×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 маи соли 2004 № 41 "Дар бораи милитсия"

Санаи амалкуни: 17.12.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи милитсия

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820; с. 2011, №3, мод. 156, №6, мод. 438, №12, мод. 835; с. 2012, №4, мод. 251, №7, мод. 692, №8, мод. 821, №12, қ. 1, мод. 1023; с. 2013, №3, мод. 183, мод. 184, №12, мод. 884, мод. 885; с. 2014, №11, мод. 649; с. 2017, №7-9, мод. 569; с. 2018, №1, мод. 13; с. 2019, №6, мод. 316)

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 153, аз 30.07.2007 № 299, аз 18.06.2008 № 392, аз 3.12.2009 № 568, аз 25.03.2011 № 689, аз 28.06.2011 № 725, аз 26.12.2011 № 770, аз 16.04.2012 № 801, аз 17.05.2004 № 842, аз 01.08.2012 № 884, аз 28.12.2012. № 930, аз 19.03.2013 № 940, аз 19.03.2013 № 941, аз 28.12.2013 № 1040, № 1041, аз 27.11.2014 № 1140, аз 18.07.2017 № 1446, аз 2.01.2018 № 1481, аз 20.06.2019 № 1614, аз 17.12.2020 № 1736)

Қонуни мазкур мафҳуми милитсия, самтҳои асосии фаъолияти он, салоҳият, принсипҳои фаъолият, мавқеи милитсия дар системаи мақомоти давлатӣ, вазифаю ҳуқуқҳо, тартиби ба хизмати милитсия қабул намудан, масъулият, кафолати давлатии таъминоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва назорати фаъолияти милитсияро муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳуми милитсия

Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо пешбинигардидаро ба кор барад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1446).

Моддаи 3. Самтҳои асосии фаъолияти милитсия

Самтҳои асосии фаъолияти милитсия аз инҳо иборатанд:

- ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;

- пешгирӣ, рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

- ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ;

- таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ;

- ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд;

- ҳимояи ҳама гуна шакли моликият аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;

- дар доираи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таблиғоти ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандон, шахсони мансабдор, дар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият;

- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

- татбиқ ва иҷрои ҷазои маъмурӣ;

- амалӣ намудани назорати муҳоҷират дар доираи салоҳияти худ, танзими масъалаҳои будубоши гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 770)

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти милитсия

Фаъолияти милитсия мутобиқи принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

- қонуният;

- ягонагии низоми мақомоти милитсия ва муттамарказонидани идоракунии он;

- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- адолати иҷтимоӣ ва инсондӯстӣ;

- пинҳонкорӣ, истифодаи усулу воситаҳои ошкоро ва махфии фаъолият;

- яккасардорӣ;

- баробарии ҳама дар назди қонун;

- алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;

- ғайриҳизбият.

Моддаи 5. Фаъолияти милитсия ва ҳуқуқи шаҳрвандон

Милитсия ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ва шаҳрвандро, қатъи назар аз шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ ҳимоя мекунад.

Корманди милитсия дар ҳама ҳолатҳо вазифадор аст ба шаҳрванд, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд асосу сабаби маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин вобаста ба ин пайдо гардидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшро фаҳмонад.

Корманди милитсия ҳуқуқи ҳимоя ва дигар ҳуқуқҳои шахсони дастгиршуда ва ҳабсгардидаро таъмин мекунад, дар ҳолатҳои зарурӣ ташхиси тиббии онҳоро мегузаронад, инчунин бетаъхир дар бораи дастгир намудани онҳо ба хешовандон, маъмурияти ҷои кор ё таҳсил ва дар муддати 24 соат ба прокурор хабар медиҳад, дар мавриди зарурат ба дастгиршудагон барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, инчунин барои рафъи хатар, ки ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи онҳо ҳангоми дастгиркунӣ ё ҳабс таҳдид менамояд, тадбирҳо меандешад.

Милитсия ҳуқуқи ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва паҳн кардани маълумотро дар бораи ҳаёти шахс бе розигии худи ӯ, ба истиснои мавридҳое, ки Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, надорад.

Милитсия вазифадор аст шахсро бо ҳуҷҷатҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқу озодиҳои вай шинос намояд, ба шарте, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Агар шахс ҳисоб кунад, ки ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз тарафи мақомоти милитсия ё шахсони мансабдори он поймол карда шудаанд, метавонад нисбати амали ин мақомот ва шахсони мансабдор ба мақомоти болоии милитсия, прокуратура ё суд шикоят кунад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба истиснои мавридҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, манъ аст.

Моддаи 6. Иштироки мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар иҷрои вазифаҳои милитсия

Милитсия вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва шаҳрвандон иҷро мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1446).

Мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон вазифадоранд ба милитсия ҳангоми муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ кӯмак расонанд.

Милитсия дар иҷрои вазифаҳои худ метавонад бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби дар Қонуни мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ҳамкорӣ кунад.

Бо мақсади пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояткорӣ шаҳрвандон метавонанд ба таври махфӣ бо мақомоти милитсия мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.

Ҷалби маҷбурии шаҳрвандон барои ҳамкорӣ кардан бо милитсия манъ аст.

Маълумот дар бораи шаҳрвандоне, ки ба милитсия кӯмаки махфӣ расондаанд ё мерасонанд, танҳо бо розигии онҳо ошкор карда мешавад. Дар сурати мавҷудияти маълумоти кофӣ дар бораи таҳдиди хатар ба шахсони мазкур бинобар иштирок доштанашон дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин ба аъзои оила ё хешовандони наздики онҳо мақомоти милитсия вазифадор аст барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва амволи ин шахсон, муайян намудани сарчашмаҳои таҳдид ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон тадбирҳои зарурӣ андешад.

Моддаи 7. Ҷалби кормандони дигари мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба иҷрои вазифаҳои милитсия

Ба иҷрои вазифаҳои милитсия дигар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.

Дар ин ҳолат онҳо вазифа, ҳуқуқ, кафолатҳои муҳофизати ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин масъулияти барои кормандони милитсия пешбинишударо доранд.

БОБИ 2. СОХТОРИ МАҚОМОТИ МИЛИТСИЯ

Моддаи 8. Сохтори мақомоти милитсия

Милитсия ба сохтори мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад.

Сохтори ташкилӣ, шумораи кормандони штатӣ, музди меҳнат ва ҷойгирии милитсия бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои милитсияе, ки таъминоташон аз ҳисоби маблағи корхонаю муассиса ва ташкилотҳо амалӣ мегардад, бо тартиби муқаррарнамудаи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо мувофиқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар объектҳо ва ҳудудҳои режимӣ, инчунин барои мақсадҳои дигар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст воҳидҳои махсуси милитсия таъсис дода шаванд.

Моддаи 9. Роҳбарии милитсия

Милитсия дар фаъолияти худ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

Роҳбарии тамоми милитсияи ҷумҳуриро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Фармон дар бораи таъин ва озод намудани Вазир барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо роҳбарии фаъолияти милитсия ба зиммаи сардорони раёсатҳои (шуъбаҳои) Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо гузошта мешавад. Сардорони Сарраёсат ва раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, милитсияи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1446).

Роҳбарони мақомоти дахлдори милитсия дар объектҳои махсусан муҳим ва режимӣ аз рӯи тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ МИЛИТСИЯ

Моддаи 10. Вазифаҳои милитсия

Милитсия вазифадор аст:

1) ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро пешгирӣ намояд, сабабу шароитҳоеро, ки ба содир кардани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, ошкор намуда, барои рафъи онҳо тадбирҳо андешад, бо ҳуқуқвайронкунандагон бо таври инфиродӣ корҳои пешгириро анҷом диҳад, дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон иштирок намояд;

2) бо мақсади пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани ҷиноят чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 689);

3) тартиботро дар кӯчаю хиёбон, боғу майдонҳо, роҳҳои нақлиётгард, вокзалу фурӯдгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъмин намояд;

4) якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ беназоратии кӯдаконро пешгирӣ кунад;

5) ариза, хабар ва дигар маълумотро дар хусуси ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин дар бораи содиркунандагони онҳо қабул кунад, ба қайд гирад ва чораҳои зарурии қонунӣ андешад;

6) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оиларо татбиқ намояд (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 941);

7) дар сурати мавҷуд будани асосҳои қонунӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намояд ё оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро рад намояд, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ гузаронад, омодасозии маводи пешазсудиро дар шакли протоколӣ анҷом диҳад;

8) пешбурди баҳисобгирӣ ва қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамударо амалӣ намояд. Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

9) барои ҳифзи шахс ва амволи шоҳидон, ҷабрдидагон ва дигар шахсоне, ки ҳаёт, саломатӣ ва моликияти онҳо аз сабаби расонидани ёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо зери хатар аст, тадбирҳо андешад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии шахсони мансабдор ва кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин аъзои оилаи онҳо тадбирҳо андешад;

10) шахсонеро, ки ҷиноят содир карда, аз таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва суд пинҳон шудаанд, аз иҷрои ҷазои ҷиноятӣ саркашӣ мекунанд, бе ному нишон гум шудаанд, гаравгон гирифта шудаанд ва дигар шахсонро, инчунин амволи дуздида ва тасарруфшударо тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯ намояд;

11) дар доираи салоҳияти худ аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор иҷро шудани қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатиро оид ба масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ таъмин намояд;

12) ҷиҳати рафъи оқибати садамаву фалокатҳо, сӯхтору офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда, наҷот додани одамон ва расонидани ёрӣ ба онҳо, ҳифзи амволи бесоҳиб тадбирҳои фаврӣ андешад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори таъмини тартиботи ҳуқуқии вазъияти фавқулодда ё ҳолати ҷангӣ дар сурати ҷорӣ намудани онҳо дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маҳалҳои алоҳидаи он, инчунин дар гузаронидани чорабиниҳои карантинӣ дар вақти эпидемия ва эпизоотияҳо иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1446);

13) ба шахсоне, ки аз ҳуқуқвайронкуниҳо ё фалокату офатҳо зарар дидаанд, инчунин дар ҳолати оҷизӣ ё дигар ҳолатҳое, ки барои ҳаёту саломатии онҳо зараровар аст, ёрии таъҷилӣ расонад;

14) бехатарии ҳаракатро дар роҳҳо ба танзим дарорад ва таъмин намояд, риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёрҳо, стандарту қоидаҳои марбути ҳаракат дар роҳҳоро дидбонӣ ва назорат кунад, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар нақлиёти муҳаррикдорро ба қайд ва ба ҳисоб гирад, имтиҳон гирад ва шаҳодатномаҳои ронандагӣ диҳад, азназаргузаронии техникии давлатии воситаҳои нақлиётро гузаронад ва бо тартиби муқарраршуда дар ҳамроҳии онҳо ширкат варзад, барои тайёр намудани варақаи шаҳодатномаҳои ронандагӣ, нишонаҳои бақайдгирии давлатӣ, маълумотномаҳои бақайдгирӣ ва дигар маводи махсус, ки барои рухсат дар ҳаракати роҳҳо зарур аст, ҳамчунин дар корҳои муқарраркунӣ ва истифодаи воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ ҳамчун фармоишгари давлатӣ амал кунад;

15) мувофиқи қонун барои хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва хизматӣ ва тирҳои он, барои нигаҳдорӣ ва гирифта гаштани яроқи ғайринизомӣ ва ё хизматӣ, ҳамлу нақли яроқи номбурда ва тирҳои мансуби он, ворид кардан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё баровардан аз ҳудуди он, ҳамчунин барои нигаҳдорӣ ва истифодаи намудҳои ҷудогона ва навъҳои яроқи ҷангии дастии оташфишони аз мақомоти корҳои дохилӣ барои истифодаи муваққатӣ гирифташуда, барои нигаҳдорӣ ва интиқоли маводи таркандаи таъиноти саноатӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат диҳад, назорати муомилоти яроқи ғайринизомӣ ва хизматии оташфишонро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040, аз 18.07.2017 № 1446);

16) ҷойҳои нигаҳдорӣ ва истифодаи силоҳ, лавозимоти мансуби он, маводи тарканда ва ҳамчунин объектҳои гардиши онҳоро аз назар гузаронад, ҳангоми маълум гардидани вайронкунии қоидаҳои муқаррарӣ ба шаҳрвандон ва шахси мансабдор барои ислоҳи онҳо пешниҳодот диҳад, маводи номбаршударо бозпас гирад, фаъолияти ин гуна объектҳоро манъ кунад, иҷозатномаи додашударо бекор кунад ва тадбирҳои дигареро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, амалӣ гардонад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040);

17) шиносномаҳо, иҷозатномаҳои ворид шуданро ба минтақаҳои сарҳадӣ диҳад, шаҳрвандонро ба қайд гирад ва аз қайд барорад, аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя шудани қоидаҳои низоми шиносномавиро назорат намояд. Пас аз ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, хориҷӣ, аз ҷумла ба ивази шиносномаҳои гумшуда ё мӯҳлати амалашон баохиррасида, ба мақомоти андози маҳалли истиқомати шаҳрванд то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба таври хаттӣ хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 940);

18) дар татбиқи пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи табиат ва бехатарии экологӣ иштирок намояд;

19) ба расмият даровардан ва додани ҳуҷҷатҳоро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, бақайдгирӣ ва додани иҷозатномаи иқоматро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар доираи салоҳияташ таъмин намояд ва назорат кунад;

20) назорати иҷрои қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тариқи транзитӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намудаанд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани онҳо, масъалаҳои шаҳрвандӣ, инчунин додани вазъи ҳуқуқиро ба гурезагон ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, баррасӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

21) амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар асоси шартнома муҳофизат намояд;

22) воҳидҳои муҳофизатии ташкилотҳоро бозрасӣ намояд, доир ба ислоҳи камбудиҳои дар мустаҳкамкунии техникии объектҳо ҷойдошта, инчунин оид ба таъмини амнияти моликияти давлатӣ ва моликияти дигар дастур диҳад. Тартиби бозрасӣ намудани воҳидҳои муҳофизатии ташкилотҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012, № 930);

23) таъиноти судҳо, қарорҳои судяҳо, прокурорҳо ва муфаттишон, қарорҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро дар бораи маҷбуран овардани шахсоне, ки аз ҳозир шудан бо даъвати онҳо саркашӣ мекунанд, инчунин қарорҳои прокурорҳо ва қарорҳои аз ҷониби онҳо тасдиқшудаи муфаттишонро иҷро намояд, ба иҷрочиёни суд дар бобати аз биноҳои истиқоматию ғайриистиқоматӣ баровардани шаҳрвандон ёрӣ расонад, барои гузаронидани экспертизаи судии равонпизишкӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ овардани шаҳрвандонро таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

24) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсолоти иҷро қарздор, молу мулки ӯ ё кӯдакро кофтуков намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1481);

25) таъиноти (қарорҳои) судиро (судяро) дар бораи ҳабси маъмурӣ иҷро намояд;

26) дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузорӣ истеҳсоли парвандаҳои оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро амалӣ намояд;

27) ноболиғони аз ҷазо озодшуда ва ноболиғонеро, ки нисбат ба онҳо ҳангоми таъини ҷазо қарори шартан татбиқ накардани ҷазо қабул гардидааст, ба қайд гирифта, бо онҳо корҳои тарбиявӣ гузаронад ва рафтори онҳоро назорат кунад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

28) ба рафтори шахсоне, ки нисбат ба онҳо ҳангоми таъини ҷазо қарори шартан татбиқ накардани ҷазо қабул гардидааст, нисбат ба шахсоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ озод гардида, барои ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шуда буданд, шахсоне, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҷазоро адо кардаанд ва ё ду маротиба ё бештар аз он барои ҳама гуна ҷиноятҳои барқасдона суд шудаанд ё қаблан аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ то пурра адо намудани мӯҳлати муқаррарнамудаи суд озод шуда, дар мӯҳлати қисми адонашудаи ҷазо боз қасдан ҷиноят содир кардаанд, инчунин ба фаъолияти шахсоне, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, вале рафтори онҳо дар давраи адои ҷазо ё баъди аз ҷазо озод шудан дар бораи ба роҳи ислоҳ нарафтани онҳо ва риоя накардани тартиботи ҳуқуқӣ гувоҳӣ диҳад, назорат барад, дар доираи салоҳияти худ иҷрои ҷазои маъмуриро таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

29) шахсони дастгир ва ҳабсшударо нигаҳдорӣ, нигаҳбонӣ ва посбонӣ намояд;

30) то ба ихтиёри мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори дахлдор додани ҳуҷҷатҳо, ашё ва чизҳои арзишнок, махзан ва дигар амволи дарёфтшуда ва ба милитсия супоридашуда, нигаҳдории онҳоро таъмин намояд, барои баргардонидани онҳо ба соҳибони қонуниашон тадбирҳо андешад;

31) аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ дар доираи салоҳияти худ экспертиза, инчунин аз рӯи маводи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тадқиқоти илмию-техникӣ гузаронад;

32) ба мақомоти тандурустӣ дар кори ошкор намудан ва ба муассисаҳои табобатӣ овардани беморони рӯҳӣ, шахсоне, ки гирифтори майзадагии ашаддӣ, нашъамандӣ, бемориҳои таносулӣ ва мубталои аломати норасоии масунияти бадан (СПИД) мебошанд ва нисбати онҳо асосҳои бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда мавҷуданд, мусоидат намояд;

33) дар доираи салоҳияти худ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакилони халқ, номзадҳо ба вакилии халқ, шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар иҷрои фаъолияти қонунии онҳо мусоидат намояд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568).

