Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 № 562 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистои, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерии ворид карда шаванд:

- аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

- дар сархати сию ҳаштуми банди 6 калимаҳои "имкониятҳои маҳдуд доранд" ба калимаи "маъюб ҳастанд" иваз карда шаванд;

- дар сархати чилуми банди 6 калимаи "протезкунӣ" ба калимаи "протезкунонӣ" иваз карда шавад;

- дар сархати бисту дуюми банди 7 калимаи "ноқисиҳои" ба калимаи "нуқсонҳои" иваз карда шавад;

- сархати сию панҷуми банди 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- тартиби бақайдгирии давлатии маводи кимиёвӣ барои ташхиси бемориҳо бо мақсади пешгирӣ ва табобат, инчунин таҷҳизот ва молҳои озмоишгоҳӣ;";

- дар сархати чилу нуҳуми банди 7 калимаҳои "дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ" ба калимаи "маъюб" иваз карда шаванд;

- дар сархати панҷоҳу панҷуми банди 7 калимаи "статсионарӣ" ба калимаи "будубоши доимӣ" иваз карда шавад;

- сархати шасту панҷуми банди 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- масъалаҳои вобаста ба ҷойгиркунонии кӯдакони маъюбро дар муассисаҳои будубоши доимии хизматрасонии иҷтимоӣ ҳаллу фасл менамояд;";

- сархати чоруми банди 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаю низомномаҳои муассиса ва ташкилотҳои системаи вазорати мазкур, инчунин беморхонаҳои марказӣ, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро тасдиқ менамояд;".

2. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар сархати якум баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаи "-"Шифобахш" илова карда шавад;

- дар сархати шонздаҳум баъд аз калимаи "хун"" калимаҳои "бо филиалҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа" илова карда шаванд;

- дар сархати сию якум баъд аз калимаи "касби"" калимаҳои "бо филиал дар шаҳри Хуҷанд" илова карда шаванд;

- дар сархати сию иуҳум калимаи "ташхиси" ба калимаи "экспертизаи" иваз карда шавад;

- дар сархати шасту якум калимаи "ноҳияи" ба калимаи "шаҳри" иваз карда шавад;

- дар сархати ҳафтоду ҳафтум калимаҳои "Редаксияи маҷаллаи "Шифо"" ба калимаҳои "Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- сархатҳои ҳаштоду чорум, ҳаштоду панҷум ва ҳаштоду ҳафтум хориҷ карда шаванд.

3. Ба Низомномаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 4 марти соли 2014, № 168 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

- аз банди 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

- дар сархати чоруми банди 9 баъд аз калимаи "роҳбарони" калимахои "муассисаҳои системаи Агентӣ," илова карда шаванд.

4. Ба Номгӯи муассисаҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, № 168 тасдиқ шудааст, сархатҳои якум, дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтар;

Муассисаи давлатии "Хона - интрнати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор;

Муассисаи давлатии "Хона - интернати беморони рӯҳии ноҳияи Восеъ"".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 ноябри соли 2017 № 562

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 12 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", с целью обеспечения эффективной деятельности медицинских учреждений и улучшения оказания медицинских услуг населению, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в Положение о Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №148 "О Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан", следующие изменения и дополнения:

- в тридцать восьмом абзаце пункта 6 слова "лиц с ограниченными возможностями" заменить словом "инвалидов";

- пункт 7 дополнить тридцать пятым абзацем следующего содержания:

"- порядок государственной регистрации химических средств для диагностики заболеваний с целью профилактики и лечения, а также оборудования и лабораторных товаров";

- в пятьдесят пятом абзаце пункта 7 слова "стационарных учреждений" заменить словами "учреждений постоянного пребывания";

- пункт 7 дополнить шестьдесят пятым абзацем следующего содержания:

"- решает вопросы, касающиеся размещения детей - инвалидов в учреждениях постоянного пребывания социальной помощи";

- четвертый абзац пункта 10 изложить в следующей редакции:

"- согласно установленным порядкам законодательства от имени Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан утверждает уставы и положения учреждений, организаций системы данного министерства, также центральных больниц, учреждений первичной медико-санитарной помощи городов и районов республики;".

2. Внести в Перечень учреждений и организаций Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №148 следующие изменения и дополнения:

- первый абзац после слова "Таджикистан" дополнить словом "-"Шифобахш";

- шестнадцатый абзац после слова "крови"" дополнить словами "с филиалами в городах Худжанд, Куляб и Курган-тюбе";

- тридцать первый абзац после слова "болезней"" дополнить словами "с филиалом в городе Худжанд";

- в шестьдесят первом абзаце слова "Гиссарского района" заменить словами "город Гиссар";

- в семьдесят седьмом абзаце слова "Редакция журнала "Шифо"" заменить словами "Пресс-центр Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан";

- восемьдесят четвертый, восемьдесят пятый и восемьдесят седьмой абзацы исключить.

3. Внести в Положение о Государственном агентстве социальной защиты населения Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 2014 года, №168 "О Государственном агентстве социальной защиты населения Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан", следующие изменения и дополнения:

- четвертый абзац пункта 9 после слова "руководителей" дополнить словами "учреждений системы Агентства,".

4. Дополнить Перечень учреждений системы Государственного агентства социальной защиты населения Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 2014 года, №168, первым, вторым и третьим абзацами следующего содержания:

"Государственное учреждение "Республиканский центр реабилитации и постоянного пребывания престарелых и инвалидов в Бохтарском районе;

Государственное учреждение "Дом-интернат психических больных города Гиссар;

Государственное учреждение "Дом - интернат психических больных Восейского района"".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 29 ноября 2017 года, №562