ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820; с. 2011, №3, мод. 156; №6, мод. 438; №12, мод. 835; с. 2012, №4, мод. 251; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, №842; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №884) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 10:
- банди 23) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"23) воҳидҳои муҳофизатии ташкилотҳоро бозрасӣ намояд, доир ба ислоҳи камбудиҳои дар мустаҳкамкунии техникии объектҳо ҷойдошта, инчунин оид ба таъмини амнияти моликияти давлатӣ ва моликияти дигар дастур диҳад. Тартиби бозрасӣ намудани воҳидҳои муҳофизатии ташкилотҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;";
- бандҳои 23)-32) мутаносибан бандҳои 24)-33) ҳисобида шаванд.
2. Дар моддаи 15:
- дар сархати сеюми қисми дуюм калимаҳои "иншооти муҳим ва ҳифзшаванда" ба калимаҳои "объектҳои муҳим ва ҳифзшавандаи таҳти муҳофизати ҳатмӣ қарордошта" иваз карда шаванд;
- қисми нӯҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Меъёрҳо, тартиби ба категорияҳо ҷудо намудан ва Феҳристи объектҳои муҳим ва ҳифзшаванда, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилӣ қарор мегиранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
28 декабри соли 2012, № 930
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тагйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2012, №918
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012 №429
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МИЛИЦИИ"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О милиции" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст. 352; 2006 г., №3, ст. 148; 2007 г., №7, ст. 663; 2008 г., №6, ст. 450; 2009 г., №12, ст. 820; 2011 г., №3; ст. 156; №6, ст. 438; №12, ст. 835; 2012 г., №4, ст. 251; Закон Республики Таджикистан от 3 июля 2012 года, №842; Закон Республики Таджикистан от 1 августа 2012 года, №884) следующие изменения и дополнение:
1. В части первой статьи 10:
- дополнить пунктом 23) следующего содержания:
"23) инспектировать подразделения охраны организаций, давать предписания по устранению недостатков, выявленных в технической укрепленности объектов, и обеспечению сохранности государственной и иной собственности. Порядок инспектирования подразделений охраны организаций определяется Правительством Республики Таджикистан;";
- пункты 23)-32) соответственно считать пунктами 24)-33).
2. В статье 15:
- в абзаце третьем части второй слова "на важные и охраняемые объекты" заменить словами "на важные и охраняемые объекты, подлежащие обязательной охране";
- часть девятую изложить в следующей редакции:
"Критерии, порядок разделения на категории и Реестр важных и охраняемых объектов, подлежащих обязательной охране органами внутренних дел, определяются Правительством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
28 декабря 2012 года, № 930
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 1 октября 2012 года, №918
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "О милиции".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 13 декабря 2012 года, №429