Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2024, № 2113 «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

Санаи амалкуни: 18.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РЕКЛАМА»

 

бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 19 июни соли 2024, № 1384
қабул шуд

бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 5 ноябри соли 2024, № 557
ҷонибдорӣ карда шуд


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 457; с. 2007, №6, мод. 432; с. 2008, №10, мод. 824; с. 2011, №12, мод. 843; с. 2012, №4, мод. 262; с. 2014, №11, мод. 672; с. 2015, №3, мод. 224; с. 2017, №7-9, мод. 575, мод. 576; с. 2018, №1, мод. 26; с. 2022, №7, мод. 456, №12, қ. 2, мод. 787), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар қисми дуюм калимаи «Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шавад;

- дар қисми сеюм калимаҳои «Ҳамин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.

2. Ба қисми ҳаштуми моддаи 5 пас аз калимаҳои «метавонанд ба» калимаҳои «ҳаёт ва» илова карда шаванд.

3. Дар моддаи 7:

- дар сархати панҷуми қисми якум ва матни қонун калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «ӮҲДАДОРИҲОИ», «ӯҳдадор», «Ӯҳдадориҳои», «мӯҳлати» ва «Мӯҳлати» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «УҲДАДОРИҲОИ», «уҳдадор», «Уҳдадориҳои», «муҳлати» ва «Муҳлати» иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаҳои «воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ), ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда» ба калимаҳои «воситаҳои фардикунонии иштирокдорони муомилоти маданӣ, фардикунонии мол, кор ё хизматрасонӣ (воситаҳои фардикунонӣ) ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда» иваз карда шаванд.

4. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаҳои «тамоку, маҳсулоти тамоку, сигори электронӣ ва дигар воситаҳои электронии таъмини никотин,» ба калимаҳои «маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин» иваз карда шаванд.

5. Дар матни моддаи 25 калимаҳои «(мақомоти минтақавии онҳо)» ба калимаҳои «(сохторҳои маҳаллии онҳо)» иваз карда шаванд.

6. Дар қисми якуми моддаи 26 калимаи «граждании» ба калимаи «мадании» иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 13 ноябри соли 2024, № 2113

 


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О РЕКЛАМЕ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 19 июня 2024 года, №1384
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 5 ноября 2024 года, №557

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О рекламе» от 1 августа 2003 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №8, ст. 457; 2007 г., №6, ст. 432; 2008 г., №10, ст. 824; 2011 г., №12, ст. 843; 2012 г., №4, ст. 262; 2014 г., №11, ст. 672; 2015 г., №3, ст. 224; 2017 г., №7-9, ст. 575, ст. 576; 2018 г., №1, ст. 26; 2022 г., №7, ст. 456, №12, ч. 2, ст. 787) следующие изменения и дополнение:

1. Часть восьмую статьи 5 после слов «нанести вред» дополнить словами «жизни и».

2. В части второй статьи 7 слова «средств индивидуализации участников гражданских сделок, индивидуализации продукции, выполняемых работ» заменить словами «средств индивидуализации участников гражданского оборота, индивидуализации товаров, работ».

3. В части первой статьи 17 слова «табака, табачных изделий, электронных сигарет и других электронных средств доставки никотина,» заменить словами «табачных изделий и электронных систем доставки никотина».

4. В тексте статьи 25 слова «(их региональных органов)» заменить словами «(их местных структур)».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.


Президент Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон

г.Душанбе 13 ноября 2024 года №2113