Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302 "Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 1 калимаҳои "(замима мегардад)" ба калима ва рақами "(замимаи 1)" иваз карда шаванд;
- банди 1(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"1(1). Меъёрҳои андози аксиз барои молҳои тайёри ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда тасдиқ карда шаванд (замимаи 2).".
2. Ба меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302 тасдиқ шудааст, эзоҳи 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Эзоҳи 3. Меъёрҳои муқарраршуда барои гурӯҳи молии 71 нисбат ба воридоти маснуоти заргарӣ аз металли тилло ва нуқра татбиқ намегарданд.".
3. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 марти соли 2020 № 218
ш. Душанбе
Замимаи 2
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 9 июня 2018 года, №302
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 9 июня 2018 года, №302 "О ставках акцизного налога на отдельные товары, производимые в Республике Таджикистан и ввозимые в Республику Таджикистан" следующие изменение и дополнения:
- в пункте 1 слово "(прилагаются)" заменить словом и цифрой "(приложение 1)";
- дополнить пунктом 1(1) следующего содержания:
"1(1). Утвердить ставки акцизного налога на готовые товары, ввозимые в Республику Таджикистан (приложение 2).".
2. Ставки акцизного налога на отдельные товары, производимые в Республике Таджикистан и ввозимые в Республику Таджикистан, утвержденные постановлением Правительства Республики Таджикистан от 9 июня 2018 года, №302, дополнить примечанием 3 следующего содержания:
"Примечание 3. Ставки, установленные на товарные группы 71, не применяются на импорт ювелирных изделий из золота и серебра.".
3. Настоящее постановление ввести в действие после его официального опубликования.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 марта 2020 года, №218
*Приложение