ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати солҳои 2024-2026 Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миёнамуҳлати солҳои 2024-2026 Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи миёнамуҳлати солҳои 2024-2026 Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.
3. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз ҷараёни иҷрои онҳо то 31 июн ва 31 декабри соли молиявӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳамасола то 15 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 ноябри соли 2024, № 582
...