Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2026, № 364 "Дар бораи Фонди кафолати қарзҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Фонди кафолати қарзҳо


Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.

2. Оиннома, Сохтор, Низомномаи Шурои парасторон ва ҳайати Шурои парасторони Фонди кафолати қарзҳо тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию молиявии Фонди кафолати қарзҳоро ҳал намояд.

4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 «Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба сархати ҳафтуми банди 12 замимаи 1 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «ва Оинномаи Фонди кафолати қарзҳо» илова карда шаванд;

- ба замимаи 4 сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Фонди кафолати қарзҳо».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Фонде кредитных гарантий

В соответствии со статьей 14 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Учредить Фонд кредитных гарантий.

2. Утвердить Устав, Структуру, Положение о Попечительском совете и состав Попечительского совета Фонда кредитных гарантий (приложения 1, 2, 3 и 4).

3. Министерству финансов Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационные и финансовые вопросы Фонда кредитных гарантий.

4. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2015 года, №187 «О Министерстве финансов Республики Таджикистан» следующие дополнения:

- седьмой абзац пункта 12 приложения 1 после слова «ценностей» дополнить словами «и Устава Фонда кредитных гарантий»;

- приложение 4 дополнить одиннадцатым абзацем следующего содержания:

«Фонд кредитных гарантий».

Председатель
Правительства Республики
Таджикистан                          Эмомали Рахмон


...