ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РЕКЛАМА"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи реклама" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 457; с. 2007, №7, мод. 432; с. 2008, №10, мод. 824) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Матни пеш аз моддаи 1 ҳамчун муқаддима пеш аз калимаҳои "БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ" навишта шуда, дар он калимаҳои "муҳити зист ё иззати нафс, шараф ё шӯҳрати меҳнатии" ба калимаҳои "тарзи ҳаёт, шаъну шараф ё эътибори кории", калимаи "қатъ" ба калимаи "манъ" ва калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шаванд.
2. Рақамгузории бобҳо ба рақамҳои арабӣ иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 2:
- дар сархати сеюм калимаи "аксулреклама" ба калимаҳои "рекламаи мутақобил" иваз карда шавад;
- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"рекламадиҳанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо фармоиши он реклама таҳия ва паҳн карда мешавад;";
- дар сархати шашум калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шавад;
- сархати даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"рекламаи иҷтимоӣ - рекламаи ғайритиҷоратӣ, ки дар он тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи табиат, амнияти аҳолӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ифода шудааст;";
- дар сархати сенздаҳум калимаи "саҳмгузорӣ" ба калимаи "сарпарастӣ", калимаи "саҳмгузор" ба калимаи "сарпараст" ва калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шаванд;
- сархати чордаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"саҳми сарпарастӣ - пардохт барои реклама аз ҷониби сарпараст (рекламадиҳанда) ба кӯмакгиранда (паҳнкунандаи реклама).".
4. Дар моддаи 5:
- дар қисми якум калимаҳои "шинохташаванда бошад" ба калимаҳои "фаҳмида шавад" иваз карда шаванд;
- қисми чорум хориҷ карда шавад;
- аз қисми панҷум калимаҳои "мутаносибан бо ҳарфҳои хурд" хориҷ карда шаванд.
5. Ба сархати дуюми қисми якуми моддаи 6 баъд аз калимаи "эътибори" калимаи "кории" илова карда шавад.
6. Дар қисми дуюми моддаи 8 калимаҳои "иззати нафсу шараф ё эътибори" ба калимаҳои "шаъну шараф ё эътибори кории" иваз карда шаванд.
7. Дар сархати чоруми қисми якуми моддаи 11 калимаи "гузоришҳои" ба калимаи "барномаҳои" иваз карда шавад.
8. Қисми якуми моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар таркиби асарҳои аудиовизуалӣ бе ризоияти дорандагони ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф ба чунин асарҳо ҷойгир намудани реклама манъ аст.".
9. Дар қисми шашуми моддаи 14 калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шавад.
10. Дар моддаи 15:
- дар қисми якум калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои "Вазорати алоқаи" ба калимаҳои "Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 16 калимаҳои "рекламаи махсус" ба калимаҳои "рекламаи иҷтимоӣ" иваз карда шаванд.
12. Дар ном ва матни моддаи 20 калимаҳои "саҳмгузорӣ", "Саҳмгузор", "саҳмгузор" ва "Саҳмгузорӣ" мувофиқан ба калимаҳои "сарпарастӣ", "Сарпараст", "сарпараст" ва "Сарпарастӣ" иваз карда шаванд.
13. Дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми моддаи 21 калимаи "волидон" ба калимаҳои "падару модар" иваз карда шавад.
14. Ба Қонун моддаи 22(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 22(1) Ҳуқуқҳои рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама
Рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқ доранд бо ариза оид ба пурра ё қисман бекор кардани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд.".
15. Дар моддаи 27:
- дар сархати дуюми қисми дуюм калимаи "аксулрекламаро" ба калимаҳои "рекламаи мутақобилро" иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои "созишнома бандад" ба калимаҳои "корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад" иваз карда шаванд.
16. Дар моддаи 28:
- дар қисми якум калимаи "Созмонҳои" ба калимаи "Ташкилотҳои" иваз карда шавад;
- дар сархати якуми қисми дуюм калимаҳои "асноди меъёрию" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии" иваз карда шаванд.
17. Дар номи боби V калимаи "АКСУЛРЕКЛАМА" ба калимаҳои "РЕКЛАМАИ МУТАҚОБИЛ" ва калимаи "МАСЪУЛИЯТ" ба калимаи "ҶАВОБГАРӢ" иваз карда шаванд.