Ҷалб намудани милитсия ба иҷрои вазифаҳое, ки Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммааш вогузор нанамудаанд, манъ аст. Ҳеҷ кас, ба истиснои мақомот ва шахсони мансабдоре, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ваколатдор карда шудаанд, ба фаъолияти милитсия ҳуқуқи дахолат карданро надорад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1041).

34) тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти корҳои дохилиро муайян ва дар амал татбиқ намояд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1446);

35) иҷрои вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи милитсия гузоштааст (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1041).

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои милитсия

Милитсия барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

1) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ, қатъ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳоеро, ки ба амалӣ гардонидани ваколатҳои милитсия мамоният мекунанд, талаб намояд ва дар сурати иҷро накардани ин талабот аз чораҳои маҷбурии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;

2) ҳангоми гумонбар шудан ба содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки шахсияти шаҳрвандонро тасдиқ мекунанд, санҷад ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳои барои риояи қоидаҳо, ки назорати онҳо ба зиммаи милитсия вогузор гардидааст, талаб намояд;

3) шахсонеро, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, оварад ва нисбати онҳо ҳуҷҷатҳои лозимӣ тартиб дода, тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд;

4) дар ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда ҷазои маъмурӣ муқаррар намояд ё ҳуҷҷатҳоро дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ ба суд, комиссияҳои назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супорад;

5) оид ба назорати шахсони ноболиғе, ки аз маҳалли маҳрум гардонидан аз озодӣ шартан озод шудаанд ва инчунин маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо иҷрои ҳукми маҳрум намудан аз озодӣ ба таъхир монда шудааст, мувофиқи нишондоди қонун бо мақомоти дахлдор чора андешад;

6) шахсони ба синни ҳаждаҳсола нарасидаро, ки амалҳои хатарноки ҷамъиятӣ содир кардаанд, дастгир намуда, агар ҷудо нигоҳ доштани онҳо зарур бошад ва инчунин ноболиғонеро, ки бесаробон мондаанду ба муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ фиристода мешаванд, дар муассисаҳои қабулу тақсими ноболиғон нигоҳ дорад;

7) хизматчиёни ҳарбиеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, дастгир намуда, нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд, ҳаракатҳои таъхирнопазири тафтишотӣ гузаронад ва бо тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ба тобеъияти тафтишотӣ супорад ва инчунин хизматчиёни ҳарбиро, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, то ба дасти патрулҳои ҳарбӣ, коменданти ҳарбӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ ё комиссарони ҳарбӣ супорида шуданашон боздошт намояд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1446);

8) шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд ва инчунин шахсонеро, ки нисбати онҳо ҳабс ҳамчун чораи пешгирӣ муайян шудааст, боздошт намояд ва дар ҳабс нигоҳ дорад;

9) шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро аз рӯи парванда ва маводе, ки дар истеҳсолоташ мебошад (ба таври шифоҳӣ ва ё хаттӣ) ба милитсия даъват кунад;

10) шахсонеро, ки дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбар шудаанд, барои муайян кардани мастиашон аз истеъмоли машрубот ё маводи воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва дигар маводи мадҳушкунанда барои муоина ба муассисаҳои тиббӣ фиристад ё оварда расонад, ба шарте, ки натиҷаҳои муоина барои тасдиқ ё инкор кардани далели ҳуқуқвайронкунӣ ё баррасии парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ зарур бошанд;

11) шахсонеро, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ қарор доранд ва намуди зоҳирии онҳо шаъни инсон ва ахлоқи ҷомеаро таҳқир месозад ва агар онҳо қобилияти мустақилона роҳ рафтан надошта бошанд ё метавонанд ба атрофиён ё худашон зарар расонанд, нисбати шахсони дар манзилҳояшон буда - дар асоси аризаи шифоҳӣ ё хаттии истиқоматкунандагони он ҷо, агар тахмин равад, ки рафтори шахсони мазкур ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдиди хатар мекунад, ба муассисаҳои тиббӣ ё қисми навбатдори милитсия расонад ва то ҳушёр шуданашон нигоҳ дорад;

12) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, предмет ва далелҳоро мувофиқи қонунгузорӣ ба ҳисоб гирад ва маълумоти ин баҳисобгириро истифода барад;

13) шаҳрвандонро аз номатлуб будани рафтори ғайриқонуниашон ба таври расмӣ қаблан огоҳ кунад ва онҳоро ба қайд гирад;

14) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бақайдгирӣ, аксбардорӣ, сабти овоз, наворбардории кино ва видео, қайди дактилоскопии шахсони дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё барои оворагардӣ ва гадоӣ дастгиршуда, ҳабсшудагон, шахсони дар асоси қарори суд ба ҳабси маъмурӣ гирифташуда ва инчунин шахсонеро, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбар мешаванд ва муқаррар намудани шахсияташон имконнопазир аст, анҷом диҳад;

15) бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, кофтукови ҷинояткорони пинҳоншуда бо риояи талаботи қонунгузорӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад, маълумотҳои, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникӣ дастрасшударо истифода барад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 689);

16) бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷамъиятӣ, муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин барои иҷрои баъзе амалиёти тафтишотӣ, ҳуқуқи даромадани шаҳрвандонро ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ва иншоот муваққатан маҳдуд ё манъ кунад, ҳангоми зарурат, ҳаракати нақлиёт ва равуои пиёдагардонро дар кӯчаҳо, роҳҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан маҳдуд ё манъ намояд;

17) барои таъқиб ва дастгир намудани шахси гурезаи маҳкумшуда, шахсони ба ҳабс гирифташуда, кофтукови шахсони ҷинояткор ва шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, барои пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, вайронкуниҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки ба бехатарии ҷамъиятӣ таҳдид менамоянд, минтақа ва маҳалҳо, иморату иншоотҳои алоҳидаро иҳота намояд ё бандад, инчунин бо ин мақсад нақлиёти мавҷударо тафтиш кунад;

18) ҳангоми пешгирии бевоситаи ҷиноят, таъқиби шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбар ва вазъиятҳои фавқулоддаи ба бехатарии ҷамъиятӣ таҳдидкунанда ба хонаҳои истиқоматӣ, ҳудуд ва бинои корхона, муассиса, ташкилот, қитъаҳои замини шахсони алоҳида (ба истиснои намояндагии дипломатӣ, муассисаи консулгарӣ ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда) дохил шавад ва чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ гузаронад. Бо тартиби муқарраргардидаи қонун дар муддати 24 соат дар бораи ворид шудан ба манзил, биноҳои корхона, муассиса, ташкилот, қитъаи замини шахсони алоҳида бидуни иҷозати соҳибони онҳо ба прокурор хабар диҳад;

19) ҳангоми мавҷуд будани маводи боэътимод оид ба ҷинояти содиршуда дар соҳаи фаъолияти молиявӣ (бонкӣ ва хазинадории буҷетӣ тибқи тартиби қонунгузории вобаста ба фаъолияти мазкур), хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ ва савдо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликият (ба ғайр аз намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ, намояндагии консулгарӣ ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия доранд), ворид шавад; бо иштироки соҳиби моликият ё намояндаи ваколатдори ӯ азназаргузаронии биноҳои истеҳсолӣ, савдо ва дигар биноҳои хизматӣ, воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои нигаҳдорӣ ва истифодаи моликиятро анҷом дода, дар доираи салоҳияташ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб диҳад;

20) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳуҷҷатҳои дорои аломатҳои сохтакорӣ, инчунин мол, мавод ва моддаҳои дар муомилоти шаҳрвандӣ манъбуда ва моликияти бесоҳибро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гирад, нигоҳ дорад ва аз рӯи тартиби муқарраршуда мансубияти минбаъдаи онҳоро ҳаллу фасл кунад;

21) ҳангоми мавҷуд будани маводи боэътимод тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон азназаргузаронии шахсӣ, бори дастӣ ва бағоҷи мусофирони ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ ва ҳарбиро анҷом диҳад;

22) санадҳоро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, иқомати муваққатӣ ва доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд,  дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда, аз тарафи онҳо риоя шудани мӯҳлат ва ҷои муқарраргардидаи истиқоматро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат кунад. Барои муваққатан нигоҳ доштани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки қоидаҳои будубошро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудаанд ва барои иқомати муваққатии шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, марказҳо таъсис диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 770, аз 18.07.2017 № 1446);

23) ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият барои харидорӣ, нигоҳдорӣ, интиқоли силоҳи оташфишон, тир, маводи тарканда, заҳрнок, моддаҳои сахттаъсири кимиёвӣ ва масолеҳи дигар аз рӯи номгӯи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шаҳрвандон бошад, барои харидорӣ, нигаҳдорӣ, гирифта гаштани тиру силоҳи оташфишон тибқи қонунгузорӣ иҷозат диҳад ва инчунин иҷозатро бекор карда аз корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва аз шаҳрвандон тиру силоҳро ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои нигаҳдорӣ, истифодаи онҳо ва инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун пас гирад, барои фаъолият оид ба фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он иҷозатнома, барои кушодани корхонаҳои таъмири силоҳ, тарфгарӣ, мӯҳрзанию зарробӣ, мағозаҳои силоҳфурӯшӣ ва тир, стендҳои тирандозӣ иҷозат диҳад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 299аз 28.12.2013 № 1040);

24) истифодаи воситаҳои нақлиёти бар асари нуқсонҳои техникӣ ба бехатарии ҳаракати роҳ таҳдидкунандаро манъ кунад, воситаҳои нақлиётро боздорад, ҳуҷҷатҳоро оид ба ҳуқуқи истифода ва рондани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои мансуби воситаи нақлиёт ва борро бо иштироки ронанда ва ё шахси роҳбалади бор аз назар гузаронад, воситаҳои нақлиётро ҳангоми шубҳаовар будани истифодаи ғайриқонунии онҳо тафтиш намояд, шахсонеро, ки маст буданашон аниқ аст, ҳамчунин онҳоеро, ки барои идораю истифода кардани воситаҳои нақлиёт ҳуҷҷат надоранд, аз идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрум созад, воситаҳои нақлиёти дар кофтуков бударо боздорад, корҳои таъмиру сохтмон ва дигар корҳоро дар кӯчаву роҳҳо, агар талаботи таъмини бехатарии ҷамъиятӣ риоя карда нашавад, маҳдуд ва манъ кунад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 299);

25) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намояд. Кормандони милитсияи нақлиёт ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ, дар доираи минтақаҳои хизматрасониашон ҳуқуқи истифодаи ройгонро доранд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд  (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1736).

26) дар ҳолатҳои таъхирнопазир ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои нақлиёте, ки ба корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ё шаҳрвандон тааллуқ доранд (ғайр аз воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулхонаҳо ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ) бемамоният истифода намояд. Бо талаби соҳибони воситаҳои нақлиёт товони зиёни моддии расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо пурра гардонида мешавад;

27) бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои алоқаи корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар ҳолатҳои таъҷилӣ бошад, аз воситаҳои алоқаи шаҳрвандон бемамоният истифода намояд;

28) ба мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони мансабдор барои андешидани тадбирҳои ҳатмии бартарафсозии сабаб ва шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, бо зикри мӯҳлати пешниҳоди маълумот оид ба чораҳои андешидашаванда пешниҳодот ирсол намояд; дар сурати сари вақт иҷро накардани талаби пешниҳодот масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъулро тибқи қонунгузорӣ ба маълумоти мақомоти болоӣ расонад;

29) бо мақсади пешгирии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, муқаррар намудани ҳолатҳои ҷиноят ва шахсони онро содирнамуда, дар кофтукови ҷинояткорони пинҳонгардида, шахсони бе ному нишон гумшуда аз воситаҳои ахбори омма ва алоқа ба таври ройгон истифода барад;

30) шаҳрвандонеро, ки ба милитсия дар иҷрои вазифаҳояш кӯмак расонидаанд, ҳавасманд гардонад, таъин гардидани мукофотро барои кӯмак кардан дар ошкор намудани ҷиноятҳо ва дастгир кардани шахсоне, ки онҳоро содир намудаанд, эълон кунад ва онро ба шаҳрвандон супорад;

31) шахсони боздоштгардидаро то муайян намудани шахсияти онҳо бо иҷозати прокурор, лекин на зиёда аз як моҳ, дар муассисаи қабулу таҳвили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад. Дар ҳолатҳои истисноӣ ин мӯҳлат метавонад аз ҷониби прокурор тамдид карда шавад, лекин на зиёда аз ду моҳ. Дар ҳолати фавран гирифта натавонистани иҷозати прокурор, масъалаи додани иҷозат бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ҳал карда шавад;

Корманди милитсия ҳуқуқ дорад силоҳи табелӣ ва воситаҳои махсусро баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор бо худ нигоҳ дорад, гирифта гардад ва истифода барад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Барои таъмини амнияти шахсӣ корманди милитсия метавонад аз силоҳи табелӣ, тоскулоҳ, сипар, нимтанаҳои зиреҳдор ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ истифода намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Моддаи 12. Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии милитсия

Воҳидҳои оперативии милитсия фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 689).

