои рақамии "Транзит"

84. Ҳангоми додани рақамҳои бақайдгирии "Транзит" (агар чунин рақамҳо аз тарафи ташкилотҳои савдо ва мақомоти гумрук дода нашуда бошанд), ҳамчунин ҳангоми иваз кардани онҳо амалҳои пешбининамудаи банди 32 ҳамин Тартибҳо анҷом дода мешаванд.

85. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки барои бақайдгирӣ асос шудаанд ва вақте ки воситаи нақлиёт берун аз қаламрави фаъолияти воҳиди бақайдгирӣ қарор дорад, соҳиби он вазифадор аст, ки дар давоми панҷ шабонарӯз аз воҳиди бақайдгирии маҳалли қарор доштани он барои ба маҳалли бақайдгирӣ бурдани воситаи нақлиёт рақамҳои бақайдгирии "Транзит" гирад. Аломатҳои бақайдгирии "Транзит" барои мӯҳлати аз 5 то 20 шабонарӯз дода мешаванд.

86. Барои воситаҳои нақлиёте, ки ба маҳалли бақайдгирии ташкилотҳои савдо бурда мешаванд, аломатҳои бақайдгирии "Транзит" аз тарафи ин ташкилотҳо дода мешаванд. Фурӯши варақаи рақамҳои бақайдгирии "Транзит" аз тарафи ташкилотҳои савдо бо тартиби муқаррарнамудаи асноди меъёрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Дар бораи дода шудани рақамҳои бақайдгирии "Транзит" дар санаде, ки қонунӣ будани харидории воситаи нақлиётро тасдиқ мекунад ва ҳангоми аз ҳисоб хориҷ намудани он дар санади бақайдгирӣ қайди "Транзит" бо зикри силсила, рақам, санаи дода шудани рақам ва мӯҳлати амали он гузошта шуда, бо имзо ва мӯҳри шахси мансабдор тасдиқ карда мешавад.

87. Дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок қарор дар бораи дароз кардани мӯҳлатҳои дар банди 85 ҳамин Тартибҳо зикршуда (ивази рақами бақайдгирии "Транзит") аз тарафи сардори (бозраси калони давлатии автомобилӣ)-и воҳиди бақайдгири кабул карда мешавад.

88. Рақамҳои бақайдгирии "Транзит", ки дар натиҷаи иваз кардан ё ҳангоми бақайдгирии воситаи нақлиёт озод шудаанд, бозпас гирифта ва нобуд карда мешаванд.

VI. Доданн нусхаҳои дуюми асноди бақайдгирӣ, рақамҳои бақайдгирӣ ба ивази аснод ва рақамҳои гумшуда, бо стандартҳои муқарраршуда номутобиқ ё аснод ва рақамҳое, ки мӯҳлати онҳо гузаштааст

89. Ҳангоми додани нусхаҳои дуюми асноди бақайдгирӣ, рақамҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, ки гум шудаанд, фарсуда шудаанд, ба стандартҳо мутобиқ нестанд ё мӯҳлати амалашон гузаштааст, амалҳои дар банди 32 ҳамин Тартибҳо пешбинишуда анҷом дода мешаванд.

90. Нусхаҳои дуюми асноди бақайдгирии гумшудаи воситаҳои нақлиёте, ки бинобар тағйир ёфтани маҳалли истиқомати соҳиб, қатъи ҳуқуқи моликият ба воситаҳои нақлиёт (ҳангоми бақайдгирии чунин нақлиёт ба номи каси дигар) аз ҳисоб хориҷ карда шудаанд, дар ҷои бақайдгирии воситаи нақлиёт баъди гирифтани тасдиқнома дар бораи маълумоти бақайдгирӣ аз ҷои бақайдгирии пешина дода мешаванд.

91. Ба ивази асноди бақайдгирии гумшуда ё фарсудашуда нусхаҳои дуюми аснод бо қайди "Нусхаи дуюм" дода мешаванд.

