ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, № 187 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар банди 2 рақамҳои "281" ва "1470" мувофиқан ба рақамҳои "305" ва "1457" иваз карда шаванд;
2) банди 4 хориҷ карда шавад;
3) дар банди 5 калимаҳои "давлатии "Донишкадаи" ба калимаҳои "Донишгоҳи давлатии" иваз карда шаванд;
4) банди 6 хориҷ карда шавад.
2. Дар замимаи 1:
1) дар банди 1 калимаҳои "марказии ҳокимияти иҷроия дар таркиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки" ва "асъорӣ" мувофиқан ба калимаҳои "иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда," ва "гаравхона, бизнеси бозӣ" иваз карда шаванд;
2) дар банди 2 калимаҳои "Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда" ба калимаҳои "Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус" иваз карда шаванд;
3) бандҳои 3 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"3. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти намояндагӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, амалӣ мегардонад.
4. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.";
4) дар номи боби II калимаи "Ваколатҳои" ба калимаҳои "Ваколатҳо ва вазифаҳои" иваз карда шавад;
5) дар банди 5:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- таҳия ва татбиқи сиёсати буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ, фаъолияти аудиторӣ, хазинадории марказӣ, суғурта, гаравхона, бизнеси бозӣ, пардохтҳои гумрукӣ, муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва сиёсати дигари ба зиммаи мақомоти молия гузошташуда, иштирок дар таҳияи сиёсати сармоягузорӣ, нарх, пулию қарзӣ ва асъорӣ;";
- сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андозу гумрук, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ;
- таъмини амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи молияи давлатӣ;
- таҳияи стратегияҳои миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва амалӣ намудани ислоҳоти идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи миёнамуҳлат;
- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии дар соли молиявии ҷорӣ барои ташкилотҳои буҷетӣ пешбинишуда пардохт намудани қарзҳои кредитории онҳо аз рӯйи уҳдадориҳои мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардашуда;";
- дар сархати чорум калимаҳои "самарабахши оперативии" ба калимаҳои "самарабахшу фаврии" иваз карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаҳои "баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ" ба калимаҳои "баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои "истифодаи онҳо ва хароҷот, қонунан" ба калимаҳои "истифода ва хароҷоти онҳо" иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштуми банди мазкур ва сархати сию панҷуми банди 6 калимаҳои "автоматикунонидашудаи хазинадории" ба калимаҳои "иттилоотии идоракунии молияи" иваз карда шаванд;
- дар сархати даҳум калимаҳои "такмили шаклҳои" ба калимаҳои "амалӣ намудани" иваз карда шаванд;
- аз сархати ёздаҳум калимаҳои ", ки рушди иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардумро таъмин менамояд" хориҷ карда шаванд;
- аз сархати сенздаҳум калимаҳои "дар бозори маблағҳо" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати ҳаждаҳум калимаи "инфраструктураи" ба калимаи "инфрасохтори" иваз карда шавад;
- дар сархати бистум калимаҳои "лотереяҳои ҷумҳуриявӣ" ба калимаи "лотереяҳо" иваз карда шаванд;
- сархатҳои сиву якум, сиву дуюм ва сиву сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- пешбурди махзани маълумоти воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ва феҳристи аудитороне, ки бомуваффақият аз санҷиши тахассусии аудиторҳои дохилӣ дар бахши давлатӣ гузаштаанд;
- пешбурди феҳристи давлатии бақайдгирии аудитороне, ки дорои шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти аудиторӣ мебошанд;
- амалӣ намудани назорати берунаи сифати аудити ташкилотҳои аудиторӣ, аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои касбии аудиторӣ;";
- дар сархати сиву чорум калимаи "Вазорат" ба калимаи "молия" иваз карда шавад;
- сархати сиву панҷум хориҷ карда шавад;
- дар сархати сиву ҳафтум калимаҳои "соҳаи андоз" ба калимаҳои "соҳаҳои буҷет, андоз, пардохтҳои гумрукӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, хазинадории марказӣ, суғурта, гаравхона, муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва самтҳои дигари ба зиммаи мақомоти молия гузошташуда" иваз карда шаванд;
- сархати сиву нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи суғурта;";