БОБИ 4. ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ҶИСМОНӣ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА СИЛОҲИ ОТАШФИШОН АЗ ҶОНИБИ МИЛИТСИЯ

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040)

Моддаи 13. Шартҳо ва доираи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040)

Корманди милитсия ҳуқуқ дорад аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон танҳо дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, истифода барад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон бо назардошти вазъияти бамиёномада, бо салоҳдиди корманди милитсия дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур истифода мешаванд. Пеш аз истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон дар бораи нияти истифодаи онҳо бояд огоҳӣ дода шавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Дар ҳама ҳолатҳо, агар аз истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон худдорӣ кардан ғайриимкон бошад, корманди милитсия бояд кӯшиш намояд, ки ҳаддалимкон зарари нисбатан камтари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ расонад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Ҳангоми истифода аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон расондани зарари ҷисмонӣ ва ҷароҳат корманди милитсия вазифадор аст ба зарардида ёрии аввалияи тиббӣ расонад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Дар бораи ярадоршавӣ ё марги шахсе, ки дар натиҷаи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон сурат гирифтааст, корманди милитсия вазифадор аст фавран ба сардори бевоситаи худ барои хабар додан ба прокурор гузориш диҳад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Кормандони милитсия, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии милитсия оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҷалб карда шудаанд, барои расонидани зарари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ ба шахс мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, агар онҳо тибқи муқаррароти дар Қонуни мазкур пешбинишуда аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725аз 28.12.2013 № 1040).

Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон берун аз ҳадди ваколат боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Корманди милитсия барои пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, дастгир намудани шахсоне, ки онҳоро содир намудаанд, бартараф намудани мухолифат нисбат ба талаботи қонунии корманди милитсия, барои муҳофизати худ ҳуқуқ дорад аз қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла аз усулҳои ҷангии гӯштин, воситаҳои зердаст истифода барад, агар усулҳои ғайримаҷбурӣ иҷрои вазифаҳои ба зиммаи он вогузоргардидаро таъмин накунанд.

Моддаи 14. Истифодаи воситаҳои махсус

Корманди милитсия ҳуқуқ дорад, ки аз воситаҳои махсуси дар ихтиёри милитсия буда дар мавридҳои зерин истифода барад:

1) барои бартараф намудани ҳамла ба шаҳрвандон ва корманди милитсия;

2) барои пешгирӣ кардани муқобилияти зидди корманди милитсия;

3) барои боздошти шахс ҳангоми содир кардани ҷинояти ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдидкунанда ва мақсади гурехтан дошта;

4) барои боздошти шахсоне, ки метавонанд муқобилияти мусаллаҳона нишон диҳанд ва дар ин бобат асосҳои мӯътамад ҳаст;

5) барои ба милитсия овардани шахсони дастгиршуда, посбонӣ ва нигаҳдории дастгиршудагон, ҳамчунин шахсони ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда ва махкумгардида, ҳангоми гумонбар шудан, ки рафтори онҳо барои гурехтан, ба атрофиён ва ё ба худ зарар расонидан асос шуда метавонад ва ё ба корманди милитсия муқобилият нишон медиҳанд;

6) барои зада гардонидани ҳуҷум ба бино, иморат, иншоот ва воситаҳои нақлиёте, ки ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилот тааллуқ доранд, барои озод кардани шахсон, истиқоматгоҳ, бино, иморат, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва қитъаи замине, ки аз тарафи шахсони ҷинояткор бо зӯрӣ тасарруф шудаанд;

7) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;

8) барои нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, ки ронандааш талаби корманди милитсияро иҷро намекунад;

9) барои ошкор кардани шахсони ҷиноятсодиркунанда ва ё содиркарда.

Ба сифати воситаҳои махсус истифода мешаванд:

- дастаҳои резинӣ- дар мавридҳои дар бандҳои 1,2,7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

- гази ашковар-дар мавридҳои дар бандҳои 1,2,4,6,7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

- дастбанд-дар бандҳои 2,3, 4 ва 5 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда. Дар мавриди набудани дастбанд корманди милитсия ҳуқуқ дорад, ки воситаҳои зердастро барои бастан истифода намояд.

- воситаҳои таъсирбахшу ҷалбкунандаи равшанӣ-дар мавридҳои дар бандҳои 4, 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- воситаҳои манъкунандаи нақлиёт-дар мавридҳои дар банди 8 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

- обпошак ва мошинҳои зиреҳпӯш-дар мавридҳои дар бандҳои 4,6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, фақат бо дастури сардори мақомоти корҳои дохила бо хабардор кардани прокурор дар давоми 24 соат баъд аз истифодабарӣ;

- сагҳои хизматӣ-дар мавридҳои дар бандҳои 1,2,3,4,5,6,7 ва 9 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- дастгоҳҳои барқӣ (электрошоки) -дар мавридҳои дар бандҳои 1,2,3,4 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- воситаҳои вайронкунандаи монеаҳо - дар мавридхои дар бандҳои 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- воситаҳои махсуси рангкунанда - дар мавридҳои дар бандхои 3, 7 ва 9 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- аспҳо - дар мавридҳои дар бандҳои 3 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- тирҳои резинӣ - дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2, 3 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725).

Ба ҷуз инҳо ҳамаи намуди воситаҳои махсус дар мавридҳои дар қисми якӯми моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинишуда метавонанд истифода шаванд.

Нисбати занҳои ҳомиладориашон аён, шахсони нишони аниқи маҷрӯҳӣ дошта ва хурдсолон, ба истиснои мавридҳое, ки онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳанд, ҳуҷуми дастаҷамъӣ ё кирдори ба ин монанди ба ҳаёт ва саломатии одамон хатарангез мекунанд истифодаи воситаҳои махсус манъ аст. Ҳамчунин барои пешгирии маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва пикетгузориҳои ғайриқонунии дорои хусусияти ғайризӯроварӣ истифодаи воситаҳои махсус иҷозат дода мешавад, агар дар ин ҳолат тартиботи ҷамъиятӣ вайрон карда шавад. Дар ҳолати мудофиаи зарурӣ ва заруроти ниҳоӣ корманди милитсия, агар воситаҳои махсус ва ё аслиҳаи оташфишон набошад, ҳуқуқ дорад, ки аз ҳама гуна воситаи зердаст истифода барад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725).

Мусаллаҳшавии милитсия бо воситаҳои махсусе, ки боиси ҷароҳатҳои вазнин ва хатари ислоҳнопазиранд, манъ аст.

Моддаи 15. Истифодаи силоҳ оташфишон

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040)

Истифодаи яроқи оташфишон чун чораи ниҳоӣ ин паррондани тир барои безарар гардонидани шахсе мебошад, ки ҳаракати хавфноки он пешгирӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725).

Корманди милитсия ҳамчун чораи ниҳоӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин аз силоҳи оташфишон истифода барад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040):

- барои муҳофизати шаҳрвандон аз ҳуҷум ва инчунин барои озод кардани гаравгонҳо;

- барои рафъи ҳуҷуми гурӯҳӣ ё мусаллаҳона, аз ҷумла бо истифодаи моддаҳои оташзананда, тарканда, заҳролудкунанда, заҳролуд ё предметҳое, ки барои истифода бурдан ба сифати силоҳ мувофиқ карда шудаанд, ба корманди милитсия ва дигар шахсоне, ки ҷиҳати муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ё мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ӯҳдадорӣ ё қарзи ҷамъиятиро адо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1140);

- барои рафъи ҳуҷуми гурӯҳӣ ё мусаллаҳона, аз ҷумла бо истифодаи моддаҳои оташзананда, тарканда, заҳролудкунанда, заҳролуд ё предметҳое, ки барои истифода бурдан ба сифати силоҳ мувофиқ карда шудаанд, ба биноҳои истиқоматии шаҳрвандон, объектҳои муҳим ва ҳифзшавандаи таҳти муҳофизати ҳатмӣ қарордошта, биноҳои мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю муассиса ва ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият, рафъи ҳуҷум ба дастаҳои навбатдори низомӣ ва хизматии мақомоти корҳои дохилӣ (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012, № 930, аз 27.11.2014 № 1140);

- барои дастгир кардани шахсе, ки муқобилияти мусаллаҳона, аз ҷумла бо истифодаи моддаҳои оташзананда, тарканда, заҳролудкунанда, заҳролуд ё предметҳое, ки барои истифода бурдан ба сифати силоҳ мувофиқ карда шудаанд, нишон медиҳад, ё ҳангоми содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба даст афтодааст, ё ҷинояткоре, ки аз маҳбас фирор намудааст ва инчунин шахси мусаллаҳе, ки аз иҷрои талаботи қонун оид ба супурдани силоҳи оташфишон саркашӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040, аз 27.11.2014 № 1140);

- ба муқобили шахсоне, ки бо роҳи зӯроварӣ силоҳи оташфишони корманди милитсияро ба даст дароварданианд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Пеш аз истифодаи силоҳи оташфишон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар бораи нияти истифодаи он бояд қаблан огоҳӣ дода шавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Ҳангоми ҳуҷуми ногаҳонӣ ё мусаллаҳона,  аз ҷумла бо истифодаи моддаҳои оташзананда, тарканда, заҳролудкунанда, заҳролуд ё предметҳое, ки барои истифода бурдан ба сифати силоҳ мувофиқ карда шудаанд, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда, киштиҳои дарёгард, ҳангоми бо силоҳи оташфишон ё бо истифода аз воситаҳои нақлиёт аз маҳбас фирор намудан, ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз онҳо фирор намудани маҳбусон ва инчунин барои озод кардани гаравгонҳо корманди милитсия метавонад бе огоҳӣ аз яроқи оташфишон истифода барад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040, аз 27.11.2014 № 1140).

Истифодаи силоҳи оташфишон нисбати занҳо, шахсони аломатҳои маъюбиашон аён ва ноболиғон манъ аст, ғайр аз ҳолатҳое, ки аз ҷониби онҳо содир намудани ҳуҷум, нишон додани муқобилати мусаллаҳона, содир намудани ҳуҷуми гурӯҳӣ ва ё мусаллаҳонае, ки ба ҳаёти одамон таҳдид мекунад, инчунин ҳангоми ҷамъ шудани одамон, ки аз ин амал метавонад шахсони бегуноҳ зарар бинанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Корманди милитсия дар ҳолатҳои зерин низ ҳуқуқ дорад аз силоҳи оташфишон истифода барад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040):

- барои боздоштани воситаҳои нақлиёт бо роҳи аз кор баровардани онҳо, агар ронанда ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро таҳти хатари воқеӣ гузорад;

- барои безарар гардонидани ҳайвоне, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон таҳдид мекунад;

- барои додани бонги хатар ва даъват ба ёрӣ.

Дар ҳамаи ҳолатҳои истифодаи силоҳи оташфишон корманди милитсия барои таъмини амнияти шаҳрвандони гирду атроф, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба зарардидагон ва инчунин хабардор сохтани хешовандон ва намояндагони қонунии онҳо вазифадор аст тамоми тадбирҳои заруриро андешад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Корманди милитсия аз ҳар ҳолати истифодаи силоҳи оташфишон дар тӯли 24 соат аз лаҳзаи истифодааш бояд ба сардори мақомоти милитсия аз рӯи маҳалли хизмати худ ё аз рӯи маҳалли истифодаи силоҳи оташфишон гузориш диҳад ва дар ҳолати ҳалок ё ярадор шудани шаҳрвандон фавран прокурорро огоҳ намояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Меъёрҳо, тартиби ба категорияҳо ҷудо намудан ва Феҳристи объектҳои муҳим ва ҳифзшаванда, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилӣ қарор мегиранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012, № 930).

Моддаи 16. Кафолатҳои амнияти шахсии корманди мусаллаҳи милитсия

Агар корманди милитсия чунин шуморад, ки дар вазъияти ба амаломада барои истифодаи силоҳи оташфишон асосҳои мутобиқи моддаи 15 Қонуни мазкур пешбинигардида ба миён омада метавонанд, ҳуқуқи аз ғилоф гирифта омода намудани онро дорад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1040).

Кӯшишҳои шахси аз ҷониби корманди милитсия дастгиршаванда рӯирост бо силоҳи оташфишон ё сард ё предмете, ки бо ёрии он зарари ҷисмонӣ расонидан мумкин аст, барои ба ӯ наздик шудан ва зимнан кӯтоҳ намудани масофаи аз ҷониби корманди милитсия муқарраркардашуда, инчунин кӯшиши яроқи корманди милитсияро ба даст овардан ё содир намудани амалҳои ногаҳонӣ ва ё дигар ҳаракатҳои хавфнок ё бе иҷозати корманди милитсия гирифтани ягон предмет аз либоси худ, ки чунин ҳаракатҳо мумкин аст аз ҷониби корманди милитсия чун таҳдиди зӯроварӣ фаҳмида шаванд, ба  корманди милитсия ҳуқуқ медиҳанд, ки мувофиқи сархати дуюми қисми дуюми моддаи 15 Қонуни мазкур силоҳро истифода барад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725, аз 28.12.2013 № 1040).

БОБИ 5. ХИЗМАТ ДАР МИЛИТСИЯ

Моддаи 17. Корманди милитсия

Корманди милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар мансаби ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда фаъолият карда, ба ӯ мутобиқи тартиботи муқарраршуда рутбаи корманди қаторӣ ва ё роҳбарикунанда дода шудааст.

Ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати хизмат дар милитсия рутбаҳои махсуси мавҷуда баробар бо дигар рутбаҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд. Рутбаҳои махсуси ҳайати фармондиҳии милитсия якумра мебошанд, ки дар вақти ба охир расидани хизмат ба рутбаҳои махсуси мавҷуда ибораи "дар истеъфо" илова карда мешавад.

Рутбаҳои махсуси кормандони милитсия аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Тартиби додани рутбаҳои махсуси кормандони милитсия дар Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муқаррар карда мешавад.

Кормандони милитсия либоси ягонаи расмӣ доранд, ки он ройгон дода мешавад. Намунаҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ба кормандони милитсия шаҳодатномаҳои хизматӣ, ки намунаашон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст ва нишонаҳои махсус (жетонҳо) бо рақами шахсӣ дода мешаванд.

Моддаи 18. Вазифаҳои хизматӣ ва ҳуқуқҳои корманди милитсия

Корманди милитсия вазифа ва ҳуқуқҳои милитсияро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, дар доираи салоҳияти худ мувофиқи вазифаи ишғолкардааш иҷро намуда, истифода мебарад.

Ҳар як корманди милитсия дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз вазифаи ишғолкардааш ӯҳдадор аст (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1446):

- ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳодисаи нохуш зарар дидаанд, инчунин ба онҳое, ки дар ҳолати нотавонӣ ё дар ҳолатҳои барои ҳаёташон хатарнок мебошанд, ёрӣ расонад;

- ҳангоми аз воқеаҳои ба амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ таҳдидкунанда ба ӯ арз намудани шаҳрванд ё ҳангоми бевосита ошкор намудани чунин воқеаҳо, барои наҷот додани одамон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, дастгир кардани шахсони онҳоро содирнамуда, муҳофизати ҷои ҳодиса тадбирҳо андешад ва дар ин хусус ба наздиктарин шӯъбаи милитсия хабар диҳад.

Моддаи 19. Хизмат дар милитсия

Ба хизмати милитсия танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 20 кам ва аз 35 зиёд намебошад, сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, ки аз рӯи сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, кордонӣ, таҳсилот, донистани забони давлатӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи милитсия вогузоршуда мебароянд, баъди адои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват (ба истиснои курсантҳои муассисаҳои таълимии миёна ва олии Вазорати корҳои дохилӣ) дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725, аз 18.07.2017 № 1446).

