ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 октябри соли 2020, № 217
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 декабри соли 2020, № 82
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Банди 25) қисми якуми моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820; с. 2011, №3, мод. 156, №6, мод. 438, №12, мод. 835; с. 2012, №4, мод. 251, №7, мод. 692, №8, мод. 821, №12, қ. 1, мод. 1023; с. 2013, №3, мод. 183, мод. 184, №12, мод. 884, мод. 885; с. 2014, №11, мод. 649; с. 2017, №7-9, мод. 569; с. 2018, №1, мод. 13; с. 2019, №6, мод. 316) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"25) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намояд. Кормандони милитсияи нақлиёт ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ, дар доираи минтақаҳои хизматрасониашон ҳуқуқи истифодаи ройгонро доранд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 17 декабри соли 2020,№ 1736
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МИЛИЦИИ"
Принят постановлением МН МОРТ
от 28 октября 2020 года, №217
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 9 декабря 2020 года, №82
Статья 1. Пункт 25) части первой статьи 11 Закона Республики Таджикистан "О милиции" от 17 мая 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст. 352; 2006 г., №3, ст. 148; 2007 г., №7, ст. 663; 2008 г., №6, ст. 450; 2009 г., №12, ст. 820; 2011 г., №3, ст. 156, №6, ст. 438, №12, ст. 835; 2012 г., №4, ст. 251, №7, ст. 692, №8, ст. 821, №12, ч. 1, ст. 1023; 2013 г., №3, ст. 183, ст. 184, №12, ст. 884, ст. 885; 2014 г., №11, ст. 649; 2017 г., №7-9, ст. 569; 2018 г., №1, ст. 13; 2019 г., №6, ст. 316) изложить в следующей редакции:
"25) при исполнении служебных обязанностей по предъявлению служебного удостоверения бесплатно пользоваться городским, пригородным и районным общественным транспортом (за исключением такси). Работники транспортной милиции в пределах обслуживаемых участков имеют право бесплатного проезда в служебных целях на железнодорожном, воздушном транспорте, независимо от их ведомственной принадлежности. Порядок покрытия расходов на бесплатное пользование транспортными услугами определяется Правительством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 17 декабря 2020 года, №1736