Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.08.2018 № 397, аз 31.03.2020 № 218, аз 27.05.2021 № 199, аз 29.07.2022 № 384, аз 30.06.2023 № 318, аз 28.02.2025 № 138)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 384)
Мутобиқи моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 285 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад ():
1. Меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда тасдиқ карда шавад (замимаи 1) .
1(1). Меъёрҳои андози аксиз барои молҳои тайёри ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда тасдиқ карда шаванд (замимаи 2) .
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба қабули қарори мазкур Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро огоҳ намояд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2014, № 102 "Дар бораи тасдиқи меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" аз эътибор соқит дониста шавад.
...