- дар сархати чилу якум калимаҳои "молиявиашонро барои соли пешбинишуда ва" ба калимаи "молиявӣ," иваз карда шавад;
- дар сархати чилу дуюм калимаи "таъмини" ба калимаҳои "ба роҳ мондани" иваз карда шавад;
- дар сархати чилу сеюм калимаҳои "ва маблағгузории терроризм" ба калимаҳои ", маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" иваз карда шаванд;
- дар сархати чилу панҷум пас аз калимаи "қиматнок" калимаҳои ", истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ" илова карда шаванд;
- сархатҳои чилу шашум ва чилу ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти гаравхонаҳо ва танзими он;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бизнеси бозӣ ва танзими он;";
- сархати чилу шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.";
6) дар банди 6:
- дар муқаддима калимаҳои "вазифаҳои" ва "ваколатҳои" мувофиқан ба калимаҳои "ваколатҳои" ва "вазифаҳои" иваз карда шаванд;
- сархати дуюм хориҷ карда шавад;
- аз сархати ҳафтум калимаҳои "буҷетӣ, аз ҷумла бо" хориҷ карда шуда, пас аз калимаи "институтҳои" калимаи "молиявию" илова карда шавад;
- дар сархати нуҳум калимаҳои "ва андоз" ба калимаҳои ", андоз, пардохтҳои гумрукӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, хазинадории марказӣ, суғурта, гаравхона, муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва самтҳои дигари ба зиммаи мақомоти молия гузошташуда" иваз карда шаванд;
- сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
- аудиторони мақомоти молияро дар барои гузарондани чорабиниҳои аудиторӣ тибқи дархости мақомоти дигари давлатӣ сафарбар менамояд;";
- дар сархати дувоздаҳум калимаҳои "андози давлатӣ" ба калимаи "андоз" иваз карда шаванд;
- дар сархати сенздаҳум калимаи "давлатро" ба калимаи "давлатиро" иваз карда шавад;
- дар сархати чордаҳум пас аз калимаи "баҳисобгирии" калимаҳои "ҳиссаи давлат аз фаъолияти муштарак ва" илова карда шуда, калимаи "ломбардҳо" ба калимаи "гаравхонаҳо" иваз ва калимаҳои "фаъолияти суғуртавӣ" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати понздаҳум калимаҳои "лотереяҳои ҷумҳуриявиро" ба калимаҳои "лотерея, иқдом ва бозиҳои бурднокро" иваз карда шаванд;
- сархати бистум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- пешбурди фаъолият оид ба грантҳои ҷалбшуда ва қарзҳои берунӣ, аз ҷумла меъёри фоиз, лимит ва тартиби баргардонидани онҳоро амалӣ менамояд;";
- дар сархати сиюм калимаҳои "ҳисоботдиҳӣ" ва "бонкӣ ва қарзиро" мувофиқан ба калимаҳои "ҳисоботи молиявӣ" ва "буҷетиро" иваз карда шаванд;
- дар сархати сиву шашум калимаҳои "низоми автоматикунонидашудаи хазинадории давлатии иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро такмил дода," ба калимаҳои "тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати сиву ҳаштум калимаи "хазинадории" ба калимаи "хазинавии" иваз карда шавад;
- дар сархатҳои чилу чорум ва чилу панҷум калимаҳои "Вазоратро" ва "Вазорат" мувофиқан ба калимаҳои "молияро" ва "молия" иваз карда шаванд;
- дар сархати чилу ҳафтум калимаҳои "ҷиноятҳои вазифавӣ" ба калимаҳои "кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ" иваз карда шуда, калимаҳои "таҳия ва" хориҷ карда шаванд;
- сархати чилу ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- пешниҳод, ариза, шикоят ва муроҷиатҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда, дар ҳолати зарурӣ санҷиши онҳоро дар ҷой ташкил менамояд, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кор ва фаъолияти мақомоти молия ва ташкилотҳои зертобеъ тадбирҳо меандешад. Таҳлили фаъолияти мақомоти молия ва муассисаю ташкилотҳои зертобеъро вобаста ба баррасии ариза, шикоят ва муроҷиатҳои дигар анҷом дода, оид ба такмили коргузорӣ дар ин самт таклиф пешниҳод менамояд;";
- дар сархати панҷоҳум калимаи "намуда" ба калимаи "дода" иваз карда шавад;
- аз сархати панҷоҳу сеюм калимаҳои "Ғайр аз ин," хориҷ карда шаванд;
- дар сархати панҷоҳу панҷум калимаи "депозитҳои" ба калимаи "пасандозҳои" иваз карда шавад;
7) дар банди 7:
- ба сархати бисту дуюм пас аз калимаи "амалкунанда," калимаҳои "инчунин тибқи санадҳои судӣ" илова карда шаванд;
- дар сархати бисту панҷум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз гардида, сархатҳои бисту шашум, бисту ҳафтум, бисту ҳаштум ва бисту нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- дар ҳолати ба миён омадани тафовути муваққатии хазинавӣ дар раванди таҳияи дурнамои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, меъёри хазинавиро барои маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ тариқи низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ муқаррар намояд;
- ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо аризаи даъвогӣ барои ҳифзи манфиатҳои Вазорат ва буҷети давлатӣ муроҷиат намояд;
- бо тартиби муқарраргардида дар бораи беҳдошти меҳнат, таъминоти моддӣ ва иҷтимоию маишии кормандони мақомоти молия пешниҳод манзур намояд;
- бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи кормандони мақомоти молияи кишвар ва такмили ихтисоси онҳо курсҳои сайёр ва курсҳои бозомӯзии кчтоҳмуддат ташкил намояд.";
8) дар банди 8 калимаҳои "молиявии давлатӣ" ба калимаҳои "буҷет, андоз, пардохтҳои гумрукӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, хазинадории марказӣ, суғурта, гаравхона, муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок, бизнеси бозӣ ва самтҳои дигари ба зиммаи мақомоти молия гузошташуда" иваз карда шаванд;
9) бандҳои 8(1), 8(2), 8(3) ва 8(4) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"8(1). Вазорат барои таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти молия бо тартиби муқарраргардида ба сохторҳои дахлдор пешниҳодот манзур менамояд, таъминоти моддию техникии мақомоти молияи ҷумҳуриро ташкил мекунад, дар бобати амалӣ намудани сохтмони асосӣ ва таъмири биноҳои мақомот ва ташкилотҳои молия аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тадбирҳо меандешад.
8(2) . Вазорат мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ озмунҳо мегузаронад ва барои расондани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, инчунин гузарондани корҳои илмиву тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ шартномаҳо мебандад.
8(3). Вазорат ваколати тақсимкунандаи асосӣ ва қабулкунандаи воситаҳои буҷетии ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳдории Вазорат ва иҷро намудани вазифаҳои ба он вогузоршуда пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд.
8(4) . Вазорат бо тартиби муқарраршуда ба мақомот ва ташкилотҳои низоми молия маблағ ҷудо намуда, дар онҳо баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро ташкил ва назорат менамояд.";
10) дар банди 10 калимаи "аввал" ба калимаи "якум" иваз карда шавад;
11) банди 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"12. Вазир дар доираи ваколати худ:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тасдиқ менамояд, фармоишҳо қабул менамояд ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти нақшаи идоракунии Вазорат, инчунин ташкилотҳои низоми он ҳатмӣ буда, иҷрои онҳоро месанҷад;
- ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазоратро ташкил менамояд ва ба онҳо роҳбарӣ мекунад;
- кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои системаи Вазорат, роҳбарон ва кормандони мақомоти маҳаллии молияро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаро дар низоми мақомоти молия амалӣ менамояд;
- дар хусуси ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани муовини якум ва муовинони вазир, роҳбарони Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус, Хазинаи сарватҳои давлатӣ, Муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон", Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;
- ваколати ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандони техникии мақомоти маҳаллии молияро ба роҳбарони онҳо вогузор менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат, мақомоти дар нақшаи идоракунӣ пешбинишуда ва оинномаи ташкилотҳои низоми Вазоратро (ба истиснои низомномаҳои Агентии бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус, Хазинаи сарватҳои давлатӣ) тасдиқ менамояд;
- нақшаи кори солона ва нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои нақшаи идоракунии Вазорат ва ҳисоботи иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;
- сохтор ва басти вазифаҳои Вазоратро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Вазоратро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад;
- шумора ва фонди музди меҳнати кормандони ташкилотҳои низоми Вазорат ва воҳидҳои сохтории онҳоро дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳоро дар доираи маблағҳои буҷетии барои соли молиявии дахлдор тасдиқшуда, ки дар буҷети давлатӣ барои идораи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, тасдиқ менамояд;