Ҳангоми қабул ба хизмат дар милитсия шахс ҳатман аз қайди давлатии дактилоскопӣ гузаронида шуда, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1614).

Ба хизмати милитсия шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доштанд ё доранд (сарфи назар аз мӯҳлати адои ҷазои таъиншуда, озод кардан аз адои минбаъдаи ҷазо, қабул ва татбиқи санади авф, ба истиснои онҳое, ки аз тарафи суд сафед карда ё бегуноҳ дониста шудаанд), қабул карда намешаванд.

Ишғол кардани ҷойҳои холӣ дар милитсия мустасно дар асоси озмун бо роҳи бастани қарордодҳои инфиродӣ, инчунин ҳангоми қабул шудан ба хизмат дар милитсия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Барои онҳое, ки ба хизмати милитсия қабул мегарданд, мӯҳлати санҷиш аз 3 то 6 моҳ муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми қабул шудан ба хизмат корманди милитсия савганд ёд мекунад, ки матни онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст. Дар баробари ин, корманди милитсия мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ӯҳдадории хаттӣ қабул мекунад.

ӯҳдадорони ҳарбие, ки ба хизмати милитсия қабул гардидаанд, аз ҷумла шунавандагон ва курсантҳои муассисаҳои таълимии махсуси системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди ҳарбӣ бо тартиби муқарраршуда бароварда, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.

Корманди милитсия метавонад ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, инчунин вазорату идораҳо ё корхона, муассиса ва ташкилотҳои тобеи онҳо (дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои иҷрои вазифаҳои махсус равон карда шавад. Дар ин ҳол вай дар ихтиёри Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мемонад. Шахси мазкур аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии ба кормандони милитсия пешбинишуда истифода мебарад.

Корманди милитсия дар сурати интихоб шуданаш ба мақоми олии қонунгузорӣ то ба итмом расидани мӯҳлати ваколаташ дар ҳайати эҳтиётии раёсати кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ мемонад.

Муносибатҳои меҳнатии кормандони милитсия мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат ба танзим дароварда мешавад, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда.

Корманди милитсия бо асосҳои зерин аз хизмат озод карда мешавад:

а) бо хоҳиши худ;

б) бинобар расидан ба синну соли ниҳоӣ, ки онро Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати хизматро муқаррар кардааст;

в) баъди ба охир расидани мӯҳлати хизмат, ки ҳуқуқи ба нафақа баромаданро медиҳад (бо ташаббуси корманди милитсия ва ё ризоияти ӯ);

г) бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати хизмат мувофиқи қарордод;

д) бинобар риоя накардани шартҳои қарордод;

е) бо сабаби ихтисори ҳайати кормандон;

ж) бо сабаби беморӣ - дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ оид ба корношоямии ӯ ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ;

з) бинобар иллатмандӣ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ оид ба нокифоя будани ҳолаташ барои хизмат ва бинобар беморӣ иҷро карда натавонистани ӯҳдадории хизматӣ, вобаста ба вазифааш ва набудани имкони ба кори дигар гузаронидан;

и) аз сабаби мувофиқат накардани вазифаи хизматӣ ба ихтисосаш аз рӯи натиҷаи аттестатсия;

к) барои дағалона ва ё мунтазам вайрон кардани интизом;

л) барои содир кардани рафторе, ки ба шарафи корманди милитсия доғ меорад;

м) дар сурати эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1446);

н) бо сабаби вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 299);

о) бинобар қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1446).

Номгӯи зикршудаи асосҳои аз хизмат озод кардани кормандони милитсия қатьист.

Моддаи 19(1). Ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 801)

Бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда гузаронида мешавад.

Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 801).

Моддаи 19(2). Пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони милитсия

(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1614)

Кормандони милитсия (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1614).

Моддаи 20. Тартиб ва шартҳои адои хизмат дар милитсия

Барои корманди милитсия давомнокии умумии вақти корӣ дар асоси қонунгузорӣ дар бораи меҳнат ба танзим дароварда мешавад.

Ҳангоми зарурат корманди милитсия метавонад ба хизмати аз вақти муқарраршуда зиёд, инчунин ҳангоми шаб, рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб карда шавад.

Ба корманди милитсия рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ бе ҳисоб намудани вақти рафтан ба ҷои истироҳат ва бозгашт бо пардохти арзиши роҳкиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1446).

Ба корманди милитсия, ки дар маҳалҳои шароити иқлимиашон душвор ва номусоид адои хизмат менамояд, сарфи назар аз собиқаи хизматӣ рухсатии меҳнатии асосии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 45 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.

Ба корманди милитсия инчунин рухсатии меҳнатии муздаш пардохтшавандаи ҳарсолаи иловагӣ ба муддати зерин дода мешавад:

баъди 10 соли хизмат-5 рӯзи тақвимӣ;

баъди 15 соли хизмат-10 рӯзи тақвимӣ;

баъди 20 соли хизмат-15 рӯзи тақвимӣ.

Ба корманди милитсия ташкил намудани корпартоиҳо ва ширкат дар гузаронидани онҳо, машғул шудан ба ҳама гуна намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамзамон ду вазифаро иҷро намудан дар корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ манъ аст.

Дар милитсия таъсис додани сохторҳои ташкилӣ ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, инчунин бурдани таблиғоти ҳамагуна идеология манъ аст.

Тартиб, мӯҳлат ва шартҳои хизмат дар милитсия бо Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, танзим карда мешаванд.

Моддаи 20(1). Ҳавасмандгардонии кормандони милитсия ва шахсони дигар

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 842)

Барои комёбиҳо ва ҷасорату фидокорӣ, нишон додани корнамоиҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ кормандони милитсия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Кормандони милитсия ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, ҳамчунин барои хизмати намунавӣ, бенуқсон, пурмаҳсул ва давомнок бо медали идоравии "Барои хизмати шоён" дараҷаҳои 1, 2, 3, барои собиқаи хизматии зиёда аз 25 сол бо медали идоравии "Собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ", барои нишондодҳои баланди хизматӣ ва касбӣ бо нишони сарисинагии "Корманди фахрии ВКД" сарфароз гардонида мешаванд. Тавсифи медалҳои идоравӣ ва нишони сарисинагӣ, тартиби бо онҳо мукофотонидан ва ҳавасмандгардониро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон низ барои ҳамкорӣ бо милитсия ҳангоми амалӣ намудани муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ метавонанд бо медалҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шаванд.

Ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи санҷиш ва баҳодиҳӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавӣ, аз рӯи сатҳи дониш, малака, таҷрибаи корӣ ва тайёрии касбӣ дараҷаҳои ихтисоси касбӣ дода мешаванд, ки тартиби додан ва ҳавасмандгардониро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 842).

Моддаи 21. Пардохти музди меҳнати корманди милитсия

Таъминоти пулии кормандони милитсия аз маоши моҳонаи вазифавӣ, маоши моҳона барои рутбаи махсус, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии кормандони милитсияро ташкил медиҳанд ва аз иловапулӣ барои собиқаи хизмат иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии кормандони милитсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 153).

Ба корманди милитсия бар ивази озуқаворӣ ҷубронпулӣ пардохта мешавад, ки ҳаҷми он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои ҳар сол муқаррар карда мешавад.

Музди меҳнати кормандони милитсия, ки зиёда аз вақти кории муқаррарнамудаи қонун дар хизмат мебошанд, бо тартиби муқарарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

БОБИ 6. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ

Моддаи 22. Ҳимояи ҳуқуқии корманди милитсия

Корманди милитсия намояндаи ҳокимияти давлатии иҷроия буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Корманди милитсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ шахси дахлнопазир мебошад. Сӯиқасд дар ҳама гуна шаклҳояш ба корманди милитсия боиси фавран гирифтани пеши роҳи чунин амалҳо тавассути воситаю усулҳое мегардад, ки Қонуни мазкур ба милитсия иҷозат додааст.

Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия, инчунин дигар амалҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи милитсия гузошташуда монеъ мешаванд, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Моддаи 23. Эҳтимолияти боварӣ ба корманди милитсия

Ба нишондоди корманди милитсия, ки ба сифати ҷабрдида ё шоҳид аз рӯи парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ пурсида мешавад, дар баробари далелҳои дигаре, ки мувофиқи тартиби дар қонун муқарраргардида гирифта шудаанд, баҳо дода мешавад.

Моддаи 24. Норавоии дахолат ба фаъолияти корманди милитсия

Корманди милитсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда танҳо ба сардорони бевосита ва болоии худ тобеъ мебошад. Ҳеҷ шахси дигар ҳуқуқи ба фаъолияти қонунии корманди милитсия дахолат карданро надорад.

Таъсир расондан ба корманди милитсия бо мақсади мамониат кардан ба иҷрои вазифаҳои хизматиаш дар кадом шакле, ки набошад, боиси ҷавобгарии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда мегардад.

Дар ҳолати аз тарафи сардор ва шахси ваколатдор гирифтани фармон ё супорише, ки ба қонун мухолифат мекунад, корманди милитсия бояд мувофиқи талаби қонун амал кунад.

Моддаи 25. Ҳуқуқҳои корманди милитсия ба ҳимояи судӣ

Корманди милитсия кафолати ҳифзи судӣ дорад.

Моддаи 26. Суғуртаи давлатӣ ва талофии зарар дар ҳолати ҳалок ва ё маъюб шудани корманди милитсия

Ҳамаи кормандони милитсия бояд аз ҳисоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томҳои милитсия бо суғуртаи ҳатмии давлатии шахсӣ фаро гирифта шаванд. Тартиби ин тарзи суғуртакунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ҳангоми ҳалок гардидани корманди милитсия бинобар иҷрои фаъолияти хизматӣ ба оилаи ҳалокгардида ва ё шахсони таҳти саробонии он буда ёрдампулии якдафъаина дар ҳаҷми 8 маоши таъминоти пулии ҳалокгардида аз ҳисоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томҳои милитсия пардохта мешавад, ки минбаъд аз шахсони гунаҳкор бо ҷуброни ин маблағ аз лаҳзаи пардохт рӯёнида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2011 № 392, аз 01.08.2012 № 884).

Дар сурати ба корманди милитсия расонидани зарари ҷисмоние, ки ба фаъолияти касбӣ машғул шудан имконнопазир аст, ба ӯ ёрдампулии якдафаъина дар ҳаҷми 6 маоши таъминоти пулӣ аз ҳисоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томҳои милитсия пардохта мешавад, ки минбаъд аз ҳисоби шахсони гунаҳкор рӯёнида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2011 № 392, аз 01.08.2012 № 884).

Дар сурати пеш аз мӯҳлат рухсат шудани корманди милитсия аз хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи бемории дар рафти адои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ пайдонамуда ба ӯ кӯмакпулии яквақтаина ба андозаи 5 маоши таъминоти пулӣ, ки дар рӯзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2011 № 392, аз 01.08.2012 № 884).

Зараре, ки ба моликияти корманди милитсия, аҳли оила ё хеши наздикаш вобаста ба фаъолияти хизматии ӯ расонида шудааст, бо тартиби муқарраргардида дар ҳаҷми пурра ба корманди милитсия, аъзои оила ё хеши наздикаш аз ҷумла фоидаи аздастрафта низ талофӣ карда мешавад.

Барои дафни корманди милитсия ва нафақахӯрон-собиқ кормандони милитсия кӯмаки якдафъаинаи пулӣ дар ҳаҷми муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Моддаи 27.Таъмини корманди милитсия бо манзил

Ба шахсоне, ки барои хизмат дар милитсия қабул шудаанду манзил надоранд, манзили истиқоматии хизматӣ дар шакли хонаи алоҳида ва ё ҳавлӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, ба нозирони минтақавии милитсия дар давоми шаш моҳи ба вазифа таъин шудан аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад. Ба кормандони милитсияе, ки дар асоси шартнома вазорату идораҳоро посбонӣ мекунанд, бо манзили хизматӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, таъмин карда мешаванд.

Кормандони милитсия, ки дар мақомоти милитсия беш аз даҳ сол кор кардаанд, инчунин аъзои оилаи корманди вафоткардаи милитсия бе додани манзили дигар набояд аз манзили хизматӣ бароварда шаванд.

Кормандони милитсия, ки ба беҳтар намудани шароити манзил эҳтиёҷ доранд, ҳуқуқ доранд барои сохтмони кооперативӣ ва инфиродӣ ба мӯҳлати 20 сол қарзи имтиёзнок гиранд, ки 50 фоизи он аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдор пардохта мешавад.

Мақомоту муассисаҳои милитсия ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби манбаи молиявии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои кормандони худ, ки ба беҳтар намудани шароити манзил эҳтиёҷ доранд, манзил харида диҳанд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ манзили кормандони милитсия, моликияти коммуналиро ҳангоми собиқаи хизматии беш аз бистсола доштан, инчунин ба аъзои оилаи онҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалок гардидаанд, ба таври ройгон медиҳад.

Дар сурати ҳалок гардидани корманди милитсия ҳангоми иҷрои фаъолияти хизматӣ, ба оилаи ӯ манзил дар ҳамон асосҳое, ки ҳангоми дар навбат истодани вай мавҷуд буданд ва на дертар аз як соли баъди ҳалок шудани корманди милитсия бояд аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода шавад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1446).

Барои кормандони милитсия ва аъзои оилаи онҳо, аз он ҷумла оилаи корманди ҳалокгардида тахфифи панҷоҳфоизаи пардохти хонапулӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ, телефон муқаррар карда мешавад.

Ба корманди милитсия ва аъзои оилааш дар хонаҳои фонди давлатӣ ва фонди дигари манзил, аз ҷумла онҳое, ки дар хонаҳои хусусикардашуда зиндагӣ мекунанд, хонапулӣ ва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ (ба истиснои маблағи истифодаи газ ва барқ), пули телефон, новобаста аз навъи фонди манзилӣ, панҷоҳ фоиз кам карда мешавад.

Моддаи 28. Бо телефон таъмин намудани кормандони милитсия ва мусоидат дар кори фарогирии фарзандони онҳо ба муассисаҳои томактабӣ

Барои кормандони воҳидҳои оперативии милитсия ва дигар категорияҳои кормандони милитсия, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, бенавбат телефони хонагӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани телефони хонагӣ ба кормандони милитсия пардохти музди хизматрасонӣ панҷоҳ фоиз кам карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 689).

Фарзандони кормандони милитсия ба муассисаҳои томактабии кӯдакона бояд дар давоми се моҳи ариза доданашон қабул карда шаванд.

Моддаи 29. Ҳуқуқҳои корманди милитсия ба ҷуброни истифодаи нақлиёти шахсӣ бо мақсадҳои хизматӣ

Ба корманди милитсия, ки барои мақсади хизматӣ нақлиёти шахсиашро истифода мебарад, ба андозаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ пардохта мешавад.

Моддаи 30. Ҳуқуқи корманди милитсия ҳангоми дар сафари хизматӣ будан

Корманди милитсия, ки дар сафари хизматӣ мебошад, ҳуқуқи бе навбат гирифтани чиптаро ба ҳама гуна нақлиёт, инчунин дар меҳмонхона аз рӯи шаҳодатномаи сафари хизматӣ ҷойгир шуданро дорад.

Моддаи 31. Ҳифзи иҷтимоии корманди милитсия, ки бо сабаби ба нафақа баромадан аз кор сабукдӯш шудааст

Корманди милитсия, ки бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида, ба сабаби беморӣ ё ки пурра гардидани собиқаи хизматӣ ба нафақа меравад, ба имтиёзҳои барои кормандони милитсия пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" аз ҷумла ба таъминоти тиббӣ дар муассисаҳои табобатие, ки дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, ҳуқуқ дорад.

