Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2015 № 161 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 339 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва бандҳои 1, 2, 3 ва 4 қарор калимахои "Хонаинтернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон" ба калимаҳои "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон" иваз карда шаванд;

- дар бандҳои 2 ва 3 калимаи "меҳнат" ба калимаи "тандурустӣ" иваз карда шавад.

2. Дар сархати ҳаштоду шашуми Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Хона - интернати беморони рӯҳии" ба калимаҳои "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар" иваз карда шаванд.

3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1999, № 446 "Оид ба кушодани хона-интернати ҷумҳуриявӣ барои пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони ноқисулақл дорои 100 ҷой дар шаҳри Панчакент" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар номи қарор калимаҳои "хона-интернати ҷумҳуриявӣ барои пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони ноқисулақл" ба калимаҳои "Хонаинтернати ҷумҳуриявӣ барои пиронсолон ва маъюбон" иваз карда шаванд:

- дар банди 1 калимаҳои "пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони ноқисулақл" ба калимаҳои "пиронсолон ва маъюбон" иваз карда шаванд.

- дар бандҳои 2 ва 3 калимаи "меҳнат" ба калимаи "тандурустӣ" иваз карда шавад.

4. Дар Номгӯи муассисаҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, № 168 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар сархати сеюм калимаҳои "пиронсолон, маъюбон ва беморони равонии" ба калимахои "пиронсолон ва маъюбон дар" иваз карда шаванд;

- дар сархати чорум калимаҳои "пиронсолон ва маъюбони "Деҳмой"-и ноҳияи Ҷ. Расулов" ба калимаҳои "беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов" иваз карда шаванд.

5. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаҳои дар боло зикргардидаро ҳал намуда, маблағгузории онҳоро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбининамудаи буҷети соҳавӣ таъмин намояд.

6. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 26 марти соли 2015 № 161

ш.Душанбе