ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РЕКЛАМА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.457; с.2007, №6, мод.432; с.2008, №10, мод.824; с.2011, №12, мод.843; с.2012, №4, мод.262; с.2014, №11, мод.672; с.2015, №3, мод.224; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017, №1456; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017, №1457)
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276, аз 6.10.2008 № 445, аз 26.12.2011 № 779, аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163, аз 18.03.2015 № 1202, аз 18.07.2017 № 1456, № 1457, аз 2.01.2018 № 1496, аз 19.07.2022 № 1914, аз 24.12.2022 № 1947, аз 13.11.2024 № 2113, аз 02.01.2025 № 2140)
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276, аз 6.10.2008 № 445, аз 26.12.2011 № 779, аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163, аз 18.03.2015 № 1202, аз 18.07.2017 № 1456, № 1457, аз 2.01.2018 № 1496, аз 19.07.2022 № 1914, аз 24.12.2022 № 1947, аз 13.11.2024 № 2113, аз 02.01.2025 № 2140)
Қонуни мазкур муносибатҳои соҳаи рекламаро (ба истиснои рекламаи сиёсӣ) ба танзим дароварда, онро аз рақобати бевиҷдонона ҳифз менамояд ва рекламаи номуносиберо, ки метавонад истифодабарандагонро ба иштибоҳ андозад ё ба саломатии онҳо, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тарзи ҳаёт, шаъну шараф ё эътибори кории шахсони мазкур зарар расонад, инчунин ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардӯстӣ ва ахлоқӣ таҳдид кунад, пешгирӣ ва манъ менамояд .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонун
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди истеҳсол, ҷойгиронӣ ва паҳнкунии реклама дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонии (минбаъд - мол) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бозорҳои хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо, ки бо истифодабарии маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин дар бозорҳои қоғазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд .
Қонуни мазкур ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки амалҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиркардаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи реклама боиси маҳдудияти рақобат, ба иштибоҳ андохтани шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд ё оқибатҳои дигари манфиро дар бозорҳои моли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоранд, татбиқ карда мешавад, агар муносибатҳои байни давлатҳо бо созишномаҳои байналмилалӣ ба танзим дароварда шуда бошанд № 2113.
Қонуни мазкур нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд - соҳибкорони инфиродие, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рекламаро истеҳсол, ҷойгир ва паҳн мекунанд, низ татбиқ мегардад (№ 2113).
Амали Қонуни мазкур татбиқ намегардад, ба :
- эълонҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд;
- иттилооте, ки тибқи қонун ифшо, паҳн кардан ё расонидани он ба маълумоти истеъмолкунанда ҳатмӣ аст;
- маводи маълумотномавӣ - иттилоотӣ ва таҳлилӣ (шарҳи бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва озмоишӣ), ки пешбурди мол дар бозорро ҳамчун мақсади асосӣ тақозо надоранд ва рекламаи иҷтимоӣ намебошанд;
...