Андозаи нафақаи корманди милитсия, ки бинобар расидан ба синни муқарраршуда, бо сабаби беморӣ ё фарорасии мӯҳлати собиқаи хизмат аз кор озод карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2011 № 392).

Барои шахсоне, ки аз хизмати милитсия озод шудаанд, дар сурати таҳдид ба ҳаёт, ба саломатӣ ва амволи онҳо бинобар фаъолияти пештараашон муқаррароти қисмҳои сеюм, чорум ва панҷуми моддаи 26 Қонуни мазкур эътибор пайдо менамояд.

Ҳангоми ба хизмати мақомоти корҳои дохилӣ қабул шудани мутахассисони моҳир, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи ихтисоси асосӣ корро давом додаанд, собиқаи меҳнатиашон барои таъмини нафақа ва илова намудани маоши изофагӣ ба собиқаи хизматӣ аз ҳисоби ду соли собиқаи умумии меҳнатӣ бар як соли хизмат ба мӯҳлати хизмат ҳисоб карда мешавад.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2011 № 392).

БОБИ 7. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИЮ ИҶТИМОӢ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МИЛИТСИЯ

Моддаи 32. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии милитсия

Маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникӣ ва иҷтимоию маишии милитсия аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳои маблағгузории пешбинишудаи қонунгузорӣ пардохт мешавад.

Моддаи 33. Таъмини милитсия бо биноҳои хизматӣ

Мақомоти ҳокимияти иҷроия мақомот, ҷузъу томҳо ва муассисаҳои милитсияро бо тартиби муқарраргардида бо биноҳои хизматӣ ва дигар биноҳо таъмин мекунанд.

Мақомот, ҷузъу томҳо ва муассисаҳои милитсияи нақлиётӣ бо биноҳои хизматӣ ва дигар биноҳо аз ҷониби идораю мақомоти дахлдори нақлиётӣ таъмин карда мешаванд.

Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳимояи кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии корманди милитсия

Дар ҳолатҳои риоя накардани ҳимояи кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии корманди милитсия, ки Қонуни мазкур муайян кардааст, шахсони мансабдори гунаҳкор ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои кормандони милитсия метавонанд кафолатҳои дигари ҳифзи иҷтимоиро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, муқаррар намоянд.

БОБИ 7(1) ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

(Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568)

Моддаи 34(1). Ҳамкории байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568)

Милитсия мувофиқи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар масъалаҳои мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти салоҳиятдори онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалие, ки бо ҷинояткори мубориза мебаранд, ҳамкорӣ мекунад.

Милитсия ҳамкории худро бо мақомоти дигар давлатҳои хориҷӣ тавассути намояндагии мақомоти корҳои дохилӣ дар хориҷа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568).

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 35. Назорати қонуният дар фаъолияти милитсия

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар фаъолияти милитсия аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он сурат мегирад.

Маълумот дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти милитсия дар асоси пинҳонӣ ёрӣ расонидаанд ё ёрӣ мерасонанд, инчунин дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситаҳои амалӣ гардонидани фаъолияти оперативӣҷустуҷӯии мақомоти милитсия ба предмети назорати прокурорӣ дохил намешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 689).

Моддаи 36. Масъулияти корманди милитсия

Корманди милитсия барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, сӯиистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.

Ҳангоми аз ҷониби корманди милитсия поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, расонидани зарар мақоми дахлдори милитсия вазифадор аст барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо чора бинад ва бо талаби шаҳрванд ба таври расмӣ узр пурсад. Товони зиёни расонидашуда тибқи қонунгузории гражданӣ ҷуброн карда мешавад.

Моддаи 37. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милиса"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 1992 "Дар бораи милиса" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 12, м. 208; с. 1993 № 9-10, м. 139; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 23-24, м. 333; с. 1998, № 10 м. 129; с. 2001, № 4, м. 164; с. 2002, № 4 қ.1, м.233; с. 2003, № 4, м. 145; № 12, мод. 688) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 38. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

аз 17 майи соли 2004 № 41

ш. Душанбе

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи милитсия

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 153, аз 30.07.2007 № 299, аз 18.06.2008 № 392, аз 3.12.2009 № 568, аз 25.03.2011 № 689, аз 28.06.2011 № 725, аз 26.12.2011 № 770, аз 16.04.2012 № 801, аз 17.05.2004 № 842, аз 01.08.2012 № 884, аз 28.12.2012. № 930, аз 19.03.2013 № 940)

Қонуни мазкур мафҳуми милитсия, самтҳои асосии фаъолияти он, салоҳият, принсипҳои фаъолият, мавқеи милитсия дар системаи мақомоти давлатӣ, вазифаю ҳуқуқҳо, тартиби ба хизмати милитсия қабул намудан, масъулият, кафолати давлатии таъминоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва назорати фаъолияти милитсияро муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳуми милитсия

Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо пешбинигардидаро ба кор барад.

Моддаи 2. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти милитсия

Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти милитсияро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ташкил медиҳанд.

Моддаи 3. Самтҳои асосии фаъолияти милитсия

Самтҳои асосии фаъолияти милитсия аз инҳо иборатанд:

- ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;

- пешгирӣ, рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

- ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ;

- таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ;

- ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд;

- ҳимояи ҳама гуна шакли моликият аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;

- дар доираи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таблиғоти ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандон, шахсони мансабдор, дар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият;

- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

- татбиқ ва иҷрои ҷазои маъмурӣ;

- амалӣ намудани назорати муҳоҷират дар доираи салоҳияти худ, танзими масъалаҳои будубоши гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 770)

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти милитсия

Фаъолияти милитсия мутобиқи принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

- қонуният;

- ягонагии низоми мақомоти милитсия ва муттамарказонидани идоракунии он;

- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- адолати иҷтимоӣ ва инсондӯстӣ;

- пинҳонкорӣ, истифодаи усулу воситаҳои ошкоро ва махфии фаъолият;

- яккасардорӣ;

- баробарии ҳама дар назди қонун;

- алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;

- ғайриҳизбият.

Моддаи 5. Фаъолияти милитсия ва ҳуқуқи шаҳрвандон

Милитсия ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ва шаҳрвандро, қатъи назар аз шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ ҳимоя мекунад.

Корманди милитсия дар ҳама ҳолатҳо вазифадор аст ба шаҳрванд, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд асосу сабаби маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин вобаста ба ин пайдо гардидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшро фаҳмонад.

Корманди милитсия ҳуқуқи ҳимоя ва дигар ҳуқуқҳои шахсони дастгиршуда ва ҳабсгардидаро таъмин мекунад, дар ҳолатҳои зарурӣ ташхиси тиббии онҳоро мегузаронад, инчунин бетаъхир дар бораи дастгир намудани онҳо ба хешовандон, маъмурияти ҷои кор ё таҳсил ва дар муддати 24 соат ба прокурор хабар медиҳад, дар мавриди зарурат ба дастгиршудагон барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, инчунин барои рафъи хатар, ки ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи онҳо ҳангоми дастгиркунӣ ё ҳабс таҳдид менамояд, тадбирҳо меандешад.

Милитсия ҳуқуқи ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва паҳн кардани маълумотро дар бораи ҳаёти шахс бе розигии худи ӯ, ба истиснои мавридҳое, ки Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, надорад.

Милитсия вазифадор аст шахсро бо ҳуҷҷатҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқу озодиҳои вай шинос намояд, ба шарте, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Агар шахс ҳисоб кунад, ки ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз тарафи мақомоти милитсия ё шахсони мансабдори он поймол карда шудаанд, метавонад нисбати амали ин мақомот ва шахсони мансабдор ба мақомоти болоии милитсия, прокуратура ё суд шикоят кунад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба истиснои мавридҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, манъ аст.

Моддаи 6. Иштироки мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар иҷрои вазифаҳои милитсия

Милитсия вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро якҷоя бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва инчунин ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба милитсия таъсис дода шудаанд, иҷро мекунад.

Мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон вазифадоранд ба милитсия ҳангоми муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ кӯмак расонанд.

Милитсия дар иҷрои вазифаҳои худ метавонад бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби дар Қонуни мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ҳамкорӣ кунад.

Бо мақсади пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояткорӣ шаҳрвандон метавонанд ба таври махфӣ бо мақомоти милитсия мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.

Ҷалби маҷбурии шаҳрвандон барои ҳамкорӣ кардан бо милитсия манъ аст.

Маълумот дар бораи шаҳрвандоне, ки ба милитсия кӯмаки махфӣ расондаанд ё мерасонанд, танҳо бо розигии онҳо ошкор карда мешавад. Дар сурати мавҷудияти маълумоти кофӣ дар бораи таҳдиди хатар ба шахсони мазкур бинобар иштирок доштанашон дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин ба аъзои оила ё хешовандони наздики онҳо мақомоти милитсия вазифадор аст барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва амволи ин шахсон, муайян намудани сарчашмаҳои таҳдид ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон тадбирҳои зарурӣ андешад.

Моддаи 7. Ҷалби кормандони дигари мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба иҷрои вазифаҳои милитсия

Ба иҷрои вазифаҳои милитсия дигар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.

Дар ин ҳолат онҳо вазифа, ҳуқуқ, кафолатҳои муҳофизати ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин масъулияти барои кормандони милитсия пешбинишударо доранд.

БОБИ 2. СОХТОРИ МАҚОМОТИ МИЛИТСИЯ

Моддаи 8. Сохтори мақомоти милитсия

Милитсия ба сохтори мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад.

Сохтори ташкилӣ, шумораи кормандони штатӣ, музди меҳнат ва ҷойгирии милитсия бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои милитсияе, ки таъминоташон аз ҳисоби маблағи корхонаю муассиса ва ташкилотҳо амалӣ мегардад, бо тартиби муқаррарнамудаи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо мувофиқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар объектҳо ва ҳудудҳои режимӣ, инчунин барои мақсадҳои дигар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст воҳидҳои махсуси милитсия таъсис дода шаванд.

Моддаи 9. Роҳбарии милитсия

Милитсия дар фаъолияти худ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

Роҳбарии тамоми милитсияи ҷумҳуриро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Фармон дар бораи таъин ва озод намудани Вазир барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо роҳбарии милитсия ба зиммаи сардорони раёсатҳои (шӯъбаҳои) корҳои дохилӣ мебошад. Сардорони Сарраёсат ва Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо, милитсияи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешаванд.

Роҳбарони мақомоти дахлдори милитсия дар объектҳои махсусан муҳим ва режимӣ аз рӯи тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ МИЛИТСИЯ

Моддаи 10. Вазифаҳои милитсия

Милитсия вазифадор аст:

1) ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро пешгирӣ намояд, сабабу шароитҳоеро, ки ба содир кардани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, ошкор намуда, барои рафъи онҳо тадбирҳо андешад, бо ҳуқуқвайронкунандагон бо таври инфиродӣ корҳои пешгириро анҷом диҳад, дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон иштирок намояд;

2) бо мақсади пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани ҷиноят чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 689);

3) тартиботро дар кӯчаю хиёбон, боғу майдонҳо, роҳҳои нақлиётгард, вокзалу фурӯдгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъмин намояд;

4) якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ беназоратии кӯдаконро пешгирӣ кунад;

5) ариза, хабар ва дигар маълумотро дар хусуси ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин дар бораи содиркунандагони онҳо қабул кунад, ба қайд гирад ва чораҳои зарурии қонунӣ андешад;

6) дар сурати мавҷуд будани асосҳои қонунӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намояд ё оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро рад намояд, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ гузаронад, омодасозии маводи пешазсудиро дар шакли протоколӣ анҷом диҳад;

7) пешбурди баҳисобгирӣ ва қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамударо амалӣ намояд. Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

8) барои ҳифзи шахс ва амволи шоҳидон, ҷабрдидагон ва дигар шахсоне, ки ҳаёт, саломатӣ ва моликияти онҳо аз сабаби расонидани ёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо зери хатар аст, тадбирҳо андешад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии шахсони мансабдор ва кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин аъзои оилаи онҳо тадбирҳо андешад;

9) шахсонеро, ки ҷиноят содир карда, аз таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва суд пинҳон шудаанд, аз иҷрои ҷазои ҷиноятӣ саркашӣ мекунанд, бе ному нишон гум шудаанд, гаравгон гирифта шудаанд ва дигар шахсонро, инчунин амволи дуздида ва тасарруфшударо тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯ намояд;

10) дар доираи салоҳияти худ аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор иҷро шудани қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатиро оид ба масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ таъмин намояд;

11) ҷиҳати рафъи оқибати садамаву фалокатҳо, сӯхтору офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда, наҷот додани одамон ва расонидани ёрӣ ба онҳо, ҳифзи амволи бесоҳиб тадбирҳои фаврӣ андешад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори таъмини тартиботи ҳуқуқии вазъияти фавқулодда ё ҳолати ҷангӣ дар сурати ҷорӣ намудани онҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маҳалҳои алоҳидаи он, инчунин дар гузаронидани чорабиниҳои карантинӣ дар вақти эпидемия ва эпизоотияҳо иштирок намояд;

12) ба шахсоне, ки аз ҳуқуқвайронкуниҳо ё фалокату офатҳо зарар дидаанд, инчунин дар ҳолати оҷизӣ ё дигар ҳолатҳое, ки барои ҳаёту саломатии онҳо зараровар аст, ёрии таъҷилӣ расонад;

13) бехатарии ҳаракатро дар роҳҳо ба танзим дарорад ва таъмин намояд, риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёрҳо, стандарту қоидаҳои марбути ҳаракат дар роҳҳоро дидбонӣ ва назорат кунад, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар нақлиёти муҳаррикдорро ба қайд ва ба ҳисоб гирад, имтиҳон гирад ва шаҳодатномаҳои ронандагӣ диҳад, азназаргузаронии техникии давлатии воситаҳои нақлиётро гузаронад ва бо тартиби муқарраршуда дар ҳамроҳии онҳо ширкат варзад, барои тайёр намудани варақаи шаҳодатномаҳои ронандагӣ, нишонаҳои бақайдгирии давлатӣ, маълумотномаҳои бақайдгирӣ ва дигар маводи махсус, ки барои рухсат дар ҳаракати роҳҳо зарур аст, ҳамчунин дар корҳои муқарраркунӣ ва истифодаи воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ ҳамчун фармоишгари давлатӣ амал кунад;

14) мувофиқи қонун барои хариду фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ ва тирҳои он, барои нигаҳдорӣ ва гирифта гаштани яроқи ғайринизомӣ ва ё хизматӣ, ҳамлу нақли яроқи номбурда ва тирҳои мансуби он, ворид кардан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё баровардан аз ҳудуди он, ҳамчунин барои нигаҳдорӣ ва истифодаи намудҳои ҷудогона ва навъҳои яроқи ҷангии дастии оташфишони аз мақомоти корҳои дохилӣ барои истифодаи муваққатӣ гирифташуда, барои нигаҳдорӣ ва интиқоли маводи таркандаи таъиноти саноатӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат диҳад, назорати муомилоти яроқи ғайринизомӣ ва хизматии оташфишонро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонад;

