Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2015 № 663 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номи Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази миллии ташхис" ба Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ" ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ" ба Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ" иваз карда шавад.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии муассисаҳои мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва воҳидҳои кории амалкунанда ҳал намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

3. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази миллии ташхисию табобат ва таълимӣ";

- сархати сию сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 ноябри соли 2015 № 663

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №148

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 52 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Переименовать Государственное унитарное предприятие "Национальный диагностический центр" на Государственное унитарное предприятие "Национальный лечебно - диагностический и учебный центр" и Государственное учреждение "Республиканский центр сестринского дела" на Государственное учреждение "Республиканский учебно-клинический центр сестринского дела".

2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые и финансовые вопросы указанных учреждений в пределах предусмотренных средств и действующих штатных единиц и привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.

3. Внести в Перечень учреждений и организаций системы Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №148 "О Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан", следующие изменения:

- абзац второй изложить в следующей редакции:

"Государственное унитарное предприятие "Национальный лечебно-диагностический и учебный центр";

- абзац тридцать третий изложить в следующей редакции:

"Государственное учреждение "Республиканский учебно-клинический центр сестринского дела".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 ноября 2015 года, № 663