ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод.148; с. 2007, №7, мод.663; с. 2008, №6, мод.450; с. 2009, №12, мод.820; с. 2011, №3, мод.156) моддаи 19(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 19(1). Ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда гузаронида мешавад.
Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
16 апрели соли 2012 № 801
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2011, № 642
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 274
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МИЛИЦИИ"
Статья 1. Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О милиции" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст. 352; 2006 г., №3, ст. 148; 2007 г., №7, ст. 663; 2008 г., №6, ст.450; 2009 г., №12, ст.820; 2011 г., №3, ст. 156) дополнить статьей 19(1) следующего содержания:
"Статья 19(1). Перемещение (ротация) начальствующего состава органов внутренних дел Республики Таджикистан
В целях эффективного использования профессионального потенциала, предупреждения проявлений коррупционных деяний, конфликта личных и государственных интересов в органах внутренних дел Республики Таджикистан проводится перемещение (ротация) начальствующего состава.
Правила проведения перемещения (ротации) начальствующего состава органов внутренних дел Республики Таджикистан утверждается Президентом Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
16 апреля 2012 года, №801
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции"
В соответствии со статьями 36 и 40 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 28 декабря 2011 года, №642
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 29 марта 2012 года, №274