92. Ҳангоми додани асноди бақайдгирӣ ва аломатҳои рақамӣ ба ивази аснод ва аломатҳои гумшуда қайди воҳиди БДАи маҳалли истиқомати соҳиби воситаи нақлиёт дар ин бобат, ки санади бакдйдгирӣ ё рақами бақайдгирӣ дар ҳисоби аснод ва рақамҳои барои ягон қонуншиканӣ боздоштшуда, гирифташуда ё ёфташуда қарор надоранд, дархост мегардад.

93. Дар сурати гум шудани асноди бақайдгирӣ ба соҳибони он муваққатан, то ҳалли масъалаи додани нусхаҳои дуюм ё ёфтани асноди гумшуда барои мӯҳлати то се моҳ талонҳои техникӣ дода мешаванд.

94. Барои кофтукови асноди бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии гумшуда ба ҳамаи воҳидҳои БДА-и ҷумҳурӣ хабар дода мешавад. Тартиби ташкили кофтукови асноди бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирӣ тавассути асноди меъёрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

VII. Бақайдгирии муваққатии маҳалли будубоши воситаҳои нақлиёт

95. Бақайдгирии муваққатии маҳалли будубоши воситаҳои нақлиёт маънои аз тарафи мақомоти гумрук ва воҳидҳои бақайдгирӣ ба қайд гирифта шудани воситаҳои нақлиётеро дорад, ки ба каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ӯҳдадори дар хусуси баргардонидани воситаи нақлиёт" оварда мешаванд (карор аз 31.08.2004 № 370).

96. Мӯҳлати будубоши муваққатии воситаҳои нақлиёт чунин муайян мегардад:

- барои ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ - дар асоси визаҳо, санади сафари хизматӣ ва дигар асноди дахлдор, ки дар онҳо мӯҳлати будубоши муваққатии воситаи нақлиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст;

- барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - мутобиқи асноди пешниҳодшавандае, ки дар асоси онҳо шаҳрвандони мазкур воситаи нақлиётро соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдорӣ мекунанд, аммо на зиёда аз мӯҳлати дар ваколатномаи нотариали тасдиқнамуда, муайян карда шуда (карор аз 31.08.2004 № 370).

97. Воситаҳои нақлиёте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан оварда шудаанд, бояд на дертар аз рӯзи ҳатмӣ мӯҳлати муқарраршудаи овардани муваққатии онҳо аз ҳудуди ҷумҳурӣ бароварда шаванд ё мутобиқи режими гумрукии дигар ба расмият дароварда шаванд ё дар майдонҳои гумрукӣ ҷой карда шаванд. Вобаста ба мушаххасоти овардан ва имтиёзҳои пешниҳодшудаи гумрукӣ ва андоз, бегона кардан, ба соҳибӣ ё истифодаи ашхоси дигар додани чунин воситаҳои нақлиёт бе иҷозати мақоми гумрук манъ аст.

Ҳангоми ба режими дигари гумрукӣ (овардани доимӣ) ба расмият даровардани воситаи нақлиёт додани гувоҳномаи гумрукӣ баъди аз ҷои пештараи баҳисобгирӣ расидани тасдиқи маълумоти бақайдгирии воситаи нақлиёт, мавҷуд набудани маҳдудиятҳо ё ҳабси воситаи нақлиёт анҷом дода мешавад. Қарор дар бораи бақайдгирии доими чунин воситаҳои нақлиёт аз тарафи сардори Раёсати БДА ва муовинони ӯ, сардори шӯъбаи бақайдгирию имтиҳоноти сардорони шӯъбаҳои БДА-и вилоятҳо ва муовинони онҳо қабул карда мешавад (карор аз 31.08.2004 № 370).

98. Қайди муваққатии макони муваққатии воситаи нақлиёт аз тарафи мақомоти гумрук бо роҳи додани қҳдадори оиди пас баровардан ва танҳо дар ҳолати мавҷуд будани аломати транзити, иичунин пешниҳод намудани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои воситаи нақлиёт сурат мегирад ва зимнан ба нуқтаи гумрукии мошингузар дар бораи бақайдгирии гумрукии воситаи нақлиёт, хабарнома фиристонида мешавад (карор аз 9.11.2000 № 466).

