ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, № 302 "Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" эзоҳи 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Эзоҳи 6. Меъёри андоз барои истеҳсоли молҳои зераксизии рамзи молии 240220 (сигаретҳо, дорои тамоку (бо филтр ва бе филтр) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, ки ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ба андозаи 15 евро барои 1000 дона то 1 январи соли 2028 муқаррар карда шавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 июни соли 2023, № 318
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 9 июня 2018 года, №302
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Приложение 1 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 9 июня 2018 года, №302 "О ставках акцизного налога на подакцизные товары, производимые в Республике Таджикистан и ввозимые в Республику Таджикистан" дополнить примечанием 6 следующего содержания:
"Примечание 6. Ставку налога на производство подакцизных товаров по товарному коду 240220 (сигареты, содержащие табак (с фильтром и без фильтра), произведённые в Республике Таджикистан, в том числе произведенные в свободных экономических зонах Таджикистана и ввезенные на другие части таможенной территории Республики Таджикистан, установить в размере 15 евро за 1000 штук до 1 января 2028 года.".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 30 июня 2023 года №318