ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар сутуни сеюми гурӯҳи 24 замимаи 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302 "Меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" рақамҳои "8,5", "9,8" ва "35" мувофиқан ба рақамҳои "17", "19" ва "70" иваз карда шаванд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
3. Қарори мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 майи соли 2021, № 199
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 9 июня 2018 года, №302
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В третьем столбце группы 24 приложения 1 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 9 июня 2018 года, №302 "Ставки акцизного налога на отдельные товары, производимые в Республике Таджикистан и ввозимые в Республику Таджикистан" цифры "8,5", "9,8" и "35" соответственно заменить цифрами "17", "19" и "70".
2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о принятии настоящего постановления.
3. Настоящее постановление ввести в действие через один месяц после официального опубликования.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 мая 2021 года, №199