99. Бақайдгирии воситаҳои нақлиётие, ки аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳуриии Тоҷикистон муваққатан ворид карда шудаанд, дар мақомоти; бозрасии давлатии автсшобилии ҷои иститқомати шахси боварнома дошта (ё соҳиби нақлиёт) бо додани шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва аломатҳои қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намуд ба мқҳлати воридоти онхо, ки дар шаҳодатномаи воридоти воситаи нақлиёт нишон дода шудааст, сурат мегирад. Дар ин ҳолат дар шаҳодатномаи бақаидгирии воситаи нақлиет махдудияти гузоштаи мақомоти гумруки (мқҳлати воридот, манъ кардан ба бегонакуни ё барои истифода додан ба шахси дигар бе рухсати мақомоти гумруки додан ва ғайра сабт карда мешавад ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлате, ки нақлиет ро ба қайд гирифтааст (аломати транзитии ҳангоми воридшави додашуда) дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобили нигоҳ дошта мешавад (карор аз 9.11.2000 № 466).

100. Ҳангоми аз қайди Бозрасии давлатии автомобили баровардани воситаи нақлиёти муваққати воридкардашуда бо сабаби содироти он аз марзи ҷумҳури, шаҳодатномаи бақайдгири ва аломатҳои транзити ба шахси боварномадошта (ё соҳибаш) баргардонида мешавад. Аломатҳои додашудаи қайди давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ба мақомоти Бозрасии давлатии автомобили супорида мешаванд ва дар шаҳодатномаи бақайдгирии муваққати додашуда дар бораи аз қайд баровардани воситаи нақлиёт бо сабти "то мқҳлати" "бояд аз марз бароварда шавад" ба шахси боварнома дошта (ё соҳибаш) баргардонида мешавад (карор аз 9.11.2000 № 466).

101. Барои воситаҳои нақлиёти муваққатан ба қайд гирифташуда картотекаи алоҳида пеш бурда мешавад.

VIII. Додани тасдиқномаҳо (нусха аз китобҳои бақайдгирӣ)

102. Ҳангоми додани тасдиқномаҳо (нусха аз китобҳои бақайдгирӣ) амалҳои дар зербандҳои "а", "б", "в" банди 32 ҳамин Тартибҳо зикргардида анҷом дода мешаванд.

103. Тасдиқномаҳо дар бораи амалҳои бақайдгирии анҷомдодашуда танҳо ба соҳибони воситаҳои нақлиёт дода мешаванд.

104. Тасдиқномаҳо дар бораи амалҳои бақайдгирии анҷомдодашудаи воситаҳои нақлиёти ба қайд гирифташуда ва соҳибони онҳо дар асоси дархости хаттӣ ба мақомоти зерин дода мешаванд:

а) ба судҳо, мақомоти прокуратура, тафтишот, таҳқиқ ва полиси андоз бо сабаби парвандаҳое, ки таҳти баррасии онҳо қарор доранд;

б) ба мақомоте, ки фаъолияти оперативию кофтуковро, анҷом медиҳанд;

в) ба воҳидҳои БДА ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд.

105. Асноде, ки барои анҷом додани амалҳои бақайдгирӣ асос шудаанд, танҳо ба судҳо, мақомоти прокуратура ва тафтишот бо тартиби муқаррарнамудаи қонун дода мешаванд.

106. Тасдиқномаҳо барои агрегатҳои рақамдори озодшудаи воситаҳои нақлиёте, ки дар Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта шудаанд (Замимаи № 14) дар сурати тағйир ёфтани маълумоти бақайдгирӣ, ки бо ивази агрегатҳои рақамдори дахлдор вобаста аст, ҳамчунин ҳангоми аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт бо сабаби аз ҳисоб баровардани онҳо мувофиқи аризаи соҳиби воситаи нақлиёт, баъди муоинаи агрегати рақамдор, дода мешаванд. Додани тасдиқномаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.