18. Дар моддаи 29:
- дар номи модда ва қисмҳои сеюм, панҷум, шашум, ва ҳафтум калимаи "Аксулреклама" ва "аксулреклама" мувофиқан ба калимаҳои "Рекламаи мутақобил" ва "рекламаи мутақобил" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаи "аксулрекламаро" ба калимаҳои "рекламаи мутақобилро" иваз карда шавад;
- дар қисмҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум калимаи "вайронкор" ба калимаи "ҳуқуқвайронкунанда" иваз карда шавад;
- ба қисми чорум баъд аз калимаи "аст" калимаҳои ", ки аз ҳуқуқвайронкунанда талаб намояд, то ки ӯ" илова карда шаванд.
19. Дар моддаи 30:
- дар номи модда калимаи "Масъулияти" ба калимаи "Ҷавобгарии" иваз карда шавад;
- дар қисми якум калимаҳои "масъулият дорад" ба калимаҳои "ҷавобгар мебошад" ва калимаи "қонуншикании" ба калимаи "ҳуқуқвайронкунии" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "масъулият дорад" ба калимаҳои "ҷавобгар мебошад" иваз карда шаванд;
- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Шахсоне, ки ҳуқуқ ва манфиатҳояшон дар натиҷаи рекламаи номуносиб вайрон карда шудааст, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида ҷиҳати рӯёнидани зарар, ҷуброни зиёни маънавӣ, раддияи расмии рекламаи номуносиб ба суд муроҷиат намоянд.".
20. Моддаи 31 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
16 апрели соли 2012 № 812
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2011, № 623
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 286
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О РЕКЛАМЕ"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 августа 2003 года "О рекламе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №8, ст. 457; 2007 г., №7, ст. 432; 2008 г., №10, ст. 824) следующие изменения и дополнения:
1. Текст, приведенный перед статьей 1, разместить перед словами "ГЛАВА I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ" и считать преамбулой Закона, и в ней слово "пресекает" заменить словом "запрещает".
2. Главы Закона и их названия писать прописными буквами и обозначить арабскими цифрами.
3. В статье 2:
- абзац четвертый изложить в следующей редакции:
"рекламодатель - физическое или юридическое лицо, по заказу которого создается и распространяется реклама;";
- абзац десятый изложить в следующей редакции:
"социальная реклама - некоммерческая реклама о здоровом образе жизни, охране здоровья, охране природы, безопасности населения, предупреждении правонарушений и других социальных вопросах;".
- абзац четырнадцатый изложить в следующей редакции:
"спонсорский вклад - плата спонсируемому (рекламораспространителю) за рекламу спонсором (рекламодателем).".
4. В статье 5:
- часть четвертую исключить;
- в части пятой слова "соответственно на других языках строчными буквами" заменить словами "на других языках".
5. В части второй статьи 8 слова "достоинству, чести и репутации" заменить словами "чести, достоинству и деловой репутации".
6. В абзаце четвертом части первой статьи 11 слово "радиопостановки" заменить словом "радиопередачи".
7. Часть первую статьи 13 изложить в следующей редакции:
"Размещение рекламы в составе аудиовизуальных произведений без согласия правообладателей имущественных авторских прав на эти произведения запрещается.".
8. В части третьей статьи 15 слова "Министерства связи" заменить словами "Службы связи при Правительстве".
9. В статье 16 слово "специальной" заменить словом "социальной".
10. Закон дополнить статьей 22(1) следующего содержания:
"Статья 22(1) Права рекламодателя, производителя и рекламораспространителя
Рекламодатель, производитель и рекламораспространитель имеют право в соответствии с законодательством Республики Таджикистан обратиться в суд с заявлением о полной или частичной отмене решения уполномоченного государственного органа.".
11. В части четвертой статьи 27 слова "заключать договоры" заменить словами "проводить разъяснительную работу".
12. В статье 29:
- в частях первой и второй слово "нарушитель" заменить словом "правонарушитель";
- в частях третьей и четвёртой слова "нарушителя" и "нарушителем" заменить соответственно словами "правонарушителя" и "правонарушителем";
- в части четвёртой после слова "обязан" дополнить словами "требовать от правонарушителя, чтобы он" и слово "поставить" заменить словом "поставил".
13. Статью 30 дополнить частью четвёртой следующего содержания:
"Лица, права и интересы которых нарушены в результате ненадлежащей рекламы, вправе обратиться в установленном порядке в суд о возмещении убытков, компенсации морального вреда, публичном опровержении ненадлежащей рекламы.".
14. Статью 31 изложить в следующей редакции:
"Статья 31. Ответственность за нарушение настоящего Закона
Физические и юридические лица за нарушение настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
16 апреля 2012 года, № 812
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О рекламе"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О рекламе".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 21 декабря 2011 года, № 623
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О рекламе"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О рекламе", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О рекламе".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 29 марта 2012 года, №286