Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2025, № 564 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441 «Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо» тағйироти зерин ворид карда шавад:

- ном дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Дар бораи Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ»;

- дар муқаддима рақами «28» ба рақами «27» иваз карда шавад;

- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).»;

- дар бандҳои 2 ва 3 калимаҳои «бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт ва ядакҳо» ба калимаҳои «бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ» иваз карда шаванд.

2. Ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, №441 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- ном дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ»;

- дар банди 1 калимаҳои «Бақайдгирии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо» ба калимаҳои «Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт» иваз карда шаванд;

- дар банди 2 калимаҳои «Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо» ба калимаҳои «Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ» иваз карда шаванд;

- дар тамоми матн калимаҳои «ашхоси», «ашхос», «Ашхосе» «ашхосе» ва «байналхалқӣ» мувофиқан ба калимаҳои «шахсони», «шахсон» «Шахсоне», «шахсоне» ва «байналмилалӣ» иваз карда шаванд;

- ба банди 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Ҳама намуди пардохтҳо ва хизматрасониҳои пулакие, ки Тартиби мазкур пешбинӣ менамояд, тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.»;

- дар банди 5 калимаи «сохтмонии» ба калимаи «конструктивии» иваз карда шавад;

- дар сархати панҷуми зербанди б) банди 23 аломати нуқта ба аломати «нуқтавергул» иваз карда шуда, зербанди в) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«в) барои воситаҳои нақлиёти истеҳсоли ватанӣ:

- шаҳодатномаи корхонаи истеҳсолкунанда оид ба бехатарии сохтори (конструксияи) воситаҳои нақлиёт;

- шартномаи тӯҳфа кардан, хариду фурӯш, ивазкунӣ, шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият, меросгирӣ ё ҳуҷҷатҳои дигаре, ки қонунӣ будани харидории воситаи нақлиётро тасдиқ мекунад;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи супоридани маблағи пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёт (ё озод кардан аз пардохт);

- қарори суд дар бораи мансубияти воситаҳои нақлиёт;

- аҳди шахсони ҳуқуқӣ байни худ ва бо шаҳрвандон (ба истиснои корхонаю ташкилотҳои буҷетӣ.)»;

- ба банди 74 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Дар асоси аризаи соҳиби воситаи нақлиёт аломатҳои қайди давлатии супоридашуда метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ барқарор ва пас аз пардохти хироҷ ва хизматрасониҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ҷониби воҳидҳои бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ такроран дода шаванд.»;

- банди 91 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«91. Додани нусхаҳои дуюми аломатҳои бақайдгирии дуздидашуда, пас аз пешниҳоди мактуби мақомоти корҳои дохилии ҷойи бақайдгирии ҷиноят аз рӯйи ҷойи бақайдгирии воситаи нақлиёт бо тартиби муқарраргардида дода мешавад.»;

- банди 115 дар таҳрири зерин илова карда шавад:

«115. Аломатҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, ки аз ҳисоб бароварда шудаанд, метавонанд, тибқи зербанди сеюми банди 74 пас аз ба ҳисоби дахлдор дохил кардан, дода шаванд.»;

- дар банди 117 калимаи «ду» ба калимаи «панҷ» иваз карда шавад;

- дар замимаҳои №1, №2, №3, №4, №5, №6, №7, №8, №9, №10, №11, №12, №13 ва №14 Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, №441 тасдиқ шудааст, калимаҳои «ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 октябри соли 1999 № 441 тасдиқ шудааст» ба калимаҳои «ба Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ» иваз карда шаванд.

3. Ба замимаи 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2025, №476 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат ҷиҳати истифодаи захираҳои табиӣ ё захираҳои дигари мавҷуда» сатри 1.6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

« 

1.6.

Барқарор намудани аломатҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт

20,0

 ».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


 ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 564

 

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года, №441 «Об утверждении Порядка государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов» следующие изменения:

- название изложить в следующей редакции:

«О Порядке регистрации и учета транспортных средств, а также выдачи на них регистрационного свидетельства и государственных регистрационных номеров»;

- в преамбуле цифру «28» заменить цифрой «27»;

- пункт 1 изложить в следующей редакции:

«1. Утвердить Порядок регистрации и учета транспортных средств, а также выдачи на них регистрационного свидетельства и государственных регистрационных номеров (прилагается).»;

- в пункте 2 и 3 слова «регистрации транспортных средств и прицепов» заменить словами «регистрации и учета транспортных средств, а также выдачи на них регистрационного свидетельства и государственных регистрационных номеров».

2. Внести в Порядок государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года, №441, следующие изменения и дополнения:

- название изложить в следующей редакции:

«Порядок регистрации и учета транспортных средств, а также выдачи на них регистрационного свидетельства и государственных регистрационных номеров»;

- в пункте 1 слова «Регистрации механических транспортных средств и прицепов» заменить словами «Регистрации и учета транспортных средств»;

в пункте 2 слова «Порядке государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов» заменить словами «Порядке регистрации и учета транспортных средств, а также выдачи на них регистрационного свидетельства и государственных регистрационных номеров»;

- пункт 3 дополнить вторым предложением следующего содержания:

«Все виды платежей и платных услуг, предусмотренные настоящим Порядком, осуществляются в безналичной форме.»;

- в абзаце пятом подпункта б) пункта 23 знак «точка» заменить знаком «точка с запятой» и дополнить подпунктом в) следующего содержания:

«в) для транспортных средств отечественного производства;

- свидетельства завода производителя о безопасности конструкции транспортного средства;

- договора дарения, купли-продажи, мены, свидетельства о праве собственности и наследования или иных документов, подтверждающих законность приобретения транспортного средства;

- документа, подтверждающего уплаты суммы за утилизацию транспортных средств (или освобождения от уплаты)

- решения суда о принадлежности транспортных средств;

- сделки юридических лиц между собой и с гражданами (за исключением бюджетных предприятий и организаций)»;

- пункт 74 дополнить абзацем третьим следующего содержания:

«По заявлению владельца транспортного средства, сданные государственные регистрационные знаки, в порядке, установленном Министерством внутренних дел могут быть восстановлены и после уплаты установленных законодательством сборов и услуг выданы повторно регистрационно-экзаменационными подразделениями.»;

- пункт 91 изложить в следующей редакции:

«91. Выдача дубликатов похищенных регистрационных знаков осуществляется после предъявления письма органа внутренних дел места регистрации преступления в установленном порядке по месту регистрации транспортного средства.»;

- пункт 115 изложить в следующей редакции:

«115. Регистрационные знаки транспортных средств, снятых с учета, могут быть выданы после постановки на соответствующий учет в соответствии с абзацем третьим пункта 74.»

- в пункте 117 слово «двух» заменить словом «пяти»;

- в приложениях №1, №2, №3, №4, №5, №6, №7, №8, №9, №10, №11, №12, №13 и №14 Порядка государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденного постановлением Правительства   Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года, №441», слова «к Порядку государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года, №441» заменить словами «к Порядку регистрации и учета транспортных средств, а также выдачи на них регистрационных документов и государственных регистрационных номеров».

3. Приложение 7 постановления Правительства Республики Таджикистан от 8 сентября 2025 года, №476 «Об утверждении ставок сбора за осуществление юридически заначимых действий и платы за выдачу разрещения на пользование природными и иными имеющими ресурсами» дополнить строкой 1.6. следующего содержания:

«

1.6.

Восстановления регистрационных знаков транспортных средств

20,0

».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 31 октября 2025 года №564