Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба банди 5 Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.10.1999 № 441 тасдиқ гардидааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як ҳафтаи баъди аз воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ гирифтани варақаҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор барои бақайдгирии ҳарбӣ ва ё аз қайди ҳарбӣ баровардани воситаҳои нақлиёт маълумотҳоро дар бораи ба қайд гирифтан, ворид намудани тағйиротҳо дар маълумотҳои бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани воситаҳои нақлиётие, ки мутобиқи номгӯйи аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда барои ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, воҳидҳои низомӣ ва мақомот, ҳамчунин ба сохторҳои махсуси дар давраи ҷанг таъсисшаванда бояд дода шаванд, муайян шудаанд, пешниҳод менамоянд."
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 11 июни соли 2001 № 254
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
"О внесении дополнения в Порядок государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов"
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Пункт 5 Порядка государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23.10.1999 г. № 441, дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Органы Государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан после получения карточек учета транспортных средств из регистрационно-экзаменационных подразделений Государственной автомобильной инспекции, в недельный срок представляют соответствующим военным комиссариатам для постановки на воинский учет или снятия с воинского учета сведения о регистрации, изменении регистрационных данных и снятии с учета транспортных средств, подлежащих согласно установленному Министерством обороны Республики Таджикистан перечню, предоставлению Вооруженным Силам Республики Таджикистан, другим войскам, воинским формированиям и органам, а также создаваемым на военное время специальным формированиям".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от "11" июня 2001 года № 254
г. Душанбе