Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 июни соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, рақами бақайдгирӣ 1079
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Дастурамал оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва таҳияи ҳисобот дар низоми хазинадорӣ
070.020.110
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хазинадорӣ" ва бандҳои 6 ва 12 Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 тасдиқ гардидааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Дастурамал оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва таҳияи ҳисобот дар низоми хазинадорӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти молия дар маҳал ва ташкилотҳои буҷетӣ фаъолияти худро оид ба иҷрои буҷети давлатӣ ва таҳияи ҳисобот мувофиқи талаботи дастурамали мазкур амалӣ намоянд.
4. Фармони вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2005, №110 "Дар бораи Дастурамали бурдани ҳисобдорӣ ва ҳисобот оиди иҷроиши буҷети давлатӣ дар хазинадорӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Вазир Қаҳҳорзода Файзиддин
аз 27 апрели соли 2021 № 64
ш. Душанбе
Бо фармоиши
вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 апрели соли 2021, №64
тасдиқ карда шудааст
ДАСТУРАМАЛ ОИД БА ИҶРОИ ДАРОМАД ВА ХАРОҶОТИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲИЯИ ҲИСОБОТ ДАР НИЗОМИ ХАЗИНАДОРӢ
Замима
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 16 июня 2021 года,
регистрационный номер 1079
МИНИСТЕРСТВО ФИНАНСОВ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
РАСПОРЯЖЕНИЕ
Об инструкции по исполнению доходов и расходов государственного бюджета и составлению отчетности в казначейской системе 070.020.110
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О казначействе" и пунктами 6 и 12 Положения о Министерстве финансов Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля соли 2015, №187,
РАСПОРЯЖАЮСЬ:
1. Утвердить Инструкцию по исполнению государственного бюджета и составлению отчетности в казначейской системе (прилагается).
2. Настоящее распоряжение предоставить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
3. Соответствующим структурам центрального аппарата Министерства финансов Республики Таджикистан, финансовым органам на местах и бюджетным организациям осуществлять свою деятельность по исполнению государственного бюджета и составлению отчетности в соответствии с требованиями данной инструкции.
4. Признать утратившим силу приказ министра финансов Республики Таджикистан от 20 октября соли 2005, №110 "Об утверждении Инструкции о ведении учета и отчетности по исполнению государственного бюджета в казначействе".
5. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на первого заместителья министра финансов Республики Таджикистан.
Министр Каххорзода Файзиддин
г. Душанбе, от 27 апреля 2021 года, №64
*Инструкция