Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 №441 "Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) ба банди 2 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- "маълумоти бақайдгирӣ" - рақами бақайдгирӣ, вин код, тамға, навъ, соли барориш, рақамӣ муҳаррик, рақами бордон, рақами шассӣ, ранг, қувваи муҳаррик, миқдори борбардорӣ, вазни холис, соҳиб, суроға, асоси бақайдгирӣ, маҳали бақайдгирӣ, қайдҳои махсус";
б) ба сархати дуюми банди 5 ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Соҳибони воситаҳои нақлиёт ё намояндагони онҳо ҳамчунин вазифадоранд, дар мавриди боварӣ намудани воситаи нақлиёт ба шахси дигар, ки боиси тағйир ёфтани маълумоти бақайдгирӣ оид ба маҳали нигоҳ доштани воситаи нақлиёт мегардад, ваколатномаро дар давоми даҳ шабонарӯз дар шӯъбаи (зершӯъбаи) Бозрасии давлатии автомобилии маҳали қайди воситаи нақлиёт бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаронанд.";
в) дар сархати сеюми зербанди в) банди 23 баъд аз калимаи "шудаанд" калимаҳои "аз ҷумла, шартномаи хариду фурӯши бо тариқи нотариалӣ тасдиқшуда" илова карда шаванд;
г) банди 34 ҳамчун сархати дуюм ва сеюми банди 33 ҳисобида шуда, банди 34 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"34. Барои нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум рақамҳои қайди давлатии силсилаи "ТТ" дода мешаванд. Барои додани рақамҳои силсилаи "ТТ" илова ба банди 23 Тартиби мазкур асноди зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи иҷозатномаи шахси ҳуқуқӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ;
- санади муоинаи техникии воситаи нақлиёт, ки аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилӣ дода шудааст.
Барои додани рақамҳои силсилаи "ТТ" барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки тибқи шартнома дар бораи иҷора аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ истифода мегарданд, асноди зерин асос шуда метавонанд:
- мактуби шахси ҳуқуқӣ;
- иҷозатномаи шахси ҳуқуқӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ;
- санади муоинаи техникии воситаи нақлиёт, ки аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилӣ дода шудааст;
- рӯйхати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ.".
д) дар банди 50:
- баъд аз калимаҳои "бонкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ" калимаҳои "ба истиснои ташкилот, муассисаҳо ва ширкатҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ" илова карда шаванд;
- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Бақайдгирии воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбари муассисаҳо ва ширкатҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.";
е) банди 52 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"52. Барои воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳои ба қайд гирифташуда дода мешаванд:
- шаҳодатномаҳои бақайдгирӣ;
- аломатҳои бақайдгирии навъҳои дахлдор, ки тибқи стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Шаҳодатномаи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт бо тартиби афзоиши кодҳои рақамии онҳо дода мешаванд.";
ж) Банди 53 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"53. Аломатҳои алоҳидаи бақайдгирӣ мумкин аст, дар асоси натиҷаҳои гузаронидани музояда, баъди аз тарафи шахси ғолибомада пардохт гардидани арзиши онҳо, ки дар рафти гузаронидани музояда муқаррар карда шудааст, дода шаванд. Тартиби гузаронидани музояда аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Барои автомобилҳо ва автобусҳо ду рақам ва барои мототсиклҳо ва ядакҳо яктогӣ аломати қайди давлатӣ дода мешавад.";
з) ба банди 74 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Аломатҳои бақайдгирии супоридашуда ва мусодирашуда, инчунин дарёфтшуда дар асоси санад нобуд сохта мешаванд.";
и) ба банди 75 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Қатъ гардидани истифодабарии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ, ки тибқи шартнома дар бораи иҷора истифода мегарданд, дар асоси мактуби расмии шахси ҳуқуқӣ, ки бо имзои роҳбар ва мӯҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст, сурат мегирад.";
к) банди 90 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"90. Нусхаҳои дуюми асноди бақайдгирии гумшудаи воситаҳои нақлиёте, ки бинобар тагйир ёфтани маҳали истиқомати соҳиб, қатъи ҳуқуқи моликият ба воситаҳои нақлиёт (ҳангоми бақайдгирии чунин нақлиёт ба номи каси дигар) аз ҳисоб хориҷ карда шудаанд, дар ҷои бақайдгирии воситаи нақлиёт баъди гирифтани тасдиқнома дар бораи маълумоти бақайдгирӣ аз ҷои бақайдгирии пешина дода мешаванд.