- санад ва қарорҳои мақомот ва ташкилотҳои низоми Вазоратро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор намудани онро қонунгузорӣ муайян накарда бошад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони мақомоти нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои низоми мақомоти молия чораҳои ҷавобгарии интизомӣ татбиқ менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ба кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва низоми мақомоти молия рутбаҳои тахассусӣ медиҳад, инчунин бо тартиби муқарраршуда барои додани рутбаҳои тахассусӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- кормандони мақомоти молияро барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаи софдилона ва бенуқсон, инчунин шахсони дигарро барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаи молия бо унвони корманди фахрии мақомоти молия, нишони сарисинагии "Аълочии молия", мукофотҳои идоравӣ, ифтихорнома ва сипосномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегардонад;
- низомнома дар бораи тартиби додани унвони корманди фахрии мақомоти молия, нишони сарисинагии "Аълочии молия", ифтихорнома ва сипосномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони Вазорат, мақомот ва ташкилотҳои низоми он ва шахсони дигареро, ки дар ин соҳа фаъолият менамоянд, барои сазовор гаштан ба унвони фахрӣ ва мукофотонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорат ҳал менамояд;
- ваколатҳои дигарро, ки бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо ва амалӣ намудани ваколатҳои Вазорат пешбинӣ шудаанд, иҷро менамояд.";
12) бандҳои 12(1), 12(2) ва 13(1) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"12(1). Дар ҳолати набудани вазир, вазифаҳои вазирро муовини якуми вазир ва дар ҳолати набудани муовини якуми вазир, бо супориши вазир яке аз муовинони вазир иҷро мекунанд.
12(2). Вазорат дар ҳолатҳои зарурӣ бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои муштарак таҳия ва қабул менамояд.
13(1). Дар ҳолатҳои ҷудогона бо мақсади ҳалли масъалаҳои молиявӣ, ҷаласаҳои якҷояи ҳайати мушовара бо вазоратҳои дигар, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатӣ гузаронда мешаванд.";
13) ҷумлаи якуми банди 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Барои баррасии масъалаҳои фаъолияти соҳа ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди Вазорат аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳои дигар метавонад мақомоти ҳамоҳангсозию машваратии байниидоравӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ) таъсис дода шаванд.";
14) дар банди 17 калимаҳо ва рақами "хиёбони Академикҳо Раҷабовҳо-3" ба калимаҳо ва рақами "кӯчаи Шероз, 35" иваз карда шаванд.
3. Дар замимаи 2 калимаҳои "Раёсати рушди захираҳои кадрӣ" ва "Шуъбаи муносибатҳои иттилоотӣ ва барномасозии компютерӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Раёсати кадрҳо" ва "Раёсати муҳосибот ва банақшагирӣ" иваз карда шуда, калимаҳои "Раёсати таҳлили молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ" хориҷ карда шаванд.
4. Дар замимаи 3 пас аз калимаҳои "Сарраёсатҳои" ва "Раёсатҳои" калимаи "Вазорати" илова карда шуда, калимаҳои "Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда" ба калимаҳои "Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус" иваз карда шаванд.
5. Замимаи 4 дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 июни соли 2023, № 293
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2023, № 293
Номгӯйи ташкилотҳои низоми Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаи таълимии "Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон"
Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот"
Муассисаи давлатии маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ"
Муассисаи давлатии "Раёсати корҳои сохтмону таъмир ва хизматрасонӣ"
Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази технологияҳои иттилоотии молиявӣ"
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ"
Муассисаи давлатии "Матбааи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Муассисаи давлатии "Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Муассисаи давлатии "Пажчҳишгоҳи илмию тадқиқотии молия"
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2015 года, №187
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 апреля 2015 года, №187 "О Министерстве финансов Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:
1) в пункте 2 цифры "281" и "1470" соответственно заменить цифрами "305" и "1457";
2) пункт 4 исключить;
3) в пункте 5 слова "Государственный институт" заменить словами "Государственный университет";
4) пункт 6 исключить.
