Барномаи миёнамуҳлати солҳои 2024-2026 Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 1 ноябри соли 2024, № 582

Санаи амалкуни: 01.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 ноябри соли 2024, № 582

Барномаи миёнамуҳлати солҳои 2024-2026 Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи миёнамуҳлати солҳои 2024-2026 Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд Барнома) бо мақсади иҷрои банди 4 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1446 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия карда шудааст.

2. Ҳадафи асосии Барнома амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас оид ба тақвияти унсурҳои заминавии ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳкими маҷмуии интизоми молиявӣ, иқтидори кадрӣ ва захиравии вазорату идораҳои калидӣ ва таъмини алоқамандии афзалиятҳои миллӣ ва ислоҳот бо буҷети давлатӣ, банақшагирӣ ва иҷрои босифати буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, мукаммалгардонии ҳуҷҷатҳои марбут ба баҳисобгирии муҳосибӣ, иҷрои буҷети давлатӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таъмини шаффофияти молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин идоракунии хавфҳои фискалӣ дар бахши давлатӣ мебошад.

3. Чорабиниҳои дар Барнома пешбинишуда ба таври лозима ба тартиб дароварда шуда, ба муҳлатҳои воқеъбинона асос ёфтаанд. Тадбирҳои пешниҳодшудаи ислоҳот бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба принсипҳои мутақобила ва амалисозии марҳилавӣ мутобиқи се марҳилаи асосии амалисозии ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, ки дар Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян шудаанд, асос ёфтаанд. Марҳилаи дуюми ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2024-2026 тибқи Стратегия андешидани тадбирҳо барои ноил шудан ба устувории молиявӣ ва низоми идоракунии молиявии давлатӣ мебошад.

4. Тамоми чорабиниҳо на танҳо бо афзалиятҳои миллии дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфта, балки бо стратегияҳо ва барномаҳои мавзуии дигаре, ки мустақиман ба низоми идоракунии молияи давлатӣ алоқаманданд, мувофиқат мекунанд. Намунаи чунин ҳуҷҷатҳо Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026, Барномаи миёнамуҳлати идоракунии хавфҳои фискалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026, Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029 ва харитаи роҳи амалисозии стандартҳои ҳисоботи молиявии бахши давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва ҳуҷҷатҳои сиёсии дигар мебошанд. Барнома, инчунин ба натиҷаҳои ташхис ва арзёбии низоми идоракунии молияи давлатӣ, аз қабили баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ, шохиси шаффофияти буҷетӣ, баҳодиҳии ташхиси маъмурикунонии андоз, баҳодиҳии идоракунӣ ва самаранокии қарз, баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва арзёбиҳои дигари ташхисии низоми идоракунии молияи давлатӣ дар сатҳи миллӣ ва соҳавӣ асос ёфтааст.

2. ШАРҲИ МУХТАСАР ОИД БА ИҶРОИ БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ АМАЛ ОИД БА АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030 ДАР СОЛҲОИ 2021-2023

5. Дар давраи аввали амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда буданд, равона гардид.

6. Дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ислоҳоти мушаххас роҳандозӣ гардида, ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои дохилӣ аз рӯйи имконият ва иқтидорҳои мавҷуда таъмин карда шуд.

7. Бо мақсади ташаккули сифатноки нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани субъектҳои андозбандӣ, дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирию рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, инчунин мутобиқ намудани муқаррароти қонунгузории андоз ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ бо назардошти шароити имрӯзаи иқтисоди миллӣ Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид.

...
Приложение 1 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «1» ноября 2024 года, №582

 

Среднесрочная программа 2024-2026 годов Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Среднесрочная программа 2024-2026 годов Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года (далее – Программа) разработана с целью исполнения пункта 4 указа Президента Республики Таджикистан от 31 января 2020 года, №1446 «Об утверждении Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года».

2. Основной целью Программы является реализация конкретных мер по усилению основных элементов реформы управления государственными финансами в Республике Таджикистан, включая комплексное укрепление финансовой дисциплины, кадрового и ресурсного потенциала ключевых министерств и ведомств и обеспечение связи национальных приоритетов и реформ с государственным бюджетом, качественное планирование и исполнение государственного бюджета и эффективное использование бюджетных средств, совершенствование документации, связанной с бухгалтерским учётом, исполнением государственного бюджета и финансовой отчётностью, обеспечение финансовой прозрачности и подотчётности, а также управление фискальными рисками в государственном секторе.

3. Мероприятия, предусмотренные в Программе, надлежащим образом упорядочены и основаны на реалистичных сроках. Предлагаемые меры по осуществлению реформ обсуждены со всеми заинтересованными сторонами и основаны на принципах взаимодополняемости и поэтапного осуществления согласно трём ключевым этапам реализации реформ управления государственными финансами, указанным в Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года. Вторым этапом реформ управления государственными финансами на 2024-2026 годы согласно Стратегии является принятие мер по достижению фискальной устойчивости и стабильности системы управления государственными финансами.

4. Все мероприятия согласуются не только с национальными приоритетами, отражёнными в Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года и Среднесрочной программы развития на 2021-2025 годы, и Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года, но и других тематических стратегиях и программах, имеющих непосредственное отношение к системе управления государственными финансами. Примерами таких документов являются Стратегия управления государственным долгом Республики Таджикистан на период 2024-2026 годы, Среднесрочная программа управления фискальными рисками Республики Таджикистан на 2024-2026 годы, Среднесрочная программа государственных доходов Республики Таджикистан на 2024-2029 годы, дорожная карта применения стандартов финансовой отчётности государственного сектора Таджикистана на 2020-2025 годы и другие политические документы. Программа также основана на результатах проведённых диагностик и оценок системы управления государственными финансами таких как оценка государственных расходов и финансовой подотчётности, индекс прозрачности бюджета, оценка диагностики налогового администрирования, оценка управления и эффективности долга, оценка государственных расходов и других диагностических оценок системы управления государственными финансами на национальном и отраслевом уровнях.

2. КРАТКИЙ ОБЗОР РЕАЛИЗАЦИИ СРЕДНЕСРОЧНОЙ ПРОГРАММЫ ДЕЙСТВИЙ ПО РЕАЛИЗАЦИИ СТРАТЕГИИ УПРАВЛЕНИЯ ГОСУДАРСТВЕННЫМИ ФИНАНСАМИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА ПЕРИОД ДО 2030 ГОДА НА 2021-2023 ГОДЫ.

5. В первый период реализации Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года меры, предпринятые Правительством Республики Таджикистан, были направлены на реализацию стратегических целей страны, которые были определены Президентом Республики Таджикистан.

6. В сфере управления государственными финансами были реализованы конкретные реформы, обеспечена координация деятельности отраслей и рациональное использование внутренних ресурсов исходя из имеющихся возможностей и потенциала.

7. В целях качественного формирования показателей доходной части государственного бюджета, полного включения субъектов налогообложения в налоговую базу, поддержки предпринимателей и инвесторов, улучшения инвестиционной среды, поддержки и развития частного сектора, привлечения отечественного и иностранного капитала, а также приведения в соответствие положений налогового законодательства требованиям международных нормативных правовых актов с учётом современных условий национальной экономики был принят Налоговый кодекс Республики Таджикистан в новой редакции.

...