Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 299 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 маи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №5, мод.352; соли 2006, №3, мод.148) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми якуми моддаи 11:

- дар банди 23 калимаҳои "барои кушодани корхонаҳои таъмири яроқ, тарфгарӣ, мӯҳрзанию зарробӣ, мағозаҳои яроқфурӯшӣ ва тир, стендҳои тирандозӣ иҷозатнома (литсензия) диҳад, ҳангоми риоя накардани тартиботи муқарраркардаи фаъолияти онҳо иҷозатномаҳоро (литсензия) бекор кунад;" ба калимаҳои "барои фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он иҷозатнома, барои кушодани корхонаҳои таъмири яроқ, тарфгарӣ, мӯҳрзанию зарробӣ, мағозаҳои яроқфурӯшӣ ва тир, стендҳои тирандозӣ иҷозат диҳад;" иваз карда шаванд;

- аз банди 24 калимаҳои ", риоя шудани талаботи иҷозатнома (литсензия)-ро барои тайёр кардани варақаҳои шаҳодатномаи ронандагӣ, нишони бақайдгирии давлатӣ ва маҳсулоти махсуси дигарро,ки барои иҷозати воситаҳои нақлиёт ва ронандагон оид ба ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин барои кори гузориш ва истифодаи воситаҳои техникии ташкили ҳаракати роҳ заруранд, назорат кунад, амали иҷозатномаи (литсензия) номбаршударо боздорад, бекор ё дароз кунад" хориҷ карда шаванд.

2. Ба қисми 11 моддаи 19 банди "н" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"н) бо сабаби вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 30 июли соли 2007 № 299

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

 20 июни соли 2007 № 695

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 19 июли соли 2007 № 369

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О милиции"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О милиции" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 год, №5, ст.352; 2006 год, №3, ст. 148) следующие изменения и дополнения;

1. В части первой статьи 11:

- в пункте 23 после слов "хранение огнестрельного оружия и боевых припасов" дополнить словами "в соответствии с законодательством";

- слова " на открытие оружейно-ремонтных, пиротехнических, штемпельно-граверных предприятий, магазинов, торгующих огнестрельным оружием и боеприпасами, стрелковых тиров и стендов; аннулировать эти разрешения (лицензия) при нарушении установленного порядка их деятельности" заменить словами " на деятельность по торговле гражданским и служебным оружием, основных частей и боеприпасов к нему, разрешений на открытие оружейно-ремонтных, штемпельно-граверных предприятий, стрелковых тиров и стендов;"

- в пункте 24 слова ",осуществлять контроль за соблюдением условий, предусмотренных лицензиями на изготовление бланков водительских удостоверений, государственных регистрационных знаков и другой специальной продукции, необходимой для допуска транспортных средств и водителей к участию в дорожном движении, а также на работы по установке и эксплуатации технических средств организации дорожного движения, приостанавливать действия указанных лицензий, аннулировать и продлевать сроки их действия" исключить.

2. Часть 11 статьи 19 дополнить пунктом "н" следующего содержания:

" н) за нарушение установленного законодательством Республики Таджикистан порядка по упорядочению традиций, торжеств и обрядов;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                   Э. Рахмонов

г.Душанбе

30 июля 2007 года № 299

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О милиции"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О милиции"

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                  С. Хайруллоев

г. Душанбе, 20 июня 2007 года №695

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О милиции"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О милиции", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О милиции".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                  М.Убайдуллоев

г. Душанбе,19 июля 2007 года № 369