2. В приложении 1:
1) в пункте 1 слова "центральным органом исполнительной власти в составе Правительства Республики Таджикистан" и "валютного" соответственно заменить словами "центральный орган исполнительной власти" и "ломбард, игорный бизнес";
2) в абзаце втором слова "Агентство по развитию рынка ценных бумаг и специализированного регистратора" заменить словами "Агентство по ценным бумагам и специальной регистрации";
3) пункты 3 и 4 изложить в следующей редакции:
"3. Министерство осуществляет свою деятельность во взаимодействии с представительными органами, центральными органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, органами самоуправления посёлков и дехотов, международными организациями, юридическими лицами, независимо от форм собственности.
4. Министерство осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов, кодексов, законов, совместных постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, постановлений и распоряжений Правительства Республики Таджикистан, международно-правовых актов, признанных Республикой Таджикистаном, других нормативных правовых актов и настоящего Положения.";
4) в названии главы II слово "Полномочия" заменить словами "Полномочия и функции";
5) в пункте 5:
- абзац первый изложить в следующей редакции:
"- разработка и реализация бюджетной и налоговой политики, бухгалтерского учета, финансовой отчетности, аудиторской деятельности, центрального казначейства, страхования, ломбарда, игорного бизнеса, таможенных платежей, оборота драгоценных металлов и драгоценных камней, финансового рынка, ценных бумаг и иной политики, закрепленной за финансовыми органами, участие в разработке инвестиционной, ценовой, денежно-кредитной и валютной политики;";
- дополнить абзацами вторым, третьим, четвертым, пятым и шестым следующего содержания:
"- координация деятельности исполнительных органов государственной власти по исполнению и соблюдению налогового и таможенного законодательства, контроль за правильным, полным и своевременным учетом поступления налогов, таможенных пошлин и других обязательных платежей в государственный бюджет и государственные фонды";
- обеспечение реализации единой государственной политики в области государственных финансов;
- разработка среднесрочных стратегий управления государственным долгом Республики Таджикистан;
- определение приоритетных направлений и реализация реформ управления государственным долгом Республики Таджикистан на среднесрочный период;
- погашение за счет средств государственного бюджета, предусмотренных в текущем финансовом году для бюджетных организаций, и учреждений, их кредиторской задолженности по обязательствам, принятым в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;";
- в абзаце шестом слова "бухгалтерском учете и отчетности" заменить словами "бухгалтерском учете и финансовом отчетности";
- в абзаце седьмом слова "их использования и расходования, закрепления законом" заменить словами "использования и их расходов";
- в абзаце восьмом слова "автоматизированной системе государственного казначейства" заменить словами "информационной системы управления государственными финансами";
- в абзаце десятом слова "совершенствование форм" заменить словом "осуществление";
- из абзаца одиннадцатого слова ", обеспечивающего экономическое развитие страны и повышение благосостояния народа" исключить;
- из абзаца тринадцатого слова "на рынке капитала" исключить;
- в абзаце двадцатом слова "республиканских лотерей" заменить словом "лотерей";
- дополнить абзацами тридцать первым, тридцать вторым и тридцать третьим следующего содержания:
"- ведение базы данных структурных подразделений внутреннего аудита организаций государственного сектора и реестра аудиторов, успешно прошедших квалификационный тест внутренних аудиторов в государственном секторе;
- ведение государственного реестра аудиторов, имеющих квалификационный аттестат аудитора и лицензию на осуществление аудиторской деятельности;
- осуществление внешнего контроля качества аудиторских организаций, индивидуальных аудиторов и профессиональных аудиторских организаций;";
- в абзаце тридцать четвертом слова "органы Министерства" заменить словами "финансовые органы";
- абзац тридцать пятый исключить;
- в абзаце тридцать седьмом слова "сфере налоговых" заменить словами "бюджетной, налоговой сферах, в сферах таможенных платежей, бухгалтерского учета и финансовой отчетности, центрального казначейства, страхования, ломбарда, игорного бизнеса, оборота драгоценными металлами и драгоценными камнями, финансового рынка, ценных бумаг и иных сферах, закрепленных за финансовыми органами";
- в абзаце тридцать девятый изложить в следующей редакции:
