Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 148
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 148
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 835, аз 28.02.2015 № 128, аз 26.03.2015 № 161, аз 3.11.2015 № 662, № 663, аз 30.12.2015 № 822, аз 25.02.2016 № 79, аз 28.04.2017 № 224, аз 5.10.2017 № 468, аз 29.11.2017 № 562, аз 2.05.2019 № 229, аз 27.02.2020 № 122, аз 27.05.2020 № 280, аз 24.07.2020 № 413, аз 27.08.2021 № 338, аз 27.08.2021 № 341, аз 30.09.2021 №419, аз 29.11.2022 № 586, аз 02.03.2023 № 79, аз 28.04.2023 № 174, аз 29.05.2023 № 219, № 220)

1. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъул аст.
2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад .
3. Вазорат, воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазоратҳои (идораҳои) ҷумҳурӣ системаи ягонаи идораи давлатиро ташкил медиҳанд, ки татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин менамоянд.
4. Вазорат фаъолияти дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вобаста ба масъалаҳои доираи салоҳияти худ, ҳамоҳанг месозад.
5. Иҷрои стандартҳо, муқаррарот ва меъёру санадҳое, ки Вазорат дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намудааст, барои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин барои шахсони воқеӣ ҳатмӣ мебошад.
...