Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2014 № 783, аз 14.11.2019 № 577, аз 28.12.2019 № 633)
Мутобиқи моддаи 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 20 ва 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1) Низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тибқи замимаҳои 1, 1(1), 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18 ва 19 тасдиқ карда шаванд .
2) Лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 1 апрели соли 2011 мутобиқи замимаҳои 20 ва 21 тасдиқ карда шавад.
3) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро тибқи Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, № 590" тасдиқ шудааст, тасдиқ намоянд .
4) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо:
- дар мӯҳдати як моҳ қарорҳои худро бо қарори мазкур мутобиқ намоянд;
- маблағгузории хароҷоти нигоҳдории воҳидҳои басти иловагиро аз 1 апрели соли 2011 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ таъмин ва дар солҳои минбаъда дар буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 пардохти музди меҳнати воҳидҳои кории иловагии раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузории хароҷоти иловагиро аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дар солҳои минбаъда аз ҳисоби буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд .
6) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва мониторинги шумораи хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро тибқи қарори мазкур таъмин намоянд .
7) Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 25 январи соли 1995 № 104 "Дар бораи сохтор ва штатҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия";
- аз 20 феврали соли 1995 № 157 "Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 1995 №104";
- аз 17 марти соли 1995 № 216 "Дар бораи тасдиқи Тартиби таъин ва озод намудани роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд";
- аз 7 августи соли 1995 № 499 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии дастгоҳи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 27 июли соли 2000 №328 "Дар бораи сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе";
- аз 4 марти соли 2002 №100 "Дар бораи таъсис додани шӯъбаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус дар сохтори дастгоҳи Раиси вилояти Суғд";
- аз 30 декабри соли 2001 №597 "Дар бораи ворид намудани тағйирот дар сохтори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе";
- аз 3 июли соли 2003 №303 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сохтори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2011 № 115
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О типовых положении и структуре аппарата председателя, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и сёл и лимитах общей численности государственных служащих местных исполнительных органов государственной власти
(в редакции постановления Правительства РТ от 30.12.2014г. №783, от 14.11.2019г.№577, от 28.12.2019г.№633)
В соответствии со статьей 33 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 20 и 23 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти" и статьей 24 Закона Республики Таджикистан "Об органах самоуправления посёлков и сёл" Правительство Республики Таджикистан постановляет
1) Утвердить типовые положение и структуру аппарата председателя, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и сёл согласно приложениям 1, 1(1), 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18 и 19
2) С 1 апреля 2011 года утвердить лимит общей численности государственных служащих местных исполнительных органов государственной власти согласно приложениям 20 и 21.
3) Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов утвердить структурные подразделения местных исполнительных органов государственной власти согласно Типовым порядком формирования структурных подразделений аппаратов и подведомственных подразделений центральных, исполнительных органов государственной власти, утверждённым постановлением Правительства Республики Таджикистан от 25 сентября 2015 года, №590"
4) Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов:
- в месячный срок привести свои постановления в соответствии с настоящим постановлением;
- обеспечить с 1 апреля 2011 года финансирование расходов на содержание дополнительных штатных единиц за счёт местного бюджета и в последующие годы предусмотреть в местных бюджетах местных исполнительных органов государственной власти.
5. Министерству финансов Республики Таджикистан в 2015 году выплату заработной платы дополнительных штатных единиц управлений, отделов и секторов по делам женщин и семьи Комитета по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан, финансирование дополнительных расходов обеспечить в установленном порядке за счет республиканского бюджета и в последующие годы за счет местных бюджетов местных исполнительных органов государственной власти
6) Министерству финансов Республики Таджикистан и Агентству государственной службы при Президенте Республики Таджикистан во исполнение данного постановления обеспечить ведение контроля и мониторинга численности государственных служащих, местных исполнительных органов государственной власти
7) Признать утратившими силу нижеследующие постановления Правительства Республики Таджикистан:
- от 25 января 1995 года №104 "О структуре и штатах органов исполнительной власти";
- от 20 февраля 1995 года №157 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 января 1995 года №104";
- от 17 марта 1995 года №216 "Об утверждении Порядка назначения и освобождения руководителей структурных подразделений органов исполнительной власти на местах (хукуматов) и руководителей предприятий, организаций и учреждений, расположенных на территории Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов Республики Таджикистан";
- от 7 августа 1995 года №499 "Об утверждении Типового положения об аппарате Председателя Горно-Бадахшанской автономной области, председателей областей; городов и районов Республики Таджикистан";
- от 27 июля 2000 года №328 "О структуре и численности работников аппарата Председателя города Душанбе";
- от 4 марта 2002 года №100 "Об образовании отдела науки, высших и средних специальных учебных заведений в структуре аппарата Председателя Согдийской области";
- от 30 декабря 2001 года №597 "О внесении изменений в структуру аппарата Председателя города Душанбе";
- от 3 июля 2003 года №303 "О внесении изменений и дополнений в структуру аппарата Председателя города Душанбе".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 3 марта 2011 года № 115
г. Душанбе