"- реализация единой государственной политики в сфере страхования;";
- в абзаце сорок первом слова "финансового плана предстоящего года и их" заменить словами "финансового плана,";
- в абзаце сорок втором слово "обеспечение" заменить словом "налаживание";
- абзац сорок третьем слова "и финансирование терроризма" заменить словами ", финансирование терроризма и финансирование распространения оружия массового поражения";
- в абзаце сорок пятом после слова "бумаг" дополнить словами ", производство документов и бланков строгого учета и отчетности";
- дополнить абзацами сорок шестым и сорок седьмым следующего содержания:
"- реализация государственной политики в сфере деятельности ломбардов и ее регулирование;
- реализация государственной политики в сфере игорного бизнеса и его регулирование;";
- абзац сорок шестой изложить в следующей редакции:
"- осуществление иных полномочий в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.";
6) в пункте 6:
- в преамбуле слова "задачами" и "полномочия" соответственно заменить словами "полномочиями" и "функции";
- абзац второй исключить;
- из абзаца седьмого слова ", в том числе с бюджетами" исключить и после слова "другими" дополнить словом "финансово";
- в абзаце девятом слова "и налоговым" заменить словами "налоговым вопросам, вопросам таможенных платежам, бухгалтерского учета и финансовой отчетности, центрального казначейства, страхования, ломбарда, оборота драгоценных металлов и драгоценных камней, финансового рынка, ценных бумаг и иных сфер, закрепленных за финансовыми органами";
- дополнить абзацем одиннадцатым следующего содержания:
"- мобилизует аудиторов финансовых органов для проведения аудиторской деятельности по требованию других государственных органов;";
- абзац двенадцатый после слов "государственной власти" дополнить знаком "," и слово "государства" исключить;
- абзац четырнадцатый после слова "учет" дополнить словами "государственной доли от совместной деятельности и" и слова "страховой деятельности связанной с" исключить;
- в абзаце пятнадцатом слова "республиканских лотерей" заменить словами "лотерей, акций и выигрышных игр";
- абзац двадцатый изложить в следующий редакции:
"- осуществляет деятельность по привлеченным грантам и внешним долгам, в том числе процентной ставки, лимиту и порядку их погашения;";
- в абзаце тридцатом слова "отчетности" и "банковских и кредитных" соответственно заменить словами "финансовой отчетности" и "бюджетных";
- в абзаце тридцать пятом слова "автоматизированной системы государственного казначейства" заменить словами "информационной системы управления государственными финансами";
- в абзаце тридцать шестом слова "совершенствует автоматизированную системы государственного казначейского исполнения Государственного бюджета Республики Таджикистан" заменить словами "посредством информационной системы управления государственными финансами";
- в абзаце тридцать восьмом слово "казначейскому" заменить словом "кассовому";
- в абзацах сорок четвертом и сорок пятом слова "органов Министерства" и "органы Министерства" соответственно заменить словами "финансовых органов" и "финансовые органы";
- в абзаце сорок седьмом слова "должностных преступлений" заменить словами "противоправных деяний с использованием служебного положения" и слова "организует и" исключить;
- абзац сорок восьмой изложить в следующей редакции:
"- рассматривает предложения, заявления, жалобы и иные обращения физических и юридических лиц и при необходимости организует их проверку на месте, принимает меры по устранению имеющихся недостатков в организации работы и деятельности органов финансовых и подведомственных организаций. Анализирует деятельность финансовых органов и подведомственных им и организаций учреждений в связи с рассмотрением заявлений, жалоб и иных обращений и вносит предложения по совершенствованию работы в данной сфере;"
- из абзаца пятьдесят третьего слова "Кроме того," исключить;
7) в пункте 7:
- абзац двадцать второй после слова "законодательства" дополнить словами ", в том числе в соответствии с судебными актами";
- в абзаце двадцать пятом знак точки заменить знакон точки с запятой ";" и дополнить абзацами двадцать шестым, двадцать седьмым, двадцать восьмыми двадцать девятым следующего содержания:
"- в случае возникновения временного кассового разрыва в процессе разработки прогнозов доходов и расходов государственного бюджета, устанавливать казначейскую норму на финансирование министерств, ведомств и бюджетных организаций посредством информационной системы управления государственными финансами;
- обращаться в установленном порядке в суды Республики Таджикистан с иском о защите интересов Министерства и государственного бюджета;
