Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017 № 1457 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РЕКЛАМА"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 июни соли 2017 № 811

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июли соли 2017 № 435

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи реклама" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 457; с. 2007, №6, мод. 432; с. 2008, №10, мод. 824; с. 2011, №12, мод. 843; с. 2012, №4, мод. 262; с. 2014, №11, мод. 672; с. 2015, №3, мод. 224) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 2 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- объекти рекламашаванда - мол, воситаҳои фардикунонии он, истеҳсолкунанда ё фурӯшандаи мол, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ё чорабинӣ (аз ҷумла мусобиқаи варзишӣ, консерт, озмун), ки реклама барои ҷалби диққат ба онҳо равона шудааст;".

2. Ба моддаи 5 қисми даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҷой додани реклама дар адабиёти таълимӣ, аз ҷумла асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ истифода мегарданд, манъ аст.".

3. Дар қисми якуми моддаи 7:

- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"шартҳои иловагии пардохт, бурда расонидан, мубодила, баргардонидан, таъмир ва хизматрасонии мол;";

- сархати панҷум хориҷ карда шавад;

- ба сархати сездаҳум пеш аз калимаи "ва" калимаҳои ", "рақами 1", "беҳтарин", "сифати олӣ"" илова карда шаванд;

- сархати чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"истифодаи истилоҳоти муқоисавии объекти рекламашаванда бо дараҷаи паст, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои "нархи пасттарин", "арзонтарин" ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат;".

4. Дар моддаи 11:

- ба қисми дуюм пас аз калимаи "кадр" калимаҳои "ва понздаҳ фоизи вақти пахш дар давоми соат" илова карда шаванд;

- қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар барномаҳои радио ва телевизион дар давоми тамоми гуфтор ва намоиш, дар байни барномаҳои радио ва телевизион як пахши рекламавӣ набояд аз се дақиқа зиёд бошад.".

5. Дар матни моддаи 22 калимаҳои "шаш моҳ" ба калимаҳои "як сол" иваз карда шаванд.

6. Ба матни моддаи 25 пас аз калимаҳои "паҳнкунандагони реклама" калимаҳои ", инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 июли соли 2017 № 1457

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О РЕКЛАМЕ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 14 июня 2017 года, №811

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 июля 2017 года, №435

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 августа 2003 года "О рекламе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №8, ст. 457; 2007 г., №6, ст. 432; 2008 г., №10, ст. 824; 2011 г., №12, ст. 843; 2012 г., №4, ст. 262; 2014 г., №11, ст. 672; 2015 г., №3, ст. 224) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 2 дополнить абзацем вторым следующего содержания:

"- объект рекламирования - товар, средство его индивидуализации, изготовитель или продавец товара, результаты интеллектуальной деятельности либо мероприятие (в том числе спортивное соревнование, концерт, конкурс), на привлечение внимания к которым направлена реклама;".

2. Статью 5 дополнить частью десятой следующего содержания:

"Запрещается размещение рекламы в учебной литературе, в том числе в рукописных и печатных произведениях, которые служат как средства обучения на всех стадиях образования, повышения квалификации, переподготовки и дополнительного образования.".

3. В части первой статьи 7:

- абзац четвертый изложить в следующей редакции:

" - дополнительных условий оплаты, доставки, обмена, возврата, ремонта и обслуживания товара;";

- абзац пятый исключить;

- абзац тринадцатый после слова "единственный" дополнить словами ", "номер 1", "лучший", "высшего качества"";

- дополнить абзацем четырнадцатым следующего содержания:

" - использование сопоставительного термина рекламируемого объекта низкой степени, в том числе при использовании слов "самая низкая цена", "самый дешевый" и других, в случае отсутствия возможности их утверждения по документу;".

4. В статье 11:

- часть вторую после слова "кадра" дополнить словами "и пятнадцати процентов времени вещания в течение часа";

- дополнить частью шестой следующего содержания:

"В радио и телепередачах в течение всего вещания и между радио и телепередачами рекламный выход не должен превышать трех минут.".

5. В тексте статье 22 слова "шести месяцев" заменить словами "одного года".

6. Статью 25 после слова "рекламораспространители" дополнить словами ", а также местные исполнительные органы государственной власти, органы самоуправления посёлков и сел".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 18 июля 2017 года, №1457