15) ҷойҳои нигаҳдорӣ ва истифодаи яроқ, лавозимоти мансуби он, маводи тарканда ва ҳамчунин объектҳои гардиши онҳоро аз назар гузаронад, ҳангоми маълум гардидани вайронкунии қоидаҳои муқаррарӣ ба шаҳрвандон ва шахси мансабдор барои ислоҳи онҳо пешниҳодот диҳад, маводи номбаршударо бозпас гирад, фаъолияти ин гуна объектҳоро манъ кунад, иҷозатномаи додашударо бекор кунад ва тадбирҳои дигареро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, амалӣ гардонад;

16) шиносномаҳо, иҷозатномаҳои ворид шуданро ба минтақаҳои сарҳадӣ диҳад, шаҳрвандонро ба қайд гирад ва аз қайд барорад, аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя шудани қоидаҳои низоми шиносномавиро назорат намояд. Пас аз ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, хориҷӣ, аз ҷумла ба ивази шиносномаҳои гумшуда ё мӯҳлати амалашон баохиррасида, ба мақомоти андози маҳалли истиқомати шаҳрванд то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба таври хаттӣ хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 940);

17) дар татбиқи пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи табиат ва бехатарии экологӣ иштирок намояд;

18) ба расмият даровардан ва додани ҳуҷҷатҳоро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, бақайдгирӣ ва додани иҷозатномаи иқоматро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар доираи салоҳияташ таъмин намояд ва назорат кунад;

19) назорати иҷрои қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тариқи транзитӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намудаанд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани онҳо, масъалаҳои шаҳрвандӣ, инчунин додани вазъи ҳуқуқиро ба гурезагон ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, баррасӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

20) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 770); 

21) Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 770);

22) амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар асоси шартнома муҳофизат намояд;

23) воҳидҳои муҳофизатии ташкилотҳоро бозрасӣ намояд, доир ба ислоҳи камбудиҳои дар мустаҳкамкунии техникии объектҳо ҷойдошта, инчунин оид ба таъмини амнияти моликияти давлатӣ ва моликияти дигар дастур диҳад. Тартиби бозрасӣ намудани воҳидҳои муҳофизатии ташкилотҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012, № 930);

24) таъиноти судҳо, қарорҳои судяҳо, прокурорҳо ва муфаттишон, қарорҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро дар бораи маҷбуран овардани шахсоне, ки аз ҳозир шудан бо даъвати онҳо саркашӣ мекунанд, инчунин қарорҳои прокурорҳо ва қарорҳои аз ҷониби онҳо тасдиқшудаи муфаттишонро иҷро намояд, ба иҷрочиёни суд дар бобати аз биноҳои истиқоматию ғайриистиқоматӣ баровардани шаҳрвандон ёрӣ расонад, барои гузаронидани экспертизаи судии равонпизишкӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ овардани шаҳрвандонро таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

25) таъиноти (қарорҳои) судиро (судяро) дар бораи ҳабси маъмурӣ иҷро намояд;

26) дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузорӣ истеҳсоли парвандаҳои оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро амалӣ намояд;

27) ноболиғони аз ҷазо озодшуда ва ноболиғонеро, ки нисбат ба онҳо ҳангоми таъини ҷазо қарори шартан татбиқ накардани ҷазо қабул гардидааст, ба қайд гирифта, бо онҳо корҳои тарбиявӣ гузаронад ва рафтори онҳоро назорат кунад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

28) ба рафтори шахсоне, ки нисбат ба онҳо ҳангоми таъини ҷазо қарори шартан татбиқ накардани ҷазо қабул гардидааст, нисбат ба шахсоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ озод гардида, барои ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шуда буданд, шахсоне, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҷазоро адо кардаанд ва ё ду маротиба ё бештар аз он барои ҳама гуна ҷиноятҳои барқасдона суд шудаанд ё қаблан аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ то пурра адо намудани мӯҳлати муқаррарнамудаи суд озод шуда, дар мӯҳлати қисми адонашудаи ҷазо боз қасдан ҷиноят содир кардаанд, инчунин ба фаъолияти шахсоне, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, вале рафтори онҳо дар давраи адои ҷазо ё баъди аз ҷазо озод шудан дар бораи ба роҳи ислоҳ нарафтани онҳо ва риоя накардани тартиботи ҳуқуқӣ гувоҳӣ диҳад, назорат барад, дар доираи салоҳияти худ иҷрои ҷазои маъмуриро таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 568);

29) шахсони дастгир ва ҳабсшударо нигаҳдорӣ, нигаҳбонӣ ва посбонӣ намояд;

30) то ба ихтиёри мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори дахлдор додани ҳуҷҷатҳо, ашё ва чизҳои арзишнок, махзан ва дигар амволи дарёфтшуда ва ба милитсия супоридашуда, нигаҳдории онҳоро таъмин намояд, барои баргардонидани онҳо ба соҳибони қонуниашон тадбирҳо андешад;

31) аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ дар доираи салоҳияти худ экспертиза, инчунин аз рӯи маводи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тадқиқоти илмию-техникӣ гузаронад;

32) ба мақомоти тандурустӣ дар кори ошкор намудан ва ба муассисаҳои табобатӣ овардани беморони рӯҳӣ, шахсоне, ки гирифтори майзадагии ашаддӣ, нашъамандӣ, бемориҳои таносулӣ ва мубталои аломати норасоии масунияти бадан (СПИД) мебошанд ва нисбати онҳо асосҳои бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда мавҷуданд, мусоидат намояд;

33) дар доираи салоҳияти худ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакилони халқ, номзадҳо ба вакилии халқ, шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар иҷрои фаъолияти қонунии онҳо мусоидат намояд.

Ҷалб намудани милитсия ба иҷрои вазифаҳое, ки Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммааш вогузор нанамудаанд, манъ аст. Ҳеҷ кас, ба истиснои мақомот ва шахсони мансабдоре, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ваколатдор карда шудаанд, ба фаъолияти милитсия ҳуқуқи дахолат карданро надорад.

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои милитсия

Милитсия барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

1) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ, қатъ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳоеро, ки ба амалӣ гардонидани ваколатҳои милитсия мамоният мекунанд, талаб намояд ва дар сурати иҷро накардани ин талабот аз чораҳои маҷбурии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;

2) ҳангоми гумонбар шудан ба содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки шахсияти шаҳрвандонро тасдиқ мекунанд, санҷад ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳои барои риояи қоидаҳо, ки назорати онҳо ба зиммаи милитсия вогузор гардидааст, талаб намояд;

3) шахсонеро, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, оварад ва нисбати онҳо ҳуҷҷатҳои лозимӣ тартиб дода, тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд;

4) дар ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда ҷазои маъмурӣ муқаррар намояд ё ҳуҷҷатҳоро дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ ба суд, комиссияҳои назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супорад;

5) оид ба назорати шахсони ноболиғе, ки аз маҳалли маҳрум гардонидан аз озодӣ шартан озод шудаанд ва инчунин маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо иҷрои ҳукми маҳрум намудан аз озодӣ ба таъхир монда шудааст, мувофиқи нишондоди қонун бо мақомоти дахлдор чора андешад;

6) шахсони ба синни ҳаждаҳсола нарасидаро, ки амалҳои хатарноки ҷамъиятӣ содир кардаанд, дастгир намуда, агар ҷудо нигоҳ доштани онҳо зарур бошад ва инчунин ноболиғонеро, ки бесаробон мондаанду ба муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ фиристода мешаванд, дар муассисаҳои қабулу тақсими ноболиғон нигоҳ дорад;

7) хизматчиёни ҳарбиеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, дастгир намуда, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ кушояд, ҳаракатҳои таъхирнопазири тафтишотӣ гузаронад ва бо тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ба тобеъияти тафтишотӣ супорад ва инчунин хизматчиёни ҳарбиро, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, то ба дасти патрулҳои ҳарбӣ, коменданти ҳарбӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ ё комиссарони ҳарбӣ супорида шуданашон боздошт намояд;

8) шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд ва инчунин шахсонеро, ки нисбати онҳо ҳабс ҳамчун чораи пешгирӣ муайян шудааст, боздошт намояд ва дар ҳабс нигоҳ дорад;

9) шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро аз рӯи парванда ва маводе, ки дар истеҳсолоташ мебошад (ба таври шифоҳӣ ва ё хаттӣ) ба милитсия даъват кунад;

10) шахсонеро, ки дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбар шудаанд, барои муайян кардани мастиашон аз истеъмоли машрубот ё маводи воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва дигар маводи мадҳушкунанда барои муоина ба муассисаҳои тиббӣ фиристад ё оварда расонад, ба шарте, ки натиҷаҳои муоина барои тасдиқ ё инкор кардани далели ҳуқуқвайронкунӣ ё баррасии парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ зарур бошанд;

11) шахсонеро, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ қарор доранд ва намуди зоҳирии онҳо шаъни инсон ва ахлоқи ҷомеаро таҳқир месозад ва агар онҳо қобилияти мустақилона роҳ рафтан надошта бошанд ё метавонанд ба атрофиён ё худашон зарар расонанд, нисбати шахсони дар манзилҳояшон буда - дар асоси аризаи шифоҳӣ ё хаттии истиқоматкунандагони он ҷо, агар тахмин равад, ки рафтори шахсони мазкур ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдиди хатар мекунад, ба муассисаҳои тиббӣ ё қисми навбатдори милитсия расонад ва то ҳушёр шуданашон нигоҳ дорад;

12) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, предмет ва далелҳоро мувофиқи қонунгузорӣ ба ҳисоб гирад ва маълумоти ин баҳисобгириро истифода барад;

13) шаҳрвандонро аз номатлуб будани рафтори ғайриқонуниашон ба таври расмӣ қаблан огоҳ кунад ва онҳоро ба қайд гирад;

14) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бақайдгирӣ, аксбардорӣ, сабти овоз, наворбардории кино ва видео, қайди дактилоскопии шахсони дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё барои оворагардӣ ва гадоӣ дастгиршуда, ҳабсшудагон, шахсони дар асоси қарори суд ба ҳабси маъмурӣ гирифташуда ва инчунин шахсонеро, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбар мешаванд ва муқаррар намудани шахсияташон имконнопазир аст, анҷом диҳад;

15) бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, кофтукови ҷинояткорони пинҳоншуда бо риояи талаботи қонунгузорӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад, маълумотҳои, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникӣ дастрасшударо истифода барад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 689);

16) бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷамъиятӣ, муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин барои иҷрои баъзе амалиёти тафтишотӣ, ҳуқуқи даромадани шаҳрвандонро ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ва иншоот муваққатан маҳдуд ё манъ кунад, ҳангоми зарурат, ҳаракати нақлиёт ва равуои пиёдагардонро дар кӯчаҳо, роҳҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан маҳдуд ё манъ намояд;

17) барои таъқиб ва дастгир намудани шахси гурезаи маҳкумшуда, шахсони ба ҳабс гирифташуда, кофтукови шахсони ҷинояткор ва шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд, барои пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, вайронкуниҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки ба бехатарии ҷамъиятӣ таҳдид менамоянд, минтақа ва маҳалҳо, иморату иншоотҳои алоҳидаро иҳота намояд ё бандад, инчунин бо ин мақсад нақлиёти мавҷударо тафтиш кунад;

18) ҳангоми пешгирии бевоситаи ҷиноят, таъқиби шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбар ва вазъиятҳои фавқулоддаи ба бехатарии ҷамъиятӣ таҳдидкунанда ба хонаҳои истиқоматӣ, ҳудуд ва бинои корхона, муассиса, ташкилот, қитъаҳои замини шахсони алоҳида (ба истиснои намояндагии дипломатӣ, муассисаи консулгарӣ ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда) дохил шавад ва чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ гузаронад. Бо тартиби муқарраргардидаи қонун дар муддати 24 соат дар бораи ворид шудан ба манзил, биноҳои корхона, муассиса, ташкилот, қитъаи замини шахсони алоҳида бидуни иҷозати соҳибони онҳо ба прокурор хабар диҳад;

19) ҳангоми мавҷуд будани маводи боэътимод оид ба ҷинояти содиршуда дар соҳаи фаъолияти молиявӣ (бонкӣ ва хазинадории буҷетӣ тибқи тартиби қонунгузории вобаста ба фаъолияти мазкур), хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ ва савдо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба биноҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликият (ба ғайр аз намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ, намояндагии консулгарӣ ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия доранд), ворид шавад; бо иштироки соҳиби моликият ё намояндаи ваколатдори ӯ азназаргузаронии биноҳои истеҳсолӣ, савдо ва дигар биноҳои хизматӣ, воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои нигаҳдорӣ ва истифодаи моликиятро анҷом дода, дар доираи салоҳияташ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб диҳад;

20) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳуҷҷатҳои дорои аломатҳои сохтакорӣ, инчунин мол, мавод ва моддаҳои дар муомилоти шаҳрвандӣ манъбуда ва моликияти бесоҳибро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гирад, нигоҳ дорад ва аз рӯи тартиби муқарраршуда мансубияти минбаъдаи онҳоро ҳаллу фасл кунад;

21) ҳангоми мавҷуд будани маводи боэътимод тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон азназаргузаронии шахсӣ, бори дастӣ ва бағоҷи мусофирони ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ ва ҳарбиро анҷом диҳад;

22) санадҳоро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, иқомати муваққатӣ ва доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд,  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда, аз тарафи онҳо риоя шудани мӯҳлат ва ҷои муқарраргардидаи истиқоматро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат кунад. Барои муваққатан нигоҳ доштани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки қоидаҳои будубошро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудаанд ва барои иқомати муваққатии шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, марказҳо таъсис диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 770);

23) ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият барои харидорӣ, нигоҳдорӣ, интиқоли яроқи оташфишон, тир, маводи тарканда, заҳрнок, моддаҳои сахттаъсири кимиёвӣ ва масолеҳи дигар аз рӯи номгӯи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шаҳрвандон бошад, барои харидорӣ, нигаҳдорӣ, гирифта гаштани тиру яроқи оташфишон тибқи қонунгузорӣ иҷозат диҳад ва инчунин иҷозатро бекор карда аз корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва аз шаҳрвандон тиру яроқро ҳангоми вайрон кардани қоидаҳои нигаҳдорӣ, истифодаи онҳо ва инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун пас гирад, барои фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он иҷозатнома, барои кушодани корхонаҳои таъмири яроқ, тарфгарӣ, мӯҳрзанию зарробӣ, мағозаҳои яроқфурӯшӣ ва тир, стендҳои тирандозӣ иҷозат диҳад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 299);

24) истифодаи воситаҳои нақлиёти бар асари нуқсонҳои техникӣ ба бехатарии ҳаракати роҳ таҳдидкунандаро манъ кунад, воситаҳои нақлиётро боздорад, ҳуҷҷатҳоро оид ба ҳуқуқи истифода ва рондани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои мансуби воситаи нақлиёт ва борро бо иштироки ронанда ва ё шахси роҳбалади бор аз назар гузаронад, воситаҳои нақлиётро ҳангоми шубҳаовар будани истифодаи ғайриқонунии онҳо тафтиш намояд, шахсонеро, ки маст буданашон аниқ аст, ҳамчунин онҳоеро, ки барои идораю истифода кардани воситаҳои нақлиёт ҳуҷҷат надоранд, аз идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрум созад, воситаҳои нақлиёти дар кофтуков бударо боздорад, корҳои таъмиру сохтмон ва дигар корҳоро дар кӯчаву роҳҳо, агар талаботи таъмини бехатарии ҷамъиятӣ риоя карда нашавад, маҳдуд ва манъ кунад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 299);

25) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода барад. Кормандони ҷузъу томҳои милитсияи нақлиёт барои сафари хизматӣ кардан дар қатораҳо ва ҳавопаймоҳо дар доираи минтақаҳои хизматрасониашон ҳуқуқи истифодаи ройгон доранд;

26) дар ҳолатҳои таъхирнопазир ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои нақлиёте, ки ба корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ё шаҳрвандон тааллуқ доранд (ғайр аз воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулхонаҳо ва дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ) бемамоният истифода намояд. Бо талаби соҳибони воситаҳои нақлиёт товони зиёни моддии расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо пурра гардонида мешавад;

27) бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои алоқаи корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар ҳолатҳои таъҷилӣ бошад, аз воситаҳои алоқаи шаҳрвандон бемамоният истифода намояд;

28) ба мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони мансабдор барои андешидани тадбирҳои ҳатмии бартарафсозии сабаб ва шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, бо зикри мӯҳлати пешниҳоди маълумот оид ба чораҳои андешидашаванда пешниҳодот ирсол намояд; дар сурати сари вақт иҷро накардани талаби пешниҳодот масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъулро тибқи қонунгузорӣ ба маълумоти мақомоти болоӣ расонад;

29) бо мақсади пешгирии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, муқаррар намудани ҳолатҳои ҷиноят ва шахсони онро содирнамуда, дар кофтукови ҷинояткорони пинҳонгардида, шахсони бе ному нишон гумшуда аз воситаҳои ахбори омма ва алоқа ба таври ройгон истифода барад;

30) шаҳрвандонеро, ки ба милитсия дар иҷрои вазифаҳояш кӯмак расонидаанд, ҳавасманд гардонад, таъин гардидани мукофотро барои кӯмак кардан дар ошкор намудани ҷиноятҳо ва дастгир кардани шахсоне, ки онҳоро содир намудаанд, эълон кунад ва онро ба шаҳрвандон супорад;

31) шахсони боздоштгардидаро то муайян намудани шахсияти онҳо бо иҷозати прокурор, лекин на зиёда аз як моҳ, дар муассисаи қабулу таҳвили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад. Дар ҳолатҳои истисноӣ ин мӯҳлат метавонад аз ҷониби прокурор тамдид карда шавад, лекин на зиёда аз ду моҳ. Дар ҳолати фавран гирифта натавонистани иҷозати прокурор, масъалаи додани иҷозат бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ҳал карда шавад;

Корманди милитсия ҳуқуқ дорад яроқи табелӣ ва воситаҳои махсусро баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор бо худ нигоҳ дорад, гирифта гардад ва истифода барад.

Барои таъмини амнияти шахсӣ корманди милитсия метавонад аз яроқи табелӣ, тоскулоҳ, сипар, нимтанаҳои зиреҳдор ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ истифода намояд.

Моддаи 12. Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии милитсия

Воҳидҳои оперативии милитсия фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 689).

БОБИ 4. ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ҶИСМОНӣ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА ЯРОҚИ ОТАШФИШОН АЗ ҶОНИБИ МИЛИТСИЯ

Моддаи 13. Шартҳо ва доираи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон

Корманди милитсия ҳуқуқ дорад аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон танҳо дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, истифода барад.

Қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон бо назардошти вазъияти бамиёномада, бо салоҳдиди корманди милитсия дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур истифода мешаванд. Пеш аз истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон дар бораи нияти истифодаи онҳо бояд огоҳӣ дода шавад.

Дар ҳама ҳолатҳо, агар аз истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон худдорӣ кардан ғайриимкон бошад, корманди милитсия бояд кӯшиш намояд, ки ҳаддалимкон зарари нисбатан камтари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ расонад.

Ҳангоми истифода аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё яроқи оташфишон расондани зарари ҷисмонӣ ва ҷароҳат корманди милитсия вазифадор аст ба зарардида ёрии аввалияи тиббӣ расонад.

Дар бораи ярадоршавӣ ё марги шахсе, ки дар натиҷаи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон сурат гирифтааст, корманди милитсия вазифадор аст фавран ба сардори бевоситаи худ барои хабар додан ба прокурор гузориш диҳад.

Кормандони милитсия, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии милитсия оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҷалб карда шудаанд, барои расонидани зарари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ ба шахс мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, агар онҳо тибқи муқаррароти дар Қонуни мазкур пешбинишуда аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725).

Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё яроқи оташфишон берун аз ҳадди ваколат боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Корманди милитсия барои пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, дастгир намудани шахсоне, ки онҳоро содир намудаанд, бартараф намудани мухолифат нисбат ба талаботи қонунии корманди милитсия, барои муҳофизати худ ҳуқуқ дорад аз қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла аз усулҳои ҷангии гӯштин, воситаҳои зердаст истифода барад, агар усулҳои ғайримаҷбурӣ иҷрои вазифаҳои ба зиммаи он вогузоргардидаро таъмин накунанд.

Моддаи 14. Истифодаи воситаҳои махсус

Корманди милитсия ҳуқуқ дорад, ки аз воситаҳои махсуси дар ихтиёри милитсия буда дар мавридҳои зерин истифода барад:

1) барои бартараф намудани ҳамла ба шаҳрвандон ва корманди милитсия;

2) барои пешгирӣ кардани муқобилияти зидди корманди милитсия;

3) барои боздошти шахс ҳангоми содир кардани ҷинояти ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдидкунанда ва мақсади гурехтан дошта;

4) барои боздошти шахсоне, ки метавонанд муқобилияти мусаллаҳона нишон диҳанд ва дар ин бобат асосҳои мӯътамад ҳаст;

5) барои ба милитсия овардани шахсони дастгиршуда, посбонӣ ва нигаҳдории дастгиршудагон, ҳамчунин шахсони ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда ва махкумгардида, ҳангоми гумонбар шудан, ки рафтори онҳо барои гурехтан, ба атрофиён ва ё ба худ зарар расонидан асос шуда метавонад ва ё ба корманди милитсия муқобилият нишон медиҳанд;

6) барои зада гардонидани ҳуҷум ба бино, иморат, иншоот ва воситаҳои нақлиёте, ки ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилот тааллуқ доранд, барои озод кардани шахсон, истиқоматгоҳ, бино, иморат, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва қитъаи замине, ки аз тарафи шахсони ҷинояткор бо зӯрӣ тасарруф шудаанд;

7) барои пешгирӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракати гурӯҳҳо, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор мекунанд;

8) барои нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, ки ронандааш талаби корманди милитсияро иҷро намекунад;

9) барои ошкор кардани шахсони ҷиноятсодиркунанда ва ё содиркарда.

Ба сифати воситаҳои махсус истифода мешаванд:

- дастаҳои резинӣ- дар мавридҳои дар бандҳои 1,2,7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

- гази ашковар-дар мавридҳои дар бандҳои 1,2,4,6,7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

- дастбанд-дар бандҳои 2,3, 4 ва 5 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда. Дар мавриди набудани дастбанд корманди милитсия ҳуқуқ дорад, ки воситаҳои зердастро барои бастан истифода намояд.

- воситаҳои таъсирбахшу ҷалбкунандаи равшанӣ-дар мавридҳои дар бандҳои 4, 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- воситаҳои манъкунандаи нақлиёт-дар мавридҳои дар банди 8 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

- обпошак ва мошинҳои зиреҳпӯш-дар мавридҳои дар бандҳои 4,6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, фақат бо дастури сардори мақомоти корҳои дохила бо хабардор кардани прокурор дар давоми 24 соат баъд аз истифодабарӣ;

- сагҳои хизматӣ-дар мавридҳои дар бандҳои 1,2,3,4,5,6,7 ва 9 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- дастгоҳҳои барқӣ (электрошоки) -дар мавридҳои дар бандҳои 1,2,3,4 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- воситаҳои вайронкунандаи монеаҳо - дар мавридхои дар бандҳои 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- воситаҳои махсуси рангкунанда - дар мавридҳои дар бандхои 3, 7 ва 9 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- аспҳо - дар мавридҳои дар бандҳои 3 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725);

- тирҳои резинӣ - дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2, 3 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725).

Ба ҷуз инҳо ҳамаи намуди воситаҳои махсус дар мавридҳои дар қисми якӯми моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинишуда метавонанд истифода шаванд.

Нисбати занҳои ҳомиладориашон аён, шахсони нишони аниқи маҷрӯҳӣ дошта ва хурдсолон, ба истиснои мавридҳое, ки онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳанд, ҳуҷуми дастаҷамъӣ ё кирдори ба ин монанди ба ҳаёт ва саломатии одамон хатарангез мекунанд истифодаи воситаҳои махсус манъ аст. Ҳамчунин барои пешгирии маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва пикетгузориҳои ғайриқонунии дорои хусусияти ғайризӯроварӣ истифодаи воситаҳои махсус иҷозат дода мешавад, агар дар ин ҳолат тартиботи ҷамъиятӣ вайрон карда шавад. Дар ҳолати мудофиаи зарурӣ ва заруроти ниҳоӣ корманди милитсия, агар воситаҳои махсус ва ё аслиҳаи оташфишон набошад, ҳуқуқ дорад, ки аз ҳама гуна воситаи зердаст истифода барад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725).

Мусаллаҳшавии милитсия бо воситаҳои махсусе, ки боиси ҷароҳатҳои вазнин ва хатари ислоҳнопазиранд, манъ аст.

Моддаи 15. Истифодаи яроқи оташфишон

Истифодаи яроқи оташфишон чун чораи ниҳоӣ ин паррондани тир барои безарар гардонидани шахсе мебошад, ки ҳаракати хавфноки он пешгирӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725).

Корманди милитсия ҳамчун чораи ниҳоӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин аз яроқи оташфишон истифода барад:

- барои муҳофизати шаҳрвандон аз ҳуҷум ва инчунин барои озод кардани гаравгонҳо;

- барои рафъи ҳуҷуми гурӯҳӣ ё мусаллаҳона ба корманди милитсия ва дигар шахсоне, ки ҷиҳати муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ё мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ӯҳдадорӣ ё қарзи ҷамъиятиро адо мекунанд;

- барои рафъи ҳуҷуми гурӯҳӣ ё мусаллаҳона ба биноҳои истиқоматии шаҳрвандон, объектҳои муҳим ва ҳифзшавандаи таҳти муҳофизати ҳатмӣ қарордошта, биноҳои мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаю муассиса ва ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият, рафъи ҳуҷум ба дастаҳои навбатдори низомӣ ва хизматии мақомоти корҳои дохилӣ (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012, № 930);

- барои дастгир кардани шахсе, ки муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳад, ё ҳангоми содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба даст афтодааст, ё ҷинояткоре, ки аз маҳбас фирор намудааст ва инчунин шахси мусаллаҳе, ки аз иҷрои талаботи қонун оид ба супурдани яроқи оташфишон саркашӣ мекунад;

- ба муқобили шахсоне, ки бо роҳи зӯроварӣ яроқи оташфишони корманди милитсияро ба даст дароварданианд.

Пеш аз истифодаи яроқи оташфишон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар бораи нияти истифодаи он бояд қаблан огоҳӣ дода шавад.

Ҳангоми ҳуҷуми ногаҳонӣ ё мусаллаҳона, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда, киштиҳои дарёгард, ҳангоми бо яроқи оташфишон ё бо истифода аз воситаҳои нақлиёт аз маҳбас фирор намудан, ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз онҳо фирор намудани маҳбусон ва инчунин барои озод кардани гаравгонҳо корманди милитсия метавонад бе огоҳӣ аз яроқи оташфишон истифода барад.

Истифодаи яроқи оташфишон нисбати занҳо, шахсони аломатҳои маъюбиашон аён ва ноболиғон манъ аст, ғайр аз ҳолатҳое, ки аз ҷониби онҳо содир намудани ҳуҷум, нишон додани муқобилати мусаллаҳона, содир намудани ҳуҷуми гурӯҳӣ ва ё мусаллаҳонае, ки ба ҳаёти одамон таҳдид мекунад, инчунин ҳангоми ҷамъ шудани одамон, ки аз ин амал метавонад шахсони бегуноҳ зарар бинанд.

Корманди милитсия дар ҳолатҳои зерин низ ҳуқуқ дорад аз яроқи оташфишон истифода барад:

- барои боздоштани воситаҳои нақлиёт бо роҳи аз кор баровардани онҳо, агар ронанда ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро таҳти хатари воқеӣ гузорад;

- барои безарар гардонидани ҳайвоне, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон таҳдид мекунад;

- барои додани бонги хатар ва даъват ба ёрӣ.

Дар ҳамаи ҳолатҳои истифодаи яроқи оташфишон корманди милитсия барои таъмини амнияти шаҳрвандони гирду атроф, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба зарардидагон ва инчунин хабардор сохтани хешовандон ва намояндагони қонунии онҳо вазифадор аст тамоми тадбирҳои заруриро андешад.

Корманди милитсия аз ҳар ҳолати истифодаи яроқи оташфишон дар тӯли 24 соат аз лаҳзаи истифодааш бояд ба сардори мақомоти милитсия аз рӯи маҳалли хизмати худ ё аз рӯи маҳалли истифодаи яроқи оташфишон гузориш диҳад ва дар ҳолати ҳалок ё ярадор шудани шаҳрвандон фавран прокурорро огоҳ намояд.

Меъёрҳо, тартиби ба категорияҳо ҷудо намудан ва Феҳристи объектҳои муҳим ва ҳифзшаванда, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилӣ қарор мегиранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012, № 930).

Рӯйхати иншооти муҳим ва ҳифзшавандае, ки дар банди 3 қисми якуми моддаи мазкур зикр шудааст, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад.

Моддаи 16. Кафолатҳои амнияти шахсии корманди мусаллаҳи милитсия

Агар корманди милитсия чунин шуморад, ки дар вазъияти ба амаломада барои истифодаи яроқи оташфишон асосҳои мутобиқи моддаи 15 Қонуни мазкур пешбинигардида ба миён омада метавонанд, ҳуқуқи аз ғилоф гирифта омода намудани онро дорад.

Кӯшишҳои шахси аз ҷониби корманди милитсия дастгиршаванда рӯирост бо яроқи оташфишон ё сард ё предмете, ки бо ёрии он зарари ҷисмонӣ расонидан мумкин аст, барои ба ӯ наздик шудан ва зимнан кӯтоҳ намудани масофаи аз ҷониби корманди милитсия муқарраркардашуда, инчунин кӯшиши яроқи корманди милитсияро ба даст овардан ё содир намудани амалҳои ногаҳонӣ ва ё дигар ҳаракатҳои хавфнок ё бе иҷозати корманди милитсия гирифтани ягон предмет аз либоси худ, ки чунин ҳаракатҳо мумкин аст аз ҷониби корманди милитсия чун таҳдиди зӯроварӣ фаҳмида шаванд, ба корманди милитсия ҳуқуқ медиҳанд, ки мувофиқи сархати дуюми қисми дуюми моддаи 15 Қонуни мазкур яроқро истифода барад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725).

БОБИ 5. ХИЗМАТ ДАР МИЛИТСИЯ

Моддаи 17. Корманди милитсия

Корманди милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар мансаби ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда фаъолият карда, ба ӯ мутобиқи тартиботи муқарраршуда рутбаи корманди қаторӣ ва ё роҳбарикунанда дода шудааст.

Ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати хизмат дар милитсия рутбаҳои махсуси мавҷуда баробар бо дигар рутбаҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд. Рутбаҳои махсуси ҳайати фармондиҳии милитсия якумра мебошанд, ки дар вақти ба охир расидани хизмат ба рутбаҳои махсуси мавҷуда ибораи "дар истеъфо" илова карда мешавад.

Рутбаҳои махсуси кормандони милитсия аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Тартиби додани рутбаҳои махсуси кормандони милитсия дар Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муқаррар карда мешавад.

Кормандони милитсия либоси ягонаи расмӣ доранд, ки он ройгон дода мешавад. Намунаҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ба кормандони милитсия шаҳодатномаҳои хизматӣ, ки намунаашон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст ва нишонаҳои махсус (жетонҳо) бо рақами шахсӣ дода мешаванд.

Моддаи 18. Вазифаҳои хизматӣ ва ҳуқуқҳои корманди милитсия

Корманди милитсия вазифа ва ҳуқуқҳои милитсияро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, дар доираи салоҳияти худ мувофиқи вазифаи ишғолкардааш иҷро намуда, истифода мебарад.

Ҳар як корманди милитсия дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз вазифаи ишғолкардааш ӯҳдадор аст:

- ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳодисаи нохуш зарар дидаанд, инчунин ба онҳое, ки дар ҳолати нотавонӣ ё дар ҳолатҳои барои ҳаёташон хатарнок мебошанд, ёрӣ расонад;

- ҳангоми аз воқеаҳои ба амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ таҳдидкунанда ба ӯ арз намудани шаҳрванд ё ҳангоми бевосита ошкор намудани чунин воқеаҳо, барои наҷот додани одамон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, дастгир кардани шахсони онҳоро содирнамуда, муҳофизати ҷои ҳодиса тадбирҳо андешад ва дар ин хусус ба наздиктарин шӯъбаи милитсия хабар диҳад.

Моддаи 19. Хизмат дар милитсия

Ба хизмати милитсия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 20 кам ва аз 35 зиёд намебошад, сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, ки аз рӯи сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, кордонӣ, таҳсилот, донистани забони давлатӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи милитсия вогузоршуда мебароянд, баъди адои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват (ба истиснои курсантҳои муассисаҳои таълимии миёна ва олии Вазорати корҳои дохилӣ) дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 725).

Ҳангоми қабул ба хизмат дар милитсия шахс ҳатман аз қайди давлатии дактилоскопӣ гузаронида мешавад.

Ба хизмати милитсия шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доштанд ё доранд (сарфи назар аз мӯҳлати адои ҷазои таъиншуда, озод кардан аз адои минбаъдаи ҷазо, қабул ва татбиқи санади авф, ба истиснои онҳое, ки аз тарафи суд сафед карда ё бегуноҳ дониста шудаанд), қабул карда намешаванд.

Ишғол кардани ҷойҳои холӣ дар милитсия мустасно дар асоси озмун бо роҳи бастани қарордодҳои инфиродӣ, инчунин ҳангоми қабул шудан ба хизмат дар милитсия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Барои онҳое, ки ба хизмати милитсия қабул мегарданд, мӯҳлати санҷиш аз 3 то 6 моҳ муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми қабул шудан ба хизмат корманди милитсия савганд ёд мекунад, ки матни онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст. Дар баробари ин, корманди милитсия мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ӯҳдадории хаттӣ қабул мекунад.

ӯҳдадорони ҳарбие, ки ба хизмати милитсия қабул гардидаанд, аз ҷумла шунавандагон ва курсантҳои муассисаҳои таълимии махсуси системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди ҳарбӣ бо тартиби муқарраршуда бароварда, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.

Корманди милитсия метавонад ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, инчунин вазорату идораҳо ё корхона, муассиса ва ташкилотҳои тобеи онҳо (дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои иҷрои вазифаҳои махсус равон карда шавад. Дар ин ҳол вай дар ихтиёри Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мемонад. Шахси мазкур аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии ба кормандони милитсия пешбинишуда истифода мебарад.

Корманди милитсия дар сурати интихоб шуданаш ба мақоми олии қонунгузорӣ то ба итмом расидани мӯҳлати ваколаташ дар ҳайати эҳтиётии раёсати кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ мемонад.

Муносибатҳои меҳнатии кормандони милитсия мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат ба танзим дароварда мешавад, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда.

Корманди милитсия бо асосҳои зерин аз хизмат озод карда мешавад:

а) бо хоҳиши худ;

б) бинобар расидан ба синну соли ниҳоӣ, ки онро Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати хизматро муқаррар кардааст;

в) баъди ба охир расидани мӯҳлати хизмат, ки ҳуқуқи ба нафақа баромаданро медиҳад (бо ташаббуси корманди милитсия ва ё ризоияти ӯ);

г) бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати хизмат мувофиқи қарордод;

д) бинобар риоя накардани шартҳои қарордод;

е) бо сабаби ихтисори ҳайати кормандон;

ж) бо сабаби беморӣ - дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ оид ба корношоямии ӯ ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ;

з) бинобар иллатмандӣ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ оид ба нокифоя будани ҳолаташ барои хизмат ва бинобар беморӣ иҷро карда натавонистани ӯҳдадории хизматӣ, вобаста ба вазифааш ва набудани имкони ба кори дигар гузаронидан;

и) аз сабаби мувофиқат накардани вазифаи хизматӣ ба ихтисосаш аз рӯи натиҷаи аттестатсия;

к) барои дағалона ва ё мунтазам вайрон кардани интизом;

л) барои содир кардани рафторе, ки ба шарафи корманди милитсия доғ меорад;

м) дар ҳолати ба қувваи қонун даромадани ҳукми айбдоркунандаи суд;

н) бо сабаби вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 299);

Номгӯи зикршудаи асосҳои аз хизмат озод кардани кормандони милитсия қатьист.

Моддаи 19(1). Ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 801)

Бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда гузаронида мешавад.

Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 801).

Моддаи 20. Тартиб ва шартҳои адои хизмат дар милитсия

Барои корманди милитсия давомнокии умумии вақти корӣ дар асоси қонунгузорӣ дар бораи меҳнат ба танзим дароварда мешавад.

Ҳангоми зарурат корманди милитсия метавонад ба хизмати аз вақти муқарраршуда зиёд, инчунин ҳангоми шаб, рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб карда шавад.

Ба корманди милитсия рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ бе ҳисоб намудани вақти рафтан ба ҷои истироҳат ва бозгашт бо пардохти арзиши роҳкиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ба корманди милитсия, ки дар маҳалҳои шароити иқлимиашон душвор ва номусоид адои хизмат менамояд, сарфи назар аз собиқаи хизматӣ рухсатии меҳнатии асосии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 45 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.

Ба корманди милитсия инчунин рухсатии меҳнатии муздаш пардохтшавандаи ҳарсолаи иловагӣ ба муддати зерин дода мешавад:

баъди 10 соли хизмат-5 рӯзи тақвимӣ;

баъди 15 соли хизмат-10 рӯзи тақвимӣ;

баъди 20 соли хизмат-15 рӯзи тақвимӣ.

Ба корманди милитсия ташкил намудани корпартоиҳо ва ширкат дар гузаронидани онҳо, машғул шудан ба ҳама гуна намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамзамон ду вазифаро иҷро намудан дар корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ манъ аст.

Дар милитсия таъсис додани сохторҳои ташкилӣ ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, инчунин бурдани таблиғоти ҳамагуна идеология манъ аст.

Тартиб, мӯҳлат ва шартҳои хизмат дар милитсия бо Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, танзим карда мешаванд.

Моддаи 20(1). Ҳавасмандгардонии кормандони милитсия ва шахсони дигар

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 842)

Барои комёбиҳо ва ҷасорату фидокорӣ, нишон додани корнамоиҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ кормандони милитсия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Кормандони милитсия ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, ҳамчунин барои хизмати намунавӣ, бенуқсон, пурмаҳсул ва давомнок бо медали идоравии "Барои хизмати шоён" дараҷаҳои 1, 2, 3, барои собиқаи хизматии зиёда аз 25 сол бо медали идоравии "Собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ", барои нишондодҳои баланди хизматӣ ва касбӣ бо нишони сарисинагии "Корманди фахрии ВКД" сарфароз гардонида мешаванд. Тавсифи медалҳои идоравӣ ва нишони сарисинагӣ, тартиби бо онҳо мукофотонидан ва ҳавасмандгардониро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон низ барои ҳамкорӣ бо милитсия ҳангоми амалӣ намудани муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷинояткорӣ метавонанд бо медалҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шаванд.

Ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи санҷиш ва баҳодиҳӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавӣ, аз рӯи сатҳи дониш, малака, таҷрибаи корӣ ва тайёрии касбӣ дараҷаҳои ихтисоси касбӣ дода мешаванд, ки тартиби додан ва ҳавасмандгардониро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 842).

Моддаи 21. Пардохти музди меҳнати корманди милитсия

Таъминоти пулии кормандони милитсия аз маоши моҳонаи вазифавӣ, маоши моҳона барои рутбаи махсус, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии кормандони милитсияро ташкил медиҳанд ва аз иловапулӣ барои собиқаи хизмат иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии кормандони милитсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 153).

Ба корманди милитсия бар ивази озуқаворӣ ҷубронпулӣ пардохта мешавад, ки ҳаҷми он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои ҳар сол муқаррар карда мешавад.

Музди меҳнати кормандони милитсия, ки зиёда аз вақти кории муқаррарнамудаи қонун дар хизмат мебошанд, бо тартиби муқарарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

БОБИ 6. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ

Моддаи 22. Ҳимояи ҳуқуқии корманди милитсия

Корманди милитсия намояндаи ҳокимияти давлатии иҷроия буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Корманди милитсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ шахси дахлнопазир мебошад. Сӯиқасд дар ҳама гуна шаклҳояш ба корманди милитсия боиси фавран гирифтани пеши роҳи чунин амалҳо тавассути воситаю усулҳое мегардад, ки Қонуни мазкур ба милитсия иҷозат додааст.

Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия, инчунин дигар амалҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи милитсия гузошташуда монеъ мешаванд, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Моддаи 23. Эҳтимолияти боварӣ ба корманди милитсия

Ба нишондоди корманди милитсия, ки ба сифати ҷабрдида ё шоҳид аз рӯи парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ пурсида мешавад, дар баробари далелҳои дигаре, ки мувофиқи тартиби дар қонун муқарраргардида гирифта шудаанд, баҳо дода мешавад.

Моддаи 24. Норавоии дахолат ба фаъолияти корманди милитсия

Корманди милитсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда танҳо ба сардорони бевосита ва болоии худ тобеъ мебошад. Ҳеҷ шахси дигар ҳуқуқи ба фаъолияти қонунии корманди милитсия дахолат карданро надорад.

Таъсир расондан ба корманди милитсия бо мақсади мамониат кардан ба иҷрои вазифаҳои хизматиаш дар кадом шакле, ки набошад, боиси ҷавобгарии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда мегардад.

Дар ҳолати аз тарафи сардор ва шахси ваколатдор гирифтани фармон ё супорише, ки ба қонун мухолифат мекунад, корманди милитсия бояд мувофиқи талаби қонун амал кунад.

Моддаи 25. Ҳуқуқҳои корманди милитсия ба ҳимояи судӣ

Корманди милитсия кафолати ҳифзи судӣ дорад.

Моддаи 26. Суғуртаи давлатӣ ва талофии зарар дар ҳолати ҳалок ва ё маъюб шудани корманди милитсия

Ҳамаи кормандони милитсия бояд аз ҳисоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томҳои милитсия бо суғуртаи ҳатмии давлатии шахсӣ фаро гирифта шаванд. Тартиби ин тарзи суғуртакунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ҳангоми ҳалок гардидани корманди милитсия бинобар иҷрои фаъолияти хизматӣ ба оилаи ҳалокгардида ва ё шахсони таҳти саробонии он буда ёрдампулии якдафъаина дар ҳаҷми 8 маоши таъминоти пулии ҳалокгардида аз ҳисоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томҳои милитсия пардохта мешавад, ки минбаъд аз шахсони гунаҳкор бо ҷуброни ин маблағ аз лаҳзаи пардохт рӯёнида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2011 № 392, аз 01.08.2012 № 884).

Дар сурати ба корманди милитсия расонидани зарари ҷисмоние, ки ба фаъолияти касбӣ машғул шудан имконнопазир аст, ба ӯ ёрдампулии якдафаъина дар ҳаҷми 6 маоши таъминоти пулӣ аз ҳисоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томҳои милитсия пардохта мешавад, ки минбаъд аз ҳисоби шахсони гунаҳкор рӯёнида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2011 № 392, аз 01.08.2012 № 884).

Дар сурати пеш аз мӯҳлат рухсат шудани корманди милитсия аз хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи бемории дар рафти адои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ пайдонамуда ба ӯ кӯмакпулии яквақтаина ба андозаи 5 маоши таъминоти пулӣ, ки дар рӯзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2011 № 392, аз 01.08.2012 № 884).

Зараре, ки ба моликияти корманди милитсия, аҳли оила ё хеши наздикаш вобаста ба фаъолияти хизматии ӯ расонида шудааст, бо тартиби муқарраргардида дар ҳаҷми пурра ба корманди милитсия, аъзои оила ё хеши наздикаш аз ҷумла фоидаи аздастрафта низ талофӣ карда мешавад.

Барои дафни корманди милитсия ва нафақахӯрон-собиқ кормандони милитсия кӯмаки якдафъаинаи пулӣ дар ҳаҷми муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Моддаи 27.Таъмини корманди милитсия бо манзил

Ба шахсоне, ки барои хизмат дар милитсия қабул шудаанду манзил надоранд, манзили истиқоматии хизматӣ дар шакли хонаи алоҳида ва ё ҳавлӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, ба нозирони минтақавии милитсия дар давоми шаш моҳи ба вазифа таъин шудан аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад. Ба кормандони милитсияе, ки дар асоси шартнома вазорату идораҳоро посбонӣ мекунанд, бо манзили хизматӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, таъмин карда мешаванд.

Кормандони милитсия, ки дар мақомоти милитсия беш аз даҳ сол кор кардаанд, инчунин аъзои оилаи корманди вафоткардаи милитсия бе додани манзили дигар набояд аз манзили хизматӣ бароварда шаванд.

Кормандони милитсия, ки ба беҳтар намудани шароити манзил эҳтиёҷ доранд, ҳуқуқ доранд барои сохтмони кооперативӣ ва инфиродӣ ба мӯҳлати 20 сол қарзи имтиёзнок гиранд, ки 50 фоизи он аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдор пардохта мешавад.

Мақомоту муассисаҳои милитсия ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби манбаи молиявии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои кормандони худ, ки ба беҳтар намудани шароити манзил эҳтиёҷ доранд, манзил харида диҳанд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ манзили кормандони милитсия, моликияти коммуналиро ҳангоми собиқаи хизматии беш аз бистсола доштан, инчунин ба аъзои оилаи онҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалок гардидаанд, ба таври ройгон медиҳад.

Дар сурати ҳалок гардидани корманди милитсия ҳангоми иҷрои фаъолияти хизматӣ, ба оилаи ӯ манзил дар ҳамон асосҳое, ки ҳангоми дар навбат истодани вай мавҷуд буданд ва на дертар аз як соли баъди ҳалок шудани корманди милитсия бояд аз тарафи ҳокимияти маҳаллӣ дода шавад.