- вносить в установленном порядке предложения по улучшению труда, материальному и социальному обеспечению работников финансовых органов;
- организовать выездные курсы и краткосрочные курсы переподготовки в целях повышения знаний и навыков работников финансовых органов для повышения их квалификации.";
8) в пункте 8 слова "государственных финансов" заменить словами "бюджет, налогов, таможенных платежей, бухгалтерского учета и финансовой отчетности, центрального казначейства, страхования, ломбардов, оборота драгоценных металлов и драгоценных камней, финансового рынка, ценных бумаг, игорного бизнеса и других сфер, закрепленных за финансовыми органами";
9) дополнить пунктами 8(1), 8(2), 8(3), и 8(4) следующего содержания:
"8(1). Министерство по материально-техническому обеспечению работников финансовых органов вносит в установленном порядке предложения в соответствующие структуры, организует материально-техническое обеспечение финансовых органов республики, принимает меры по осуществлению основного строительства и ремонту зданий финансовых органов и организаций за счет средств бюджета, специальных средств и иных источников финансирования, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.
8(2). Министерство в соответствии с нормативными правовыми актами проводит конкурсы и заключает договора на поставку товаров, выполнение работ и услуг, а также на проведение научноисследовательских работ для государственных нужд.
8(3). Министерство осуществляет полномочия главного распределителя и получателя средств республиканского бюджета, предназначенных для содержания Министерства и выполнения возложенных на него задач.
8(4). Министерство в установленном порядке выделяет средства органам и организациям финансовой системы, организует и контролирует в них бухгалтерский учет и финансовую отчетность.";
10) Пункт 12 изложить в следующей редакции:
"12. Министр в рамках своих полномочий:
- утверждает нормативные правовые акты, принимает распоряжения, и дает поручения, выполнение которых является обязательным для всех работников центрального аппарата и органов схемы управления министерства, а также организаций его системы и проверяет их выполнение;
- проводит заседания коллегии Министерства и руководит ими;
- назначает на должность и освобождает от должности сотрудников центрального аппарата Министерства, руководящий состав органов схемы управления и организаций системы Министерства, руководителей и работников местных финансовых органов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе и городов и районов Республики Таджикистан в соответствии с требованиями нормативных правовых актов Республики Таджикистан;
- в целях эффективного использования профессиональных навыков и предотвращения коррупционных явлений, осуществляет ротацию руководящих кадров в системе финансовых органов;
- направляет предложения в Правительство Республики Таджикистан о назначении на должность и освобождении от должности первого заместителя и заместителей министра, руководителей Агентства по рынку ценных бумаг и специальной регистрации, Государственного хранилища ценностей, Образовательного учреждения "Таджикский государственный финансово-экономический университет" и Государственного казённого республиканского предприятия "Тиллои Точик";
- утверждает положения о структурных подразделениях центрального аппарата Министерства, органах, входящих в схему управления и уставы организаций системы Министерства (за исключением положений Агентства ценных бумаг и специальной регистрации и Государственного хранилища ценностей);
- утверждает годовой план работы и показатели эффективности органов и организаций Министерства, план управления и отчеты об их исполнении;
- утверждает структуру и штатное расписание Министерства в соответствии с типовыми требованиями в пределах фонда оплаты труда и численности работников, установленных Правительством Республики Таджикистан, единую смету доходов и расходов Министерства в пределах ассигнований, предусмотренных в республиканском бюджете на соответствующий период;
- утверждает численность и фонд оплаты труда работников организаций системы Министерства и их структурных подразделениях в пределах показателей, установленных Правительством Республики Таджикистан, а также сметы расходов на их содержание в пределах, утвержденных на соответствующий финансовый год бюджетных ассигнований, предусмотренных в государственном бюджете для государственного управления;
- отменяет решения и акты органов и организаций системы Министерства, противоречащие законодательству Республики Таджикистан, если иной порядок его отмены не определен законодательством;
