ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №190
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сархати нуздаҳуми банди 38 Регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №190 «Дар бораи регламентҳои техникии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- равғани растанӣ - равғани пахта, кунҷид ва нахл, ба истиснои ғизоҳои табобатии Ф-75, Ф-100, ғизои табобатию профилактикии омодаи истеъмол (БП-100) ва равғани нахли баландсифат дар таркиби ширҳои омехтаи мутобиқкардашуда ва маҳсулоти озуқавории махсусгардонидашуда (омехтаи махсусгардонидашуда) барои кӯдакони хурдсол;».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 507
...