ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 3:
- дар сархати ҳаштум калимаҳои "ҳаракати роҳ" ба калимаҳои "ҳаракат дар роҳ" иваз карда шаванд;
- сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- амалӣ намудани назорати муҳоҷират, танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ба шахсони ҳуқуқӣ додани иҷозат барои ба кор қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, будубоши гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд".
2. Ба қисми якуми моддаи 10:
- банди 7) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"7) пешбурди баҳисобгирӣ ва қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамударо амалӣ намояд. Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;";
- бандҳои 7)-17) мутаносибан бандҳои 8)-18) ҳисобида шаванд;
- бандҳои 19), 20) ва 21) бо мазмуми зерин илова карда шаванд:
"19) назорати иҷрои қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тариқи транзитӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намудаанд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани онҳо, масъалаҳои шаҳрвандӣ, инчунин додани вазъи ҳуқуқиро ба гурезагон ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, баррасӣ намояд;
20) ташкили корҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа амалӣ намуда, ба бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷиву ватанӣ мусоидат намояд;
21) барои ба кор қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ иҷозат дода, фаъолияти меҳнатии онҳоро назорат намояд;";
...