Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 9 қисми "Воридот"-и Номгӯи молҳое (кор ва хизматрасоние), ки содирот, воридот ва транзити онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 2012, № 367 "Дар бораи тадбирҳои такмили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, пас аз калимаи "зиреҳпӯш" калимаҳои ", ба истиснои автомобилҳои сабукрави зиреҳпӯши намояндагони дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ки содирот, воридот ва транзити онҳо танҳо бо пешниҳоди расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад" илова карда шаванд.
2. Дар зербанди дуюми банди 50 Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, №441 "Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо" тасдиқ шудааст, пас аз калимаҳои "автомобилҳои зиреҳпӯш" калимаҳои ", ба истиснои автомобилҳои сабукрави зиреҳпӯши намояндагони дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ," илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2018 № 531
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Пункт 9 части "Импорт" Перечня товаров (работ и услуг), экспорт, импорт и транзит которых осуществляется по решению Правительства Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 16 июля 2012 года, №367 "О мерах по совершенствованию внешнеэкономической деятельности в Республике Таджикистан", после слов "бронеавтомобили" дополнить словами ", за исключением легковых бронеавтомобилей дипломатических представительств, консульских учреждений, международных организаций, экспорт, импорт и транзит, которых осуществляется только по официальному представлению Министерства иностранных дел Республики Таджикистан".
2. Подпункт второй пункта 50 Порядка государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года, №441 "Об утверждении Порядка государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов", после слова "бронеавтомобилей" дополнить словами ", за исключением легковых бронеавтомобилей дипломатических представительств, консульских учреждений, международных организаций,".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 октября 2018 года, №531