Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи регламентҳои техникии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Регламентҳои техникии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи регламентҳои техникии мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Қарори мазкур баъд аз шаш моҳ аз рӯзи тасдиқи регламентҳои техиикии мазкур мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2016 № 190
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О технических регламентах безопасности пищевой продукции, безопасности мяса и мясной продукции, безопасности молока и молочной продукции
В соответствии со статьёй 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьёй 8 Закона Республики Таджикистан "О техническом нормировании" и статьей 21 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить технические регламенты безопасности пищевой продукции, безопасности мяса и мясной продукции, безопасности молока и молочной продукции (прилагаются).
2. Агентству по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан совместно с заинтересованными министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящих технических регламентов.
3. Настоящее постановление ввести в действие по истечении шести месяцев со дня утверждения настоящих технических регламентов.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 апреля 2016 года, № 190