Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017 № 1456 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РЕКЛАМА"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2017 № 792

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июли соли 2017 № 434

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи реклама" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.457; с.2007, , №6, мод.432; с.2008, №10, мод.824; с.2011, №12, мод.843; с.2012, №4, мод.262; с.2014, №11, мод.672; с.2015, №3, мод.224) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми дуюми моддаи 1, қисми чоруми моддаи 5, сархатҳои якум ва дуюми қисми сеюми моддаи 14 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

2. Ба моддаи 2 сархати сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- воқеаҳои ҷорӣ - равандн воқеаҳои бавуқӯъомада, ҳодисаҳои муҳим, далелҳо аз ҳаёти шахсӣ ва ё ҷамъиятӣ, инчунин натиҷаҳои таҳқиқоту иқдомот;".

3. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

4. Дар моддаи 20:

- қисми дуюм дар таҳирири зерин ифода карда шавад:

"Сарпарастии реклама аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, манъ аст.";

- дар қисми сеюм калимаи "ва" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 июли соли 2017 № 1456

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О РЕКЛАМЕ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 31 мая 2017 года,№792

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 июля 2017 года, №434

Статья Т. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 августа 2003 года "О рекламе"(Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003г., №8, ст.457; 2007г., №6, ст.432; 2008г., №10, ст.824; 2011г., №12, ст.843; 2012г., №4, ст.262; 2014г., №11, ст.672; 2015г., №3, ст.224) следующие изменение и дополнение:

1. Статью 2 дополнить абзацем тринадцатым следующего содержания:

"- текущие события - процесс наступивших событий, важных случаев, фактов из личной или общественной жизни, а также результаты исследований и начинаний;".

2. Часть вторую статьи 20 изложить в следующей редакции:

"Спонсорство рекламы со стороны физических и юридических лиц, производящих спиртные напитки, табак и табачные изделия, запрещено.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 18 июля 2017 года, №1456