Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 № 1446 "Дар бораи тасдиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тасдиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми молияи давлатӣ дар амалисозии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва суръат бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар фармон медиҳам:

1. Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чораҳои зарурӣ андешида, амалисозии онро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.

3. Вазифаҳои марбут ба таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва мониторинги амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба зиммаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ гузошта шавад.

4. Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ барномаҳои амали миёнамуҳлатро барои ҳар сесола таҳия карда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд ва ҷиҳати амалисозии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои барномаҳои амали миёнамуҳлати сесола ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

аз 31 январи соли 2020 № 1446

 

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об утверждении Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года

 

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан и в целях повышения эффективности системы государственных финансов в реализации Национальной стратегии развития на период до 2030 года и ускорения социальноэкономического развития страны постановляю:

1. Утвердить Стратегию управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года (прилагается).

2. Правительству Республики Таджикистан принять необходимые меры для выполнения Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года и осуществлять постоянный контроль за его реализацией.

3. Задачи по разработке необходимых документов и мониторинг реализации Стратегии управления государственными финансами Республики Таджикистан на период до 2030 года возложить на Координационный совет по вопросам управления государственными финансами.

4. Координационному совету по вопросам управления государственными финансами разработать и представить на утверждение Правительству Республики Таджикистан среднесрочные программы действий на каждые три года и принять необходимые меры для их реализации.

5. Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе реализации среднесрочных трехлетних программ действий.

 

Президент

Республики Таджикистан      Эмомали Рахмон

 

г.Душанбе

31 января 2020 года № 1446