Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016 № 408, аз 21.11.2018 № 549, аз 26.06.2023 № 293)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаю ташкилотҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1468 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 305 воҳид муқаррар карда шавад
Маблағгузории 1457 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 11 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад
3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки панҷ муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 9 нафар ташкил намояд .
4. хориҷ карда шуд .
5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ва Муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон" аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
6. хориҷ карда шуд .
7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.
8. Беэътибор дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 603 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 309 "Дар бораи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2014, № 60 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиткистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 апрели соли 2015 № 187
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
(в редакции пост. Правительства РТ от 01.10.2016 №408, от 21.11.2018 №549, от 26.06.2023 №293)
О Министерстве финансов Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и с целью выполнения Указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления и Перечень организаций и учреждений системы Министерства финансов Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3,4).
2. Установить предельную численность работников Министерство финансов Республики Таджикистан в количестве 1468 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 305 единиц
Финансирование 1457 единиц произвести за счет республиканского бюджета и 11 единиц за счет специальных средств
3. Разрешить Министерству финансов Республики Таджикистан иметь пятерых заместителей Министра, в том числе одного первого заместителя и коллегию в количестве 9 человек
4. Исключен
5. Финансирование центрального аппарата Министерства финансов Республики Таджикистан, органов, предусмотренных в Схеме управления Министерства финансов Республики Таджикистан и Государственного образовательного учреждения "Финансово - экономический институт Таджикистана" осуществлять за счет средств республиканского бюджета.
6. Исключен
7. Министерству финансов Республики Таджикистан в двухмесячный срок привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.
8. Признать утратившими силу:
- постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №588 "О Министерстве финансов Республики Таджикистан";
- пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 30 ноября 2007 года, №603 "О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан";
- пункт 6 постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2008 года, №309 "О Государственном хранилище ценностей при Министерстве финансов Республики Таджикистан";
- пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 16 января 2014 года, №60 "О внесение изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 апреля 2015 года, № 187