Нусхаҳои дуюми асноди бақайдгирӣ бо қайди "Нусхаи дуюм" дода мешаванд.";
л) банди 91 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"91. Додани нусхаҳои дуюми аломатҳои бақайдгирӣ, ба истиснои ҳолатҳои дуздидани онҳо, ки бо мактуби мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи ҷойи бақайдгирии ҷиноят тасдиқ карда шудааст, манъ аст. Аломатҳои бақайдгирӣ ба ивази рақамҳои гумшуда аз рӯи ҷойи бақайдгирии воситаи нақлиёт бо тартиби муқарраргардида дода мешавад".
2) Муқаррар карда шавад, ки додани рақамҳои қайди давлатии силсилаи "ТТ" марҳила ба марҳила дар давоми як соли баъд аз ба имзо расидани қарори мазкур амалӣ карда мешавад.
3) Дар боби 38 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 №172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) дар банди 9 баъд аз калимаҳои "мебошанд" калимаҳои "ё тибқи дигар асосҳои қонунӣ (тибқи шартнома) ихтиёрдорӣ менамоянд" илова карда шаванд;
б) дар банди 10:
- аз ҷумлаи якум калимаҳои "ҳамзамон бо иҷозатнома" хориҷ карда шаванд;
- дар ҷумлаи дуюм калимаҳои "намуд ва ҳудуди фаъолият" ба калимаҳои "намуди фаъолият" иваз карда шуда, калимаҳои "дар ҳудуди муайяни фаъолият" хориҷ карда шаванд;
- дар чумлаи сеюм калимаҳои "дар ҳудуди муайяни фаъолият" хориҷ карда шуда, калимаҳои "шаш моҳ" ба калимаҳои "як сол" иваз карда шаванд;
- ҷумлаи сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳудуди фаъолият бо роҳхати аз тарафи шахси ҳуқуқӣ додашуда муайян мегардад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2009 № 507
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в некоторые Постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) В Порядок государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года №441 "0б утверждении Порядка государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов", внести следующие изменения и дополнения:
а) пункт 2 дополнить новым абзацем следующего содержания:
" - "сведения о регистрации" - регистрационный номер, вин код, тип, марка, год выпуска, номер двигателя, номер кузова, номер шасси, цвет, мощность двигателя, объем грузоподъемности, масса без нагрузки, владелец, адрес, основания регистрации, место регистрации, специальные отметки.";
б) второй абзац пункта 5 дополнить новым предложением следующего содержания:
"Владельцы транспортных средств или их представители также обязаны в случаях доверия транспортного средства другому лицу, влекущие изменение регистрационных данных о месте стоянки транспортных средств, доверенность в течение десяти суток регистрируется в порядке, установленном Министерством внутренних дел Республики Таджикистан, в подразделениях Государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан по месту учета транспортных средств.";
в) в пункте 23, в третьем абзаце подпункта в) после слов "законодательством" дополнить словами "в том числе договор купли продажи, удостоверенный нотариусом.";
г) пункт 34 считать абзацем вторым и третьим пункта 33 и дополнить пунктом 34 в следующей редакции:
"34. На транспортные средства общего пользования, занимающиеся перевозкой пассажиров, выдаются регистрационные знаки серии "ТТ". Для выдачи регистрационных знаков серии "ТТ" дополнительно к пункту 23 настоящего Порядка предоставляются следующие документы: копии лицензии юридического лица, осуществляющего деятельность по перевозке пассажиров автомобильным транспортом;
- акт технического осмотра транспортного средства, выданное Госавтоинспекции.