IX. Баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт

107. Ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиёт маълумот дар бораи онҳо ба китоби ҳисоби бақайдгирии воситаҳои нақлиёт сабт карда мешавад ва ба ҳар як воситаи нақлиёти силсилаи дахлдор варақаи баҳисобгирӣ пур карда ва пеш бурда мешавад.

108. Барои воситаҳои нақлиёти ба қайд гирифташуда ду нусха варақаи баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт тартиб дода мешавад. Як нусха дар картотекаи воҳиди бақайдгирӣ нигоҳ дошта мешавад, нусхаи дигар ба Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия фиристода мешавад.

109. Маълумот дар бораи воситаҳои нақлиёти ба қайд гирифташуда ва тағйироти маълумоти бақайдгирии онҳо ба маҳзани маълумоти системаи автоматиконидаи баҳисобгирӣ ва коркарди иттилооти бақайдгирӣ дохил карда мешаванд. Тартиби баҳисобгирӣ ва коркарди автоматиконидаи иттилооти воситаҳои нақлиёти ба қайд гирифташуда тавассути асноди меъёрию ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (карор аз 26.01.2008 № 47).

X. Тартиби тайёр кардан, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории рақамҳо ва асноди бақайдгирии воситаҳои нақлиёт

110. Маводи махсуси аз рӯи намунаҳои аз тарафи Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ҳамчун асноди бақайдгирӣ истифода бурда мешавад.

111. Танзими масъалаҳои вобаста ба фармоишдиҳӣ ва тайёр кардани маводи махсус аз тарафи Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

112. Аломатҳои коғазии рақамдори "Транзит" аз тарафи раёсатҳои корҳои дохилии ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо истифодаи аломатҳои рақамдоре, ки барои воҳиди бақайдгирии хизматрасонии ҳамон минтақа муайян шудаанд, тайёр карда мешаванд.

113. Баҳисобгирии миқдори маводи махсуси воридшаванда (рақамҳо ва асноди бақайдгирӣ, рақамҳои транзитӣ ва ғайра) дар китоби воридот ва хароҷоти маводи махсус пеш бурда мешавад.

Баҳисобгирии сарфи ададии рақамҳо ва асноди бақайдгирӣ дар китобҳои баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт пеш бурда мешавад, ки дар онҳо рақамҳо ва асноди бақайдгирӣ қатъан бо тартиби болоравии рақамҳои ададии онҳо сабт карда мешаванд.

Китобҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт аз рӯи навъҳои воситаҳои нақлиёт (навъҳои аломатҳои рақамӣ) пур карда мешаванд.

114. Аломатҳои рақамӣ ва варақаҳои асноди бақайдгирӣ ҳамчун асноди ҳисоботи қатъӣ нигоҳ дошта мешаванд.

115. Аломатҳои ракамии воситаҳои нақлиёти аз ҳисоб хориҷкардашуда метавонанд дар асосҳои умумӣ такроран, баъди ба ҳисоби дахлдор дохил кардан, дода шаванд.

116. Варақаҳои асноди бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, ки ҳангоми пур кардан вайрон шудаанд, дар вақти тафтишҳои навбатӣ бо усулҳо ва воситаҳое, ки истифодаи такрории онҳоро истисно мегардонанд, нобуд карда шуда, дар ин бобат акти дахлдор тартиб дода мешавад.

117. Асноде, ки барои бақайдгирӣ (тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ), аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт, додан ё иваз кардани асноди бақайдгирӣ ва аломатҳои рақамӣ асос шудаанд, дар ҷузъгирҳои алоҳида бо тартиби мутобиқ ба қайдҳои китоби ҳисоби бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дӯхта мешаванд, ҳар варақи онҳо рақамгузорӣ карда ва се сол нигоҳ дошта мешаванд.

118. Китобҳои ҳисоби бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, воридот ва сарфи варақаҳои ҳисоботи қатъӣ ва аломатҳои рақамӣ бояд дӯхта, рақамгузорӣ ва дар котиботи мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шаванд. Чунин китобҳо ба таври доимӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

Ниг. ба Замимаи № 1 - 4