Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020 № 280 "Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон дар шаҳри Душанбе""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон дар шаҳри Душанбе"

 

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор макунад:

1.  Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии "Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон дар шаҳри Душанбе" таъсис дода шавад.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии муассисаи давлатии "Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон дар шаҳри Душанбе"-ро дар доираи маблағҳои барои ташкили марказҳои будубоши рӯзона пешбинишуда ва воҳидҳои кории амалкунандаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳал карда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

3. Ба замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати ҳаштоду шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

 "Муассисаи давлатии "Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон дар шаҳри Душанбе".

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

 

 

аз 27 майи соли 2020 № 280

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании государственного учреждения "Территориальный центр социального обслуживания для жертв торговли людьми в городе Душанбе"

В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать при Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан государственное учреждение "Территориальный центр социального обслуживания для жертв торговли людьми в городе Душанбе".

2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые и финансовые вопросы государственного учреждения "Территориальный центр социального обслуживания для жертв торговли людьми в городе Душанбе" в пределах средств, предусмотренных для создания центров дневного пребывания и действующих штатных единиц сферы здравоохранения и социальной защиты населения, привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.

3. Приложение 4 постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №148 "О Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан" дополнить восемьдесят шестым абзацем следующего содержания:

"Государственное учреждение "Территориальный центр социального обслуживания для жертв торговли людьми в городе Душанбе".

4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан внести в учетную запись соответствующие изменения.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе, 

от 27 мая 2020 года, №280