- в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, применяет меры дисциплинарной ответственности к руководителям структурных подразделений и работникам центрального аппарата, руководителям и работникам органов схемы управления и организаций системы финансовых органов;
- в пределах своей компетенции присваивает классные чины работникам центрального аппарата Министерства и системы финансовых органов, а также в установленном порядке представляет предложения о присвоении классных чинов Президенту Республики Таджикистан;
- награждает работников финансовых органов, а также других лиц за профессионализм, трудовые достижения, долголетнюю добросовестную и безукоризненную службу, за ценный вклад в области финансов званием почетного работника органов финансов Республики Таджикистан, вручает нагрудный знак "Аълочии молия", ведомственные награды, грамоты и благодарность Министерства финансов Республики Таджикистан;
- утверждает положение о порядке присвоения звания почетного работника финансовых орган, нагрудного знака "Аълочии молия", грамоты и благодарности Министерства финансов Республики Таджикистан;
- выдвигает в установленном порядке работников Министерства, органов и организаций его системы и других лиц, осуществляющих деятельность в этой сфере, к присвоению почетных званий и награждению их государственными наградами Республики Таджикистан;
- в порядке, установленном законодательством государственной службы, решает вопросы, связанные с прохождением государственной службы в Министерстве;
- осуществляет другие полномочия, предусмотренные законами, нормативными правовыми актами Республики Таджикистан для решения задач и выполнения полномочий Министерства.";
11) дополнить пунктами 12(1), 12(2) и 13(1) следующего содержания:
"12(1). В случае отсутствия министра, обязанности министра исполняет первый заместитель министра и в случае отсутствия первого заместителя министра по поручению министра один из заместителей министра.
12(2). Министерство в случае необходимости разрабатывает и утверждает с министерствами, государственными комитетами и другими органами Республики Таджикистан совместные распоряжения.".
13(1). В отдельных случаях, с целью решения финансовых вопросов, проводятся совместные заседания коллегии с другими министерствами, государственными комитетами и государственными органами управления.";
12) первое предложение пункта 14 изложить в следующей редакции:
"Для рассмотрения вопросов деятельности отрасли и представления рекомендаций при Министерстве за счет представителей министерств и ведомств, органов государственного управления и организаций могут создаваться координационносовещательные и межведомственные органы (советы, комиссии, рабочие группы).";
13) в пункте 17 слова и цифру "Проспект Академика Раджабовых3" заменить словами и цифрой "улица Шероза, 35".
3. В приложении 2 слова "Управление развития кадровых ресурсов" и "Отдел информационных отношений и компьютерного программирования" соответственно заменить словами "Управление кадров" и "Управление бухгалтерии и планирования" и слова "Управление мониторинга финансово-хозяйственной деятельности крупных государственных предприятий" исключить.
4. Приложение 3 после слов "Главные управления" дополнить словом "Министерства" и слова "Финансовые управления" и "Агентство по развитию рынка ценных бумаг и специализированного регистратора" соответственно заменить словами "Управления Министерства финансов" и "Агентство ценных бумаг и специальной регистрации".
5. Приложение 4 изложить в новой редакции (прилагается).
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 26 июня 2023 года №293
Приложение к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 26 июня 2023 года, №293
Перечень организаций системы Министерства финансов Республики Таджикистан
Образовательное учреждение "Таджикский государственный финансово-экономический университет"
Государственное учреждение "Центр реализации проекта "Доступ к зеленому финансированию и финансам развития сельской местности"
Государственное учреждение журнал "Молия ва хисобдори"
Государственное учреждение "Управление по строительноремонтным работам и обслуживанию"
Государственное казённое республиканское предприятие "Тиллои Точик"
Государственное унитарное предприятие "Центр финансовых информационных технологий"
Государственное унитарное предприятие "Центр обслуживания депозитария финансовой отчетности"
Государственное учреждение "Типография Министерства финансов Республики Таджикистан"
Государственное учреждение "Центр повышения квалификации работников финансовых органов Республики Таджикистан"
Государственное учреждение "Научно-исследовательский институт финансов"