Основанием для выдачи регистрационных знаков серии "ТТ" транспортным средствам, используемым юридическими лицами на основании договора об аренды могут быть следующие документы:
- письмо юридического лица;
- копии лицензии юридического лица осуществляющего деятельность по перевозке пассажиров автомобильным транспортом;
- акт технического осмотра транспортного средства, выданное Госавтоинспекции.
- список автотранспортных средств.";
д) в пункте 50:
- после слов "иностранных банков и компаний" дополнить словами "за исключением иностранных автомобильных предприятий, организаций, корпораций и фирм";
- дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Регистрация грузовых и пассажирских транспортных средств зарубежных транспортных компаний и организаций на территории Республики Таджикистан, осуществляется на основании постановления Правительства Республики Таджикистан.";
е) пункт 52 изложить в следующей редакции:
"52. На зарегистрированные механические транспортные средства и прицепы выдаются:
- свидетельства о регистрации;
- регистрационные знаки соответствующих типов, предусмотренных стандартом Республики Таджикистан.
Свидетельство о регистрации транспортных средств выдаются в порядке возрастания их цифровых номеров.";
ж) пункт 53 изложить в следующей редакции:
"53. Отдельные регистрационные знаки могут быть выданы на основании результатов проведения аукциона, после оплаты его победителем их стоимости, установленный в ходе проведения аукциона.
Порядок проведения аукциона устанавливается Министерством внутренних дел Республики Таджикистан по согласованию с Государственным комитетом по инвестиции и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерством финансов Республики Таджикистан.
На автомобили и автобусы выдается по два, а на мототранспортные средства и прицепы по одному регистрационному знаку.";
з) пункт 74 дополнить абзацем вторым следующего содержания:
"Сданные и конфискованные, а также найденные регистрационные знаки уничтожаются на основании акта.";
и) пункт 75 дополнить абзацем третьим следующего содержания:
"Прекращения использовании автотранспортных средств со стороны юридического лица, используемых на основании договора об аренды производится на основании официального письма юридического лица, заверенного подписью должностного лица и печатью юридического лица.";
к) пункт 90 изложить в следующей редакции:
"90. Дубликаты регистрационных документов, взамен утерянных, снятых с учета транспортных средств, в связи с изменением место жительства владельца, прекращением право собственности на транспортные средства (при регистрации такого транспорта за другим лицом) выдаются по месту регистрации транспортного средства после получения подтверждений регистрационных данных с места прежней регистрации.
Дубликаты регистрационных документов выдаются с отметкой "Дубликат.";
л) пункт 91 изложить в следующей редакции:
"91. Выдача дубликатов регистрационных знаков, за исключением случаев их кражи, подтверждаемой справкой органа внутренних дел по месту регистрации преступления, запрещается. Выдача регистрационных знаков взамен утраченных, осуществляется по месту регистрации транспортного средства на общих основаниях".
2) Установить что выдача регистрационных знаков серии "ТТ" транспортным средствам производится периодично в течении одного года с момента подписании данного постановления.
3) В главе 38 Положение об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года №172 "Об утверждении Положения об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности", внести следующие изменения и дополнения:
а) пункт 9 после слова "организаций" дополнить словами "или вошли в их владение на иных законных основаниях (согласно договору).";
б) в пункте 10:
- во втором предложение слова "вид и зона деятельности" заменить словами "вид деятельности" а слова "в определенной зоне деятельности" исключить;
- в третьем предложении слова "в определенной зоне деятельности" исключить, а слова "6 месяцев" заменить словами "одного года";
- дополнить третьим предложением следующего содержания: "Зона деятельности устанавливается путевым листом, выданного юридическим лицом".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 31 августа 2009 года №507
г. Душанбе