Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014 № 168 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

3. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 35 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

4. Ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки як муовини Директор дошта бошад.

5. Ба дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистои лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдор 2 адад муқаррар карда шавад.

6. Маблағгузории дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

7. Аз 1 январи соли 2014 вазифаҳои вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор гузаронида шавад.

8. Аз 1 январи соли 2014 дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо шӯъбаҳо ва бахшҳои меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барҳам дода шуда, шӯъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шавад.

9. Ба замимаҳои 3, 5, 7, 9 ва 13 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:

а) аз банди 7 замимаи 3 Сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон калимаи "меҳнат, шуғл ва" хориҷ карда шавад;

б) аз банди 2 замимаи 5 Сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд калимаи "меҳнат ва" хориҷ карда шавад;

в) аз банди 2 замимаи 7 Сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон калимаи "меҳнат ва" хориҷ карда шавад;

г) аз банди 9 замимаи 9 Сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе калимаи "меҳнат, шуғл ва" хориҷ карда шавад;

д) аз банди 2 замимаи 13 Сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо калимаи "меҳнат ва" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 марти соли 2014, № 168

ш. Душанбе